Идеали иҷтимоиву эстетикии Иқбол дар он инсонест, ки ба ватани худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ва баҳри озодиву истиқлоли он мубориза мебарад. Ӯ барои барҳам задани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабии халқҳои ҳиндуву мусулмон, ки боиси харобии ватан ва қашоқии мардум гардида буд, кушиш мекард, ки мардумро ба дӯстиву иттиход даъват намояд.

Иқбол ба тамоми мавҷудоту ходисоти олам аз нуқтаи назари инсонӣ муборизу пешрав менигарад ва арзиши ҳама чизро аз ҳамин дидгоҳ муайян мекунад. Бояд ҳамаи ашёву мавҷудоти олам ба инсон, баҳри ташаккулу такомули он хидмат намояд. Ӯ ончиро, ки шахсияти инсонро таквият медихад – нек ва хар чиро, ки ба шахсияти инсон осеб расонида онро суст мекунад, зишт мешуморад. Ин меъёр хам дар ашъори рангини ӯ ва ҳам дар рисолаву асарҳои фалсафии ӯ мавқеи асосӣ дорад.

Иқбол пайдоиши инсонро инқилоби бузурги табиату олами ҳастӣ мешуморад. Ба шарофати ҳамин одами хокиниҳодӣ “худгару худшикану худнигар” аст, ки ишқу ҳусн, орзӯву омол ва умуман зиндагӣ маъниву таровате пайдо мекунад. Ӯ сабабгор ва ҷавҳари мавҷудияти пешрафти зиндагист. Вале Иқбол афсус мехӯрад, ки ҳамин гуна мавҷуди олии табиат дар замони ӯ ҳанӯз бандаву ғулом аст ва аз иқтидору имконоти худ наметавонад истифода барад:

Ҳанӯз андар ҷаҳон одам ғулом аст,

Низомаш хому кораш нотамом аст.

Ғуломи фақри он гетипаноҳам,

Ки дар динаш мулукият ҳаром аст.

Иқбол барои раҳои ёфтан аз вартаи ғуломӣ ва аз холе, ки “зӣ сагон хортар аст”, инсоро ба шинохтани қадру эътибори худ, мақому пояаш дар олами мавҷуд даъват карда, ӯро аз иқтидору тавоноии беҳамтои созандагиаш огоҳ менамояд:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,

Кӣ паридан натавон бо пару боли дигарон.

Худшиносиву худафрузӣ, такя бар қувваю иқтидори худ, тааммук ба олами ботинии худ, ташаккулу такомули шахс ва майлу азми ӯ ба озодии мутлақ ва амсоли онҳо аз ҷиҳатҳои муҳими афкори фалсафиву консепсияи ғоявию эстетикии Иқбол “худӣ”, ки натиҷаи такмилу омезиши ғояи инсони комили фалсаваи асримиёнагии Шарқ ва ғояи шахсияти фалсаваи Ғарб аст, ба шумор меравад. Иқбол инсонро пеш аз ҳама ба шинохтани мақому моҳияти худ ва ташаккули шахсияташ даъват менамояд. Инсон набояд аз чизе ва ё аз мавҳумоте дар харос бошад, зеро ӯ аз ҳама бузург аст ва тамоми мавҷудоти олам мутеи ваянд:

Аз худ андешу аз ин бодия тарсон магузар,

Ки ту ҳастию вуҷуди ду ҷаҳон чизе нест.

Иқбол инсони оддӣ, аз ҷумла инсони ҷафокаши Шарқро, ки таъмиргари ҷахону офарандаи ҳама гуна нозу неъматҳост, муътабартарин мавҷуди олам медонад ва аз ғарки хоби ғафлат будани ӯ таассуф хурда, вайро ба бедориву мубориза баҳри истиқлолу ба даст овардани ҳуқуқҳои худ талкин менамояд. Ӯ моҳияти ҳаёти инсон, омили асосии ҳастиву пешрафти ӯро дар ҳаракату такопуй, талошу мубориза мебинад. Инсоне, ки Иқбол ситоиш мекунад маъюсу ноумед ва оҷизу нотавон нест, ӯ шахси боазму далер аст, ки бо мушкилоти рӯзгору табиат мубориза мебарад. Ӯ қодир аст, ки ҳама гуна монеаву душвориҳоро барҳам занад ва рӯзгори наву созгорро барпо намояд.

Муносибати инсон ва ҷамъият аз масъалаҳои муҳими консепсияи гуманистии шахсият дар эҷодиёти Иқбол мебошад. Аз нигоҳи Иқбол фард бе ҷамоат нотавону оҷиз буда, наметавонад арзи ҳасти кунад. Маҳз дар ҷамъият истеъдоду зақовати шахс зуҳур намуда, ба рушду камол мерасад. Шахс, ки худ чузе аз ҷамъият аст, бо ҷамоат мунису пайванд гардида, аз ғаму шодӣ, орзӯву ниятҳои мардум бохабар мешавад ва қуввату ғайрати худро барои беҳбудии зиндагии мардум ва пешрафти ҷамъият сарф менамояд. Ҷамъият низ маҳз ба туфайли меҳнату муборизаи фидокоронаву дастҷамъии одамон низоме пайдо карда пеш меравад.

Муҳаммад Иқбол барои тарбияи фарде, ки дар пешрафти ҷамъияту таърих саҳми босазое гузошта тавонад, саъю кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Тарбияву  ташаккули инсони комил дар маркази ашъори рангин ва умуман тамоми фалсафаву осори адабӣ ва илмии ӯ қарор гирифта аст. Омӯзиши улму дониш аз назари Иқбол яке аз шартҳои муҳими ташаккули инсон ба шумор меравад ӯ аз бесаводии ҳамватанонаш, ки он боиси яъсу навмеди ва аз муборизаи фаъолона дур шудани онон мегардад, афсус мехурад. Иқбол омили асосии пешрафти мамолики Урупоро дар ибтидои асри 20 пеш аз ҳама дар ривоҷи илму фарҳанги ин сарзаминҳо медонад, на дар дигаргуниҳои зоҳирии мардум. Инсон бояд аз фурсати ғанимат истифода бурда, ҳар нафасро барои беҳбудии одаму олам ба кор барад. Зеро умри инсон дар назди Вақту Таърих хеле кӯтоҳ аст:

Зи хоки хеш ба таъмири одами бархез,

Ки фурсати ту ба қадри табассуми шарар аст.

Муҳаммад Иқбол бунёди ахлоқ ва ва фаъолияти инсон, асоси сохтор ва бинои ҷомеаро дар ислом ва таълимоти Куръон медид. Аммо ӯ аз таассуб ва маҳдудиятҳои мазҳабиву динӣ хеле дур буд. Ӯ исломро  аз назари замони имрӯз медид ва кӯшиш мекард, ки дар бунёди ислом ба масъалаҳои иҷтимоӣ  ва сиёсии замонаш ҷавоб пайдо кунад. Аз тарафи дигар, Иқбол қувваи фикриашро ба он равона карда буд, ки “исломро дар контексти замони имрӯз тафсир кунад”. (Джаганнатх Азад. Икбал, ислам и современная эпоха. В кн. “Творчество Мухаммада Икбала”- М., 1982, стр. 102).

Хидмати Муҳаммад Иқбол дар ривоҷи ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳии халқҳои Ҳинду Покистон, дар ифодаи орзӯву омол ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои мардум хеле бузург аст. Иқбол муҳимтарин нуқтаҳои гуманистии фалсафаи Шарқу Ғарбро бо ҳам омезиш дода, консепсияи нави гуманистии худро эҷод намуд, ки дар он мақоми инсони оддӣ ба дарачаи шахсияти идеалӣ баланд бардошта мешавад. Аз ин рӯ иқболшиносӣ покистонӣ Саид Абдул Валид чунин мегӯяд: “Бузургии шахсияти Иқбол ҳамчун донишманду шоир эътироф шудааст ва сабаби ин на танҳо аз навоварии ӯст, балки дар он аст, ки асосӣ андешаҳои фалсафии Иқболро инсон ва мақоми ӯ дар олам ташкил медиҳад”.

Тавсифу такрими ишғол намудани мавқеи фаъолонаи шахс дар зиндагӣ, рӯҳи ноороми инсонӣ дар ашъори Иқбол дорои ҳадафҳои мушаххаси худ аст: аз хоби гарон бедор намудани мусулмонон, зинда намудани эҳсоси худшиносии миллӣ, тарғибу ташвиқи зарурати таҳавулот ва гузаронидани ислоҳот, даъвати ҳамватанон барои ба дасти хеш гирифтани тақдиру сарнавишти кишвари хеш, пайдо намудани итминону боварӣ ба нерӯ ва зӯру тавони хеш, умри хешро бахшидан дар роҳи дар зиндагӣ татбиқ кардани ормонҳо ва идеалҳои миллӣ мебошанд.

Зиндагӣ ва осори гаронбаҳои Иқбол далели он аст, ки ӯ аз чеҳраҳои намоён ва бузурги муосир аст, ки дар таърихи илму фарҳанги башарӣ мавқеи хосаи худро ишғол намудааст. Ӯ ситораест, ки зиёда аз сад сол боз осмони назми форсиро зебу зиннат мебахшад дурухши он дурахши хоса аст, партави нураш ҷаззобу дилкаш аст, дурахшон асту тобон. Шояд шоиреро дар ин сад соли ахир наметавон пайдо кард, ки ба мисли Иқбол ин қадар шӯҳрату маҳбубият насибаш гашта бошад. Иқбол зодаи асри худ асту намояндаи барҷаста ва мазҳари зӯру иқтидор ва тавоноӣ ва бузургию волоии шеъри форсӣ. Ба ӯ муяссар гардидаст, ки амалан шеърро дар хидмати халқу ватанаш, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавӣ-фарҳангии на фақат ҳамватанонаш, балки тамоми мусулмонон қоим намояд. Ӯ собит сохт, ки рисолати шоир болотар аз он аст, ки мардум аз он интизор доранд: шеър гуфтан на танҳо барои ҳаловату завқи мардум, балки барои фош кардани дарду алами инсон аст, ҳусну қубҳи мардумро ошкор кардан аст, рӯҳияи онҳоро зинда нигоҳ доштан аст, ҷавҳари одамиятро тарбияву парвариш додан аст, зиндагии хубу ҷазоби мардумро таъмин гардонидан аст, инсонро аз роҳи хато боздоштан ва ба роҳи савоб ҳидоят кардан аст… шояд ин ҳадафу мақсадҳо ва ин рисолати бузурги шоир ба осонӣ ба даст намеоянд, онҳо заҳмату талошҳои пайваста, шабзиндадориҳо, ҷустуҷӯҳо, афтодану хестанҳо ва ҳам шояд қурбониро тақозо намоянд ва ин қурбониҳо марги шоир аст, ба хотири кушодани чашми мо, ба хотири зиндаву ҷовид мондан дар қалби мардумон, ба хотири аз нав дамидан, аз нав шукуфтан дар хоки мазори худ:

Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми мо кушод.

Рахти ноз аз нестӣ берун кашид,

Чун гул аз хоки мазори худ дамид.

Дар маънии муайяне шеъри Иқболро метавон вассоф ва ситоиши инсон номид, зеро он саршори меҳру муҳаббати инсон, бузургдошт, эҳтиром ва арҷмандии инсон аст. Шеъри Иқболро метавон зиндагиномаи ӯ, сӯзу гудоз, иззат ва сарбаландии, ҳасрату ормонҳо, қисмату тақдир,  имкону воқеият, шукӯҳу сарфарозӣ, имрӯзу фардои мусулмон номид. Ӯ эътиод ба нафс, худкифоӣ, қаҳрамони, диловарӣ, худшиносӣ ва дарки ҷойгоҳи воқеии фарди мусулмон, касби фазоили инсонӣ даъват намуда, тафовути хешро аз дигар шоирон ошкор кардааст.

Ҳеҷ кас розе, ки ман гуфтам нагуфт,

Ҳамчу фикри ман дурри маънӣ насуфт.

Сирри айши ҷовидон хоҳӣ биё,

Ҳам замин ҳам осмон хоҳӣ биё.

Иқбол пеш аз ҳама инсонро ба он даъват менамояд, ки яъсу навмедиро аз худ дур намоянд, зеро ноумедиву номуроди ва рӯзгори инсон, ташаккули пешрафти ӯ халал мерасонад, рӯҳи ӯро шикаст дода, вуҷудашро заиф мегардонад, чашмаи файзбори зиндагиро хушку рӯзи равшанро торик месозад: Инсон бояд дар арсаи зиндагӣ ҳамеша дар талошу ҷӯстуҷу бошад ва орзӯҳои наҷибро, ки ба дилҳо қувват мебахшаду шахсро ба корҳои бузург ҳидоят месозанд, раҳнамои худ қарор диҳад; дар зиндагӣ мудом ба пеш, ба сӯи ояндаи фирӯз раҳсипор шуд. Ҳар рӯзи нави ҳаёти инсон бояд рангинтару пурмаънитар бошад. Вагарна аз такрори якнавохти рӯзҳои пешин шарори зиндагӣ хомӯш хохад шуд; орзӯ василаи муҳими ташаккули пешрафти инсон буда, хаёлоти ӯро ба парвоз меорад, меҳру муҳаббати вайро ба зиндагӣ ба ояндаи дурахшон афзун мегардонад.

Ҳамин аст, ки ӯ ҳамаи умеди худро дар ҷавонони ояндасоз мебинад ва ба андешаи ӯ ҷавонон оғози баҳор, дамиши субҳи мусаффо, умеди фардо мебошад. Вай аз онон навмед нагашта, бо боварии комил фардои дурахшонро ба дасти онон месупорад, ки ин андешаҳо дар мағз андар мағзи офариаҳои Муҳаммад Иқбол  решаи амиқ доранду ҳар як фарди ҷомеаро бетафовут гузошта метавонанд.

Аллома Муҳаммад Иқбол дар симои илму адаб ва тамаддуни умумибашари мавқеи хос дорад ва чун воизи номбардор имрӯз ба тамоми инсонияти мутамаддини ҷахон мутааллиқ аст. Ӯ дар доираи илму адаб, фарҳанги ҷахонӣ, озодию озодандеши ва худогоҳиву манзалати инсон саҳми арзанда гузошта аст.

Ба қавли файласуфи тоҷик Комил Бекзода: “Ҳама медонанд, ки Иқбол на танҳо абарманди фарҳанги форсизабони Шарқ аст, балки шахсияти дараҷаи аввали илму фалсафаи ҷахони муосир низ мебошад”. ( “Бо роҳи дӯсти”, маҷмуи мақолаҳо. Душанбе, Ирфон 1999).

Полонская Л.Р., Социальные идеалы Мухаммада Иқбала, Творчество Мухаммада Икбала, М., 1982, с.71.

Аникеев Н.П., Проблема личности в философии Икбала, Вопросы философии, 1958, № 6, с.250.Али Сардор Ҷаъфари. Поэт Востока. //Творчество Мухаммада Икбала, М., 1982,  с.58.

Зиёева Зебониссо Идибековна,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь