Таърихи футболи Тоҷикистон қаҳрамонони зиёд надорад. Аммо дар солномаҳои футболи Тоҷикистон ситораҳои дурахшон низ ҳастанд. Масалан Черевченко Игор Генадевич.

Игор Черевченко фарзанди футболбози машҳури дастаи «Помир» Генадий Черевченко, 21 августи соли 1974 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Чун падараш собиқ футболбози машҳури ҳамин клуб буд, Игор низ нахустин машқу тамринҳои футболбозии худро дар ҳамин клуб «Помир» гузаронидааст. Он замон “Помир” яке аз дастаҳои пешсафи кишвар буд ва аз ҳамин рӯ Игор дар синни 18 қаҳрамони кишвар шуд. Баъдан у ба ҳайси нимҳимоятгар бозӣ кард ва соҳиби рекорди худ низ ҳаст. Яъне ҳафт гол дар як бозӣ.

Аммо Игор шӯҳрати бештарро дар дастаи «Локомотив» – и шаҳри Маскав ба даст овард. Дар ин даста аз соли 1996 то соли 2001 ҳунарнамоӣ намуд. Игор дар дастаҳои зиёд бозӣ кардааст. Аз ҷумла дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, «Алания Владикавказ», «Торпедо» – и Маскав бозиҳои хуб нишон дод. Барандаи ҷоми Тоҷикистон дар соли 1992, барандаи ҷоми Русия дар солҳои 1996, 1997, 2000, 2001 ва 2015 мебошад. Инчунин дорандаи медали нуқраи чемпионати Русия дар солҳои 1999, 2000, 2001, барандаи медали биринҷии Русия дар соли 1998. Ду маротиба ба руйхати 33 футболбози беҳтарини чемпионати Русия шомил гардид.

Игор футболбозиашро хеле барвақт ба анҷом расонид. Пас аз анҷоми бозиҳо як сол танаффус кард. Аммо баъди танафуси яксола Игор боз ба майдони бозӣ ворид гардид, аммо на ба ҳайси ҳимоятгар балки ба ҳайси мураббӣ. Аввалин фаъолияти мураббигии худро аз дастаи «Локомотив»- и Маскав оғоз кардааст.

Дар бораи мусоҳиба ва суҳбатҳои Игор бештар расонаҳои Русия хабар медоданд. Дар яке аз мусоҳибаҳояш ба у чунин суол дода буданд:

-Дар бораи Душанбеатон нақл кунед. Ин шаҳр барои шумо чӣ маънӣ дорад?

– Бе муболиға ин ватани ман аст. Соле ду бор ба он ҷо панҷ шаш рӯз парвоз мекунам ва ҳоло барои дидани ҳама дӯстон, шиносҳо, ҳамсояҳо, дӯстони падарам вақтам тангтар шудааст. Ман Тоҷикистонро “Шветсарияи хурдакак” меномам. Кӯҳҳои сабз, мардуми меҳмондӯст, ҳавои ширин. Ва он ҷо комилан бехатар аст, бархилофи андешаҳое, ки бисёре дар бораи Осиёи Марказии пасошӯравӣ доранд.

Аммо имсол барои ФФТ як соли бобарор хоҳад буд. Чун Игор Черевченко  ба Тоҷикистон омад  ва сармурабигии дастаи «Истиқлол»- и Душанберо ба ӯҳда гирифт. Игорь Черевченко ба хабарнигорон баъди мураббӣ таъин шудан,  мусоҳибае анҷом дод.

-Игорь Генадевич, дар гузштаи наздик, вақте ки шумо ба «Локомотив» – и Маскав роҳбарӣ мекардед, даста таҳти роҳбарии шумо ҷоми Русияро ба даст овард. Дарҳол пас аз анҷоми бозӣ эълон кардед, ки пирӯзиро ба хотираи падаратон мебахшед. Ба кубоки Аврупо роҳ ёфтани дастаи дигаре таҳти роҳбарии Шумо “Арсенал” ба кӣ бахшида шуд?

-Боз ба кӣ бахшида мешавад? Ба падарам. Маро тарбият кард, мард кард. Як умр аз ӯ минатдорам. Раҳмат ба ҳамватанон, ба дӯстонаш, ки ба хотири ӯ мусобиқаҳо ташкил мекунанд. Як вақтҳо ӯро ба ЦСКА, СКА «Карпати» «Пахтакор» ва дигар командаҳо даъват мекарданд. Аммо ӯ ба клуби худ, ба “Помир” – и Душанбе  содиқ монд.

-Шумо ҳамеша такрор мекунед, ки Тоҷикистон ватани шумост. Оё аз шумо дар ин бора аксар вақт мепурсанд?

-Бале. Ва ман аз ҷавоби саволи онҳо ҳеҷ гоҳ хаста намешавам. Ман дар ин ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаам. Дар Русия ман аз таърифу тавсифи ҷумҳурии худ хаста намешавам ва рафиқонамро пайваста даъват менамоям, ки ба Тоҷикистон сафар кунанд, аз табиат ва ҳавои тозаи он лаззат баранд. Ман онро «Шветсарияи хурди Осиё» меномам. Фахр мекунам, ки дар Тоҷикистон таваллуд ёфтаам. Тоҷикистон ватани аслии ман аст!

-Пешниҳоди кор дар Тоҷикистонро қабул мекунед?

-Ин саволи оянда аст. Барои чӣ не? Ман дар вақтҳои холӣ ҳамеша бо таваҷҷӯҳи зиёд рушди футболи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунам. Дӯстоне ҳастанд, ки  хабар медиҳанд, дар интернет мехонанд. Ман шодам, ки ФФТ зуд-зуд баргузории мусобиқаҳои ҷавононро оғоз кардааст. Истеъдодҳое, ки ин мусобиқот кашф хоҳад кард, шояд дар оянда дар дастаҳои беҳтарини ҷаҳон бозӣ кунанд. Ватани мо- Тоҷикистонро тараннум хоҳанд кард. Ман ба ин боварӣ дорам. Ба ҳамаи мухлисони футболи Тоҷикистон сулҳу осоиш орзумандам.

Таҳияи Барно Тағоева, хабарнигори мактаби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь