Тарконидани лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ» моҳи сентябри соли гузашта рух дода буд. Дар ин бора моҳи феврали соли ҷорӣ гузориши тафтишии журналисти бонуфузи амрикоӣ Сеймур Херш нашр шуда буд, ки дар он аз ҷониби низомиёни амрикоӣ тарконидани ин қубурҳои интиқоли газ сухан мерафт. Мо тасмим гирифтем, ки таърихи печидаи ин қазияро баррасӣ намоем.
Тафтиши Сеймур Херш
Ҳодисаи таркиши лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ – 1» ва «Маҷрои шимолӣ – 2» шаби 26-уми сентябри соли 2022 рух дод. Он замон дар ҳарду лӯла фишор паст шудаву ва ихроҷи газ ошкор гардид.
Моҳҳои январ-ноябри соли 2022 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Аврупо 52 миллиард метри мукааб газ таҳвил намуда, ҳаҷми содироти худро қариб 2,5 маротиба афзоиш дод.
Публитсисти амрикоӣ Сеймур Херш гузориши тафтишотии худро нашр кард, ки дар он, аз ҷумла чунин гуфта мешавад: “Тахриб дар “Маҷрои шимолӣ”-ро ғаввосҳои флоти Амрико омода ва анҷом додаанд”. Тибқи маълумотҳои Херш, флоти мазкур ғаввосҳои касбии тахрибу инфиҷорро омода менамояд, ки онҳо ҳамчунин, барои нест кардани бурҷҳои нафтии хориҷӣ ва вайрон намудани дарғотҳо омода карда мешаванд. Рӯзноманигор қайд мекунад, ки ғаввосҳои амрикоӣ барои тарконидани «Маҷрои шимолӣ» тобистони соли 2022 дар ҷараёни машқҳои “BALTOPS 22” омодагӣ дида ва дар таркиши фосилавии зарядҳои дар зери об насбшуда машқ мекарданд.
Ба гуфти Сеймур Херш, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он ҳарос дошта, ки гӯё Олмон бо сабаби наздик шудани зимистони сард таҳримҳои зидди Русияро якҷониба лағв мекарда бошад. Ин як шикасти комили маъракаи зидди Русия хоҳад буд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Херш, Ҷо Байден «Қаҳратунии Олмонро аз даст кашиданаш аз дастгирии Украина волотар медонад. Одамоне, ки дар ин амалиёт иштирок доштанд, диданд, ки президент ба хотири мақсадҳои сиёсии худ хост Олмонро ба сардии бесобиқа дучор гардонад ва ин онҳоро ба даҳшат овард».
Вашингтон манфиатҳои Олмонро, ки мехост гази Русияро бо нархи дастрас бихаранд, комилан нодида гирифт. Ҳоло бошад, пас аз таркиши лӯлаҳои гази Русия тамоми Аврупо комилан аз таъминкунандагони амрикоӣ вобаста аст, ки газро назар ба Русия 3-4 маротиба гаронтар мефурӯшанд.
“Нишонаи украинӣ”
Пас аз як моҳи нашри гузориши тафтишотии Сеймур Херш дар бораи даст доштани маъмурияти президенти ИМА ва шахсан Ҷо Байден ба таркишҳо дар «Маҷрои шимолӣ» дар расонаҳои ғарбӣ (NYT, Die Zeit) бораи ошкор шудани “из”, “осор” ё “нишонаи украинӣ” дар ҳодисаи рухдода андешаҳо пайдо шуданд. Гуфта мешавад, ки гӯё «ғаввосҳои вижаи украинӣ»-и номаълум дар лӯлаҳои газ маводи тарканда гузошта бошанд. Дар паи пайдо шудани чунин андешаҳо дар нашрияҳо, Херш дар бораи ба зудӣ нашр гардидани қисми дуюми тафтишоти худ хабар дод.
Дар ин бора бисёре аз расонаҳо навиштанд. Масалан, рӯзномаи бритониёии «The Times» 8-уми март навишт, ки дар Ғарб аллакай пас аз як ҳафтаи ба амал омадани таркиш дар «Маҷрои шимолӣ» маълум гардид, ки дар паси ин тахрибҳо на Русияву на Амрико, балки Украина қарор дорад. Киев ба хабарҳои рӯзномаҳо вокуниш нишон дод ва мушовири раиси Дафтари раисиҷумҳури Украина Михаил Подоляк гуфт, ки Украина ба таркиши «Маҷрои шимолӣ» рабте надорад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико танҳо соли 2016 ба содироти газ шурӯъ намуд ва дар як муддати кӯтоҳ бозори гази Аврупоро «забт» кард.
Фаридун Усмонов, коршинос оид ба Осиёи Марказӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ» бар ин назар аст, ки Украина дар таркиши лӯлаҳои газ дахлдор буда наметавонад: «Инфиҷор дар қитъаи кишварҳои мушаххаси Иттиҳоди Аврупо, ки узви паймони НАТО мебошанд, рух дод, яъне дар ин минтақаҳои обӣ намояндагони якчанд давлат фаъолият бурда метавонанд. Новобаста аз он, ки мехоҳанд ва ё кӯшиш мекунанд, ки ақрабакҳоро ба сӯи Украина гардонанд, вале рӯшан аст, ки худ дар паи амалиёт аст. Новобаста аз он ки кӯшиш доранд, дар ин масъала тирҳоро ба сӯи Украина партоб диҳанд, вале возеҳ аст, ки дар паси ин амалиёт худи ин кишварҳо қарор доранд.
Дар баробари эҳтиром гузоштан ба низомиёни украинӣ, онҳо қудрати анҷоми амалиёти тарконидани лӯлаи газ дар умқи баҳр дар чунин ҷои душворро надоранд. Умуман, дар ҷаҳон чунин амалиётро шумори маҳдуди давлатҳо анҷом дода метавонанд, ки ангуштшуморанд. Фарзи мисол, агар киштии кайҳонии Амрико ба замин афтад ва Русия дар ин кор Яманро гунаҳкор кунад, то чӣ андоза ин ба ҳақиқат наздик буда метавонад?
Хабари ошкор шудани «нишонаи украинӣ» пас аз сафари Олаф Шолтс ба Амрико барои мулоқот бо Ҷо Байден пайдо шуд. Коршиносон бар ин боваранд, ки Садри аъзами Олмон саъй кардааст, ки бо сарвари Кохи Сафед вокуниши худро ба гузоришҳои иттилоотӣ дар мавриди таркиши лӯлаҳои гази Русия, бахусус, ба тафтишоти Херш ва нашри “тафсири украинӣ” аз ҷониби амрикоиҳо ҳамоҳанг созад.
Бар хилофи тафтишоти Сеймур Херш, нашрияҳо дар бораи “нишонаи украинӣ” на бо далелҳои сершумор ва муқоисаи онҳо, балки ба фарзияҳо ва тахминҳо асос ёфтаанд.
Агар нашрияҳо дар бораи ҷой доштани «осори украинӣ» дар тахриби «Маҷрои шимолӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбат пазируфта шаванд, Украина сарфи назар аз он ки дар асл чӣ рӯх додааст, барои муддати тӯлонӣ ба обекти ҳама гуна иттиҳомот табдил хоҳад ёфт.
«Тафсири украинӣ»-и ҳамлаҳои терористӣ ба «Маҷрои шимолӣ» бо сабабҳои зиёд беасос аст. Украина (ва махсусан баъзе «ватандорони вайронкор») барои ин кор салоҳиятҳои зарурии технологӣ надоранд.
Бояд гуфт, ки яхтаи хурди «Андромеда», ки саъй доранд онро ҳамчун киштии асосии террористон нишон диҳанд, барои иҷрои ин гуна амалиёт таҷҳизот ва аппаратура надорад ва дошта ҳам наметавонад. Ниҳоят, интиқоли ин миқдор маводи тарканда (аз 500 то 1500 кг) аз Аврупо бидуни шубҳаи полисҳои кишварҳо ва хадамоти махсус дар воқеияти кунунӣ ғайриимкон аст. Худи амалиётро низ дар як минтақаи мушаххаси баҳри Балтика, ки таҳти назорати хадамоти иктишофии бисёр давлатҳо қарор дорад, ба таври махфӣ анҷом додан ғайриимкон аст.
Нафъ ба ИМА
ИМА ва Ғарб ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки айби ҷиноятҳои худро ба сари дигарон бор кунанд. Вақте сухан дар бораи фоидаи иқтисодӣ меравад, онҳо тайёранд ба ҳар кадоме, ҳатто ба иттифоқчии содиқтарини худ хиёнат кунанд.
«Сабаби асосии тарконидани лӯлаҳои газ ин аст, ки Олмон то охир ба ҷорӣ кардани таҳримҳои фаъоли масоили энергетикӣ алайҳи Русия муқовимат кардааст. Инфрасохтореро, ки тавассути он интиқоли газ ба Олмон таъмин мешуд, хароб кардан лозим буд. Дар кӯтоҳмуддат, бо тарконидани лӯлаи газ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи Олмони дудиларо ба фоидаи худ ҳал кард: Олмон ба татбиқи таҳримҳо алайҳи Русия шурӯъ намуд.
Умуман, тамоми ҳадафи ҳузури ҳарбии ИМА дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳимояи манфиатҳои иқтисодии худ мебошад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аҳамияти лӯлаҳои газро хуб дарк мекард ва медонист, ки канда шудани лӯлаи газ кишварҳои аврупоиро водор месозад, ки ба гази Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯ биёранд, гарчӣ барояшон гарон аст.
Ҳамаи воқеаҳое, ки дар давоми як соли охир ба амал омадаанд, аз ҷониби Амрико идора карда мешуданд. Ва яке аз ҳадафҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – ҷалби кишварҳои аврупоӣ ба чунин як ҷанги таҳримӣ бо Русия аст, то дар мубориза барои бозори ҷаҳонӣ пирӯз шавад» – мегӯяд, таҳлилгар Фаридун Усмонов.
«Инро аз рӯи натиҷаҳои ҳиссаи ММД-и кишварҳо дар ММД-и ҷаҳонӣ метавон тафтиш кард. Дар як соли охир ҳиссаи ИМА дар умум дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ 1,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Ва ҳиссаи мамлакатҳои калони Аврупо 1-1,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Айнан ҳамин тавр ҳиссаи Ҷопон низ кам шудааст. Яъне он кишварҳое, ки алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд, дар як соли охир хисорот диданд, дар ҳоле ки Амрико нафъ дид.
ИМА бо эҷоди мушкилот барои бозорҳои рақобаткунанда, аз ҷумла ба Иттиҳоди Аврупо ба сӯйи ҳадафи худ – ҳукмронии ҷаҳонӣ ҳаракат мекунад. Ҳоло бадшавии назаррас дар ҳаёти шаҳрвандони мамлакатҳои аврупоӣ мушоҳида намешавад, вале мардум бо сабаби норизоиятӣ аз қарорҳои қабулкардаи сиёсатмадорон корпартоӣ мекунанд.
Зарба ва бори асосиро аз таҳримҳо Аврупо наздиктар то ба соли 2028 эҳсос хоҳад кард ва он вақт оқибатҳои он возеҳтар мегарданд.
Аз ин рӯ, таркиши лӯлаи газ танҳо барои ИМА фоидаовартар буд ва ин кишвар то ҳол тавассути бастани шартномаҳои нав оид ба интиқоли гази моеъ аз ин қазия фоида мебинад. Дар ҳоле, ки кишварҳои дигар зарар мебинанд», – афзуд коршинос – Фаридун Усмонов.
Ҳаводиси таърих
«Украина дар гузашта як ҳавопаймои ғайринизомиро сарнагун кард, аммо кишварҳои ғарбӣ номи гунаҳкорро нагуфтанд. Ва ҳоло, кишварҳои Ғарб ва Амрико якҷо талош доранд, ки Украинаро ҳамчун як кишваре, ки тавонистааст чунин амалиёти мураккабро анҷом диҳад, нишон диҳанд. Онҳо махсусан фикр намекунанд, ки киро гунаҳкор кунанд ва метавонанд, тамоми бадбахтиҳои худро ба сари дигар мамлакатҳо бор кунанд. Чунин мисолҳо бисёранд.
Дурӯғҳои амрикоӣ сабаби аслии ҷанги Ветнам дар солҳои 1964-1975 гардиданд.
Масалан дар қатори инҳо, ҳодисаҳои ворид кардани нерӯҳои худ ба Ироқ, ҷанги беасос дар Либия, ҳамла ба Югославия, амалиёт дар Афғонистон, ки 20 сол давом карда, зарари зиёд расонид ва ғайра мебошанд. Ҳамаи сабабҳо барои оғози ин ё он амалиёти ҳарбӣ тарҳрезӣ шудааст» – қайд мекунад коршинос Фаридун Усмонов.
«Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Украинаро дар тахриби «Маҷрои шимолӣ» муттаҳам кард, то ки худ ва кишварҳои Ғарб ба ҷониби муноқишаи мустақим бо Русия табдил наёбанд. Вале ҳамагон мефаҳманд, ки дар паси ин таркиш кӣ истодааст» – Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ».
Ҳамин тариқ, ҷанги амрикоиҳо дар Афғонистон аксар вақт бо он муқоиса мешуд, ки гӯё ин кишвар даҳсолаҳо ҷанг доштааст ва тамоми таърихи он бо ҷангҳо фаро гирифта шудааст. Ҳангоми фирор аз Афғонистон дар соли 2021 Вашингтон изҳор намуд, ки ба фоҷеаи дар майдони ҳавоии Кобул рухдода сабабгор нестанд, дар ҳоле ки ҳангоми тахлияи таъҷилии сарбозони амрикоӣ даҳҳо афғонистонӣ ба ҳалокат расиданд.
Дар вақти ҳодисаҳои Сурия Вашингтон борҳо кӯшидааст, ки ҳукумати Башор Асадро дар истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи мардуми худ муттаҳам кунад. Барои ин созмони суриягии ба ИМА итоаткунанда бо номи «Худҳои сафед» иғвоҳои мувофиқ омода ва анҷом дода, «қурбониҳо ва паёмадҳои истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи мардуми осоишта»-ро наворбардорӣ кардааст. Дар натиҷа, соли 2021 Сурия аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ (OPCW) маҳрум гардид, ки 15 кишвар, аз ҷумла Русия, Чин ва Эрон, алайҳи ин иқдом раъй доданд.
«ИМА саъй дорад, Русия ва ҳамзамон Иттиҳоди Аврупоро низ заиф гардонад. Дар натиҷаи таҳримҳо на танҳо ба Русия зарбаи иқтисодӣ расонида шуд, балки кишварҳое, ки ин таҳримҳоро ҷорӣ кардаанд низ, хисороти ҷиддӣ диданд ва танҳо худи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин бурд кард», - Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Иктисодчӣ».
Дурӯғҳои амрикоӣ боиси ҷанги Ветнам дар солҳои 1964-1975 гардиданд. Он замон Вашингтон Ветнами Шимолии коммунистиро дар ҳуҷуми се катери торпедаандоз ба эскадраи Флоти ҳафтуми ИМА дар халиҷи Тонкин айбдор кард, ки он сабаби ҷанг гардид. Баъдан маълум шуд, ки ягон хел ҳамла вуҷуд надоштааст. Дар ин ҷанг 2,7 миллион нафар низомиёни амрикоӣ иштирок намуда, 58 ҳазор нафари онҳо ҳалок гардиданд. Умуман, дар ин ҷанг зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандони Ветнам (шимолӣ ва ҷанубӣ) ҷони худро аз даст доданд.
Дар таърихи навин ин бори аввал нест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали худро ба сари дигарон бор кунад, аммо имрӯз НАТО наметавонад, бо Русия муноқишаи мустақим дошта бошад. Русия Афғонистон ё Ироқ нест. Бо тамоми захираву имкониятҳояш НАТО ба Русия муқовимат карда наметавонад. Онҳо ҳар гуна баҳонаҳо пеш оварда, кӯшиш доранд ба ин қазия Украинаро, ки ягон рабте ба ин қазия надорад, ҳамроҳ кунанд.
Матлубаи Қодирзод