Наврӯз меросбари тамаддуни башарист ва ҳама паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва моддии инсоният дар Наврӯз дарҷ гардидаву ҳамчунин, аз бегазандии онҳо ҳушдор низ додаасту медиҳад.

Имрӯзҳо, ки дунёро ҷангҳои геопалитикиву манфиатҳои абарқудратҳо фарогир шудааст, аз ҳар ҷониб эҳсоси хатар дида мешавад, ки албатта, Наврӯз бар алайҳи ин ҳама ноҷуриҳо садо баланд менамояду инсонҳоро ба ҳамбастиву ҳампаймонӣ даъват менамояд.

Бетардид, замоне, ки ЮНЕСКО Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфту эълон дошт, аҳли фаҳму зиё болидарӯҳӣ намуданд, ки инсоният ниҳоят ба дарки “бани одам аъзои якдигар аст” расид ва албатта, ин гоми нахустест, ки баҳамоии инсонҳоро замина гузошт.

Нисбат ба дигар халқияту миллатҳо миллати тоҷик беш аз пеш масъулият дорад, ки фарҳангу анъаноти наврӯзиро муаррификунанда буда бошад, зеро ниёгони тоҷикон дар гузаштаи дуру наздик ва то ба имрӯз меросбари фарҳанги олии Наврӯз будаанду ҳастанд. Чӣ тавре, ки муҳаққиқи тоҷик Нозим Нурзода қайд менамояд, Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мутамодӣ суннату ойинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки мақоми марбутаи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия ва иҷозат дод.

Бояд ёдовар шуд, ки Наврӯз дар масири таърих қисматҳои шӯру шарро низ аз сар гузарондааст, албатта, аз дасти диндорону мазҳабиён, вале решаи Наврӯз, ки аз худшиносиву пайвандии ногусастани бо табиат сарчашма мегирад, мағлубу заиф ва дар ниҳоят ба гушаи фаромӯшӣ наафгандид. Агар ба таъриху ойину русуму ҷашну сурҳои ҷаҳониён бингарем, ба ёд мерасад, ки аз ин пеш аз кеши Зартушти кабир то кунун ҳеҷ ҷашне ба дараҷаи Наврӯз дар байни қавмҳои ориёӣ дар равнақу шукуҳ набудааст.

Наврӯз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон нақш ва мақоми хоса дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукуҳи тоза пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукургузории том таҷлил мегирад. Махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд. Таваҷҷуҳи муҳаққиқонро бештар масоили таърихӣ, пайдоиш ва фалсафаи Наврӯз, ҷойгоҳи Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башарӣ давраҳои таҳаввул, расму оинҳо ва суннатҳои Наврӯзӣ, тарзи тайёр намудани дастархони Наврӯзӣ ба худ ҷалб намуд.

Мардумони наҷиби ориёӣ тавонистанд аз мероси фарҳангии худ, аз ҷумла, ҷашни Наврӯзро аз манъкуниву монеъшавии аъроб қаҳрамонона дифоъ кунанд. Ойинҳои мо баъзан ба андешаҳои исломӣ низ пайванд дода мешаванд. Дар ин ҷода, бохту бурдҳо ба чашм мерасад. Ҳарчанд халифаҳои араб дар ибтидо ба Наврӯз беэътиноӣ намуда будаанд, дар рӯзи Наврӯз ҳадяҳои ин ҷашнро ҳамчун хироҷи солиёна қабул мекардаанд. Умавиён бошанд барои даромаду ҳадяҳои (андозҳои) наврӯзиро афзуда, мардумро ба эҳдои ҳадяҳо даъват мекарданд. Аммо ин ҷашн дар тамоми муддати вуҷудияташ ҳамчун ҷашни миллӣ боқӣ мондааст.

Воқеан, ҷашни наврӯз фаротар аз як ҷашн аст, ки мо миндорем ва агар умқи таърихи ному табиати Наврӯз ва расму русуми он назар афканем хоҳем дид, ки ҳанӯз аз замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён Наврӯз таҷлил мегардад. Аз он замон то инҷониб Наврӯз дар миёни форсизабонон ва умуман дар миёни аҳолии Осиёи Марказӣ, Қафқозу Шарқи Наздик, соҳили Баҳри Сиёҳ ва Шарқу Ғарб сазовор ҷашн гирифта мешавад. Ин мамлакатҳо Наврӯзро бо номҳои гуногун, ки як маъноро ифода мекунанд ва муаррифгари як фарҳангу тамаддун ҳастанд, ба мисли «Наврӯз, Новрӯз, Ноорӯз, Неврӯз, Наурӯз, Найрӯз, Раббиъ» ид мекунанд.

Мувофиқи гуфтаи Фирдавсӣ ҷашн гирифтани Наврӯз аз замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед ба мо мерос мондааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи иди аҷдодии ориёиҳо бахусус мо тоҷикон чунин гуфтааст: «Ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми иди Наврӯз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврӯз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст наомада буд». Чи хеле, ки дар китобҳои таърихии Умари Хайём «Наврӯзнома» ва Абӯрайҳони Берунӣ  «Ал-тафҳим» зикр гардидааст: Наврӯз дар даврони гуногун таҷлил карда мешудааст ва албатта, бо шаклҳои гуногун таҷлил мегардидааст. Дақиқ аст, ки рӯзҳои баргузории ин ҷашни таърихии мардуми ориёӣ низ фарқ доштанд.

Тибқи баъзе аз ривоятҳо асосгузори сулолаи Пешдодиён- Каюмарс дар аввалин рӯзи моҳи Фарвардин девро куштааст ва Наврӯзро асос гузоштааст. Дар ривояти дигар қайд мешавад, ки шоҳи сулолаи Пешдодиён- Ҷамшед дар ин рӯз ба одамон шодиву сурур овард ва маҳз ба ҳамин хотир ин рӯзро Наврӯзи бузург мегуфтанд.

Одати дигари мардуми ориёинажод дар рӯзи Наврӯз он будааст, ки ба якдигар ширинӣ ҳадя мекардаанд. Ба гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ Найшакарро дар Эронзамин маҳз дар рӯзи иди Наврӯз шинохтанд, аз ин рӯ, ҳадя намудани ширинӣ дар миёни онҳо роиҷ шудааст. Наврӯз дар замони салтанати Сосониён бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва марҳамати беандоза таҷлил карда мешуд. Ҳарчанд дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ ҷашни Наврӯз аз тақвимҳои расмӣ бароварда  шуда буд, вале  ин амал меҳри мардумро аз ин маъракаи аҷдоди дур карда натавонист. Имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони як зумра аз давлатҳои дигар «30-юми сентябри соли 2009 СММ-ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ бо Қатъномаи А/64/L-ро пешниҳоди кишварҳои ташаббускор бо унвони “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” барои муҳокима қабул кард, дар иҷлосияи 71-уми Ассамблеяи Генералӣ 23-юми феврали соли 2010 санаи  21-уми мартро рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд.

Анъанаҳои ниёгонамонро ба инобат гирифта, миллати сарбаланди тоҷик, ин ҷашни фарҳангиро ба таври арзанда истиқбол гирифта, сол аз сол таҷлили онро инкишоф додаистодааст. Бо дарназардошти ақоиди наврӯзӣ ҳангоми таҷлили Наврӯз, дастархони идона густурда мешавад ва онро бо ҳафт «Син»-у ҳафт «Шин»-и наврӯзӣ оро медиҳанд. Оини гулгардонӣ то ҳол роиҷ буда, дар миёни мардуми деҳот оташпарак низ дида мешавад. Мардум дар ин рӯз гулхан афрӯхта, дар гирди он сурудхони мекунанд. «Сардии рӯямро бигир, гармии рӯятро бидеҳ. Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ». Дар гузашта ва имрӯз пеш аз омадани Наврӯз мардум ба тоза намудани хонаву дар ва гирду атроф мепардохтанд, ки ин амал ҳозир «Хонабарорӣ» унвон гирифтааст. Дар ин рӯз одамон либосу палоси хонаи худро дар Офтоб мегузоранд, дару девори худро сафед мекунанд, то ки Наврӯзро бо риоя аз қоидаҳои гигиенӣ (тозагӣ) дар сатҳи зарурӣ пешвоз бигиранд.

Мухтарсар аз таърихи пайдоиш ва расму русуми Наврӯз ёдовар шуданамон бесабаб нест, зеро ончи зикраш дар боло рафт, аҳамияти умумибашариро доро буда, миёни инсонҳо пайванди дӯстиву арҷгузори аз арзишҳои иснониро Наврӯз ташфиқот менамояд.

Адабиёт:

Н. Нурзода. “Наврӯзи бостонӣ ва марҳилабандии худшиносии миллӣ”, “Самак”, №11, 14 03. 2022, с. 7.

З. Зиёева. “Наврӯз ҳувияти миллист”.

А. Берунӣ. Осор –ул-боқия, с. 1990, “Ирфон”, с. 285.

 Носир БОЙМАТОВ, магистранти ДДФСТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь