Рӯзи 19-уми сентябри соли равон дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бахшида ба ёдбуди ду абармарди ин кишвар – Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ки саҳми онҳо дар сулҳи тоҷикон низ намоён аст, “Ҳафтаи шаҳид” баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад намояндагон аз Тоҷикистону Афғонистон, ки бевосита бо ин ду нафар шиносоӣ доштанд, суханону ёддоштҳои худро баён намуда, руҳи ин ду шахси арзандаи афғонро шод намуданд. Инҷо чанде аз гуфтори чеҳраҳои саршиносро барои хонандагон пешниҳод менамоем.
Мирзодавлат ОДИНАЕВ, сардори Раёсати Осиё ва Африқои ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Аз баргузории ёдбуди ҳафтаи ҷовидон, аз ин иқдоми неки дӯстони азиз, ки айни замон дар Душанбе дар бораи ду ҷавонмарди шаҳид, ки яке Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигаре устод Бурҳониддин Раббонӣ ёд мекунанд, истиқбол менамоем. Воқеан, Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Бурҳониддин Раббонӣ аз шахсиятҳои маъруфу маҳбуби ҷаҳонӣ ҳастанд, ки барои озодии миллати худ ва истиқлоли кишварҳои худ талош варзидаанду ҷони худро нисор кардаанд. Инҳо фарзандони барӯманде буданд, ки ҳеҷ гоҳ ғайр аз мардуми Афғонистон касе барояшон аҳамият надошт. Масалан, Аҳмадшоҳи Масъуд ҳеҷ гоҳ ҳузури бегонагонро дар кишвараш намепазируфт ва умед дошт, ки баъд аз берун омадани неруҳои низомии кишварҳои хориҷа ватанаш Афғонистон ба сулҳи комил даст ёбад. Ва аз он замон Афғонистон ба кишваре, ки онро орзу мекард, табдил хоҳад ёфт. Дар ин робита суханони ӯро ба ёд меорам, ки гуфта буд: “Ба Худо савганд, агар ба андозаи кӯлоҳам ҷое монад дар ин сарзамину дар ин сарзамин ҷой дошта бошам, мемонам ва муқовимат мекунам”. Қавлу мароми ин родмарди Афғонистон мубориза барои озодӣ буд ва дар ин ҷода умри худро фидо кард.
Аҳмадшоҳи Масъуд дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони тоҷик ва сипаҳсолори далер ҳамеша маҳбуб аст. Ӯ дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон нақши бузург дошт. Масъуд аз нахустин нафаронест, ки дар баробари Бурҳониддин Раббонӣ хостори сулҳи миёни тоҷикон шуда, дар ин раванди таърихии мо низ нақши муассир доштааст. Албатта, мову шумо хуб дар ёд дорем, ки шодравон устод Бурҳониддин Раббонӣ яке аз аввалин президентҳои кишвари хориҷ буд, ки ба кишвари мо сафар дошт ва дар таҳкими ваҳдат, мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстии ин ду кишвар саҳми босазо гузошта буд. Дар мулоқот яке аз аввалинҳо шуда бо президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон музокира карданд ва сангҳои аввалро барои мустаҳкам намудани равобити дӯстиву бародарӣ миёни ду кишвари ҳамзабон гузошта буданд.
Фикр мекунам, имрӯз ҳам ҷойи Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Раббонӣ дар Афғонистон холист. Умед аст, ки орзуву ормонҳои ин ду родмард оид ба таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамоиши мардуми Афғонистони ба мо дӯст ва ҳамсоя, миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ҷомаи амал пӯшад. Мо дар Тоҷикистон ҳамеша орзуманди ободӣ ва шукуфоии Афонистони ҳамсоякишвар буда, ба якояки бародарони афғон хушбахтӣ ва саодатмандиро орзу мекунам.
Мирзо ШУКУРЗОДА, муҳаққиқи адабиётшинос:
– Хушбахтона, банда ҳам саодати дидор бо шаҳиди барҳақ устод Бурҳониддин Раббонӣ ва ҳам мулоқоте дар соли 1994 бо сипаҳсолори машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд доштам. Подош ва натиҷаи сафари банда китобе бо номи “Размоварони ҳиндукуш” аст.
Ростӣ, агар мо саҳифаҳои муосири Афғонистонро варақ бизанем ва он нуктаҳоеро, ки бузургони олам ва сиёсатмадорони вораста роҷеъ ба қаҳрамонии ин ду бузургвор гуфтаанд, ҷамъоварӣ кунем, худ як китоби бисёр боарзиш мешавад. Ҷолиб он аст, ки барои устод Раббониву Масъуд натанҳо дӯстони онҳо ва муҳаққиқону нависандагони Афғонистон суханҳои бисёр арзишманд навиштаанд, балки ҳатто мо мебинем, ки душманони сарсахти инқилоби Афғонистон дар бораи мардонагӣ, шуҷоат ва хусусан одамияти ин ду абармарди таърих бисёр суханҳои вораста гуфтаанд. Масалан, генерал Ромов дар китоби худ, ки дар Теҳрон бо номи “Артиши сурх” ба чоп расид, менависад: “Ҳеҷ душмане, ҳеҷ рақибе мисли Аҳмадшоҳи Масъуд барои ман дарди сар наоварда буд. Дар 5-6 амалиёте, ки дар Панҷшер доштам, ҳамеша худро мағлуб ҳис мекардам. Ҳеҷ муваффақияте дар ин амалиётҳо надоштам. Аммо ифтихор мекунам, ки Масъуд рақиби мард буд, аз пушт ханҷар намезад. Агар протоколе имзо мешуд, хуб риоя мекард. Ба асирон зулму золимӣ намекард”.
Ман китоберо бо номи “Ҷонфидои сангини сабз” роҷеъ ба ҳукумати устод Раббонӣ дар Душанбе бо алифбои форсӣ таълиф намудам. Вақте ин китоб чоп шуд, бисёр як хабари мудҳиш аз Кобул расид, ки устодро террор карданд. Ман муқаддимаи ин китобро каме тағйир додам ва баъдан ба Кобул фиристодам, ки чунин шуруъ мешуд: “20-уми сентябри соли 2011 хабари ба шаҳодат расидани устод Бурҳониддин Раббонӣ дар Тоҷикистони азизи мо чун дар саросари минтақа ва ҷаҳон дилҳоро лабрези хун намуд. Устод Бурҳониддин Раббониро куштанд. Сафири сулҳ дар кишвари ҷангзада ва дар ҳоли ҷангро ноҷавонмардона террор карданд. Дарду ғам ва дуди оташи қаҳру ғазаб аз дили ҳазорҳо тан аз иродатмандони устод ба фалак печид.
Падарамро кушанд!
Осмоно, падаро, бепадароне падарамро куштанд.
Падари оқилу соҳибназарамро куштанд.
Падари қобилу соҳибҳунарамро куштанд.
Дилу ҷону ҷигарам сӯхт, тамом!
Дилу ҷону ҷигарамро куштанд”.
Оре, хуршеде дурахшонтар аз шохаи булут ва сар то по нур ва зебоӣ ва сиришта аз ҷавҳари ақлу илм ва илҳомро куртинатони хугирифта ба яғмо, ба қатлу террор ғарқ дар хун намуданд. Чуноне дар боло арз кардам, ин ҳодисаи нангин ва фаҷеъ дар таърихи 20-уми сентябри соли 2011 пеш омад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон он рӯз дар номаи ҳамдардӣ ба роҳбар ва мардуми Афғонистон фармуданд: “Бо андуҳи азими даҳшат ва ғазаб хабари марги фоҷиабори устод Раббонӣ, президенти пешинаи Ҷумҳурии исломии Афғонистонро дарёфт намудам. Устод Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷӯи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост. Зеро охирин мансабе, ки марҳум дошт, раиси Шӯрои олии сулҳ дар Афғонистон буд”.
Хабари марги он пешвои фариштафисор натанҳо барои мардуми Афғонистон ва Тоҷикистон, балки барои ҳар фарде, ки бо устод Раббонӣ саодати ошноӣ дошт, мунфаҷиҳтарин вақоеъ аст, ки доғи он ҳаргиз аз дилҳо сутурда намешавад. Инҷо беихтиёр ҳамово ва ҳамдард бо ҳаким Саноии Ғазнавӣ мешавем, ки фармудааст: “Ҳайфи доно мурдану сад ҳайфи нодон зистан”. Дил мехоҳад дар ин лаҳзаи ғамбор ҳамово бо дили реш-реши шоири маҳбуб барои ҳама форсизабонони ҷаҳони муосир устод Лоиқ Шералӣ гардад ва “Фарёди бефарёдрас”-и ӯ ва ҳама фарзандони барӯманди Афғонистони шаҳидпарварро ба гӯши ҷаҳон ва ҷаҳониён бирасонад.
Падарамро куштанд, дилшодгарамро куштанд.
Баҳри парвози баланде, сӯи эъҷози баланд,
Шаҳпарамро куштанд!
Осмоно, бебасаро, беҳунаро
Худ пири беҳунаро, ки натанҳо падарамро куштанд,
Миллати номварамро куштанд.
Шаҳидони гулгулкафан устод ва қаҳрамони миллии Афғонистон, шери диловари Панҷшер Масъуди кабирро руҳашон шод ва манзилашон обод бод!
Файзуллоҳ ҶАЛОЛ, коршиноси масоили сиёсӣ ва устоди Донишгоҳи Кобул:
– Бидуни шак, шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид, шаҳодати устод Раббонӣ як зоеаи бузург барои миллати мо ва барои миллати мусалъати ҷаҳон буд, зеро онҳо барои озодӣ, барои таъини сарнавишт, барои ҳокимияти қонун мубориза мебурданд. Устод Искандаров бисёр хуб гуфтанд, ки устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ масъуд мусалмон буданд ва бо ақоиди исломӣ размиданд. Инҳо мусалмони ифротӣ, мусалмони радикал набуданд. Аз ин хотир, инҳоро террор карданд ва аз байн бурданд. Алоқамандии устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ба Тоҷикистон тасодуфӣ набуд. Устод Раббонӣ аз таърихи ин ҷуғрофиё огоҳ буд. Устод Раббонӣ ба хубӣ медонист, ки ҳамон даврае, ки ҷиҳоди Афғонистонро нагузоштанд, ки ба дигаре расад, барои мухолифини давлати Тоҷикистон гуфт, ки шуморо ҳам намегузорам, ки ташкили давлат дар Тоҷикистон кунед. Беҳтар аст, ки ба сулҳ рӯ биёред ва Тоҷикистонро вайрон накунед. Аз таҷрибаҳои талхи мо биомӯзед ва хушбахтона, раҳбарони хирадманди Тоҷикистон ҳамкории устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъудро қабул карданд ва имрӯз мо мебинем, ки дар Тоҷикистон сулҳу амният барқарор аст ва ҳатто барои Афғонистон ва кишварҳои минтақа намуна аст, мудир аст ва қобили ситоиш аст.
Муъмин ҚАНОАТ, шоири тоҷик:
– Ман то ҷое омӯзиш ёфтам, ки аз назари ҷаҳонбинӣ, ҷавонмардӣ ягона қаҳрамони Афғонистону Тоҷикистону ҳама мардуми тоҷику форсизабон буд, ки ба касе зиён нарасонидааст, ин Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Як нафар инсон аз ин шахсият ранҷ надидааст, на дӯст ва на душман. Ман низ дар ин корҳо камтар гирифторӣ пайдо кардам, чун он вақт ҷавони тоҷики миллатдӯст, миллатпараст будам. Кулли ҳозирон медонанд ва достони “Масъуднома”-ро хондаанд, ки дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд аст ва он достон то ҷое маҳбубият пайдо кард, ки қариб онро ҳама аз худ карда буданд. Ҳатто як рӯзномаи доимӣ пайдо шуда буд, ки “Масъуднома” унвон шуда буд. Аҳмадшоҳнома не, балки Масъуднома. Ин достон он қадар байни мардум маҳбубият пайдо кард, ки қариб ҳуҷҷати асосӣ дар шинохти Аҳмадшоҳ Масъуд ба покӣ, ҷавонмардӣ ва ватанпарастии ӯ шуда буд. Ҳатто дар ин достон ба баъзе корҳои Афғонистон дахолат кардам, ба монанди сохтмонҳои аҷиби тозабунёди нав аз назари меъморӣ, аз назари ҷаҳонбинӣ дар тамоми Бадахшон ва дар саросари Тоҷикистон, ки ин ҳама илҳом аз “Масъуднома” буд.
Ҳоло ман дар аҷабам, ки чи тавр муваффақ шудам, ки бо Аҳмадшоҳ Масъуд омехтаму “Масъуднома”-ро эҷод кардам ва як чеҳраи ӯ шудам. Ба ин хотир, ман бисёр хушнуду сарфароз ҳастам, ки имрӯз сафорати Афғонистон ин ҷашнвораро, ки ёдбуди бузургтарин чеҳраҳои ин миллатро муаррифӣ мекунад, баргузор намудааст.
Таҳияи Фарзонаи УМАРАЛӢ