Шериддин Бобоев сеюмин футболбози тоҷик дар Чемпионати Эрон шуд
Шериддин Бобоев, ҳамлавари тими миллии Тоҷикистон ба дастаи “Нафт”-и Ободони Эрон пайваст ва ба мӯҳлати як сол шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар ин бора Кова Тилавпур, агенти футболбози
тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод ва сомонаи тими мазкур низ гузариши футболбози тоҷикро тасдиқ кард.
Футболбози тоҷик дар нахустбозии худ дар Чемпионати Эрон ба задани гол даст ёфта, пирӯзии ҳамтинонашро таъмин намуд. Портали “Трансфермаркет” нархи Шериддинро 250 ҳазор евро муқаррар намудааст.
Шериддин солҳои 2018-2020 дар ҳайати тими “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ
намудааст. Баъдан ба Чемпионати Малайзия, дастаи “Пенанг” гузариш намуда, солҳои 2021-2022 дар ин даста ҳунарнамоӣ кард. Дар оғози соли ҷорӣ ба тими “Мақтараал”-и Қазоқистон рафт ва дар ин даста 10 бозӣ гузаронд. Шартнома бо ин даста бо қарори тарафайн қатъ карда шуд.
Шериддин сеюмин футболбози тоҷик аст, ки ба Чемпионати Эрон рафт.
Ҳамчунин, Ваҳдат Ҳанонов дар “Персеполис”-и Теҳрон ва Эҳсони Панҷшанбе дар “Зуб Оҳан”-и Исфаҳон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар ҳамин баробар, гуфтан ба маврид аст, ки ҳамлавари дастаи “Хуҷанд”
Далер Ёдгоров ба тими “Гокулам Керала”-и Чемпионати Ҳиндустон рафт ва бо ин даста шартнома ба имзо расонд.
Ҷуфти нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 муайян гардид
Бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол доир
шуда, ҷуфтҳои даври ниҳоӣ муайян гардиданд.
Дар ин даври мусобиқа дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бар тими “Файзканд”-и Восеъ пирӯз шуда, ба даври навбатӣ роҳхат гирифт. Инчунин, “Истиқлол” дастаи “Равшан”-и Кӯлобро шикаст дод. Дар даври мазкур “Эсхата” тими КМВА ва “Хатлон” дастаи “Саройкамар”-ро мағлуб намуда, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол” бо тими “Эсхата” ва “Кӯктош” бо “Хатлон” рақобат мекунанд.
Нурулло Муродов аз Чемпионати Осиё медал ба даст овард
Нурулло Муродов, варзишгари тоҷик, дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора Кумитаи олимпии
Тоҷикисон хабар дод. Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (ВТ) миёни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд, рӯзҳои 23 то 27 август дар шаҳри Ҳошимини Ветнам доир шуд.
Ба навиштаи ин манбаъ, ду варзишгари тоҷик – Муҳаммадризо Шукуров (-51кг) ва Нурулло Муродов (-59кг) бо роҳбарии мураббӣ – Фарҳод Негматов Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ карданд. Муҳаммадризо дар даври нахуст аз варзишгари Ҷопон Рйусей Оҳара шикаст хӯрд.
Ба иттилоъи Кумитаи олимпии кишвар, Нурулло дар даври аввал бар варзишгари Муғулистон Билгудей Енхбаатар бо ҳисоби 2:0, дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Алибек Шейкенов бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, вале дар нимфинал бо 5 огоҳӣ аз намояндаи Тайпеи Чин Гуан Чен мағлуб гардида, ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гирифт.
Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин мераванд
Рӯзҳои 10-18 сентябр дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин доир мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки се тан варзишгари тоҷик- Муҳаммад Икромов (-57кг), Ҳикматулло Воҳидов (-61кг) ва Шӯҳрат Бозоров (-79кг) дар назар аст.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо (UWW) мусобиқа аз рӯи намуди
гӯштини тарзи озод (10 вазн), гӯштини юнонӣ-румӣ (10), гӯштини юнонӣ-
румӣ миёни бонувон (10 вазн) баргузор шуда, иштироки беш аз 800 варзишгар аз кишварҳои олам дар назар аст.
Ду варзишгари навраси тоҷик соҳиби медали заррини мусобиқаи байналмилалӣ шуданд
Сомон Турсунзода ва Холмаҳмад Пиров, ду тан аз варзишгари навраси тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо соҳиби медали тилло шуданд. Ин мусобиқа рӯзҳои 27-28 август дар шаҳри Тарази Қазоқистон баргузор гардид.
Сомон Турсунзода, дар вазни 23 кг иштирок намуда, се рақиби худро шикаст дод. Баъди мағлуб намудани варзишгарони наврас аз Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, медали тиллоро соҳиб шуд.
Холмаҳмад Пиров дар вазни 53 кг иштирокчии ин мусобиқа буд. Ин варзишгари тоҷик низ бар намояндаҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ғолиб шуда, медали тиллоро ба даст овард.
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар се бозӣ бохт
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) баъди иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар се бозӣ шикаст хӯрд. Ин мусобиқа ба хотираи собиқ Президенти Ассотсиатсияи футболи
Ӯзбекистон (Мираброр Усмонов) дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.
Тими наврасони Тоҷикистон дар се бозии доир намудааш муқобили мунтахабҳои Ҷопон (0:2), Эрон (1:2) ва Ӯзбекистон (0:5) шикаст хӯрд.
Мизбони мусобиқа-Ӯзбекистон бо касби ҳафт имтиёз ғолиби ин мусобиқа
гардид. Ин мусобиқа дар доираи омодагии наврасон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор гардид. Наврасони тоҷик дар гурӯҳи “Н” қарор дошта, бо тимҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон рақобат мекунад. Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи мазкур рӯзҳои 5 то 9 октябр дар Душанбе баргузор мегарад.
Гимнастикбозони тоҷик дар Ӯзбекистон дурахшиданд
Гимнастикбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби нӯҳ медал-як тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ шуданд. Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 24-25 август дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон аз рӯи гимнастикаи бадеӣ “East Cup Stars Olimpic” (“Ҷоми Шарқ-ситораҳои олимпӣ”) баргузор гардид. Дар он беш аз 300 варзишгар аз 8 кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия иштирок намуданд. 10 тан аз варзишгарбонуи тоҷик, ки дар ин мусобиқа ширкат намуданд, соҳиби медал шуданд. Ориёно Сафарова медали тилло ба даст овард. Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода, Елизавета Стреленикова мақоми дуюмро сазовор шуданд. Ва медалҳои биринҷиро Вазира Абдусатторова, Шукрона Саидова, Осия Ворисӣ ва Роҳила Тоҷиддинова соҳиб шуданд.
Гимнастикбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқа зери ҳидояти сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Мижгон Шарифова, мураббиён Албина Гордина ва Чинигул Ӯзбекова иштирок намуданд.
Волейболбози тоҷик бори нахуст ба Чемпионати хориҷа рафт
Ёдгор Ғуломалиев, узви тими миллии волейболи Тоҷикистон бо дастаи “Алмаато”-и Қазоқистон гузариш намуд. Ин рӯйдод дар замони истиқлоли кишвар бори аввал аст. Дар ин бора сомонаи “Varzishtv.tj” хабар дод. Ба навиштаи ин манбаъ, Ёдгор аввалин волейболбози тоҷик аст, ки бо дастаҳои хориҷа қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Манбаъ менависад, ки “волейболбози тоҷик дар ҳайати ин даста дар як моҳ 1500 доллар маош мегирад. Ин даста 6 маротиба қаҳрамони Қазоқистон ва се маротиба барандаи Ҷоми Осиё гардидааст”.
Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА