СММ қатли мусулмонҳоро дар Мянмар бо ҳамин ибора ном гирифт

Генотсиди мусулмонон дар Мянмар новобаста аз вокунишу митингҳои умумибашарӣ ва ақидаҳои беохир давом дорад. Низоъ дар Мянмар аз мавзуҳои пурбаҳстарин дар ВАО ва интернет аст. Пурсиш дар мавриди низои Мянмар дар сомонаи ҷустуҷӯйии “Яндекс” ҷойи панҷумро мегирад. Вокуниши созмонҳои умумибашарӣ ва чеҳраҳои шинохтаи олам дар маводи мо инъикос ёфтаанд.

СММ амалиёт бар зидди Роҳинҷаро “Поксозии қавмӣ” номид
– Амалиёти ҳарбии ҳукумати Мянмар бар зидди мусалмонони Роҳинҷа намунаи классикии поксозии қавмӣ аст,- гуфт комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Зейд Рад ал Ҳусейн. “Азбаски ҳукумати Мянмар барои гузаронидани тафтиши нақзи ҳуқуқи башар имконият намедиҳад, пурра баҳогузорӣ кардани вазъ номумкин аст. Аммо он амалиёт монанди поксозии классикии қавмӣ аст”,- гуфт ӯ дар кушодашавии ҷаласаи 36-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон.
Ӯ аз ҳукумати Мянмар хоҳиш кард, ки барои таҳлили вазъ ба намояндагони СММ имконият дода шавад ва аз намоиши дигаргунаи ҳаводис даст кашанд. “Ҳукумати Мянмар ҳаводисро чунон нишон медиҳанд, ки гӯё аҳли Роҳинҷа хонаҳои худашонро месӯзонанд. Ин пурра маҳкум кардани ҳақиқат буда, ба обрӯйи давлат дар сатҳи байналмилалӣ латма мезанад”,- иброз дошт Ҳусейн.
– Ман аз ҳукумати кишвар даъват мекунам, ки ба амалиёти ҳарбӣ хотима бахшида, гунаҳкорони поймол гаштани ҳуқуқи мусулмонони Роҳинҷа ҷазо дода шаванд,- илова кард комиссар.

Иттиҳоди Аврупо: Умедворем, ки гунаҳкорон муҷозот мешаванд
– Иттиҳоди Аврупо ҳамеша пайгири ҳолати даҳшатбор дар Роҳинҷаи Мянмар аст,- эълон дошт намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ, сиёсат ва амният Федерика Могерини.
“Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки ҳукумати Мянмар ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро барои ҳалли муътадили масъала барои сулҳу субот ва шукуфоӣ, ба манфиати тамоми аҳолӣ дастгирӣ намояд”,- гуфта мешавад дар изҳороти дипломатии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел.
Федерика Могерини амалиёти ҳукумати Мянмарро маҳкум кард ва гуфт: «Мо, Иттиҳоди Аврупо, ҳамлаи неруҳои амниятии Мянмарро 25-уми август ба Роҳинҷа маҳкум мекунем ва умедворем, ки гунаҳкорони хушунат дар асоси қонун муҷозот мешаванд”. Ба гуфтаи ӯ, паст кардани шиддати ҷонибҳо ва ҳимояи ҳуқуқи инсон бисёр зарур аст, зеро: “Дастрасии бемонеаи кӯмаки башардӯстона, аз ҷумла барои кормандони созмонҳои башардӯстона барои расидан ба мардуми воқеан муҳтоҷи ёрӣ бисёр зарур аст”.

Эрдуғон: Воқеаҳои Роҳинҷа генотсид аст
Дар баробари созмонҳои умумибашарӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон як қатор сиёсатмадорон ва роҳбарони кишварҳо вобаста ба воқеаҳои даҳшатноки Мянмар изҳори андеша карданд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон воқеоти Роҳинҷаро генотсид номид: “Он ҷо генотсид рафта истодааст, аммо ҳама хомӯш. Ҳар касе, ки ба ин амали ваҳшиёна, ки таҳти шиори демократия гузаронида шуда истодааст, бепарвоӣ мекунад, ӯ ҳам қотил аст”.
Роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров бошад, аз набудани вокуниши муносиб аз сиёсатмадорони хориҷӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ба рӯйдодҳои фоҷиабор дар Мянма, ангушти ҳайрат газида, гуфт:
– Тамоми ҷаҳон “шок” гаштаанд… Вокуниши сиёсатмадорон ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар бораи вазъият дар Мянма бадахлоқии пурраи ҷаҳони муосирро нишон медиҳад. Президентон ва вазирони кишварҳои абарқудрат ба даҳан об гирифта, хомӯшанд. Созмони Милали Муттаҳид бошад, бо пахши изҳорот иктифо мекунад,- дар Instagram-и худ навишта буд Қодиров.
Ӯ ҳатто гуфта буд, ки барои ҳимояи мусулмонон дар Мянмар омода аст бар зидди Русия равад: “Агар Русия ин шайтонҳоро пуштибонӣ кунад, ман зидди мавқеи Русия хоҳам буд. Ман дидгоҳи худ, биниши худро дорам”.

«САМАК»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь