Шоми 30 август, пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ, дар синни 92-солагӣ Михаил Горбачёв– охирин раҳбари ИҶШС, котиби аввали КМ ҲКИШ аз дунё даргузашт.Ӯ бо умри дидаи худ, ки тавонист рекорди дарозумриро байни хокимони Россия гузорад.

Мавсуф дар соли 2020 дар байни ҳокимони Русия аз Александр Керенский, ки то 89 сол умр дидааст, пеш гузашт. «Известия»  лаҳзаҳоро аз шарҳи ҳоли охирин раҳбари шӯравӣ ёдовар шудааст, ки барои хонандагони “Фараж” пешниҳод мекунем. Зеро мавсуф охирин роҳбари Шӯравӣ буду насли калонсол то ҳол ӯро ёд доранд.

Аз майдони ғалла ба курсии мансаб

Михаил Сергеевич Горбачёв 2 марти соли 1931 дар дехаи Приволнойи кишвари Ставропол, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.  Падараш Сергей Андреевич дар стансияи мошину трактор кор мекард, модараш Мария Пантелеевна тамоми умр дар колхоз фаъолият дошт. Соли 1941 падараш ба ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт. Дере нагузашта фашистон ба деҳа омаданду Михаил ва модараш панҷ моҳ дар асирӣ зиндагӣ карданд. Вақте озод шуданд,  мактуб доири мурдани падараш омад. Вале дере нагузашта, маълум шуд, ки Сергей Андреевич зинда аст ва мактубро ба суроғаи хато фиристодаанд. Падари котиби генералии оянда ҷангро паси сар карда, бо ду ордени Ситораи Сурх ба Ватан баргашт.

Михаил Горбачёв аз синни 13-солагӣ таҳсил дар мактабро бо кор дар стансияи мошину трактор, ки падараш пеш аз ҷанг дар он ҷо кор мекард, иваз намуд. Аммо ин ба вай барои нағз хондан халал нарасонид.  Соли 1949 Горбачёви 18-солаи синфи даҳум барои меҳнати шоёнаш  дар ҷамъоварии ғалла бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд ва дар синни 19-солагиаш, то хатми мактаб, номзад ба аъзогии Ҳизби коммунист шуд.  Пас аз хатми мактаб бо медали нуқра ӯ бе имтиҳон ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуд – ин имконро мукофоти ҳукуматӣ барои ӯ фароҳам овард.  Аммо хондан барои Михаил осон буд ва дар факулта ӯ яке аз донишҷӯёни богайрат ва муваффақ буд.  Дар Донишгоҳ, дар як шаби рақси донишҷӯён дар клуби Донишгоҳи давлатии Маскав бо зани ояндаи худ, донишҷӯи факултаи фалсафа Раиса Титаренко вохӯрд. Горбачёв ҳайрон мешуд , ки чаро онхо пеш аз ин вонахӯрда буданд:  “Вай дар факултаи фалсафа, ки дар як бинои факултаи ҳуқуқ ҷойгир буд, таҳсил мекард, дар хобгоҳ дар ҳамон “Стромика” зиндагӣ мекард … Вале чӣ гуна ман ӯро қаблан надида будам, намефаҳмам.”

Михаил ва Раиса соли 1953 оиладор шуданд.  Тӯй дар ошхонаи хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав дар “Строминка” баргузор шуд.  Аммо зиндагии оилавиро онхо  каме дертар ,вақте ки онҳо дар як хобгоҳи оилавӣ ҳуҷра гирифтанд, оғоз карданд.

Соли 1955 Михаил Горбачёв Университети давлатии Москваро бо баҳои аъло хатм карда, ба Прокуратураи вилояти Ставропол ба кор таъин шуд.  Вале ӯ дар вазифаи худ ҳамагӣ 10 рӯз кор кард – ҷавони ташаббускор ба кори комсомолӣ саъю кӯшиш дошт ва ба ӯ имконият пеш омад, то ӯро ба вазифаи мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи комитети комсомолии кишвари Ставропол таъин карданд.  Баъди як сол котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳри Ставропол ва баъди 5 сол, яъне соли 1961 ба кумитаи вилоятии комсомол роҳбарӣ кард.  Кори партиявӣ бемайлон пеш рафт: баъди як-ду сол ба кумитаи вилоятии Ҳизби коммунист гузашт.  Дар он ҷо ӯро котиби якуми кумитаи вилоятӣ Фёдор Кулаков сарпарастӣ карда, Горбачёвро яке аз ходимони ояндадори партиявии вилоят номид.  Баъдтар вориси Кулаков, Леонид Ефремов гуфт, ки Горбачёвро ба Маскав пешбарӣ мекунанд.  Худи Горбачёв ҳатто даъво карда буд, ки вай махсусан ба қуллаҳои мансаб кӯшиш намекунад ва баръакс, дар фикри ба илм рӯ овардан аст.

Горбачёв  фаъолияти партиявиро ба таври ҳайратангез пеш бурд.  Соли 1966 дар синни 35-солагӣ котиби якуми кумитаи партиявии шаҳри Ставропол, баъд аз ду сол котиби дуюм ва баъди ду соли дигар, дар соли 1970, котиби якуми кумитаи партиявии вилояти Ставропол таьин шуд.

Ба қуллаҳои Ҳукумат

Горбачёв дар ҳақиқат медонист, ки диққати роҳбарияти партиявии Маскавро чӣ тавр ба худ ҷалб кардан мумкин аст.  Вай бо Юрий Андропов рафиқ буд, ва овозае ҳаст, ки гуё ба вай вазифаи ҷонишини худро пешниҳод карда буд, зеро ӯро Суслов ва Громико дастгирӣ мекарданд.  Бо чунин дастгирии якдилонаи боло Горбачёв  дере нагузашта, аллакай соли 1971 ба аъзогии КМ ва соли 1973 номзад ба аъзогии Бюрои Сиёсй – органи олии рохбарияти партиявӣ интихоб шуд.  Ӯ борҳо ба Маскав, ба вазифаҳои баланд даъват шуда буд, аммо Горбачёв  Ставрополро тарк намекард , чун соҳиби вилоят буд ва мунтазам Юрий Андроповро, ки ба истироҳат меомад, қабул мекард.  Танҳо баъди он ки Горбачёв 27 ноябри соли 1978 дар пленуми партия котиби КМ ҲКИШ интихоб шуд, ба Москва рафт.

Горбачёвро мувофиқи ихтисоси асосияш интихоб карданд: баъди ба пойтахт кӯчиданаш, раиси комиссияи таклифоти қонунгузории Шӯрои Олии СССР шуд. Кори партиявиро бемайлон давом медод.  Соли 1980 ӯ ҷавонтарин узви Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ шуд – он вақт ӯ ҳатто 50-сола набуд. Ҳанӯз ҳам аз сарпарастии аъзои куҳансоли КМ бархурдор буд, аммо ба гуфтаи  коршиносон,  сиёсатмадорони  Кремл он солхо,  рафиқони калонсол ба зодаи Ставропол то андозае бо таҳқир муносибат мекарданд, бе он ки ӯро ба орзую ниятҳои бузурги сиёсӣ лоиқ донанд.  Соли 1982, баъди вафоти Брежнев ба тими Юрий Андропов дохил шуда, дар амалӣ гардондани аввалин маъракаи зидди майзадагӣ ба номи Андропов фаъолона иштирок кард.  Аммо баъдан худи Горбачёв нақши роҳбариашро дар ин ташаббуси сиёсӣ рад кард.  Воқеан, ин маърака асосан идеяи Юрий Андропов буд, аммо Горбачёв, ки амалан май намехӯрд, ҷонибдори фаъоли он гардид.

Баъди марги Андропов бисёриҳо аллакай мунтазири боло рафтани Горбачёв буданд, аммо тарғибгарони консервативии КМ пирӯз шуданд: Константин Черненко Котиби Генералӣ шуд.  Аммо котиби генералии 73-сола ҳамагӣ як сол дар ин мақом боқӣ монд.  Баъди марги Черненко дар моҳи марти соли 1985 Горбачёв ба комиссиям дафн сардорӣ мекард.  Ин мансаб ҳамеша барои ворис муайян шудааст.  Горбачёв 11 марти соли 1985 Котиби Генералии КМ ҲКИШ шуд.

Навовариҳо аз ҳафтаҳои аввал пайдо шуданд.  Сардори нави КМ 23 апрели соли 1985 ислоҳоти нисбатан эхтиёткоронаи иқтисодиро эълон кард. Ва моҳи май, маъракаи зидди майзадагӣ, ки дар давраи ҳукмронии Константин Черненко бозмонда шуда  буд, бо қувваи нав оғоз ёфт.

Агар ба таври ҷиддӣ гӯем, тезонидани ин раванд, монанди муборизаи зидди майзадагӣ, идеяхои Горбачёв набуданд.  Нақшаҳои ислоҳоти иқтисодӣ аллакай дар замони Андропов таҳия шуда буданд, дар оғози он Александр Яковлев, Евгений Примаков, Станислав Шаталин, Татьяна Заславская истода буданд.  Горбачёв ба воқеият табдил додани тараққиёти дастаи Андроповро шурӯъ кард.

“РАВАНДҲО КУШОДА МЕШАВАНД

Дар аввал, намоёнтарин ислохоти Горбачёв маъракаи зидди майзадагӣ буд.  Оқибатҳои онро мардуми оддӣ пурра эҳсос карданд: нӯшокиҳои спиртӣ дастрас набуданд, дар мағозаҳои спиртӣ, ки соатҳои кориро кам карда буданд, навбат километрҳоро ташкил медод, арақ ба пули гумшуда табдил ёфт ва дар деҳот афзоиши пурқуввати самогон ( нӯшокии дастикаши спиртӣ эҳсос шуд.  Дар натиҷа, мақсадҳои расмии маърака қисман иҷро гардиданд: истеъмоли машрубот дар мамлакат кам шуд.  Бо вуҷуди ин, ҷомеашиносон якдилона изҳор карданд, ки коҳиши фурӯши расмӣ бештар аз ҳисоби нӯшокиҳои хонагӣ ҷуброн карда шудааст.  Дар ин рох дар ноҳияҳои токпарварии мамлакат ҳазорҳо гектар токзорҳо нобуд шуда, саноати истеҳсоли вино даҳсолаҳо ба ақиб партофта шуд.  Баъдтар, дар соли 2015 Горбачёв дар як мусоҳиба хатоҳои худро иқрор карда, гуфт: «Бале, савдоро бастан ва рушди самогон лозим набуд.  Ҳама чизро тадриҷан анҷом додан лозим буд.  На бо табар балки бо сар»

Дар пленуми КМ ҲКИШ 27 январи соли 1987 дигаргуниҳои ҷахонӣ эълон карда шуданд, ки Горбачёв аз минбари он оғози бозсозиро эълон карда буд, ки вазифаи асосии он «бартараф намудани давраи карахтӣ ва нав кардани тамоми ҷихатҳои тараққиёти иқтисодиёти ҳаёти мамлакат» ном бурда шуд.  Дар худи ҳамон сол китоби Горбачёв «Бозсозӣ ва тафаккури нав барои мамлакати мо ва тамоми ҷаҳон» аз чоп баромад, ки он ба бестселлери байналхалқӣ табдил ёфт.  Моҳи марти соли 1990 дар Анҷумани сеюми ғайринавбатии вакилони халқи СССР дар кишвар мақоми президентӣ ҷорӣ шуд ва ба он Михаил Горбачёв интихоб шуд.

Тарафдори асили мустаҳкамшавии Ҳокимияти Советӣ, ҳатто фикр карда наметавонист, ки ин вазифа, монанди худи мамлакат,  бештар аз як сол давом мекунад.

Дар ҳоле ки қисми либералии ҷомеа аз демократикунонӣ, шаффофият, барҳам додани сензура ва дӯстӣ бо Ғарб шодӣ мекард, иқтисодиёти кишвар ба таназзул афтод, озодиҳои сиёсии ба даст омадаи ҷумҳуриҳо боиси низоъҳои байни миллатҳо, муборизаи байни қабилавӣ барои қудрат  ва задухурдҳои мусаллаҳи хунин гардид.

Бархӯрди ҷумҳуриҳо ва Русия дар Маскав, рамзи хоҳиши ҷумҳуриҳо ба мустақилият гардид, ки барои СССР харобиовар буд.  Муборизаи байни муҳофизакорон ва либералҳо бо муқовимати серӯзаи мусаллаҳона дар маркази пойтахт анҷом ёфт: Кумитаи давлатии вазъияти изтирорӣ бо сарварии Генадий Янаев Горбачёвро аз фишангҳои идоракунии кишвар дур кард, аммо қудратро нигоҳ дошта натавонист ва қувваҳои вафодор ба Шӯрои Олии Русия бо сардории Борис Елтсин торумор карда шуданд.  Горбачёв ба Москва баргашт, вале ҳокимияти вай торафт бештар беқудрат мешуд. Фишанги воқеӣ ба дасти ҳукумати Русия гузашт.  Ва 8 декабри соли 1991, пас аз имзои созишномаи Беловеж, иттиҳод умуман вуҷуд надошт.

25 декабри соли 1991 Горбачёв ба воситаи телевизиони марказӣ истеъфо дод.  Ягон вокуниши омма вуҷуд надошт.  “Албатта, кишвар дар шок буд.  Аммо касе ба кӯча набаромад.  “Ба назар чунин менамуд, ки тақдири СССР танҳо мушкили ман аст.  Дар бораи истеъфои ман фармон набуд.  Ман ин тасмимро худам гирифтам,” – гуфт баъдтар ӯ.

Нафақахӯрӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дошта

Бо қарори Шурои роҳбарони давлатҳои ИДМ собиқ президенти ИҶШС ба сабаби ба истеъфо баромадан ёрдампулии якумра гирифт: нафақаи махсус, ёрии тиббии тамоми оила дар шифохонаҳои давлатӣ, посбонҳо, дачаҳои давлатӣ ва машинае, ки аз гаражи давлатӣ ба ӯ таъин шудааст.  Баъдтар Борис Елтсин бо фармони худ андозаи нафақаро ба собиқ президенти ИЧШС 40 нафақаи минималии пиронсолӣ муқаррар намуд.  Худи Горбачёв ҳам аз роҳи сиёсӣ ва ҳам сиёсати иқтисодии мақомоти Русия интиқод карда, дар соли 1993 пароканда шудани Шӯрои Олии РСФСР-ро маҳкум кард.

Пас аз ба нафақа баромадан Горбачёв ба бунёди фонди байнулмилалии таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсиро, ки бо номи “Горбачёв-фонд” маъруф аст, таъсис дод ва раиси он шуд.  Вай аз номи фонд ба тамоми чахон сафар карда дар донишкадаҳои олӣ баромад намуд, лексияҳо хонд, китобҳо нашр кард.  Соли 1992 ӯ ва занаш ба ҳамсари Рейган дар Калифорния боздиди хусусӣ карданд.  Дар соли 1993 ӯ дар филми Вим Вендерс “Осмон бар Берлин 2” нақш бозид ва он  дар соли 1997 дар як рекламаи силсилаи Pizza Hut дар як  лаҳза дар тамоми ҷаҳон маъруфият пайдо кард.

Соли 1999 барои Горбачёв як нуқтаи гардиш буд: занаш аз бемории лейкемия дар як клиникаи Олмон даргузашт.  Марги Раиса Максимовна, ки онҳо 46 сол бо ӯ бо ҳамфикрии комил умр ба cap бурданд, Горбачёвро сахт маъюс кард.  Дар давоми якчанд сол вай амалан дар байни омма баромад накард.  Илова бар ин, пас аз марги ҳамсараш, собиқ президенти СССР мушкили саломатӣ пайдо кард.  Наздикони хонавода иддао мекарданд, ки Раиса Максимовна ҳамеша парҳези шавҳарашро риоя мекард ва вақте ки ӯ даргузашт, ӯ зуд вазни зиёдатӣ гирифт ва гирифтори диабети қанд шуд.

Моҳи апрели соли 2013 ба далели мушкили саломатӣ Горбачёв натавонист дар маросими дафни собиқ сарвазири Британия Маргарет Тетчер, ки бо ӯ дӯстии тӯлонӣ дошт, ширкат кунад.  Моҳи ноябри соли 2016  дар яке аз беморхонаҳои Маскав ба у як кардиостимулятор насб карданд.Соли 2019 борҳо дар беморхона бистарӣ шуда, аз соли 2020 сар карда, амалан дар Бемористони марказии клиникӣ зиндагӣ мекард, ки табибон дар он ҷо пайваста диализи гурда ва тозакунии хунро ба ӯ анҷом медоданд.

Горбачёв дар таърихи Русия як шахсияти муҳим, вале баҳсбарангез боқӣ хоҳад монд: коммунисте, ки ғояи коммунистиро дафн кардааст (шояд худаш намехост) ва раҳбари як кишвари бузурге, ки беихтиёр фурӯпошии онро тамошо мекард ва ба гуфтаи бисёриҳо, дар ин раванд саҳм гузоштааст.  Дар ҳар сурат, хотираи ӯ боқӣ хоҳад монд – дар китобҳои таърих, дар филмҳо, ҳуҷҷатҳо.  Ва албатта, дар муҷассамаи ногузир дар қабристони Новодевичий дар Маскав, ки охирин раҳбари шӯравӣ дар паҳлӯи ҳамсари маҳбубаш дафн карда мешавад.

Сарчашма: «Известия»

Тарҷумон: Дилноза Ҳукматуллоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь