Қошғар яке аз шаҳрҳои бостонии Чин маҳсуб шуда, дар таърих лақаби “Гавҳари Шоҳроҳи Абрешим”-ро ба худ гирифтааст. Ин шаҳр бо ҷойҳои таърихӣ, имкониятҳои иқтисодӣ, табиати зебою хоки ҳосилхези худ маҳбуби дили ҳозорон сайёҳи дохиливу хориҷӣ гардидааст.

Дар ин шаҳри зебои тиҷоратӣ ва афсонавии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 16-ум то 20-уми августи соли равон 14-умин Намоишгоҳи молҳои Чин – Қошғар: Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баргузор гардид, ки он даҳҳо сармоягузорон, ширкатҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва тоҷирони минтақаро гирди ҳам овард. Дар ин намоишгоҳ таҳти унвони “Ҳамгироӣ дар Қошғар ва идомаи нигориши фаслҳои Шоҳроҳи Абрешим” се гӯшаи асосии намоишгоҳӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла гӯшаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ, намоишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва гӯшаи савдои молӣ бо масоҳати умумии зиёда аз 40 ҳазор метри мураббаъ.

Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи Қошғар пас аз рушди солҳо имрӯз ба як платформаи муҳимми ҳамкориҳо ва табодули минтақавии иқтисодию тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Имсол Намоишгоҳи молҳои Чин – Қошғар: Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бори аввал ҳамчун меҳмони фахрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват кард. Дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва дигар минтақаҳо, корхонаҳои саноатӣ молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Дар раванди баргузории он чорабинии дигар оид ба рушди тиҷорат, ба монанди гуфтумони ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои асосии саноати Қошғар, инчунин, як қатор чорабиниҳо дар доираи Ҳафтаи намоишгоҳи фарҳангии ярмаркаи Қошғар низ баргузор гардиданд.

Аз рӯйи назари коршиносон дар муқоиса бо чорабиниҳои қаблӣ, намоишгоҳи имсола пеш аз ҳама ба навоварӣ ва ба роҳ мондани равобит таваҷҷуҳ кардааст. Дар ин намоишгоҳ дар баробари ҳайати Тоҷикистон, инчунин, ҳайатҳои кишварҳои Ӯзбакистон, Қирғизистон, Покистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа, ҳайатҳои котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Институти Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ (CAREC) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар Намоишгоҳ зиёда аз 40 корхонаҳои хурду калони саноатӣ молу маҳсулоти худо ба намоиш гузошта, барои ҳамкориҳои минбаъда дарҳои худро боз намуданд.

Дар намоишгоҳ дар маҷмуъ 863 кабинаҳои стандартии дохилӣ ва берунӣ бо масоҳати умумии тақрибан 40 000 метри мураббаъ мавҷуд буд, ки 138-тои он ширкатҳои хориҷӣ буданд. Намоишгоҳ ба бахшҳои гуногун, аз ҷумла бахши намоиши мустақими тиҷорати электронӣ, зеҳни сунъӣ, ашёҳои интернетӣ ва технологияҳои муосири “аудио-визуалӣ” ва “садо-оптикӣ” ҷудо гардид.

Аз рӯйи назари созмондиҳандагон намоишгоҳи имсолаи Қошғар доираи васеи тоҷирони дохилӣ ва хориҷиро барои иштирок ҷалб карда тавонистааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Намоишгоҳи молҳои Чин – Қошғар: Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ зиёда аз 200 волонтёр аз Донишгоҳи Қошғар, Донишкадаи технологияи касбии Қошғар ва дигар коллеҷу донишгоҳҳо барои расонидани хидматҳои ихтиёрӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар расми ифтитоҳии Намоишгоҳи молҳои Чин – Қошғар: Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриҳои минтақа иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир суханронӣ намуда, ба баргузории намоишгоҳи мазкур ва нақши он дар пешбурди муносибатҳои кишварҳо баҳои баланд дод: “Пеш аз ҳама мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбарияти шаҳри Қошғар инчунин, ба созмондиҳандагони Намоишгоҳ барои даъват ва имкони ширкат дар чунин як чорабинӣ изҳори сипос намоям. Чунин чорабиниҳо, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд, ҳамасола садҳо ҳазор тоҷирони ҷаҳониро ҷалб намуда, ба сӯйи ҳамкориҳо дарҳоро боз мекунанд ва баҳри пешравии тиҷорат имкон фароҳам меоваранд. Бо таҳлили роҳи муштараки рушди кишварҳоямон, ки дар тӯли сӣ сол тай кардаанд, метавон гуфт, ки дар чунин як муддати кӯтоҳ аз рӯи меъёрҳои таърихӣ ҳарду ҷониб тавониста, ки вазифаҳои мураккабро ҳал кунад ва ба афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ноил гардад. Ба ин равобит муносибатҳои боварибахш ва созандаи раҳбарони олии ду кишвар – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷин Пин асос гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷалби сармояро барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисод эътироф намуда, дар ин самт ҳамаҷониба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чинро ҳадаф қарор додааст. Иштироки Тоҷикистон ҳамчун шарики устувору боэътимод сол то сол густариш ёфта, робитаҳои мавҷуда бо шарикон таҳким меёбанд.

Тоҷикистон сиёсати сармоягузории “дарҳои боз”-ро пайваста амалӣ мекунад. Аз ин рӯ, дар кишвар бо назардошти мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ, ислоҳоти назаррас ба рушди баробар, устувор ва пешбинишавандаи муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ равона карда мешаванд. Зеро Тоҷикистон барои ҷалби сармоя захираву имкониятҳои зиёд дорад.

Захираҳои табиии мо, бахусус об, гидроэнергетика ва маъданҳо асоси рушди бомуваффақияти тиҷорат дар кишвар мебошанд. Дар баробари ин, як ҷузъи муҳимми сармоягузорӣ имкони пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон мутобиқи тамоюлҳои ҷаҳонии “сабзгардонии” сайёраи мо мебошад. Ин махсусан дар шароите муҳим дониста мешавад, ки сиёсатҳо ва стратегияҳо дар арсаи байналмилалӣ ба манфиати сармоягузорӣ ва технологияҳои сабз тағйир меёбанд.

Тоҷикистон дорои захираҳои беназири барқароршавандаи энергия аст. Зиёда аз сесад (300) рӯзи офтобӣ дар як сол ва шиддатнокии умумии радиатсияи офтобӣ, инчунин, рушди босуръати технологияҳои нав дар баробари афзоиши динамикии талабот ба нерӯи барқ, энергияи офтобиро дар кишвар барои сармоягузорӣ хеле ҷолиб мегардонад.

Дар ин замина нерӯгоҳи барқи обӣ ҷойгоҳи хоса дорад, ки аз рӯи захираҳои он Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои ҳаштум (8-ум)-ро ишғол мекунад. Иқтидори мавҷудаи гидроэнергетикӣ аз талаботи имрӯзаи тамоми Осиёи Марказӣ дувуним (2,5) маротиба зиёд аст, ки ҳоло ҳамагӣ панҷ (5) дарсади он истифода мешавад.

Ин як захираи бузурги “энергияи сабз” аст, ки метавонад на танҳо Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои дигари минтақа хизмат расонад. Тараққиёти иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки истеҳсоли неруи “сабз” ва аз ҷиҳати экологӣ тоза хеле зиёд карда шавад.

Дар баробари ин, инчунин, имкон медиҳад, ки захираҳои об устуворона идора карда шуда, хатари обхезӣ ва хушксолӣ коҳиш дода шавад ва дар натиҷа партовҳои карбон ба атмосфера кам гардад.

Ин барои таъмини рушди устувори минтақа дар шароити афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об хеле муҳим аст.

Мамлакати мо аз канданиҳои фоиданок ва сарватҳои зеризаминӣ низ бой аст. Мо қариб чил (40) намуди металлу масолеҳро истихроҷ мекунем ва зиёда аз ҳаштсад (800) кони маъданҳои полиметаллӣ, металлҳои нодир ва қиматбаҳо муайян ва кашф карда шудаанд…

Ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ ва кимиё, автомобилсозӣ, дорусозӣ, машинасозии хоҷагии қишлок ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар асоси ашёи хоми махаллӣ низ метавонад ба ҳар ду тараф фоидабахш бошад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст, аз ҷумла фароҳам овардани имтиёзҳои назаррас ва кафолатҳои васеи ҳуқуқӣ барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.

Дар маҷмӯъ, барои сармоягузорон ва соҳибкорон беш аз дусаду чил (240) кафолату имтиёз, аз ҷумла беш аз яксаду даҳ (110) имтиёзи андоз ва гумрук пешбинӣ шудааст.

Сармоягузорон ҳуқуқ доранд тарзи ташкили ҳамкорӣ тавассути таъсиси корхонаи муштарак ё дар асоси созишномаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ё созишномаҳои сармоягузорӣ озодона интихоб кунанд, ки ин раванд пурра тибқи қонун танзим карда мешавад.

Дар шароити рақобати шадид дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ муаррифии имконияту захираҳои ду кишвари мо ҳамчун алоқаманд ва мукаммалкунанда метавонад барои сармоягузорони хориҷӣ хеле ҷолиб гардад.

Дар хотима мехоҳам бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон таъкид намоям”.

Дар ин замина бояд ёдовар шуд, ки соли равон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар таҳрири нав ба имзо расонида шуд.

Ҳуҷҷати мазкур барои ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имкониятҳои нав мекушояд, ки дар ин ҷода натиҷаҳои нав ба даст овардан лозим аст.

Дар Намоишгоҳи молҳои Чин – Қошғар: Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ гӯшаи Тоҷикистон, ки масоҳати зиёдро дар бар мегирифт, пур аз меваву сабзавоти хушмазза ва молу маҳсулотҳои гуногун буд. Иштирокчиёни намоишгоҳ дар гӯшаи Тоҷикистон хусусан ба меваҳои хушки кишвар таваҷҷуҳ карда ва ба сифату таъми он баҳои баланд доданд. Сокинони шаҳри Қошғар, ки бештар мевадӯст мебошанд, аз меваҳои ба намоишгузоштаи Тоҷикистон харидорӣ карданд.

Бояд гуфт, ки шаҳри Қошғар дар Ҷумҳурии мардуми Чин мавқеъи махсуси стратегиро ишғол намуда, дорои мубодилаи қулайи нақлиётию тиҷоратӣ ва инчунин, дурнамои дурахшони рушди иқтисоди берунӣ ба ҳисоб меравад. Қошғар дар ҷанубу ғарби Синзян, дар марз бо Тоҷикистону Покистон ва ҳашт кишвари дигари ҷаҳон ҷойгир буда, дорои чаҳор майдони ҳавоӣ, минтақаи рушди иқтисодии миллӣ ва як минтақаи фарогир, ки бо панҷ бандари дараҷаи аввал барои ҷаҳони беруна боз аст, иҳота шудааст. Шаҳри мазкур камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ва нуқтаи ибтидоии долони иқтисодии Чину Бразилия мебошад. Шаҳр инчунин, масири байналмилалӣ ба Осиёи Марказӣ, Осиёи Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Сохтмони дарпешистодаи Роҳи оҳани Чин-Ҷопон-Украина масофаро аз Чин то Аврупо ва Шарқи Наздик кариб 900 километр кутоҳ карда, 8-9 рӯзи сафарро кам мекунад. Қошғар ба ислтилоҳ “бо панҷ бандар ба ҳашт кишвар ва то ба Авруосиё мерасад”. Бахусус 11-уми ноябри соли гузашта, Минтақаи озмоишии тиҷорати озоди Чин (Синзян) расман ифтитоҳ ёфт, ки он як такони дигар баҳри рушди шаҳри Қошғар гардид.

Қошғар аз молу маҳсулот, бойигарии иқтисодӣ то маблағгузорӣ барои тараққӣ додани афзалиятҳои иқтисодии саноатӣ бой аст. Қошғар яке аз шаҳрҳои кишоварзии Чин буда, дар он нашъунамои растаниҳо ва шароити кишт бартариҳои аёнӣ дорад. Дар ин шаҳр зиёда аз 20 намуди меваву сабзавоти аълосифат парвариш меёбанд. Аз масоҳати умумии минтақа 14,78 миллион гектар замини корам ва 6 миллион гектар майдони кишти пахта ташкил медиҳад. Истеҳсоли олу 60 фоизи замини кишварро ташкил медиҳад. Қошғар бо зардолу, чормағз ва дигар меваҳои шаҳдбор ва ҷангалҳо дар тамоми Синзян ҷои аввалро ишғол мекунад. Қошғар дорои захираҳои фаровони обу хок буда, минтақаи офтобӣ дониста мешавад. Аз минтақаи шаҳр 9 дарёи бузург, аз қабили дарёи Яркант ва дарёи Қошғар Ғар мегузаранд. Қошғар миёни минтақаҳои дигари Синзян дуюмин минтақаи калонтарини пахтакорӣ ба ҳисоб меравад.

Қошғар бо конҳои маъдан, захираҳои ғании барқароршаванда ва фазои васеъ барои рушди нави энергетика афзалиятҳои беназир дорад. Ҳудуди васеъи Қошғар, геоморфологияи гуногун ва сарватҳои зеризаминӣ дорад, ки дар умум дар минтақа зиёда аз 64 намуди канданиҳои фоиданок кашф шудааст. Дар атрофи шаҳр 376 кони маъдан, ки 42% аз ҳаҷми умумии Синзянро ташкил медиҳад, мавҷуд аст. Яке аз захираҳои нисбатан бойи маъдан захираҳои гази табиӣ мебошад.

Қошғар дорои таърихи бойи тамаддун, табиати зебо ва иқтидори бузурги фарҳангу сайёҳӣ буда, аввалин шаҳри миллии таърихӣ ва фарҳангии Синзян ба ҳисоб меравад, ки дорои майдони васеъ ва манзараҳои зебо аст. Имрӯзҳо шаҳри Қошғар бо зинда нигоҳ доштани таърихи Шоҳроҳи Абрешим ба як шаҳри муҳим ва стратегии Ҷумҳурии Мардумии Чин табдил ёфтааст.

М. Қосимов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь