Рӯзномаи кунунии Амрико барои Осиёи Марказӣ

Амрико аз камтарин қудратҳост, ки дар умум ҳам барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам дар алоҳидагӣ барои ҳар яке аз панҷ кишвари он роҳбурди вижаи худро таҳия ва тасдиқ кардааст (“Роҳбурди якпорчаи ИМА барои Тоҷикистон” 1-уми апрели соли 2022 тасдиқ шудааст). Санади барҳол барои минтақа “Роҳбурди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2019-2025: Тақвияти соҳибихтиёрӣ ва шукуфоии иқтисодӣ” ном дошта, шаш ҳадафро пайгирӣ мекунад: 1) Ҳимоят ва тақвияти соҳибихтиёрӣ ва худсолории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сурати ҷудогона ва дар доираи тамоми минтақа; 2) Коҳиши таҳдидҳои даҳшатафканӣ дар Осиёи Марказӣ; 3) Густариш ва идомаи ҳимоят аз субот дар Афғонистон; 4) Мусоидат ба рушди робитаҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Афғонистон; 5) Мусоидат ба ислоҳоти низоми волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон; 6. Мусоидати ИМА ба сармоягузорӣ ва рушд дар Осиёи Марказӣ. Ҳамчунин, шарҳи алоҳида перомуни қолаби дипломатии “С5+1” оварда шудааст. Гузинаи оммавии ҳарду санад дар шабакаи интернет дастрасанд ва ҳар як хоҳишманд метавонад онҳоро бихонад.

Аз гуфтаҳои як таҳлилгари амрикоии ворид ба мавзуъ маълум гашт, ки ҳоло пешнависи роҳбурди нави Амрико дар самти Осиёи Марказӣ (ба эҳтимоли зиёд барои солҳои 2026-2030) таҳия шуда, пас аз оғози кори маъмурияти нав тасдиқ мегардад. Аз рӯйи мазмуни суҳбатҳои кормандони давлатӣ ва таҳлилгарони амрикоӣ метавон пешбинӣ кард, ки дар роҳбурди нав таваҷҷуҳи вижа ба қолаби дипломатии “С5+1” зоҳир мешавад. Чун соли 2022 котиботи он дар шаҳри Вошингтон созмон ёфта, бо назардошти рақобату бархӯрд бо рақибон ва густариши ҳамкориҳо бо ҳампаймонҳо барои Амрико аҳамияти хосро пайдо кардааст.

Тавре аз ҳикмати мардумии мо бармеояд, ҳамеша шунидани “сухан аз забони Луқмон хуш аст”. Аз ин рӯ, ба арзёбии рӯзномаи кунунии Амрико барои Осиёи Марказӣ аз дидгоҳи коршиносони ин кишвар мепардозем (то ҷойе шаш ҳадафи болоро дар бар мегиранд), ки тобиши нарм, сахт ва мутавозин доранд:

Якум, дар шинохти сиёсат ва роҳбурди Амрико дар самти кишварҳои Осиёи Марказӣ нуктаи муҳим он аст, ки Вошингтон бо давлатҳои минтақа таърихи тулонии муносибатҳоро надорад. Айни замон робитаҳо дар ҳоли шаклгирӣ буда, ҳусни ният ва саъю талоши ҳарду ҷониб лозиманд, то муҳтавои он боз ҳам ғанӣ ва густариш ёбад. Ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳо, ба вижа хостаҳо ва интизориҳо миёни Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳам фарқ доранд ва ҷонибҳо ҳадафҳои гуногунро дар муносибатҳо пайгирӣ мекунанд.

Дуюм, барои Амрико соҳаи иқтисод ва эҷоди долонҳои нави тронзитӣ (шарҳи инҷониб: Вошингтон долонҳо ба самти кишварҳои ҷануб ва ғарбро бештар мепазирад. Перомуни долонҳо ба самти кишварҳои шарқ ва шимол ҳассосият дорад) аҳамияти хос доранд. Аз ин дидгоҳ, Вошингтон ташаббусҳои кишварҳоро дар самти шукуфоии иқтисодӣ ва густариши долонҳои нави иртиботӣ дастгирӣ мекунад.

