“Ман бо ашку хун оғушта шудам, ман барои гулҳои ёс, барои шабҳои маҳтобӣ, барои хобҳо ва руъёҳои худ шеър сурудам!”.

Соя

 Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ, мутахаллису маъруф ба Соя, ғазалсаро ва пажӯҳишгар, аз нахустин раҳравони шеъри нимоӣ, аз маъруфтарин шоирон дар ҳавзаи адабии форс ва нависандаи шеъри “Арғувон” субҳи душанбе, 9-уми август, аз олам даргузашт. Соя 94 сол дошт ва бо беморие дар як бемористони Олмон бистарӣ буд.

 Муруре ба зиндагиномаи шоири шеъри арғувонӣ

Ҳушанги Ибтиҳоҷ 25-уми феврали соли 1928 дар оилаи сарватманд дар шаҳристони Рашти Эрон ба дунё омада буд ва аз беҳтарин ғазалсароёни муосири ҳавзаи форсӣ ба шумор мерафт.

Соя мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш хатм кардааст, аммо падараш, ки аз табибони маъруфи шаҳристони Рашт буд, тасмим гирифта, ки писарашро барои таҳсил ба Теҳрон бифиристад. Рафтани Соя ба Теҳрон бо тағйироти бузурги иҷтимоӣ ва сиёсии Эрон пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ рост меояд. Ба эътиқоди мунаққидон, Теҳрон дар он замон таҳти таъсири озодиҳои сиёсӣ ва ҳузури қавии аврупоиҳо қарор дошт ва фарҳанги рӯшанфикрон ва маҳофили адабӣ маъмул шуда буд.

Дар роҳрави Нимо ва баргашти Соя

Шиносоӣ бо Муртазо Кивон, ки дар он замон аз нахустин мунаққидони адабиёти муосир дар ҷаҳон маҳсуб меёфт, Сояро кӯмак расонид, ки бо ашъори муосири аврупоӣ ва ашъори нимоӣ ошно шавад ва ба маҳфили шоирони ҷавони нимоӣ бипайвандад. Ин ошноӣ дар тамоюли вай ба ашъори нимоӣ муассир буд ва ӯ маҷмӯаи ашъори иҷтимоии “Чанд барг аз ялдо”-и худро ба табъ расонд. Аммо мисли Шаҳрёр ба сохт ва сабки ашъори нимоӣ содиқ намонд ва бори дигар ба ғазалнависӣ баргашт.

Ҳушанги Ибтиҳоҷ нахустин китоби ашъори худро бо номи “Нахустин нағмаҳо” дар мавзӯи шеъри классикии форсӣ нашр кард. Сипас, маҷмӯаи ашъори “Сароб”-ро дар қолаби маъруфи “чаҳорпора” ва баъдан маҷмӯаи ғазалҳои “Сиёҳмашқ”-ро ба табъ расонд, ки мафтуни ботинии ӯро ба ғазалнависӣ нишон медод.

Фақри Соя ва роҳкушоии ӯ

Ӯ, ки маълумоти олӣ надошт ва касби хосе наомӯхта буд, дар солҳои фақру нодорӣ, бар асари бекорӣ ва набуди доираҳои рӯшангаро, ки дар солҳои чиҳил ба вуқӯъ пайваст, азият кашид ва ба мудирияти заводи семент дар Теҳрон машғул шуд. Вале дар ҳамин давра дар Маркази рушди зеҳнӣ ашъори ӯ нашр шуд ва ба ин тартиб Соя ба Ҷашнвораи ҳунарии Шероз даъват шуд. Ашъори ӯ дар давраи аввали Ҷашнвораи ҳунарии Шероз дар Ҳофизия хеле хуш пазируфта шуд.

Дар ҳамон баробар ӯ бо чанде аз адибон ва шоирони эронӣ барои таъсиси Анҷумани адибони Эрон ҳамкорӣ кард.

Пас аз ин ӯро ба ҳамкорӣ бо радиои Эрон даъват карданд ва 7 соле, ки ин барномаро идора мекард, тавонист теъдоде аз ҳунармандони барҷастаи санъати мусиқиро барои ҳамкорӣ бо ин барнома ҷалб кунад.

Ҳунар ва ғазали Соя

Дар донишномаи озод дар ин баробар омадааст, ғазали ӯ, ки аз ранги иҷтимоии бисёр зарифе моя мегирад, ёдовари сурудаҳои дилкаши ғазалсароёни номии шеъри классикии Эрон аст.

– Дар нахустин дафтари шеъри худ Соя бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдӣ тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст ва ин китоб аз ҳайси қолабҳои шеърӣ ва ҳам аз диди навоварию баёни дарёфтҳо ва таҷоруби шахсӣ ва завқӣ чашмгир аст ва дар осори баъдии Соя зулоли шеъраш гуворотар мегардад. “Ман”-и фардии ӯ табдил ба “ман”-и ҷамъӣ мешавад ва ашъораш бозтоби орзуҳо ва таманниёти ҷомеа мегардад. Шеъру забону дардҳову ормонҳояш ба мардум наздику наздиктар мешавад, – меояд дар донишнома.

Арғувон аз зиндон

Ҳушанги Ибтиҳоҷ дар замони Инқилоб дар Эрон муддате зиндонӣ ҳам шуд. Вай шеъри баландмазмуни “Арғувон”-ро дар ҳуҷайраҳои зиндон суруд ва пас аз озод шуданаш онро ба рӯи қоғаз овард ва навишт. Шеъре, ки ба эътиқоди мунаққидон, баёни талхи таърихи мубориза барои озодӣ ва адолат дар Эрон аст.

Ҳушанги Ибтиҳоҷ худ дар ин бора мегӯяд:

“Замоне буд, ки ман ҳанӯз душману дӯсти худро нашинохта будам, ҳанӯз ошиқи бузургамро наёфта будам, бо дигарон месӯхтам, аммо шеъри ман сароб буд ва дар поёни он рӯзгор навиштам: ба ҳангоме ки хурӯши хашму фарёди дард дар пардаи дили ту меовезад, ман барои дилам, барои ишқи беморам овоз хондаам, ҳангоме, ки чеҳраҳои зарду шикастаи ҳаммеҳанони ман бо ашку хун оғӯшта шудам, ман барои гулҳои ёс, барои шабҳои маҳтобӣ, барои хобҳо ва руъёҳои худ шеър сурудам. Шеъри ман ҳамчун нолаи шаб овози андӯҳу парешонӣ ва шикаст шудааст ва ман дигар намехоҳам, ки чунин бошад. Ман овози хешро дар ин дили танг сар хоҳам дод ва ин орзуро, ки саргузашти ранҷу разми пуршукӯҳи инсонҳост, аз миёни ҳисорҳои вайрони шаби хунолуд ба гӯши дуртарин ситораи бедори осмон хоҳам расонд ва чунин кардам”.

Қолабҳои куҳан ва сабки нимоӣ

Соя ҳам дар қолабҳои куҳан ва ҳам дар сабки нимоӣ устод буд. Ғазалиёти модерн ва дорои сохту муҳтавои мутафовит аст. Вай ба боварҳои хештан басе устувор ва пойдор монда ва ба худ муттакист, сурудаҳояшро бархурдор аз волоӣ ва шоистагиҳои вижа сохта, ки дар ин паҳно шеъри ӯро мумтозу барҷаста намуда ва ӯро дар канори ғазалсароёни бузурги муосир ҳамчун Шаҳриёр, Имоди Хуросонӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ менишонад. Дар заминаи шеър Нимо низ ашъораш саршор аз халлоқият ва навоварист.

Перомунаш гуфтаанд, ғазалҳои Сояро метавон ҳадди восит байни ғазали суннатӣ ва ғазали нави муосир ба шумор овард, ҳам аз ҳайси бофти калом ва ҳам аз ҷиҳати гароиш ба муҳтавои иҷтимоию сиёсӣ. Гароиши Соя ба шеъри нимоӣ гоҳ ба ғазалҳои ӯ бо вуҷуди шӯру шевоии хос ҳувияте классик доранд. Ба таври куллӣ метавон гуфт: Соя шоире маъногаро ва мутаҳҳид аст ва шеъраш зимни бархурдорӣ аз зебоиҳои каломӣ ва балоғӣ, ки бисёр махсусанд ва аз ибҳому иҳом ба дуранд, иртиботе содаву самимӣ бо хонанда барқарор мекунад ва аз ҳаёҳу ва ҷанҷолу шиорҳои рӯзмарра ва такрорӣ ба дур аст ва ба қавли худаш: “биниши ҳунариро бо нигараи инсонӣ дар ҳам меомезад”.

– Эътиқодаш ин аст, ки маонии зеҳнии шоир бояд шакли ҳунарӣ дошта бошад, то тавони раҳоёбӣ ба ҳофизаи адабӣ ва мардумро пайдо кунад. Албатта, ба ин тартиб шеър наметавонад яксӯя ва яксара дар банди фикри шахсӣ бимонад. Қаламраве он тарафтар барои шоири имрӯз матраҳ аст ва он қаламрави инсон васоили инсонӣ аст. Соя аз маъдуди шоироне аст, ки ба чанд шаҳри шӯравӣ, аз ҷумла Ереван, Маскав, Ленинград, Тошканд, Самарқанд ва Бухорову Киев сафар кардааст (1965) ва шеъри “ман ба боғи гули сурх” ҳосили ин сафар аст, – омадааст дар донишномаи озод.

Теъдоди зиёде аз ғазалҳо, таснифҳо ва ашъори нимоии Сояро сарояндагони бузурги эронӣ, аз қабили Муҳаммадризо Шаҷариён, Алиризо Ифтихорӣ, Шаҳроми Нозирӣ, Ҳусейни Қавомӣ ва Муҳаммади Исфаҳонӣ сурудаанд.

Осори ӯ иборат аз “Нахустин нағмаҳо”, “Сароб”, “Сиёҳмашқ”, “Шабгир”, “Замин”, “Чанд барг аз ялдо”, “Сиёҳмашқи 1, 2, 3”, “Ойина дар ойина”, “Ёдгори сарви хун”, “Девони ашъор” аст.

Соли 2016 23-умин Ҷоизаи адабӣ ва таърихии Маҳмуди Афшори Яздӣ ба Ҳушанги Ибтиҳоҷ тақдим шуд. Соли 2018 дар маросими пӯшидашавии 6- умин Ҷашнвораи байналмилалии санъат барои сулҳ , Ҳушанги Ибтиҳоҷ ва 3 ҳунарманди дигар бо ҷоизаи “Санъат барои сулҳ” сарфароз гардиданд.

Дар Тоҷикистон низ бо ибтикори шоир Исмоил Зарифӣ баргузидаи ашъори Соя, ин шоири ҷаҳони форсӣ, нашр гардидааст.

М. НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь