ё чӣ гуна ҷавони одӣ аз Кубан муҳофизи фармондеҳи маъруф шуд?
Қаҳрамони мо Николай Бистров соли 1964 дар Краснодар, дар деҳаи қазоқшини Уст-Лабинск, ки пеш мақоми шаҳрро дошт, дар оилаи одӣ таваллуд шудааст
Ҳаёти ӯ мисли дигар одамони он замон муқарарӣ гузашт – хатми синфи ҳашт, бурса, артиш. Баъди бозгашт аз артиш ӯ бояд издивоҷ мекард, аммо таҳсилро ҳамчун тракторчӣ хатм карда натавонист ва ӯро барои хизмат ба Афғонистон фиристоданд. Ним сол дар Туркманистон тамрин кард, баъдан даъватшавандагонро «ба он суи дарё» фиристоданд…
Аз рӯзҳои аввал бахт ба рӯйи Николай хандид. Ӯ дар фурудгоҳи Бағром адои хизмат мекард. Фурудгоҳи мазкур калонтарин пойгоҳи ҳарбии афғон дар СССР буд. Дар ин ҷо задухӯрд бо душман кам ба амал меомад ва аскарони шӯравӣ худро дар он осуда ҳис мекарданд.
То нӯҳ моҳи дар Афғонистон буданаш Бистров аз силоҳ истифода намекард, зеро вазифаи ӯ ва ҳамроҳонаш танҳо муҳофизати фурудгоҳ буд. Бистров муддати дуру дароз дар кишвар буд, з-ин рӯ барои иҷрои корҳои” ихтиёрӣ” рӯзе “калонҳо” худи Бистровро бо ҳамроҳии се рафиқаш фиристоданд.
Тибқи иттилои расмии аз тарафи рӯзноманигорон таҳқиқшуда, Бистров бо ҳамроҳии рафиқонаш ба деҳаи наздиктарин барои мева бояд мерафтанд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ки собиқадорони афғон онро тасдиқ мекунанд, Бистров ба рафиқонаш тасмим гирифтанд, ки шароб (арақи маҳаллӣ) ё чарс (қатрони аз растанӣ ҷамъовардашуда, ки аз ангур қавитар аст) гиранд. Аскарон бо роҳи маълум ҳаракат мекарданд, аммо ба дом афтоданд. Тирдонҳояшон тамом шуда буд ва баъди ҷанги кӯтоҳмуддат маҷбур шуданд, ки таслим шаванд.
Дар давоми шаш моҳи аввали асирӣ Николай рӯзашро дар интизорӣ, бо умеди фоли нек, мегузаронд. Ӯ маҷбур буд рӯзҳои худро дар зиндон ё дар сарой гузаронад. Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи саҳроӣ, ки афродаш Бистровро асир гирифта буданд, бо артиши шӯравӣ дар тамоси фаъол буд ва қасд дошт, ки сарбози шӯравиро ба афроди худ иваз кунад. Аммо дар ниҳоят бо фишори ҳукумати Афғонистон зарурати оғози амалиёти дигари русҳо дар Панҷшер пайдо гашт. Сулҳ вайрон шуд, сарнавишти сарбозон зери суол монд.
Тавре худи Николай гуфт, ба ӯ пешниҳод карданд, ки ба ягон кишвари ҳамсоя равад, то аз он ҷо мустақилона ба ватан баргардад. Интихоб танхо байни Эрон ва Покистон монда буд, вале ин давлатҳо бо СССР муносибатхои чандон хуб надоштанд. Гузашта аз ин, Бистров аз хориҷа мисли оташ метарсид. Умуман ӯ тасмим гирифт, то бо Шоҳ Масъуд бимонад, чун ба умеди табодули сарбозон буд.
Шери Панҷшер маҷбур шуд, ки водиро тарк кунад ва ӯ руси асирро бо худ бурд. Дар яке аз сафарҳо ба ӯ пулемётро доданд, вале аскари ҷавон ҷуръат накард, ки онро ба муқобили муҷоҳидон истифода барад. Дар охир эътимод ба ӯ он қадар зиёд шуд, ки Шоҳ Масъуд ба ӯ пешниҳод кард, ки муҳофизи шахсии ӯ шавад. Ин дафъа Николай тасмим гирифт розӣ шавад.
Дуруст фаҳмед — вай на тарсончак ва на қаҳрамон буд. Ӯ як бачаи оддӣ буд, ки ба вазъияти душвор рӯ ба рӯ гардид. Шоҳ Масъуд бошад, ҳеҷ гоҳ намегузошт, то Николай одамони худиашро парронад, балки ба ӯ имконияти ҳифзи ҷонашро дод. Зимнан, ин вазифаро ба дасти рус супурдан қарори хеле дуруст буд. Аввал ин ки Николайи ғариб медонист, ки то даме ки сарпарасташ зинда аст, ӯ ҳам зинда аст. Яъне ӯ ҳеҷ гоҳ ба тарафи соҳибаш тир намеандохт. Баъдан Николай ба ҷанҷоли байни қабилаҳои Афғонистон таваҷҷӯҳе надошт..
Вақте ки қӯшунҳои шӯравӣ баромаданд, худи Николай ба Ватан баргаштан нахост. Ниҳоят ба ӯ пешниҳод карданд, ки дар ҳамин кишвар издивоҷ кунад. Барои ин ҷавони шӯравӣ дини исломро пазируфт ва номашро ба Исломуддин баргардонд. Барояш аз оилаи коммунистони афғон духтаре ёфтанд. Вақте ки фармондеҳони муҷоҳидин дар ҷанг аз дасти Толибон шикаст хӯрд, Аҳмадшоҳи Масъуд сарбозонашро ба Панҷшер бурд ва Бистров бо хонаводааш ба Русия рафт.
Ҳукумат ҷазо додани гурезаҳоро рад кард, аммо дар ин ҷо вазъият каме дигар шуд: Николай дастгир гардид. Умуман, ӯ дар зодгоҳаш Уст-Лабинск ба зиндагии одӣ шурӯъ карда, сипас ба Краснодар рафта он ҷо дар созмони афғонҳои Русия ба ҳайси борбардор кор кард. Ӯ борҳо ба Афғонистон баргашт, то дар пайдо кардани гумшудагон, аз ҷумла фармондеҳони собиқаш кӯмак кунад.
Ҳоло умри Бистров аз шаст гузаштааст ва мисли русҳо ҳаёт пеш мебарад. Фарзандонаш худро рус мешуморанд, вале эътиқоди мусалмонӣ доранд ва Николай тасмим гирифтааст, ки писари калониашро барои хидмат дар нерӯҳои вижа омода кунад.
«Восток дело тонкое»