Сеюм, авлавияти дигари Амрико мусоидат ба густариши ҳамкориҳои дохилиминтақаии панҷ кишвар аст. Ҳар қадаре, ки ҳамкориҳои онҳо бо ҳамдигар васеъ гардад, тавонмандиҳои минтақа боло меравад. (шарҳи инҷониб: ҳамаи 8 қудрат ва 2 гурӯҳи давлатҳои дорои қолаби “5+1” бо кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом медоранд, ки ҳамкориҳои дохилиминтақаиро ҷонибдорӣ мекунанд, вале дар роҳбурди худ рӯзномаву муҳтавои гуногунро дар назар доранд. Якҷо будани 5 кишвари Осиёи Марказӣ барои баъзе қудратҳо фурсати нави ҳамкориҳоро ба вуҷуд орад, барои дигарон маънои дар меҳварии худ нигоҳ доштанро дорад).

Чорум, имрӯз ва ҳамчунин барои ояндаи наздик мавзуи ҳамкориҳои Амрико бо кишварҳои минтақа дар самти мубориза бо даҳшатафканӣ (сиёсати зиддидаҳшатафканӣ) мубрам мебошад. Фаъол гардидани Шохаи Доиши Хуросон дар Афғонистон, васеъгардии таблиғот ва ҷазби шаҳрвадони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи мазкур ва ҳамчунин боздошти зодагони минтақа дар Амрико ин мавзуро доғ кардааст. Бинобар ин, эҳтимол дорад дар ояндаи наздик ҳамкориҳои ҳарбию сиёсии кишварҳои минтақа бо Амрико густариш ёбанд.

Панҷум, яке аз таҳлилгарон гуфт, ки “сафири як кишвари Осиёи Марказӣ пайваста дар дидор бо онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба Афғонистон ва мавзуи танҳо нагузоштани ин кишвару минтақаро матраҳ мекунад”. Аз дидгоҳи ӯ барои Амрико таҳдидҳо аз сӯйи Афғонистон аз рӯзномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ фарқ мекунад. Ӯ нуктаи зариферо дар суҳбат ишора кард: “пештар (замони ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон) Толибон мегуфтанд, ки амрикоиҳо соат ва мо вақт дорем. Ҳоло вазъ тағйир кардааст ва акнун Амрико вақт ва ҳамаи бозигарони дигар ба шумули Толибон соат доранд” (шарҳи инҷониб: Толибон бар он назар буданд, ки рӯзе амрикоиҳо аз Афғонистон мераванд ва сарзамин ба онҳо мемонад. Бо назардошти ғайриқобили пешбинӣ будани вазъ дар Афғонистон ва ягонагии Толибон, ҳамчунин мушкилоту чолишҳои воқеию эҳтимолӣ барои қудратҳои бузурги дахил ба равандҳои Афғонистон ва барои ҳамсояҳои ин кишвар – ҳама фурсати кам доранд, то ин муодиларо ҳал кунанд. Яъне, то ҳол Амрико қудрати рақами як дар Афғонистон аст ва бо берун шудан ҳам аз ин кишвар – ҳарфи ниҳоии худро то ҳол нагуфтааст).

Шашум, бар хилофи бовару ривоятҳо перомуни ниҳоят муҳим будани Осиёи Марказӣ ва захираҳои табиии он барои Амрико як таҳлилгари амрикоӣ гуфт, ки “Амрико ба маводи маъдании Осиёи Марказӣ эҳтиёҷи кам дорад ва дорои чойгузинҳо аз ҷуғрофиёи дигар аст. Амрико дар ҷаҳон аз ҳама бештар гоз истеҳсол мекунад ва худаш ҳамаи сарватҳои зеризаминии лозимаро дорад”. Ҳамзамон, илова кард, ки “омили сатҳи фасоди молиявӣ дар минтақа монеаро барои рушди муносибатҳои ду ҷониб ба вуҷуд меорад ва ширкатҳои амрикоӣ начандон хоҳиши кор кардан дар кишварҳоятонро доранд, чун намехоҳанд номашон олуда гардад” (шарҳи инҷониб: барҷаста кардани омили фасоди молиявӣ ҳамчун омили боздорандаи рушди муносибати ҷонибҳо шояд як навъ “ҳиллаи шаръӣ” бошад. Чун агар манфиатҳои калони геополитикии Амрико тақозо кунанд, ин кишвар ҳеҷ вақт ба будану набудани фасоди молиявӣ нигоҳ намекунад. Мисоли равшан муносибати Амрико ба ҳукуматдорони Афғонистони имрӯза аст. Дар умум, андешаи мазкур дар посух ба саволи то кадом ҳад муҳим будани минтақаи Осиёи Марказӣ барои Амрико гуфта шуд ва шояд дидгоҳи худи ҳамин таҳлилгар бошад).

Ҳафтум, аз гуфтаҳои таҳлилгарони амрикоӣ бармеояд, ки кишвари онҳо дар Осиёи Марказӣ аз мавқеи мунтазир мондан кор мегирад. Бештар интизори он аст, ки ояндаи наздик дар Осиёи Марказӣ чӣ ба вуқуъ мепайвандад; бо шиддати паст рақобат бо Чинро идома медиҳад; минтақаро ба Чину Русия вогузор кардан намехоҳад ва рӯзномаи худро матраҳ мекунад. Таҳлилгарони амрикоӣ бар он боваранд, ки дар ояндаи наздик Русия ва Чин ҳатман дар Осиёи Марказӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Бардошт аз суҳбату гуфтаҳои таҳлилгарони амрикоӣ ин буда метавонад, ки Амрико сарфи назар аз ҳадафҳои дар роҳбурди барҳоли барои солҳои 2019-2025 зикршуда, перомуни кишварҳои Осиёи Марказӣ як авлавияти асосӣ надорад. Муҳтавои рӯзномаи корӣ аз ҷониби гурӯҳҳои сиёсӣ ва созмонҳои мухталиф шакл дода мешавад. Чун рӯйкарди Амрико дар сиёсати хориҷӣ пеш аз ҳама ин буда, ки аввалан захираҳои зиёд дорад ва мувофиқи фаргашти шароит аз абзори камхарҷу натиҷабахш истифода мекунад. Аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки танҳо авлавияти сиёсию амниятӣ ё танҳо авлавияти иқтисодию тронзитӣ ё танҳо авлавият додан ба риояи ҳуқуқи инсон аслӣ ва калидӣ ҳастанд.

Перомуни густариши ҳамкориҳо миёни Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Шояд як аҳамияти навиштани ин ёддошти сафар дар он бошад, ки баъзе андешаҳоро перомуни ояндаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ва Амрико бо хонандагон шарик сохтан мумкин аст. Аз пеш медонам, ки чунин кор омодагии касбӣ, муносибати ҷиддӣ ва сарфи вақти зиёдро талаб мекунад, то тамоми навиштаҳои дастрас аз қабили китоб, мақола, гузориш ва нигоштаҳо мунсифона арзёбӣ шаванд. Ин корро ба оянда мегузорам ва ҳоло баъзе мулоҳизаҳои муқаддамотиро барои ҳарду ҷониб меорам:

Чанд пешниҳод ба ҷониби амрикоӣ. Дар рафти сафар мо иштирокдорони барнома байни ҳамдигар перомуни густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиву Амрико суҳбатҳое доштем ва баъди баргаштан ба Ватан низ дар ин бора андешидам. Инак, чанде аз онҳоро пешкаш мекунам.

Якум, ҳимояти расонаии сиёсат, рӯйкард ва роҳбурди Амрико дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби абзорҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои кишварии “Радиои Аврупои озод – Радиои Озодӣ”, “Садои Амрико” ва ғайра анҷом мешавад. Агар ба таври доимӣ бахшҳои кишварии “Радиои Озодӣ”-ро хонед ва шабакаи телевизионии “Настоящее Время” (шабакаи муштараки “Радиои Озодӣ” ва “Садои Амрико”)-ро тамошо кунед, ба назар мерасад, ки ривоятҳои сохтусоз мешудаи ин расонаҳо бо эъломияҳои давлатмардони амрикоӣ (асосан зимни боздид аз кишварҳои минтақа садо медиҳанд) ва нигоштаҳои сафоратхонаҳои ин кишвар ҳамовозии кам доранд. Сабабу омилҳои ин ҳолат гуногун буда метавонанд ва бархоста аз ҳадафҳои оинномавии ин гурӯҳи расонаҳо аст. Ба ҳар сурат, агар мо ба мавзуъ аз зовияи дигар нигарем, пас маълум мешавад, ки ҳолати мазкур дар дарозмуддат ба эҳтимоли зиёд ба сиёсати усулии Амрико дар минтақа ҳамсадоӣ намекунад, чун ба имиҷи ин кишвар тобиши манфӣ медиҳад. Аз ин рӯ, шояд такмили сиёсати дафтарии бахшҳои кишварии “Радиои Озодӣ” ва ривоятҳои “Настоящее Время” ба фоидаи ҳамкориҳои неки ҷонибҳо бошад, то тавозун дар гуфтани “камбудиҳо” ва “дастовардҳо” дар матолиби эҷодмешуда риоя гарданд. Чунин иқдом ба ҳамаи шаш ҳадафи Роҳбурди барҳоли Амрико дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2019-2025 мувофиқ аст.

Дуюм, лозим ба назар мерасад, ки қолаби дипломатии “С5+1”-и амрикоӣ бештар дар фазои расонаию муҳити коршиносии Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардад. Имрӯз эҳтиёҷи ҷиддӣ ба ҳимояти вижаи расонаии қолаби амрикоии ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фазои минтақа мавҷуд аст. Чунки на танҳо аҳолӣ, балки коршиносону таҳлилгарони минтақа аз муҳтавову иқдомҳои мавриди назари ин ҳамкориҳо иттилои кофӣ дар ихтиёр надоранд ва дидгоҳи худро то ҷойе аз матолиби зидди ин қолаби дипломатӣ шакл медиҳанд. Яъне, перомуни ҳамкориҳои Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фазои иттилоотии минтақа, аз абзорҳои худи Вошингтон дида, расонаҳои афкорсози қудратҳои рақибаш бештар фаъол ҳастанд.

Сеюм, дар даҳ соли охир аз ҷониби сафоратхона ва созмонҳои вижаи амрикоӣ бурсияҳо барои коҳиши таъсири иттилооти бардуруғ ба афкори умум ва беҳтарсозии саводи расонаӣ, рушди тавонмандиҳои хабарнигорону расонаҳо аз тариқи офаридани муҳтаво пешкаш мегарданд. Дар ин самт лозим ба назар мерасад, ки ба маблағгузории эҷоду пахши муҳтавои расонаӣ ба забонҳои расмии кишварҳои минтақа бартарӣ дода шавад.

Чорум, дар шароити муосир таъмини дастрасии кишварҳои минтақа ба фанновариҳои муосири амрикоӣ бисёр зарур аст. Агар минтақа зери таъсири фанновариҳои як кишвар ё гурӯҳи қудратҳои ҳампаймон бимонад ва дастрасиро ба чунин дастовардҳои ҷонибҳои дигар надошта бошад, ба тадриҷ худсолории худро метавонад аз даст бидиҳад. Чун дар шароити муосир интихоби фанновариҳои як кишвар ё гурӯҳи қудратҳои ҳампаймон дар ояндаи наздик ба интихоб ё роҳкори геополитикӣ метавонад табдил ёбад, инъитофпазирии сиёсати хориҷиро маҳдуд гардонад ва дар оянда ба худсолории кишварҳо чолиш эҷод кунад.

Панҷум, асли муҳими ҳамаи ҳамкориҳои дарозмуддатро муносибатҳои иқтисодию тиҷорӣ, ба вижа роҳкори мушаххас дар ин самт муайян мекунад. Тавре дар боло ишора шуд, Амрико аз камтарин қудратҳост, ки барои ҳамаи минтақа ва кишварҳои ҷаҳон роҳбурди вижаи худро дорад. Имрӯз шояд фурсати он фаро расидааст, ки як барномаи хоси иқтисодӣ барои Осиёи Марказӣ коркард ва муаррифӣ гардад. Чун маълум аст, ки додугирифти дуҷонибаи тиҷории Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи гуногун буда, мувофиқ ба тавонмандиҳои онҳо роҳандозӣ гардидааст. Ҳусни ният ва эъломҳои давлатмардони амрикоӣ перомуни ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ дар фазои расонаӣ ниҳоят зебо бастубанд мешаванд, вале воқеият ин аст, ки Амрико ба панҷгонаи шарикони тиҷории ягон кишварҳои минтақа ворид намешавад. Ҳамзамон, дар фазои расонаӣ аз тарафи абзорҳои Амрико ва ҳампаймононааш матолиби гуногун перомуни “хавфу чолишҳо” ба соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии кишварҳои минтақа аз густариши ҳамкориҳо бо қудратҳои дигар пайваста ба нашр мерасанд. Ин гуна ривоятҳо барои муддате муассир ҳастанд ва афкори умуми лозимаро шакл медиҳанд. Вақте аз сӯйи “гӯяндагон”-у “ҳушдордиҳандагон”-и хавфу чолишҳо гузинаи воқеӣ ё роҳкоре барои ояндаи наздик муаррифӣ намешавад, чунин ҳарфҳо ба тадриҷ камтаъсиру камаҳамият мегарданд ва муғризона менамоянд.

Чанд пешниҳод ба ҷониби Осиёи Марказӣ. Сиёсати ҷаҳонӣ марҳилаи ҳассосро паси сар мекунад ва абзорҳои танзимкунанди он дар ҳоли буҳрону инкор қарор гирифтаанд. Ҳоло маълум нест, ки дурнамои сиёсати ҷаҳониро “неруи қонун” ё “ҳаққи зӯр” муайян хоҳад кард. Агар бартарии “неруи қонун” таъмин гардад, пас инсоният роҳи мутамаддини худро идома медиҳад. Агар “ҳаққи зӯр” ҳукмфармо шавад, пас чолишҳо ба суботу амнияти ҷаҳонӣ меафзояд, осудагӣ осебпазир мегардад ва шумораи минтақаҳои низоъхез зиёд мешавад. Ҳоло мо дар як вақт татбиқи гуногунсатҳи “неруи қонун” ва “ҳаққи зӯр”-ро дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақаҳои алоҳидаи гетӣ мушоҳида мекунем. Дар ин росто, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа барои сиёсати хориҷии онҳо ҳам имконот ва ҳам осебпазирҳои нав дар ҳоли шаклгирӣ ҳастанд. Бо назардошти шароити мазкур баррасии мулоҳизаҳои зер дар мисоли густариши ҳамкориҳо бо Амрико аз манфиат холӣ нест:

Якум, дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, раисҷумҳури Тоҷикистон даъват карданд, ки пешниҳодҳои мушаххас барои рушди якҷояи Осиёи Марказӣ бо назардошти вижагии минтақаӣ ва кишварӣ таҳия ва ба таваҷҷуҳи шарикони беруна пешкаш шавад. Аҳамияти ин ташаббус дар он аст, ки имрӯз 8 қудрат ва 2 гурӯҳи кишварҳо дар қолаби “5+1” бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. То ин дам панҷ қудрат ва як гурӯҳи кишварҳо саммити ҳузурӣ ва як қудрати дигар нишасти маҷозиро бо сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ баргузор карданд. Ҳимояти расонаии қолабҳо нишон медиҳанд, ки ҳар яке аз ин ҷонибҳо рӯзномаи худро барои Осиёи Марказӣ доранд. Кишварҳои минтақа ҳам бояд ҳамгомсозии сиёсати хориҷӣ ва рӯзномаи хоси худро нисбат ба қудратҳои дорои қолаби “5+1” ва бозингарони дигар мушаххас кунанд. Ин санад метавонад “Роҳбурди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти қудратҳои беруна” ном дошта бошад ва чашмандози минтақаиро барои ояндаи наздик, бо фарогирии тамоми соҳаву самтҳо дар бар гирад. Муҳимтар аз ҳама шаффофу пешбинишаванда будани сиёсат ва роҳбурди кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти ҳамкорӣ бо якдигар ва бо қудратҳои беруна ба намоиш гузорад. Яъне ба ибораи дигар лозим ба назар мерасад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзномаи худро дар самти Амрико такмил диҳанд ва дар сатҳи минтақа онро ҳамгомсозӣ кунанд. Маҳз дар чунин ҳолат осебе ба сиёсати бисёрсамтӣ намерасад ва тавозуни ҳамкориҳо бо ҳамаи қудратҳои беруна риоя мегардад. Муҳимтар аз ҳама, зимни густариши ҳамкориҳо бо Амрико, кишварҳои Осиёи Марказӣ худро аз домҳои эҳтимолию воқеии муносибатҳои байналмилалӣ эмин нигаҳ медоранд. Роҳбурди мазкур дар айёми татбиқи якҷоя ва гуногунсатҳи “неруи қонун” ва “ҳаққи зӯр” дар сиёсати ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Дуюм, як омили муҳими барҷаста кардани Осиёи Марказӣ барои сиёсатгузориҳои Амрико ва афзоиши таваҷҷуҳ ба рӯзномаи худии минтақа дар самти ҳамкориҳо бо Вошингтон тавсеаи тавонмандиҳои Марказҳои осиёимарказишиносӣ дар қаламрави ин кишвар мебошад. Ба андешаи як пажуҳишгари кордидаи амрикоӣ вижагии аслии рушди кишваршиносӣ дар Амрико ҳамчунин аз ибтикори зодагони худи ҳамон минтақа вобаста будааст (ин нуктаи ӯ бештар ба чиншиносӣ дар Амрико вобаста буд. Чун дар бештари ниҳодҳои омӯзиши Чин, ки мо будем, ҳам шаҳрвандони чинитабори Амрико ва ҳам худи шаҳрвандони Чин фаъолият доштанд). Имрӯз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар донишгоҳҳои гуногуни амрикоӣ фаъолият доранд. Агар муносибати систематики рӯй ба оянда перомуни онҳо роҳандозӣ гардад, кори бузургеро барои густариши Осиёимарказишиносӣ карда метавонанд, ки фурсатҳои зиёдеро барои густариши сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа меофарад. Ба андешаи як пажуҳишгари қазоқистонӣ (дуруст ё нодуруст буданашро ба худаш ҳавола мекунем), бурди асосии Озорбойҷон дар муқоиса бо кишварҳои дигари қафқозию осиёимарказии Шӯравӣ дар он буда, ки шаҳрвандону зодагонаш бештар дар бораи сиёсати хориҷии Боку дар маҷалла ва пойгоҳҳои муътабари амрикоӣ ва умуман қудратҳои пешрафта менависанд. Фаъолияти интишории коршиносони озарӣ сабаб гардидааст, ки ривояту авлавияти сиёсати хориҷии Боку дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ гардад.

Сеюм, мушоҳида ва арзёбиҳо нишон медиҳанд, ки як вижагии баъзе ниҳодҳои кишваршиносӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба мавзуи пажуҳиш нигаристан аз дидгоҳи кишвари мавриди омӯзиш аст. Чунин вазъ бинобар сабаби таъсири қудрати мавриди баррасӣ дар созмондиҳӣ, фаъолият ва маблағгузории ниҳоди пажуҳишӣ шакл гирифта, дар дарозмуддат боиси риоя нашудани тавозун дар арзёбиҳо мегардад. Барои ҳар кишвари худсолор муҳим аст, ки перомуни ҳампаймону шарикон, давлатҳои дигар ва минтақаҳои мавриди назар таҳлилҳои воқеиро дар ихтиёр дошта бошад. Дар ин самт, ҳамкории андешакадаҳо ва ниҳодҳои пажуҳишии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамтоёни худ аз қудратҳои хурду бузург манфиатовар аст. Чунки дидгоҳҳои гуногун ба вазъ ва муносибатҳои кишварҳо имкони баҳогузории дурустро бештар мегардонанд ва гузинаҳои мухталифи роҳкор низ офарида мешаванд.

Дар умум, мавзуи сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ васеъ аст. Дар матни боло кӯшидам дидгоҳҳои мухталиф ва паҳлуҳои гуногуни муносибатҳоро шарҳ бидиҳам. Бар он андешаам, ки риояи тавозун дар ҳамкориҳо бо Амрико ва қудратҳои таъсиргузори дигар муҳимтарин иқдом ва нӯшдору аз ҳама “дарду бало” аст. Маҳз ҳамин рӯйкард фурсатҳои сиёсати хориҷии бисёрсамтиро афзоиш ва осебпазирии суботу амнияти кишварҳои минтақаро коҳиш медиҳад.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь