Истилоҳи секуляризм Secularism, ки решаи лотинӣ дорад, як вожаи англисӣ аст, ки аз назари луғавӣ ба маънои гуруҳе аз мардуми мухолиф дар муқобили руҳониён мебошад, ки дар ҳақиқат дар садаҳои 16 ва 17- и мелодӣ дар оғоз ба равиши гуруҳе аз пайравони мазҳаби протестантҳо  дар муқобили руҳониён ва дастгоҳи мазҳаби католик гуфта мешуд. Ба баёни дигар дар он  садаҳои “секуляр” ба олими дунявӣ ва ғайридинӣ дар муқобили олими маънавӣ ва руҳонӣ гуфта мешуд. Ва дар забон ва урфи класикии масеҳияти кунунӣ, манзур аз секуляризм нуқтаи муқобили ҷовидонагӣ ва улуҳият (илоҳӣ) ба маънои ҳар чизе аст, ки ба зиндагии ин ҷаҳони моддӣ тааллуқ дорад ва ба ҳамон нисбат аз маънавият ва умури илоҳӣ (худоӣ) дур аст.

Аммо маъно ва мафҳуми истилоҳӣ, секуляризм иборат аст аз ҷудоии дин аз ҳавзаи сиёсат ва фарҳанги ҷомеа, ва шинохтани дин ба унвони як воситаи шахсии фарди диндор бо Худо ва дар зимн ишора мешавад, ки истилоҳи “Лайко” ва “Лаизм”, ки ба маънои назарияи хуруҷ аз силки (гуруҳи) руҳониюн ва шеваи зиндагии иҷтимоии озод ва ғайривобаста ба дин ва тафкики (ҷудоии) дин аз сиёсат аст,  яке аз масодиқи (далелҳои) секуляризм мебошад.

Баъзе секуляризмро ба ду гуна ё дар ду мартаба тақсим кардаанд:

Секуляризми мулоим ва қобили қабули диндорон, ки ҳамон ҷудоии дин аз сиёсат ва фарҳанги иҷтимоӣ ва пазириши дин ба унвони як ниҳоди иҷтимоӣ аст, ки қабл аз садаи нуздаҳум и мелодӣ дар Аврупо ривоҷ пайдо кард.

Секуляризми тундрав аст, ки ҷанбаи илҳодӣ ва атеистӣ дорад, ки акнун дар ҷавомеъи Ғарбӣ бештар мавриди назар аст.

Сайри таърихи секуляризм дар Ғарб

Секуляризм дар сайри такомули худ дар Ғарб, марҳилаҳоеро тай карда аст ва дар ҳар марҳила мафҳуми хос ва пешрафтае пайдо карда аст, ба ин тартиб:

Тафкики (ҷудо намудани) кашишон ба ду даста: дар дафъаи нахуст дар ҳамон авохири садаи шонздаҳ ва авоили садаи ҳафдаҳи мелодӣ, дар дохили ташкилоти калисо, секулярҳо кашишоне буданд дар мазҳаб протестант ба номи “кашишони урфӣ (анъанавӣ)” ки дар хидмати мардум ва халқ буданд. Дар муқобили дастаи дигар аз онон, ки сару коре бо мардум омӣ надоштанд, балки бештар дар хидмати калисо ва ташкилоти динӣ буданд, ки таҳти унвони “кашишони динӣ” амал мекарданд.

Давраи ҷудоии дин аз сиёсат: Дар садаи 18-и мелодӣ дар Ғарб, бо пешрафти илмҳои ҷадид ва зуҳури ислоҳоти сиёсӣ, мафҳуми секуляризм такомул ёфта, ба маънои ҷудо донистани дин аз сиёсат ва ҳукумат ва фарҳанги ҷомеа тағийр шуд, ва хавоси (зиёиёни) ҷомеаҳои ғарбӣ муътақид шудананд, ки дин набояд дар умури зиндагии дунявӣ, монанди масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, омузиш ва парвариш ва қонунгузорӣ дахолат кунад; балки вазифаи дин дар ҷомеа танзими масоили ахлоқӣ ва умури марбут ба издивоҷ ва талоқ ва иҷрои маносик (қоидаҳои динӣ) ва маросими дуост.

Давраи бартарии давлат бар калисо: Дар садаи 19- и мелодӣ тарафдорони секуляризм танҳо ба маҳдуд кардани қаламрави дин ва ҷудоии дин аз ҳукумат ва сиёсат иктифо накарданд; балки ба тадриҷ муътақид шуданд, ки давлат ва мазоҳири онро бар дин ва калисо бояд мусаллат (ҳукмрон) сохт ва дар тадбири умури ҷомеа, дин ва калисоро зери таъсири  ҳукумат ва давлатҳои асосёфта бар демократӣ қарор доданд.

Давраи ҳазф (рад) ва канор гузоштани дин: Арбоби калисо ва дин ёрони масеҳӣ, ки дар баробари мухолифони худ қаламрави динро дар буъди (ҷиҳати) маърифатӣ ба шакли он карда буданд, ин бор дар авохири садаи 19 ва садаи 20-и мелодӣ дар муқобили мактабҳои фалсафии либерализм, материализм ва сотсиализм қарор гирифтанд ва мавриди ҳамлаҳои фикрии он мактабҳо воқеъ шудаанд; Ва ин мактабҳои атеистии динро дар ҷомеа амри зоид (зиёдати) ва музоҳим (халалрасон) шумурданд. Чунон ки Карл Маркс дар гузашта дар соли 1882-и мелодӣ, динро афюни ҷомеа дониста ва онро василае барои мухаддар сохтани  афкори афроди ҷомеа шумурдааст!

Ба ин тартиб, дар бештар ҷомеаҳои ғарбӣ, гузашта аз материализм, позитивизм, сотсиализм ва гуманизм, секуляризм ва лоизм масоили мовароитабииро тард (ронда) карда ва аз илмият дур пиндоштанд‐ албатта, ҳамаи ҷомеаҳои ғарбӣ чунон талақӣ (фаҳмиш) аз динро надоранд; Балки аз дидгоҳи демократӣ ва биниши либералистии динӣ, динро як амри шахсӣ шумурд ва дар садади ҳазфи (инкори) он бар наёмаданд. Дар забони илмии арабӣ мақулаи (категорияи) секуляризмро ба унвонҳои “ал‐илмония” ва ё “ал‐аламония” хондаанд. Аввалӣ, муштақ (бархоста) аз илм аст; Зеро яке аз хусусиёти секуляризм даъват ба илмиандешӣ ва илмгароӣ аст. Қироати дуввумӣ муштақ аз “Олам” аст; Зеро яке аз маонии он ҷаҳонӣ шудан ва истиқлоли ақли инсон дар ҳамаи абъоди зиндагӣ аст, бидуни ин ки ниёзе ба дин бошад.

Ба ҳар минвол, (шакле) аз мафҳуми секуляризм, дар таҳаввулоти таърихии он дар Ғарб мақулаҳои дигаре, монанди либерализми динӣ, лоизм ва плюрализми динӣ ба унвони фирқаҳо ва натоиҷи он падид омаданд, ки дар поин ба инҳо ишора хоҳем кард.

Заминаҳои пайдоиши секуляризм дар Ғарб

Чунон ки медонем, биниши секуляризм дар тамаддуни Ғарб аксуламале будааст, дар робита бо рафтор ва кирдори арбоби Калисои масеҳият бо зиндагии илмӣ ва сиёсии мардуми Аврупо, дар садаҳои 17 ва 18‐и мелодӣ; Ва дар асри ҳозир ҳам баъзе (нима) равшанфикрони мусалмон ҳам таҳти таъсири он воқеъ шуда, ва дар осори худ масоили онро тавзеҳ дода ва тавҷеҳ (тасдиқ) кардаанд.

Ба ҳар минвол, чунон ки ишора шуд, заминаҳои секуляризм дар Ғарб чанд чиз ва дорои решаҳо ва муқаддамоти динӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ будааст, монанди:

Заминаҳо ва омилҳои динӣ: Яке аз муҳимтарин омилҳои пайдоиши биниши секуляризм дар Ғарб, ҷанбаи динӣ доштааст‐яъне дар баъзе матнҳои муқаддаси динии масеҳият (Таврот ва Инҷил) ишороте бар тафкики (ҷудоии) дин аз сиёсат омадааст. Чунонки дар таълимотҳои Исои Масеҳ дар Инҷилҳо мардум ба маънавият ва ахлоқи малакутӣ (пок) даъват шудаанд, ва дар онҳо таваҷҷуҳ ба умури моддӣ ва сиёсӣ инҳироф (бероҳагӣ) аз хости Худо шумурда шудааст. Ва ин омузиш дар онҳо дида шудааст, ки: “Бояд кори Қайсар (ҳокими сиёсии Рим) ба Қайсар, ва умури маънавӣ ва кори дин ба Худо вогузор шавад”. Ва аз тарафи дигар дар садаҳои миёна, омузаҳои инҳирофии (бероҳаи) калисои масеҳият мисли фуруши омурзиш ва хариди гуноҳ боис шуд, ки равшанфикрон мудохилаи дин дар умури зиндагӣ ва сиёсии мардумро нораво бишморанд.

Омилҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ: Чунонки гуфта шуд, дар охирҳои асрҳои миёна аъмол ва кирдори арбоби калисо бар хилофи мавъиза ва шиори аввалияи калисо такя бар соддазистӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба молу мақоми моддии дунявӣ, таваҷҷуҳ ба мол ва мақом табдил шуда буд; Аз ин ру мардум ба тадриҷ аз онҳо руй гардон шуда ва ба дахолати дин дар умури моддӣ эътироз мекарданд.‐Ба вижа зуҳури баъзе фасодҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дар миёни қишри динёрони масеҳӣ ва арбоби калисо, боиси сустии имони мардуми доно нисбат ба дин ва матолиби китоби муқаддас гардид. Ва рафта‐рафта ин ақида пайдо шуд, ки набояд калисо ва дин дар умури иҷтимоӣ ва сиёсии мардум дахолат кунад; ва ба вижа музоҳиматҳои (сахтгириҳои) Созмони тафтиши ақоиди калисо (Инквизитсия) ва такфири (кофиршумории) мухолифон ва таарруз (таҳдид) ба донишмандон ва эъдоми онҳо боиси танаффури мардум аз дин гардид ва динро як амр ва эътиқоди шахсӣ шумурданд.

Доктор Юсуф Фазоӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь