Мехоҳам саҳми бузурги фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро дар рушди башарият ва мунавварсозии роҳи чаҳониён аз рӯи кашфиётҳои илмӣ дар мисоли чанде аз бузургони миллат, ки садсолаҳо боз пештар анҷом намудаанд, пешкаши хонанда созам.
ЯКУМ.
Мисоли якумамро аз Умари Хайём пеш меоварам ва рӯшан месозам, ки ин шахсияти таърихии миллати тоҷикро на танҳо ба ҳайси шоир шиносем, бузургии Умари Хайёмро ҳамчун ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим шинохта кабул намоем. Бояд ҳамагон донем, ки Умари Хайём аввалин касе буд, ки роҳи илмии ҳалли муодилаҳоро муайян кард, ки баъдтар алгебра номида шуд, ки дар ин миён баъди 400 сол олимони итолиёвӣ Ссипион дель Ферро ва Никколо Тарталья кори оғознамудаи Умари Хайёмро идома ва такмил бахшиданд. Соли 1074 Султон Меликшоҳ-ҳокими қонунии салтанати Салҷуқиён ин фарзанди тоҷикро аз рӯйи шӯҳрати ҷаҳонии илмӣ доштанаш ба Исфаҳон ба дарбори худ даъват карда, кори сохтмони расадхона ва пешбурди кори илмии онро ба ӯҳдааш вогузошт. Умари Хайём дар ин давом гурӯҳи олимонро сарварӣ намуд ва дар ин расадхона тақвимро тартиб дод. Тақвиме, ки бо сарварии Умари Хайём тартиб дода шудааст, дар ҷаҳон дақиқтарин ҳисоб меёбад. Ин тақвим хатогии як рӯзро дар 5000 сол нишон медиҳад, тақвими григорианӣ бошад, дар 3333 сол. Хулоса мешавад, ки дақиқии тақвими Умари Хайём дар миқдори 1667 сол бартарият дорад ва дастоварди беназири олими миллати тоҷик дар замони худ мебошанд.
ДУЮМ.
Абурайҳонӣ Берунӣ яке аз бузургтарин алломаҳои машриқзамин, риёзидон, файласуф, ахтаршинос, донандаи илми механика, геодезия, минералогия, дорушиносӣ, табиатшиносӣ, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашинос аст.
Берунӣ ҳаракати ҷисмҳоро ба сӯи маркази Замин дар асри IX эътироф намудааст, ки он амалан аз тарафи олими физикдони бузурги англис И.Нютон дар асри XVIII дар бораи қувваи ҷозибаи Замин ба хотир оварда шуд. Кашфиёти бузургтарини Берунӣ ғояи таълимоти офтобмарказӣ “Манзумаи Офтобӣ” мебошад. Ӯ дар ақидааш нишон додааст, ки Офтоб аз ҷисми оташангез иборат аст ва дар гирди он сайёраҳои дигар қарор гирифтаанд, ки аз он нур мегиранд. Офтоб барои дигар ситораву сайёраҳои гирди он манбаи нигоҳдории тартиби ҷойгирии онҳо мебошад ва мақоми он дар байни онҳо ба мисли мақоми “подшоҳ” аст дар нисбати идорасозии мамлакат. Ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ба ҳаракати Офтоб вобаста мебошад, он ҳаракати дигар ҷирмҳоро идора мекунад”.
Абурайҳони Берунӣ дар ақидаҳояш нисбати ҳис, ақл ва қалб, нисбати дарку маърифати олам қайд сохтааст, ки инсони дорои ақл нафақат дар назди инсоният, балки дар назди олами набототу ҳайвонот низ масъул аст онҳоро бояд бо қудрати ақли худ муҳофизат ва муроқибат намояд. Ин назарияи Абурайҳони Беруниро дар асри XX, баъди зиёда аз 950 сол олим-экологи амрикоӣ Барри Коммонер дар шакли расмӣ дар қонуниятҳои умумии экологӣ ҳамчун принсипҳои ҳамкории байни ҷомеаи инсонӣ ва муҳити табиӣ, ки танзими хусусият ва самти фаъолияти инсон дар дохили экосистемаҳоро муайян месозад, нишон додааст.
Дигар, Абурайҳони Берунӣ дар соли 997 глобус месозад ва онро барои муайян кардани тӯлу арзи шаҳрҳо истифода мебарад. Бояд хотиррасон сохт, ки дар харитаи Батлимус ва глобусе, ки дар асри XV Мартин Бехайм сохта буд, Австралия, Антарктида, Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ акс наёфтаанд. Дар он тарафи Уқёнуси Атлантика мавҷуд будани хушкии калон – Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубиро Абурайҳони Берунӣ дар ибтидои асри XI тахмин кардааст. Экспедитсияҳои Христофор Колумб тахмини Абурайҳони Беруниро дар бораи дар он тарафи Уқёнуси Атлантика вуҷуд доштани хушкии азимро дар соли 1492 тасдиқ намуд. Аз ин хулоса намудан лозим аст, ки ақидаи илмии Берунӣ нисбати кашфиётҳои бузурги географӣ, инкишофи илми баҳрнавардӣ ва савдо асос гузоштаанд.
СЕЮМ.
Дар таърихи илм дар солҳои 1201-1274 асосгузори бунёди расадхонаи Марога Хоҷа Насируддини Тӯсӣ мебошанд. Насируддини Тӯсӣ давомдиҳандаи назарияи геосентрикии Батлимус мебошад, махсусан, назарияи гирифти Офтобу Моҳтобро бо далелҳои илмӣ исбот карда, онро ҳодисаи соф табиӣ шуморидааст ва дар таърихи илм ҷойгиршавии ситорагони собитро кашф намудаву харитаи ситорагони маълумро тартиб додаанд. Ин дастоварди илмии Тӯсиро Христофор Колумб барои кашфи қораи Амрико истифода кардааст. Муҳаққиқони илм собит кардаанд, ки Н.Коперник аз бойгонии дастхатҳои Насируддини Тӯсӣ ба таври фаровон истифода намудааст.
Ақидаҳои Ибни Синоро дар бораи қадим будани олам Боетский Дакий, назарияи маърифатии ӯро Алберти Кабир, метафизикиашро Дун Скот, фалсафаи сиёсиашро Бэкон қабул ва инкишоф додаанд, ин ҳам мисоли навбатии хубест барои шинохти тоҷикон дар арсаи таърих ва ҷаҳон аз рӯи хизмати шоиста ва сазовори онҳо барои ҷаҳони давр ва имрӯза.
Дониста бошем, ки шиори башардӯстонаи имрӯзаи Миллали Муттаҳид, ки дар он намояндагии тамоми давлатҳои ҷаҳон гирд омадаанд, ба қалами фарзанди миллати форс-тоҷик Саъдии Шерозӣ таалуқ доранд:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Бояд қайд кард, ки миллате, ки соҳибкитоб аст ва шамъи илми он ҷаҳонро даврае гарму рӯшан сохтааст, пилахчаки он дар хокистари он ниҳон мемонад ва боз баъди садсолаҳо фурӯзон ва барои ҷаҳониён гармӣ ва нур мебахшад. Ин суханонро ман нисбати шоир, мутаффакир, шарқшиноси барҷастаи муосири миллатамон Мӯъмин Қаноат овардани ҳастам, ки машъали аҷдодиро тавонист фурӯзон нигоҳ дорад. Имрӯз шеъри Мӯмин Қаноатро барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва психологӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд, дар калисоҳои славянӣ намоишномаи “Сурӯши Сталинград” ба хотири тарбияи ватандӯстӣ ва шинохти мазҳабии ҷавонон истифода мешавад.
Аз хулосаи гуфтаҳои болоиям оварданӣ ҳастам, ки кашфиёту ихтироот ва таълимоти илмию фарҳангии намунаи олимони овардашуда барои пешрафти илми ҷаҳонӣ заминаҳои боэътимод гузоштааст ва ин чанд мисоли ман чун қатрае аз баҳр мебошанд.
Дар нисбати ҷолибу ҳадафнок сохтани овардаам суханони Президенти мамлакатро ёдовар мешавам: “Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд. Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд.”
Бо овардани ин суханон бори дигар итминон ҳосил мекунем, ки воқеан дар таърих гузаштагони миллати мо дар бунёд ва рушди ҷаҳони имрӯзаи мутараққӣ аз назари харизматикиашон санги асос гузоштаанд. Имрӯз мо бояд кӯшиш намоем, ки гармии оташи миллатамон, ки аз ниёгони бузургамон бароямон мерос мондааст, паст нагардад. Барои ин тамоми шароитро дорем, академияи илмҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқамон амал менамояд, вазоратҳои соҳавӣ ва сармоядорони арзанда низ дорем. Танҳо бароямон лозим аст, ки дар мавриди аввал равияҳои илмиеро пеш гузорем, ки онҳо созанда бошанд, фалсафаю, адабиёту санъат хубанд, вале дар баробари онҳо бештар ба рушди илмӣ-техникӣ ва технологияи навин рӯй оварем, мавзуъ ва натиҷаи рисолаҳои илмиро бештар дар самти ихтироотҳои натиҷаовари технологӣ ва рушди саноати ватанӣ нигарон созем, сармоядоронамон аз фикри меркантилӣ холис бошанд ва бештар нисбати ташаккули саноату бозори миллии рақобатпазир бошанд. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем ва барои наслҳои имрӯза ва ояндаи миллатамон хотиррасон созем, ки ин суханони тиллоӣ танҳо нисбати намояндаи миллати мо гуфта шудаанд: “Агар илм дар Сурайё бошад, ҳароина мардоне аз инҳо онро ба даст оваранд” ва ин ҳадиси паёмбари Ислом аст ва онро дар ҳоле гуфтааст, ки дасташ болои шонаи Салмони Форсӣ будааст”.
Аз муаллиф: дар мақолаам аз сарчашмаҳои илмии олимони забардасти миллатам: М.Осимӣ, И.Иноятов, Х.Мақсадов истифода намудаам.
Мизроб АМИРБЕКОВ, коршинос