(Аз сарнавишти Виктор Ҳугӯ ва Садриддин Айнӣ)
Виктор Ҳугӯ, нависандаи забардасти фаронсавӣ, вақте ки романи “Мардудшудагон”-ро (“Отверженные” –ба русӣ ба ҳамин ном чоп шудааст) дар бораи ҳаёти табақаи коргари асри Х1Х Фаронса менависад, ҳукумати вақт ӯро ба туҳмати воқеият айбдор мекунад ва ба додгоҳ кашида, ҳабс карданӣ мешавад. Ҳугӯ пинҳон мешавад ва аз кишвар берун меравад. Ҳукумат барои хабар додани ҷойи буду боши Ҳугӯ 50 ҳазор франк маблағ ваъда мекунад, ки дар он замон маблағи хеле калон буд. Баъди чанде дили Ҳугӯ ба ватан ва дӯстонаш танг мешавад ва махфӣ ба Париж бармегардаду шоме кулоҳу айнаки сиёҳе пӯшида, ки нашиносанд, фойтунеро киро карда, ба хонаи дӯсташ рафтанӣ мешавад. Чун ба манзил мерасад, ба фойтунчӣ 5 франк роҳкиро дароз мекунад, ки аз ҳаққи роҳкиро 10-15 маротиба зиёдтар буд. Фойтунчӣ пулро намегирад ва чунин мегӯяд: – Ҳамин ҳоло, касе ки аз баҳри 50 ҳазор франк гузашт, бе ин панҷ франк ҳам метавонад зиндагӣ кунад, ба худ нигоҳ доред, ба шумо даркор мешавад. Ҳугӯ беихтиёр: – Воҳ! – мегӯяд, зеро мефаҳмад, ки фойтунчӣ ӯро шинохтааст ва илова мекунад: – Миллате, ки як нафар ҳамин гуна кас дошта бошад, нобуд нахоҳад шуд!
Ман вақте ин ҳикоятро хондам, сахт ба риққат омадам ва фикр кардам, ки оё дар байни мардуми мо ҳам ҳамин гуна як нафар пайдо мешуда бошад? Ин фикр маро рӯзҳову моҳҳо раҳо намекард, то як рӯз дар поварақи як чопи “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам”-и устод Садриддин Айнӣ чанд ҷумла хондам. Устод ба ин мазмун навишта буд: Вақте маро бо туҳмат дар намоиши шукронаи ҷадидҳо иштирок кардӣ, гӯён, аз ҳуҷраам дастгир карда, ба назди қушбегӣ (сарвазир) оварданд, ки маҳкумам кунад, қушбегӣ аз рӯи шариат барои тасдиқи шахсияти ман аз се нафар бояд мепурсид, ки ман Айнӣ ҳастам ё не? Вақте ӯ чунин суол кард, тамоми издиҳоми дарбориён бо як овоз “ин Айнист” гӯён фарёд заданд, вале аз байни он фарёдҳо ба гӯши ман садое расид, ки як нафар “не, ин Айнӣ нест”, мегуфт. Ман ба он сӯ нигаристам ва дидам, ӯ дуторие буд дар дастаи навозандагони амир, ки маро нағз мешинохт. Хуб шуд, ки қушбегӣ аз байни он фарёдҳо овози ӯро нашунид, вагарна барои ин дурӯғаш, ки маро аз ҷазо халос карданӣ буд, ӯро ҳам 75 чӯб мезанонд, ки ҳатман мемурд.
Вақте ман ин ҷумлаҳоро хондам, сахт мутаассир шудам, зеро дар марвиди Ҳугӯ фойтунчӣ аз баҳри 50 ҳазор франк, ки бо он тамоми умр бе муҳтоҷӣ зиндагӣ карданаш мумкин буд, гузашта бошад, дар мавриди Айнӣ шиносаш аз ҷонаш гузашта буд. Ва ман он вақт ин шеърро аз зиндагии устод Айнӣ навиштам.
Ҳоло ба ин воқеа андешида шавад, ки Аморати Бухоро дар аввали асри гузашта чӣ гуна мехост Айниро нобуд кунад, зеро 75 дурра задан баробари куштан буд ва каси дигар, ки ҳамон рӯз баробари Айнӣ ҳамин гуна ҷазо гирифта буд, бимурд, вале Айнӣ ба хушбахтии мардуми тоҷик, бо мадади сарбозони инқилобии рус зинда монд.
Дар охири аср Сардори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин унвони олии мамлакат- Қаҳрамони Тоҷикистонро ба устод Айнӣ эҳдо карда, адолати таърихиро барқарор менамояд, ки барҳақ мавриди шукру сипос ва таҳсину таҳният аст. Дар ин аст фарқи муносибат ба чеҳраи дурахшонтарини фарҳангӣ дар гузашта, замони ҳукумати амирии Бухоро ва имрӯз, дар давлати демократии Тоҷикистон. Инак, он шеър.
ОФТОБИ ХУНШОР
Тираву пурбим буд паҳнои арк,
Рафта буд хуршед аз болои арк.
Лашкару дарбориён аз ду тараф,
Дар миёни аркмайдон баста саф.
Ҳукм мебурданд Айниро кашон,
Буд сараш бар мушти бадхоҳон нишон.
Хирагӣ мекард туф бар рӯйи нур,
То кунад чун хеш ӯро низ кӯр.
Лек Айнӣ бегумон медид дур,
Олами муздуру марги ин судур.
Чун фуромад боз муште бар сараш,
Рафт зӯри охирин аз пайкараш.
Ҳушаш омад, ки зи по афтондаанд,
Назди як ғӯле ба зону мондаанд.
Дарзамон мехост бархезад зи ҷо,
Қуввату тобу тавон аммо куҷо?
Қӯшбегӣ гуфт: «Ин Айнӣ бувад?»
«Ҳо, бале!» – гуфто гурӯҳе деву дад.
Ногаҳон омад садое синасӯз,
«Нест Айнӣ ин, Худоё, ин чӣ рӯз?»
Зери лаб мегуфт Айнӣ чораҷӯй,
Балки ин мегуфт ҳар як тори мӯй:
«Эй дутории фақире аз авом,
Эй ту номуси азизу поки ом,
Як ҳамин овози ту омад ба гӯш,
Аз миёни шӯру ғавғо чун сурӯш.
Як ҳамин овози ту бас буд маро,
К-он сипар бар ҷону бар тан шуд маро.
Баъд аз ин оянда ҳам нобуд нест,
Ранҷи ман беҳудаву бесуд нест.
Эй фидои ин дурӯғи ту манам,
Ман ба роҳи ростин ҷон меканам».
Пас садои қӯшбегӣ шуд баланд,
Чун ба санге хӯрдани неши каланд:
Дурра мебояд задаш ҳафтоду панҷ,
То бидонад хуб озодӣ чӣ ганҷ.
Ғӯлае бигрифт дар пушташ варо,
Доманаш бурданд то гардан фаро.
Ду нафар аз дасту пояш доштанд,
Бо адоват дурраҳо бардоштанд.
Кард сар мири ғазаб: «Бир, экки, уч…»
Мефуромад зарбаҳо бар пушти луч,
Канда ҳар як зарбааш як лахти гӯшт,
Кӯфт дарҳам пораҳои сахти гӯшт.
Дурра шуд аз хун чу шохи арғувон,
Аз лаби Айнӣ наомад як фиғон.
Баски дар пушташ намонд аз гӯшт ҳеч,
Устухон аз зарбаҳо мехӯрд печ.
Чун ҳисоби дурраҳо бишнид: Шаст,
Гӯиё ҷисмаш ба ҳавзи хун нишаст.
Як замоне шасту шаш омад ба гӯш,
Издиҳому миш-мишаш омад ба гӯш:
«Ин чӣ сагҷоне, ки ҳоло зинда аст,
Ғарқи хуну сар ба боло зинда аст?…»
Боз нуҳ зарби дигар омад ба пушт,
Ӯ нигаҳ бар қӯшбегӣ кард, кушт.
Дид майдон, к-офтоби тозарӯ,
Медамид аз шонаи хуншори ӯ!