Дар замони муосир пуржаи исломи сиёсӣ як бозии хатарноке гардидааст, ба дасти қудратҳои минтақавиву ҷаҳонӣ ки онон аз авоқибу натоиҷи тавсеа додани ин гурӯҳҳо наандешида, ҳар кадоме аз ин лоиҳа мехоҳанд бар суди хеш манфиат бардоранд. Ҳамин аст, ки дар кишварҳои минтақа даҳҳо гурӯҳҳои исломи сиёсӣ амал мекунанд, ки ҳар кадоме ба хотири манофеи кишварҳои гуногуни минтақавӣ равона гардида, бо сармоягузорию аслиҳа таъмин гардонида мешаванд.

Даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ бо ҳадафҳои муайяни сиёсӣ амал карда истодаанд. Имрӯз бозии исломгароӣ бо ҳадафи саркуб кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба вуҷуд овардани бенизомӣ, ҳараҷу мараҷ ва аз байн бурдани пояҳои тамаддуни инсонӣ ба роҳ монда шудааст. Вале бояд ин ҷо масъаларо аз решаи аслии ҳамаи ин бадбахтиҳо, ки маншаъ аз набуди ҷаҳонбинии илмӣ ва маорифи дунявӣ аст, донист.

Мутаассифона, дар кишварҳои мусалмоннишин бахусус кишварҳое ки низоми исломӣ доранд, аксар аз нухбагони сиёсӣ кушиш ба харҷ медиҳанд, то мардумон аз донишҳои имрӯза ва муосири башарӣ камтар бархурдор бошанд. Онҳо салтанати хешро чун дар нодонии мардумон дармеёбанд, аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ тарафдори он нестанд, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷаҳонбинии илмиву тафаккури дунявӣ огоҳӣ дошта бошанд. Тарс аз донишу огоҳӣ барои нухбагони сиёсии ин кишварҳо боиси он мегардад, ки мардумон дар бинишҳо ва  ҷаҳолати асримиёнагӣ дармемонад. Аксари мардум ба тафаккури бовармандӣ ва  ба донишҳои асри миёнагӣ такя намуда, гумон меварзанд, ки бунёди ҳама ҳақиқатҳо дар ҳамон тарзи тафаккуру ҷаҳонбиниии онҳо нуҳуфтааст. Аксар ин гуруҳҳо худро донишманд ба афкори динӣ вонамуд карда, маҷмуи амалкардҳо ва шеваҳои хашини асримиёнагиро ба ҳайси қавонини диниву шариатӣ мавриди иҷро дармеоваранд.

Аслан таассубзадагони динӣ ҳеҷ гоҳ чунин андешаро қабул надоранд, ки ба вуҷуд омадани ҳар навъи меъёр, дидгоҳ, ҷаҳонбинӣ ва қонун аз рӯи заруриёти иҷтимоӣ аст ва бо дигаршавии ҷомеа, заруратҳо ҳам тағйир меёбанд ва боястӣ меъёрҳо ва равишҳову қонунҳо низ тағйир кунанд. Ин нафарон равиши таҳаввули   инсон ва ҷомеаи онро дарк карда наметавонанд. Ҳамин гуна бархурд боиси он мешавад, ки дину боварҳои инсониро аз кори фардӣ ба кори сиёсӣ табдил медиҳанд ва онро ба хушунату ҷаҳолат омехта намуда, ба василаи саркӯбии инсон табдил медиҳанд.

Ҳалли асосии роҳи бурунрафт аз вазъияти мавҷуда огоҳии саросарии мардум аст. Ҷангу бархӯрд ва кашмакашҳои доманадор низоми омӯзишу парваришро дар баъзе кишварҳо фалаҷ гардонидаанд. Аз тарафи дигар, аксари сармоягузорон на маорифи дунявӣ, балки маорифи диниву суннатиро тарвиҷ додаанд. Фақат ниҳодҳои диниро барои ғароизи худашон таъсис намудаанд. Мутаассифона, ҳокимияти чунин кишварҳо натавонистаанд аз навъи аҳсант барои огоҳонидани мардум ва боло бурдани  сатҳи омӯзишу парвариш саҳми муассире гузоранд. Вазъи ба вуҷуд омада бори дигар собит менамояд, ки ҷомеа ҳар қадар нодонтар ва мутаассибтару хурофотитар бошад, он ҳамон қадар бемуқовимат ва ҳамон қадар осебпазир мегардад.

Дар баробари омилҳои гуногун, ки боиси  бадбахтии инсонҳо мегарданд, яке аз омилҳои асосӣ таассубу нодонӣ, хурофазадагӣ  ва ҷаҳолати фарогирро метавон махсус қайд намуд. Яке аз масъалаҳои асосӣ таълиму тарбия аст. Яке аз амалҳои пайравони исломи сиёсӣ  муқобила бо омӯзишу парвариш ва тарзи донишгирии муосир аст. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро гурӯҳҳои исломгаро аз маорифу донишҳои дунявӣ ин қадар ҳаррос доранд?! Онҳо хуб медонанд, ки нафароне, ки донишҳои дунявӣ доранд, ин амалкардҳои ифротиву таассубии онҳоро намепазиранд. Ҳамин аст, ки ин гуруҳҳо нахустин корҳоеро, ки анҷом медиҳанд, аз барномаҳои таълимӣ ҳазф кардани донишҳои дунявӣ ва бартарият додан ба ҳамаи самтҳои илоҳиётшиносӣ буд. Аз ҷониби дигар онҳо духтаронро аз гирифтани таълимот ва омӯзиш  маҳрум менамоянд. Инҳо хуб дарк мекунанд, ки дар тарбияи фарзандон нақши занон калидӣ аст ва ҳар қадар сатҳи дониши занон боло равад, сатҳи тарбияти фарзандон низ аз ҷониби онҳо боло меравад. Вале барои ин гуруҳҳо табаъияту тобеъин ҳар қадар нодонтар ҳамон қадар беҳтар аст. Ҳамаи ин бозгукунандаи он аст, ки барои гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳар шакле набошанд, маърифати дунявӣ ва таълиму тарбия яке аз душманони сарсахт ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, барои ба тарзи решагӣ мубориза бурдан ба ин гурӯҳҳо ба роҳ мондани тарзи таълиму тарбияи дуруст ва ба зеҳни афроди кишвар расонидани арзишҳои дунявӣ ва саодати башарӣ аст.

Имрӯз ҳар фарди соҳибхиради ҷомеаро зарур аст, ки дар ростои шинохти вазъи воқеии ҷаҳон ва суистифода шудани бовару арзишҳои динӣ ба дасти гурӯҳҳои манфиатталаб дар сатҳи минтақавиву ҷаҳонӣ таҳлил ва огоҳӣ дошта бошанд ва бояд дарк намоянд ки аксар аз он нафароне ки худро ҳомии дину оин эълон медоранд, пушти ҳамаи ин бозиҳо, манфиатҳо ва кишварҳову қудратҳое истодаанд, ки барояшон ба ҷуз аз манфиати худашон манфиати мардумони дигар  зарае арзиш нахоҳад дошт. Танҳо ҷомеае метавонад дар муқобили чунин раванд истодагарӣ намоянд, ки огоҳии дуруст ва дарки амиқ аз бозиҳои хатарноке ки бо номи ҳифзи арзишҳои динӣ сурат мегиранд, дошта бошад. Таблиғоти густурдае, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ба ном “ҳомии дин” ба роҳ монда мешаванд, онҳо бояд ҷиддан таҳлил карда шаванд ва пушти пардаи онҳо барои мардумон бояд ошкоро бошад. Ҳар фард бояд дарк намояд, ки дину оин ва ҳар арзише ки башар то ба имрӯз оваридааст, онҳо бояд барои зиндагисозии инсоният хидмат кунанд, на барои аз байн бурдани зиндагии инсонӣ ва тамаддуни инсонӣ равона карда шуда бошанд. Барои инсоният аз худи зиндагии инсонӣ арзиши болотаре вуҷуд надорад.

Дину оин ва боварҳои инсонӣ, муқаддасу беолоиш танҳо дар низоми дунявӣ боқӣ хоҳанд монд. Зеро дар низоми динӣ талоши мазҳабу боварҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракоти динӣ ба бартар эълон намудани як мазҳаб ва асли ҳақиқат арзёбӣ намудани як дидгоҳ, бар дигарон тамғазанию барчаспҳои муртаду кофир боиси ҳараҷу мараҷ аз байн рафтани инсонҳо ва ҳамчунин нобудӣ осори гузаштаю тамаддунӣ ба миён меояд.

Имрӯз аҳли кишвари моро зарур аст, ки  дар самти огоҳии ҷомеа раванди омӯзишу парвариш таблиғи ҷаҳонбинии илмиву арзишҳои дунявӣ саҳмгузорӣ намоем, то ки дар маҷмуъ барои боз ҳам боло рафтани огоҳию ҷаҳонбинии афроди кишвар таъсир  намуда, ҷомеаро дар баробари хатарҳои ифротгароиву терроризм ҳифз карда тавонем.

И. Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь