Конкистадор (исп. Conquistador) – сарбозон, кошифон ва мухотираҷӯёни асрҳои XY ва XYI милодӣ буданд, ки дар фатҳи тадриҷии бахшҳои бузурге аз қораи Амрико ва навоҳии осиёии уқёнуси Ором ширкат карданд ва он сарзаминҳоро тобеъи империяи Испания карданд. Вақте кишварҳои аврупоӣ байни худ меҷангиданд, ин ҷанговарон нақши басо муҳим доштанд. Аммо вақте фиристодагони Азаминҳои қитъаву қораҳои дигарро забт ва ба худ тобеъ намуданд, кушоиҳои онҳо ҳамзамон кушоишҳои географӣ ном гирифтанд.

Ҷанговарон роҳро барои тоҷирон, роҳибону мубаллиғони масеҳӣ, соҳибмансабон ва истеъморгарон боз мекарданд. Аммо онҳо хеле кам дар бораи кушоишҳои географӣ меандешиданд. Ташнагӣ ба сармоя, бахусус тиллову нуқра ва ҳокимият як мароми аслии зиндигии онҳо буд. Онҳо омода буданд моҳҳову солҳо дар баҳру уқёнусҳои нопайдоканор шино кунанд, то ба ҳадафҳои асосии худ даст ёбанд. Барои амалӣ гардидани ҳадаф хурдтарин воҳидҳои низомии конкистадорҳо омода буданд таваҷҷуҳи иттиҳодҳои бузурги қавмӣ ва давлатҳоро ба худ кашанд. Албатта, дар ин ҳолат хаттарро хуб ба ҳисоб мегирифтанд: такя ба бартарияти ишғолгарон дар тактикаи ҷангӣ ва силоҳу муҳимот, муттаҳидии қавмии аврупоиён, ки ҳиндуҳо онҳоро дар биёр ҳолатҳо худо ва ё фиристодагони худо гумон мекарданд ва воҳимае, ки аспҳои то ин замон надида миёни ҳиндуҳо паҳн мешуд ва ғайра.

Аммо дар аксар мавридҳо зиддиятҳои қавмии ҳиндуҳо ва мухолифатҳои дохиливу ҷангҳо ба хотири касби қудрат ва ишғоли мавзеъҳои якдигар ба манфиати аврупоиён буд. Дар қину қасоси қабилаҳои шикастхӯрдаву асиршуда аврупоиён ҳеч раҳмеву шафқате надоштанд. Фарҳангу маданият, урфу одатҳои сокинони бумии Амрико барои онҳо бегона буданд ва ҳатто ҳиндуҳоро одам ҳам намеҳисобиданд.

Конкистадорҳои маъруф ва машҳур инҳо буданд: Эрнан Кортес (Мексика), Франсиско Эрнандес де Кордова (соҳилҳои Юкатан), Франсиско де Монтехо (Юкатан), Хуан де Грихалва (Мексика), Франсиско Писарро (Тауантинсуйу), Диего де Алмагро (гарданаи Панама, Перу ва Чили), Васко Нунйес де Балбоа (соҳилҳои уқёнуси Ороми Амрикои Ҷанубӣ), Диего Веласкес де Куэляр (Куба), Педро де Валдивия (Чили), Педро де Алварадо (Амрикои Марказӣ), Гонсало Хименес де Кесада (Колумбия), Эрнандо де Сото (Миссисипи), Франсиско де Ореляна (ҳавзаи Амазонки), Лопе де Агирре (Элдорадо).

Бисёре аз конкистадорон аслан сарбозони қаторианд ва зумрае фармондеҳонанд, ки баъди муҳорибаҳо ва кишваркушоиҳо аз ҷониби шоҳону сарварон соҳибони ҷоизаҳо мешаванд, заминҳо туҳфа мегиранд ва ё унвонҳои дворянӣ мегиранд.

Ҳамаи ин баёнгари он нукта аст, ки конкистадорҳо аз ваъдаҳо сармаст мешуданд. Ва яке аз саҳнаҳое, ки метавон онро романтикӣ низ номид, ба тилло иртибот дошт. Ва афсона дар бораи кишвари тиллоии пешво Элдорадо аз ҷумлаи қиссаҳое буд, ки ҳар сарбозро ба ваҷд меовард.  Асоси ин афсона аз тамаддуни чибчаҳо-яке аз тамаддунҳои рушдёфтаи қабилавӣ дар Амрикои Ҷанубӣ буд, ки дар вилоёти баландкӯҳи Колумбия мезистанд.

Аммо ривояти “Шаҳри гумшудаи тилло” дигар буд. Бино ба ин ривоят қабилае дар як баландкӯҳ мезист, ки сарзаминаш тилло зиёд дошт. Ҳар ҳокими нави ин қабила пеш аз он ки ҳокимиятро қабул кунад, ширкаткунандаи аслии як маросими ғароибе мешуд. Ҳангоми тулӯъи офтоб дар амаде саршор аз хокаи тилло дар кӯли муқаддаси Гуатавит шино ва мекард ва вориди об шуда, хокаи тилло то охирин донаи он аз худ мешуст. Кӯл ин ҳадяро қабул мекард ва ба дунболи он ороишоти тиллову ҷавоҳироти дигар яке паси дигаре ба парвоз меомаданд; фазо аз нидоҳои шодмонӣ пур мешуд.

Бино ба гуфтаи испониҳо дар ин кишвар тилло хеле зиёд аст ва ин кошифони испониро шефтаву шайдои худ карда буд. Зеро ин гуна урфу одат танҳо дар кишваре метавонад бошад, ки тилло дар он беҳадду ҳисоб аст. Ва кишваре назири мамлакати афсонавии Элдорадоро испониҳо соли 1537 кашф карданд. Низомиёни Гонсало Хименес де Кесада роҳҳои мушкилгузарро тай намуда, сарзамини чибча-муискҳоро, ки аз соҳибтамаддунтарин қабилаҳои Амрикои Ҷанубӣ маҳсуб мешуд, ишғол намуданд.  Аммо ҷолиб он аст, ки ҳатто баъди кашфи ин мамлакати шабеҳи афсона боз ҳам ривоёти Элдорадо аз забони мардум науфтод. Ин сарзамини афсонавиро даҳсолаҳо дар ҳар гӯшаи қаламрави Амрико ҷустанд, аммо пайдо нашуд. Вале бо гузашти замонҳо, вақте кулли манотиқи олам кашф гардиду аврупоиён нукоти зиёдеро дар қораҳо ишғол карданд ва ба мустаъмараҳои худ табдил доданд, ин ривоят ва ин афсонаи мамлакати тиллоии Элдорадо чун рамзе аз он кашшофиҳову пӯяндагиҳо боқӣ монд.

Таҳияи Б. Шафеъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь