Чӣ тавр Наҷибуллоҳ барномаи мулоқоти Варреников ва Аҳмадшоҳ Масъудро хароб кард?
…Ман ба чеҳраи андешаманди Юлий Воронсов нигоҳ карда, бидуни ихтиёр ба ёди як қиссаи хеле ҷолиб рафтам, ки ба ману ӯ рабт дошт. Ин қисса пас аз даври аввали хуруҷи неруҳои мо, яъне тирамоҳи соли 1988 иттифоқ афтода буд. Он замон таҳти фишорҳои Маскав (бахусус, КГБ ва вазорати корҳои хориҷӣ) қарор доштем, ки аз мо – ҳарбиён мехостанд неруҳои Аҳмадшоҳи Масъудро саркӯб ва шахсан худи ӯро нобуд кунем. Ҳамзамон ба ин далел, ки сарчашмаи ин фишор Наҷибуллоҳ буд ва ҳам мефаҳмидам, ки як хатои бузург хоҳад буд ва як иштибоҳи нобахшидании истротежик анҷом хоҳад гирифт, ба натиҷае расидам, ки бо Аҳмадшоҳ Масъуд шахсан вохӯрам. Дар ин робита ба кормандони Раёсати асосии иктишоф (ГРУ) дастур додам, ки ин мулоқотро фароҳам созанд…
…Ман ба назди худ як подполковник (сарҳанги дуввум) – ро даъват кардам, то шахсан маъмурияти роҳандозии мулоқотам бо Аҳмадшоҳро матраҳ кунам (маъмури иктишоф (разведкачӣ) «одами худӣ» – узви яке аз дастаҳои Аҳмадшоҳ дар ағбаи Соланг буд). Ӯ бидуни таоруфу сарусадо омад ва худро муаррифӣ кард. Афсари миёнақади тақрибан 30 – 35 солае буд. Дастфишорӣ кардем (дастонаш шахшӯл, хушк ва қавӣ буданд). Пешниҳод кардам, ки нишинад. Ба андомаш назар кардам. Ба мӯйҳои як замон сиёҳаш сапедӣ дамида буд. Рӯву дастонаш офтоб хӯрда буданд. Тарҳҳои сураташ нозук, гунаҳои васеъе дошт. Чашмонаш бузургу обӣ, мисли кӯлҳои Карелия (вилояте дар Шарқи Дури Русия) буданд. Зери юнифурмаш тани обутобёфтае маълум мешуд. Китфони қавӣ дошт. Ором, солор ва собит худро нигоҳ медошт.
– Менависед?
– На, ҳамаро ба хотир хоҳам гирифт, – гуфт подполковник.
Мустақим ба асли мавзуъ пардохтам:
– Ман бояд шахсан бо Аҳмадшоҳ Масъуд вохӯрам.
Подполковник ҳеҷ эҳсосе аз худ нишон надод ва дар чеҳрааш ҳам тағйире наомад, гӯё мо дар бораи кадом як мавзӯи рӯзмарраи маишӣ суҳбат мекардем.
Пас аз тавваққуфи кӯтоҳе афзудам:
– Мулоқот ҳар чӣ зуд созмондеҳӣ шавад, ҳамон қадар беҳтар аст.
Подполковник бидуни ягон ишора ва чашм аз ман нагурезонда, гуфт:
– Масъуд ҳоло дар Панҷшер аст. Агар инро ба назар гирем, ки ӯ қариб ҳар рӯз макони будубошашро иваз мекунад, барои ҳалли ин масъала ҳадди аксар ду рӯз зарур аст.
– Ман розиям. Ба назари Шумо, Аҳмадшоҳ кадом шартҳоро пеши мо хоҳад гузошт?
– Шарти асосӣ ин мулоқот дар қаламрави ӯ ва бидуни муҳофизин аз ҷониби шумо барпо шавад. Амнияти Шуморо худ хоҳад гирифт.
– Оё ба донистани масоиле, ки ман матраҳ мекунам, алоқа нишон хоҳад дод?
– Дар оғоз, аз нигоҳи ман, бояд мавзӯи мулоқот бо ӯ ҳалли худро ёбад. Агар ризоияти ӯ ҳосил шуд, он гаҳ метавонед масоили мавриди баррасиро пешниҳод кунед. Ӯ хеле ҳассос аст, агар ҳарду мавзӯро якбора ба ӯ матраҳ кунем, метавонад ниёти шуморо нодуруст фаҳмад.
– Хуб. Дуруст аст.
– Иҷозаи амал медиҳед?
Подполковник пас аз дарёфти иҷоза барои иҷрои ин маъмурият, бе сару садо ҳамон гуна, ки омада буд, рафт.
Банди андешаҳо дар бораи рушди ҳаводиси оянда, ба ин натиҷа расидам, ки дар бораи мулоқоти эҳтимолӣ бо Аҳмадшоҳи Масъуд бояд сафирамон Юлий Воронсов ва раисҷумҳури Афғонистон Наҷибуллоҳро дар ҷараён гузорам. Гирифтани ҳамчунин иқдом пушти сари раҳбари кишвари дӯст хуб намебуд, бигзор ки ӯ то ба ҳадди ҷунун Масъудро бад медид. Ҳама чӣ бояд софдилона ва шаффоф бошад.
Ба ин манзур, ман ба ҳузури Юлий Михайлович Воронсов рафтам. Асли матлабро ба ӯ баён кардам, яъне инро ки мехоҳам бо Аҳмадшоҳи Масъуд сари роҳ надодан ба муҳосираи эҳтимолии шоҳроҳи Тирмиз – Кобул дар қисмати ҷанубии ағбаи Соланг аз сӯи дастаҳои ӯ ба тавофуқ расам. Бар ивази ин мо метавонистем ҳамаҷониба дар ҳалли масоили муҳим ба нафъи ӯ мусоидат кунем: қатъи пурраи ҳама гуна бамборон, аз ҷумла бамборони ҳавоии ҳудудҳое, ки таҳти назорати дастаҳои ӯ буданд; ироаи мадади башардӯстона ба аҳолии ин ҳудудҳо; ташкили худмухторӣ (дар ҳайати Афғонистон) – и қисмати шимолу ғарби кишвар, ки умдатан тоҷикон сукунат доранд; ҳифзи ҳаққи моликияти маодини лоҷувард ва тиҷорати бидуни монеаи он бо хориҷ аз Афғонистон барои ин худмухторӣ; ширкати намояндагони худмухторӣ дар ҳайати мақомоти марказии қонунгузор, қазоия ва иҷроия; созмондиҳии сохтмони макотиб, масоҷид ва шифохонаҳо дар қаламрави худмухторӣ; таҷдиди роҳҳои нақлиётӣ бо шаҳру деҳоти муҳим (бо шаҳри асосии худмухторӣ – хатти парвози тайёраҳо). Боз чанд масъалаи дигарро низ номбар кардам.
Юлий Михайлович «гарм шуд» ва қатъан изҳор кард, ки мехоҳад дар мулоқот ширкат кунад, яъне мо дукаса бояд ба ҳузури Аҳмадшоҳ Масъуд равем. Ман, табиист, ки кӯшидам ӯро аз нияташ баргардонам:
– Охир, ҳар чӣ метавонад иттифоқ афтад. Кор шояд ба гаравгонгирӣ ё қатл расад. Ҳилагарӣ, мутаассифона, яке аз хислатҳои саркардагон аст. Агар ман ба ин дом афтам, гап дигар аст ва комилан гапи дигар ин аст, ки агар ба он сафири фавқулодда ва мухтори Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон, ӯ ҳам муовини вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ, меафтад. На, имкон надорад.
– Валентин Иванович, чизи дигар имкон надорад. Ин ҳам ин аст, ки сафири Шӯравӣ худро мисли нозир канор гирад, вақте масъалаи муҳимтарин, амалан истротежик дар эҷоди шароити мусоид барои Афғонистон матраҳ аст? Ман муваззафам, ки дар ин мулоқот ширкат кунам.
Ҳарчанд ман ӯро аз роҳ мегардондам, ӯ ҳамоно бештар бар ман мешӯрид. Ниҳоят, ман қадами ниҳоиро бардоштам:
– Юлий Михайлович, шумо дидед, ки онҳо инсонҳоро қатл мекунанду чӣ тавр аъзои бадани онҳоро қитъа – қитъа ҷудо месозанд ва пас аз ин қатл чӣ боқӣ мемонад? Охир, ин як даҳшат аст. Гузашта аз ин, ба ин кори мо Маскав чӣ мегӯяд? Ҳатман вокуниш манфӣ хоҳад буд. Он ҷо ба сароҳат хоҳанд гуфт, ки касе ба ӯ ин ихтиёрро надода буд, гунаҳкор худи ӯст.
– Ман ба Афғонистон на барои он омадам, ки аз хатарҳо пинҳон шавам, балки сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ дар амри барқарории ҳадди аксари эътидоли вазъ, хатми ҷанг ва эҷоди зиндагии сулҳомез дар ин кишварро пиёда кунам. Сулҳ ва зиндагии сулҳомези давлати ҳамсоя – омили муҳимтарин барои мардуми мо аст. Ин, ки кӣ дар бораи кирдори ман чӣ фикр мекунад, кори ӯст. Ман қарзи худро адо мекунам ва ба Маскав аз ҳар иқдоми худ хабар доданӣ ҳам нестам. Зимнан, оё шумо ба раҳбарияти худ хабар додаед, ки нияти рафтан ба мулоқоти Аҳмадшоҳро доред?
– На, хайр… Ҳамчунин зарурате нест. Ман дар гузашта ҳам аз ин қабил корҳо хабар намедодам. Онҳо иҷозат намедиҳанд, зеро барои ин бояд масъулият бар дӯш гирифт. Аммо барои ман хеле муҳим аст, ки дар амри сулҳ миёни Аҳмадшоҳ ва Наҷибуллоҳ пеш равам.
– Ана, дидед! Вақте мо ба ин ҳадаф дукаса мерасем, фурсатҳо бештар мешаванд.
– Мувофиқам.
Дар ин робита ман ба маъмури иктишоф дастурҳои иловагӣ додам – дар мулоқот сафири Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳузур хоҳад дошт.
Мо ба назди Наҷибуллоҳ рафтем. Ман ба ӯ акнун иқдоми муштараки ману Юлий Михайловичро баён кардам, албатта, бидуни шарҳи бархе ҷузъиёти масоил. Дар оғоз Наҷибуллоҳ моро ба таври маъмулӣ самимона пазируфт, аммо ҳар қадар, ки шарҳи маро мешунид, ранг тағйир медод. Барои дилбардории ӯ Юлий Михайлович ба сохтани “гулу гулзор” – ҳои дурнамои оянда шуруъ намуд, ки дар ниҳоят Наҷибуллоҳро водор ба розӣ шудан сохт. Ҳарчанд ӯ наметавонист ризоият надиҳад, ба ин хотир, ки пешниҳод аз ҳамчунин сатҳе бар омада буд. Бар хилофи хулқу хӯи хоси худ ӯ муносибаташро ба ин мавзуъ баён намуд. Нигоҳашро ба дигар сӯ гурез дода, мегуфт, ки бале, масъала муҳим аст, он барои Афғонистон ва дар навбати аввал барои Кобул аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ӯ (Наҷибуллоҳ) ҳамеша таваҷҷуҳи дӯстони шӯравиро ба ин мушкил ҷалб мекард ва дар ҳоле ки дар саркӯби дастаҳои Аҳмадшоҳ чизе ба даст наомад, мешавад ин гузинаро низ таҷриба намуд. Дар охир хулоса кард: «Агар коре аз дасти шумо ояд, чӣ гӯям, хуш хоҳем шуд”.
Вақте мо аз утоқи раисҷумҳур берун омадем ва бо мутар ба манзили худ рафтем, косаи сабри Юлий Михайлович лабрез шуд:
– Ӯ андешаро қабул накард, ҳарчанд ки розӣ шуд. Мулоқоти мо бо Аҳмадшоҳ кай баргузор мешавад?
– Фикр мекунам, ки ҳамин ҳафта. Он чӣ ба “қабул” рабт дорад, инро мо бояд интизор медоштем. Дар Афғонистон агар тасвири душман сохта шудааст, ин душман барои ҳамеша аст. Касе ва чизе инро тағйир нахоҳад дод.
– Мувофиқи матлаб хоҳад буд, ки мулоқот ҳар чӣ зуд баргузор шавад.
– Бале. Мо ҳама корро анҷом медиҳем, агар ба мо халал нарасонанд…
Юлий Михайлович ба ман як нигоҳи суолангезе афканд. Посух додам: «Инро набояд истисно донист».
Пас аз ду рӯз (тавре қарор карда будем) маъмури иктишоф хабар дод, ки Аҳмадшоҳ тарҳи мулоқотро хеле мусбӣ пазируфт ва хост феҳристи масъалаҳоеро, ки баррасӣ мешаванд, аз қабл барояш фиристем. Мову Юлий Михайлович инро анҷом додем. Бидуни шак, тақозои аввалини мо таъмини рафтуомади бозамонат, бемамониат ва амни ҳама гуна қаторҳо ва мутарҳои алоҳида тариқи ағбаи Соланг буд.
Вақте пешниҳодҳо сари ҳамаи масоил, ки бояд миёни мову Аҳмадшоҳ баррасӣ мешуданд, ниҳоӣ шуданд, Юлий Михайлович пешниҳод кард, ки онҳоро имзо кунем. Имзоҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ буданд. Илова бар ин, ӯ муҳри сафоратро низ нақш кард. Ин ҳама ба пешниҳодҳо шакли расмӣ дар сатҳи олиро медод. Ҳуҷҷатро ба маъмури иктишоф додам ва гуфтам, ба таври шифоҳӣ бигӯянд, ки мо омодаем ба ин мулоқот таҳти шартҳои Аҳмадшоҳ ҳозир шавем. Яъне самти ҳаракати мо, замон ва макони мулоқотро ӯ таъин мекард. Мо бо Юлий Михайлович бо як мутари «УАЗ» ва бидуни муҳофизон меоем, аммо тарҷумонеро бо худ хоҳем дошт. Ҳамин тавр, мо ба шумули ронанда чор нафар мешавем.
Пас аз ду рӯз маҳалли мулоқот маълум шуд (деҳаи харобшудае дар даромадгоҳи дараи Панҷшер). Вақти мулоқот субҳи рӯзи сеюм муқаррар шуд. Ин комилан барои мо мувофиқ буд. Ман ба ин натиҷа расидам, ки қаблан ба Ҷабал-уссироҷ мутари «УАЗ»-еро, ки саворӣ хоҳем кард, фиристам ва худи мо то он ҷо таҳти ҳифозат субҳи барвақти ҳамон рӯзи мулоқот равем. Амалан то Ҷабал-уссироҷ 40 дақиқа роҳ аст ва бо “УАЗ” то Панҷшер 25–30 дақиқаи дигар.
Ҳамон рӯзе, ки ба мо хабари макону замони мулоқотро доданд, ману Юлий Михайлович ба ҳузури Наҷибуллоҳ омадем ва ӯро огоҳ кардем. Зоҳиран ӯ ба ин ҳама ором ва ризоиятмандона бархӯрд кард. Мо ба равшанӣ андохтан ба бархе масоиле, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд бояд баррасӣ мекардем, шуруъ кардем. Наҷибуллоҳ онҳоро ҷонибдорӣ кард. Ҳатто заррае ҳам сари ин ё он мушкил ба баҳс напардохт, ки ин хоси ӯ набуд. Ҳамаро қабул кард ва муваффақият хост.
– Оё шумо таваҷҷуҳ кардед, ки Наҷибуллоҳ бо кадом оҳанг суҳбаташро анҷом дод? – гуфтам ман ба Воронсов.
– Зинда бошем, мебинем. Сари натиҷагириҳо саросема намешавем.
– Бо ин вуҷуд, ин ҳол ӯро муваззаф мекунад …
Юлий Михайлович табассум кард, аммо чизе нагуфт.
Мо барои омодагӣ ба сафар шуруъ кардем. Бале, дар масири Кобул то Ҷабал-уссироҷ зарур омад тадобире рӯи даст гирем, ки сафир дилпурона, амну осуда дар вақти таъйиншуда аз он ҷо убур кунад. Ҳарчанд амалан дар ин ҷо дастаҳои «хашмгин» – и зиёде, ки бо роҳзанӣ дар масир машғул буданд, фаъолият доштанд. “Сайёдон” – и якка ё ҷуфт низ буданд, ки ягон сайди худро интизорӣ мекашиданд.
Кор зоҳиран дуруст пеш мерафт. Нимаи дуввуми рӯзи пеш аз мулоқот маъмурони иктишоф хабар доданд, ки Аҳмадшоҳ Масъуд омодагии худ барои ширкат дар мулоқоти рӯзи дигарро таъйид кардааст. Аммо бегоҳ қабл аз ғуруби офтоб нохост ба ман хабар омад, ки макони мулоқоти оянда ва тамоми минтақаи атрофи онро тайёраҳои неруҳои ҳавоии Афғонистон бамборон кардаанд. Қурбониён зиёд буданд. Мулоқот лағв шуд.
Ҳисси қаблие, ки то ин дам маро таъқиб мекард, ин ки метавонанд ба мо халал расонанд, таъйид шуд. Ба Воронсов занг задам. Хашмгин буд. Ба назди Наҷибулло рафтем (ҳарчанд ки дер буд). Ӯ нақши як озурда аз ин хабари ғамангезро бозӣ кард ва дар назди мо ба фармондеҳи неруҳои ҳавоӣ генерал Қодир занг зада, ҳар чӣ ба даҳонаш омад, гуфт. Гоҳ пашту суҳбат мекард, гоҳ ба русӣ (Қодир русиро медонист), аз ҷумла ин суханонро гуфт: «Дар назди ман рафиқони Шӯравӣ сафир Воронсов ва генерал Варенников нишастаанд. Ман аз он чӣ, ки неруҳои ҳавоии шумо карданд, шарм мекунам. Ин шармандагист. Субҳи дигар ба ман хабар диҳед, ки ин ҷурми кист».
Мову Юлий Михайлович дар як мутар ба сафорат рафтем, то вазъро баррасӣ карда, қарор қабул кунем. Дарро баста, Воронсов зери лаб гуфт:
– Инро бояд интизор медоштем. Ӯ мухолифи ин мулоқот аст. Ва маҳз ӯ фармони бамборонро додааст.
– Ман ҳам ба ҳамин фикрам. Фикр мекунам, Наҷибуллоҳ муҷримонро пайдо нахоҳад кард, аммо мо набояд таслим шавем.
– Дуруст. Бояд дубора аз Аҳмадшоҳ талаби мулоқот кунем.
– Ман ба ӯ номае навишта, узр мепурсам ва пешниҳод мекунам, ки макони нави мулоқотро таъин кунад.
Воронсов розӣ шуд. Ман ба созмондеҳии ҷадид шуруъ кардам. Подполковник маъмури иктишоф бо посухи шифоҳии Аҳмадшоҳ танҳо чор рӯз пас омад. Гуфт, Аҳмадшоҳ сахт хашмгин аст ва ҳатто гуфтааст, ки агар таҳқиқ анҷом медиҳед, ӯ метавонад ному насаби он халабонҳои неруҳои ҳавоии Афғонистонро, ки бамборон карданд, дар ихтиёри мо гузорад (ӯ тариқи шабакаи ҷосусии худ дар ситоди неруҳои ҳавоӣ аз ҳама гап огоҳ буд). Бо ин вуҷуд, мо мулоқоти дуввумро созмон додем. Аммо он ҳам аз рӯи ҳамин сенорию пеш рафт. Ин дафъа ба ҷои тайёраҳо тӯпҳои дурзан ва реактивӣ кор карданд. Боз ҳама ҳама чиз қатъ шуд. Боз узру маъзарат хостем. Пас аз ду ҳафта бо як азоби алим боз ҳам рӯи мулоқот, ин дафъа бори сеюм, тавофуқ кардем. Ин мулоқот низ қатъ карда шуд.
Мову Юлий Михайлович ба ин натиҷа расидем, ки аз ин тарҳ даст кашем ва ҳатто ин масъаларо бо Наҷибуллоҳ матраҳ накунем.
Ҳама чӣ рӯшан буд. Ӯ рӯ ба рӯ бо мо мегуфт, ки аз ин тарҳ истиқбол мекунад, ҳамзамон дастур медод, ки аз ин мулоқот ҷилавгирӣ карда шавад. Сабаб ҳам рӯшан буд – нафрати шахсӣ бо Аҳмадшоҳ…
Валентин Варенников,
китоби “Рӯзгори бе такрор”, ҷилди панҷум
Эзоҳ:
Валентин Варенников (1923 – 2009), генерали артиш, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1984-1989 сардори Гуруҳи оперативии Вазорати дифои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон, фармондеҳи неруҳои хушкигард ва муовини вазири дифои Иттиҳоди Шӯравӣ (1989 -1991).
Юлий Воронсов (1929-2007), дипломати рус. Сафири Шӯравӣ дар Фаронса (1983-1986), Афғонистон (1988-1989) ва намояндаи Русия дар Созмони милали муттаҳид ва Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид (1990-1994), сафири Русия дар Амрико (1994-1998).