Поёни гуфтор

Мазмуну муҳтавои сафаргуфтаҳо бо овардани дидгоҳ, андеша ва шарҳҳо – аз қолаби ёддошти сафар фаротар рафт ва бахшҳои охири он каме ба матни таҳлилӣ монанд шуд. Рости гап аз аввал чунин ният надоштам, вале вақти навиштан ин андешаҳо шакл гирифтанд ва ҳатман бояд ишора мекардам. Тибқи ибораи маъмули “аз фурсат истифода карда”, мулоҳизаву бардоштҳоро рӯйи қоғаз овардам. Ба назарам агар ин корро намекардам, рафтори нодуруст мебуд, чун барои бори дигар баргаштан ба мавзуъ фурсати муносиб лозим мешуд. Гузашта аз ин, дар ояндаи наздик тасмим дорам мақолае бо номи “Роҳбурди Амрико дар Осиёи Марказӣ ва чолишу фурсатҳо барои Тоҷикистон”-ро нависам (ду мақоларо перомуни роҳбурди Туркия дар минтақа ва паёмадҳо барои Тоҷикистон нашр кардам). Аз ин рӯ, бахшҳои охир як вуруде ба матни пажуҳишӣ шуд, ки корамро дар оянда осон мекунад. Дар идома чанд бардошти дигарро меорам ва навиштаро ба фарҷом мерасонам:

Перомуни гум ва пайдо шудани бағоҷ. Рӯзи 26 июн аз фурудгоҳи Сан-Франсиско аз рӯйи хатсайри Сан-Франсиско-Франкфурт-Истамбул-Олмотӣ-Душанбе парвоз карда, рӯзи 28 июн ба Ватан баргаштам. Дар гузаргоҳи марзӣ ба шиноснома муҳри вурудро гирифта, дар толори дарёфти бағоҷ мунтазири бори худ истодам. Хулоса, ҳамаи мусофирони хатсайри Олмотӣ-Душанбе бағоҷҳоро гирифта рафтанд, вале аз ман набуд. Ба корманди фурудгоҳи Душанбе муроҷиат кардам. Ӯ гуфт, ки бағоҷи ман наомадаааст, чун агар меомад, ҳатман мебаромад ва шумораи телефони корманди ширкати “Air Astana”-ро дод. Бо масъули ширкати ҳавопаймоӣ дар тамос шудам ва вазъро фаҳмондам. Ӯ ваъда дод, ки масъалаи маро ҳал мекунад. Бадии кор дар он буд, ки худам бо борхалтаам омадам, вале тамоми либосу туҳфаҳои харидаам дар бағоҷ монд. Фавран бояд ба Хуҷанд мерафтам, чун ҳамсарам ва фарзандонам онҷо буданд. Рӯзи 29 июн пеш аз рафтан ба Хуҷанд қоғазаки корти парвозро ба дӯстам акои Мирзоравшан додам, то вақти расидани бағоҷ ба ҷойи ман онро аз анбори фурудгоҳ бигиранд. Ниҳоят, баъди 9 рӯз бағоҷи ман ёфт шуд ва ба Душанбе расид. Ҷузъиёти чаро чунин шуданашро ба ман корманди ширкати “Air Astana” нақл кард (дуруст гуфт ё не, рости гап намедонам): корманди фурудгоҳи Сан-Франсиско бағоҷи маро то Франкфурт ба қайд мегирад ва барои ҳамин онҷо мемонад. Масъулини “Air Astana” аз тариқи “Turkish Airlines” бағоҷро то Душанбе дастрас карданд. Акои Мирзоравшан бағоҷро аз анбори фурудгоҳи Душанбе гирифта, ба Хуҷанд фиристоданд. Ҳамаи инро барои он навиштам, ки бо гуноҳи худам қариб аз бағоҷ маҳрум мешудам. Агар Шумо аз Амрико ба Тоҷикистон парвоз доред, ҳатман ба корманди фурудгоҳ таъкид кунед, ки то ҷойи охирон бағоҷро ба қайд гирад, то мисли ман сарсон нашавед.

Перомуни нимтанаҳои наҷотбахш. Дар тӯли рафту баргашт ва сафар дар дохили Амрико тақрибан 50 соат парвоз доштам. Инҷо як мушоҳидаро менависам, ки ба сафар мустақиман дахл надорад: пеш аз парвози ҳавопайпо ҳамеша меҳмондорон перомуни роҳи наҷот дар ҳолати изтирорӣ маълумот медиҳанд ва истифодаи нимтанаҳои наҷотбахши бодӣ (ҷалиқаҳои бодӣ)-ро мефаҳмонанд. Аксари сафарҳои ман ба кишварҳои дигар аз болои хушкӣ (кӯҳҳо) буд. Ин мавзуъ бароям ҳамеша ҷолиб менамуд, ки чӣ гуна бо ин роҳ наҷот ёфтан мумкин аст. Вале танҳо замони сафар ба Амрико, вақте аз болои уқёнуси Атлантик мегузаштем ва сафар ба иёлати Ҳавайӣ, ки масир комилан аз болои уқёнуси Ором буд, аҳамияти ин нимтанаҳои наҷотбахшро фаҳмидам. Азбаски меъёри байналмилалии наҷотдиҳии мусофирон дар ҳолати изтирории ҳавопаймо яксон будааст, бидуни ба назар гирифтани убури хушкӣ ё дарё онро ба мусофирон мефаҳмонанд.

Перомуни тарҷумонҳо. Аз рӯйи адолат аст, агар дар бораи се тарҷумон, хонумҳо Еленаву Мария ва Павел каме нависам, ки моро хеле олӣ қабулу гусел карданд. Бардошти нахустини гурӯҳи ҳаштнафараи Осиёи Марказӣ аз Амрикоро маҳз ҳаминҳо шакл доданд, аз аввал то охири сафар ҳамроҳи мо буданд ва кори фаротар аз тарҷумониро иҷро карданд. Хонум Елена аз Укроин, хонум Мария аз Русия ва Павел аз Белорус буданд ва зиёда аз се даҳсола дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд. Аз рӯйи гуфтаашон маълум гардид, ки ҳарсе дараҷаҳои илмӣ дошта, зиёда аз бист сол барои қабулу ҳамроҳии иштирокдорони барномаҳо аз кишварҳои пасошӯравӣ машғуланд. Кори худро дар сатҳи олӣ анҷом медиҳанд. Дар муносибат эҳтироми меҳмононро сахт риоя мекарданд, нармгуфтор буданд ва асабҳои оҳанӣ доштанд, ҳамеша мекӯшиданд ба мо машваратҳои лозимаро диҳанд, ки барояшон сипосгузорам. Замони будубош дар Вошингтон, Ҳонолулу ва Сан-Франсиско кӯшиданд ба беҳтарин ҷойҳо равем, тафреҳу гаштугузори моро барномарезӣ ва дар сатҳи олӣ баргузор карданд (тафсилоташро дар бахшҳои сафаргуфтаҳо аз шаҳри Вошингтон ва иёлоти Ҳавайӣ ва Колифорниё навиштам). Рӯзи охирони пеш аз бозгашт ба Ватан, мо иштирокдорони барнома бо тарҷумонҳо якҷо хӯроки шом хӯрдем. Он вақт ба мо гуфтанд, ки дар чанд соли охир беҳтарин гурӯҳе будем ва ягон мушкилие барояшон насохтем. Албатта, мо инро ҳамчун лутфи амрикоӣ қабул кардем ва ҳаргиз таъоруф напиндоштем.

Перомуни маззаи ғизои амрикоӣ. Рӯзи сафар ба Амрико ҳамсарам аз нонвойхонаи “Сайёҳ”, ки рӯ ба рӯйи Автовакзали шаҳри Душанбе қарор дорад, бароям бист дона кулча харида буд. Ин кулчаҳо воқеан “тиллоӣ” будаанд ва охирашро дар Сан-Франсиско хӯрдам ва аз маззааш ҳамсафарон низ бенасиб намонданд. Аҷобаташ дар он аст, ки аслан маззаи худро дигар намекунад ва ба маҳорати нонпазии нонвойи “Сайёҳ” ҳамсафарон низ офарин гуфтанд. Агар сахт ҳам шавад, ба об тар мекунед, боз мисли пештара бомазза мешавад. Ин тавсия ҷанбаи тиҷоратӣ надорад, чун моли нағзро бояд нағз гуфт. Инро барои он навиштам, ки мушкилтарин унсури сафар ба Амрико ғизо буд. Чун аслан ба “нон хӯрдан” муносибати суннатӣ дорам ва таомҳои миллиамонро бартар аз ҳамаи ғизоҳои машҳур медонам. Хӯрокхурии мо дар Вошингтон (тафсилоти сихкабоби тоҷикиро дар поён меорам) ва Сан-Франсиско нисбатан беҳтар буд. Танҳо дар Ҳавайӣ “азоб” кашидам, чун маззаи ғизои онҷо барои ман аслан ғайритабиӣ буд, ба гуфти мардумӣ “мисли каҳ”, ки аслан мазза надорад. Ҳатто тамъи фастфудҳо низ дигар буд ва аз он чизе, ки дар Душанбе омода мекунанд – фарқ дошт. Чӣ қадар бомазза будани ғизоҳои худамонро дар Сан-Франсиско эҳсос кардам. Каме дуртар аз меҳмонхонаи мо дукони ғизои афғонӣ буд. Ба онҷо рафта оши кобулӣ бо гушти гӯсфанд гирифтам ва баъди ин қадар “азоб” ҳар як чумчаи он аз дигараш бомазза менамуд… Хулоса, ин таҷрибаи ман аст ва агар Шумо ба Амрико рафта бошед, ё онҷо зиндагӣ кунед, ба эҳтимоли зиёд назари дигар доред.

Перомуни минтақаи замонии Амрико. Пештар аз дӯстону пайвандони таҷрибаи сафар ба Амрикоро дошта, шунида будам, ки бо назардошти гуногун будани минтақаи замонӣ, барои бадани инсон каме мушкил пеш меояд. Барои ман аслан чунин масъала ба вуҷуд наомад, чун солҳои дароз асосан шабона кор мекунам ва рӯзона дам мегирам. Вақте ба Амрико рафтем, гуё ба минтақаи замонии худ афтода бошам, чун рӯзи онҷо шаби мо ва рӯзи мо шаби онҷо аст. Шаб хоб нарафта, кор кардан як камбуди ҷиддӣ мебошад, вале ҷойи мусбат ҳам доштааст.

Перомуни дидору гуфтугӯ бо ҳамватанон. Вақти дар Амрико буданам бо чанде аз ҳамватанон додору тамос доштам. Бо Далер Ғуфрон, Бахтиёр Исоев, Наврӯзако Сиддиқов, Ҳабиб Мирзоев, Акмалхон Баҳодуров ва Беҳзод Исомиддинов мукотиба доштам, барои ҳолпурсӣ ва суханони некашон аз ҳар кадомашон сипосгузорам. Азбаски барномаи сафари мо дар дастамон набуд, танҳо бегоҳ бекор мешудем. Фақат дар Вошингтон фурсат шуд, бо ҳамватанон бо Маъруфҷон ва Кайхусрав вохӯрам. Бо Маъруфҷон чанд сол пеш шинос шудем ва он кас яке аз дастандаркорони гурӯҳи фейсбукии “Таърихи Хуҷанд” ҳастанд. Маъруфҷон то кӯч бастан ба Амрико дар Русия кор мекарданд ва дар шаҳри Новосибирск сихкабоб мепухтанд. Дар Вошингтон низ ҳамин корашонро идома медиҳанд ва як бегоҳ сихкабоби гӯсфандӣ ва қимма пухта оварданд, ки маззааш бӯйи Ватан мекард. Дӯстам Руслан Изимов (чиншинос аз Қазоқистон, ки дар боло дар бораи тавсияаш навиштам) нафари дилёб аст ва забони кормандони меҳмонхонаро ёфту аз онҳо табақу панҷшохчаю ҷом овард. Он бегоҳ мо бо хонуми пажуҳишгар аз Қазоқистон мулоқот доштем ва он кас чанд мақолаи ману акои Маҳмуд Ғиёсовро дар пойгоҳи таҳлилии зери мудирияти худ нашр карда буданд. Хулоса, чор нафар ҳам суҳбат ва ҳам сихкабобро нӯши ҷон кардем. Аз сафари ману Руслан ба Амрико чанд рӯз сипарӣ шуда буд ва маззаи ғизои ватаниро даҳон доштем, аммо хонум, ки чанд сол боз ба зодгоҳашон наомадаанд, барои он кас маззаи сихкабоб бисёр гуворо тофт. Ҳатто бовар надоштанд, ки дар Вошингтон ҳам сихкабобро бо чунин мазза пухта мешудааст.

Бо Кайхусрав соли 2011 дар як урдугоҳи таълимӣ ҳамроҳ ширкат доштем: ман муррабӣ будаму он кас иштирокдор. Ҳоло дар як ширкати фанновариҳои иттилоотӣ кор мекардаанд ва ҷойи худро дар зиндагӣ ёфтаанд. Бо даъвати Кайхусрав ба ҷойи корашон рафтем, ки як сохтмони зебои баландошёна буд. Дар бомаш тамошогоҳ дошт, ки ҷойи истироҳати кормандон дар ҳавои кушод будааст. Дар роҳаткурсиҳои боми сохтмон нишаста, ҳам намои шаҳри Вошингтонро тамошо кардем ва ҳам як суҳбати хубе анҷом додем. Кайхусрав қариб 10 сол дар Амрико дар шаҳри Вошингтон кору зиндагӣ мекунанд. Аз рӯйи гуфташон дар ин муддат чандин корро иваз карда, ахиран дар соҳаи авлавиятнок фаъолият доранд. Вижагии Кайхусравро дар он дарёфтам, ки ҳарчанд солҳои дароз дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, вале тамоми унсури инсони шарқиро бо одобу рафтори тоҷикӣ дар худ ҳифз кардаанд. Эҳсос мешуд, ки ҷисман дар Амрико ва руҳан дар Тоҷикистон ҳастанд.

***

Ба ҷойи охирсухан. Тавре дар аввали ёддошт овардам, навиштанро дар фурудгоҳи Сан-Франсиско дар таърихи 26 июн сар кардам, бо чанд сабаб, нахуст корҳои дигарӣ фаврӣ, ки бояд анҷом медодам, баъдан сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳо ва ба хориҷи кишвар, ниҳоят гармии ҳаво, ки имкони нишастану навиштан душвор буд – дар давоми моҳҳои июл ва август дар Душанбею Хуҷанд идома дода, ду ҳафтаи охир асосан бо ҳамин кор машғул будам. Инак, соати 13:36 рӯзи 5-уми октябри соли 2024 ба фарҷом расонидам. Ҳоло саволҳои зиёди бепосухро дар сар дорам ва дар бораашон меандешам. Шояд дар посухи ин саволҳо ягон мақолаи алоҳидаро дар оянда менависам.

Агар даъвати кормандони Сафорати Амрико дар Душанбе намебуд, ба ин кишвар намерафтам ва ин матн ҳам пайдо намешуд. Ба ҳамаи онҳое, ки ин сафарро тарҳрезӣ ва барои амалӣ гардиданаш кор карданд, самимона сипосгузорам. Умедворам, ки баъзе нуктаҳои навиштаам, онҳоро нороҳат намекунад. Чун ҳадафам на ҳамту рафта омадан, балки фурсатро барои беҳтар шинохтану фаҳмидан истифода кардан буд. То куҷо ба ин даст ёфтам, вақт нишон медиҳад. Кӯшидам бардоштҳоямро нависам ва умедворам, ки барои Шумо, хонандагони гиромӣ, хушоянд буд ва шояд чизеро барои худ гирифтед ё нуктае буд, ки боиси пайдо шудани андешае гардид.

Бо ҳамин навиштани дидаҳо, шунидаҳо, андешаҳо ва бардоштҳо аз сафар ба Амрикоро, яъне сафаргуфтаҳоямро ба охир мерасонам. Аз Шумо хонандагони гиромӣ, самимона сипосгузорам, ки вақти худро дареғ надошта, дар давоми се моҳ навиштаи маро хондед. Худованд Шуморо дар паноҳаш нигаҳ дорад.

Шералӣ РИЗОЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь