Сарзамини Хуросон яке аз минтақаҳои таърихи тоҷикнишин ва аз марказҳои аслии илму фарҳанги форсу тоҷик ба шумор рафта, минтақаи фарохеро дар бар мегирад. Ин минтақа, дар масири таърих бисёр донишмандону нобиғагонро ба арсаи илм ворид намудааст, ки онон дар муаррифии ин минтақа саҳми арзишманде гузоштаанд.

Дар тӯли таърих Хуросон, ки минтақаи пурнеъмат ва хушбоду ҳаво буд, диқати аҷнабиёну истилогаронро ба худ ҷалб менамуд ва ҳамин буд, ки дар муддати чанд қарн аз даст ба даст гузашта, тобеи ин ё он давлат мегашт. Гарчанде, ки аз асри X шурӯъ намуда, вуруди густурдаи туркҳо ба ин минтақа афзун шуда бошад ҳам, мардуми маҳаллӣ, яъне тоҷикон дар ин минтақа нуфузи зиёд доштанд. Ҳамзамон, новобаста аз таъсиси давлатҳои туркию муғулӣ забони форсӣ-тоҷикӣ забони коргузории он давлатҳо ва забони аҳли илму фан буд. Беҳуда нест, ки ҳанӯз донишманди машҳури тоҷик Закариёи Қазвинӣ дар асари нотакрори худ “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” ин маконро “аз беҳтарин сарзаминҳои Худо ва ободтарину пурбаракаттарини онҳо” шумурда, сокинони онро аз “ҷиҳати сурату сират ва илму дониш беҳтарин мардумон” ҳисобидааст ва қайд намудааст, ки “Шавқу рағбати онҳо ба дину илм аз дигарон беҳтар аст”[4.360]. Ибни Фақеҳ низ, пештар аз Қазвинӣ доир ба ин минтақа ва мардумаш навишта, қайд месозад, ки “Хуросонро ҳавои хуб аст ва оби гуворо ва хоки солим ва меваҳои хуштамъ. Мардуми Хуросон офаринише устувор доранд ва андоме комилу қомате баланд ва чеҳрае зебо ва эшонрост маркабҳои чусту чолок, чун анвоъи астару асбони тоторӣ ва шутуру улоғ (маркаб, сутур – С. М) ва худ созу барги ҷангӣ ва зиреҳ ва пӯшоки хуб доранд… ва хуросониён худ худованди тиҷорату ҳукумату фиқҳу донишанд” [15.21;9]

Далелҳои таърихӣ баёнгари он аст, ки сарзамини Хуросон дар дарозои таърих, ҳеҷгоҳ дорои марзи муайяни ҷуғрофӣ набуда, таҳти таъсири авомили мухталиф, маҳдудаш ҳамвора коҳиш ё густариш ёфтааст. дар сарчашмаҳои ҷуғрофӣ маҳдудаи Хуросон гоҳе васеъ ва баъзан маҳдуд мешавад. Ҷуғрофидони машҳури форс-тоҷик Истахрӣ дар китоби худ «Масолику-л-мамолик» дар бобе аз минтақаи Хуросон зикр намуда, ҳудуди онро муайян намудааст, ки ин гуна аст: “Шарқи Хуросон навоҳии Сиистон ва диёри Ҳиндустон бошад… ва ғарби Хуросон биёбони Ғазнӣ ва навоҳии Гургон… ва шимоли Хуросон Мовароуннаҳр, баъзе аз билоди туркистон ва Хутал ва ҷануби Хуросон биёбони Порс ва Қумис” [14.202]. Дар сарчашмаи ҷуғрофии асри X-и мулалифаш гумном «Ҳудуд-ул-олам» бошад дар мавриди ҳудуди ҷуғрофии Хуросон чунин омадааст: “Ноҳиятест, машриқи вай Ҳиндустон аст ва ҷануби вай баъзе аз ҳудуди Хуросон аст ва баъзе биёбони Каргаскӯҳ ва мағриби вай навоҳии Гургон аст ва ҳудуди Ғур ва шимоли вай рӯди Ҷайҳун аст” [11.53].  Муаррихи машҳури қарни XV Ҳофиз Абру бошад, ҳудуди Хуросонро чунин арзёбӣ намудааст: “… ҳади шарқии он манбаи Омуя ва ҷиболи Бадахшон ва кӯҳҳои Тахористон ва Бомиён ва эъмоқи билоди ғарбӣ ва Кобул ва моварои ҷиболи Ғур, ки манбаи Ҳирманд аст, ҳади ғарбии он…то Баҳри Хазар ва баъзе аз ҳудуди Қумис…, ва ҳудуди шимолии Хуросон мунтаҳӣ мешавад ба Ҷайҳун… ва ҷануби Хуросон ҳудуди Синд аст…” [13.44-45] ва он марзҳои имрӯзаи Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва ба таври фарохтар Узбакистон, Тоҷикистон, як бахши Қирғизистон ва шимоли Ҳиндустонро низ метавон ба Хуросони таърихӣ шомил намуд.

Бояд гуфт, ки аз нахустин қарнҳои баъд аз ислом, ба хусус дар даврони Хилофати Аббосиён Хуросон ба яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони ислом табдил шуд. Бо ташкилёбии ҳукуматҳои мустақил дар ин минтақа, ба мисли Тоҳириён, Сафориён ва Сомониён бар ин аҳамият афзуда шуд ва давлатҳои баъдӣ чун Ғазнавиёну Салчуқиён бо дарки аҳамияти муҳими он, ин минтақаро ба яке аз марказҳои аслии қаламрави давлати худ табдил медоданд.

Хуросон дар ибтидои XIII қисман ба ҳайати давлати тоҷикии Ғур ва қисмати дигар ба ҳайати давлати Хоразмшоҳиён дохил мешуд. Сулолаи туркии Хоразмшоҳиён бо сарварии Муҳаммади Хоразмшоҳ дар соли 1215 салтанати Ғуриёнро барҳам дода,  Хуросонро пурра ба ҳайати давлати хеш ҳамроҳ менамояд. Дар ин давра Хоразмшоҳиён пурқудраттарин кишвари мусулмонии Шарқ маҳсуб меёфт ва ҳудуди бузургеро аз сарҳади Чин то баҳри Миёназамин фаро мегирифт. Дар ҳамин ҳангом, империяи муғулҳо дар самти Шарқ бо сардории Чингизхон ташаккул ёфта, оҳиста – оҳиста ба тасарруфи кишварҳои ҳамсоя пардохт. Муғулҳои бодиянишин шаҳрҳои ободу зебои Мовароуннаҳру Хуросонро дида чашми ҳасрат медӯхтанд ва барои забти ин ҳудудҳо тадорукоти ҳарбӣ омода менамуданд.

Ҳангоми ҳуҷуми Чингизхон ба Мовароуннаҳру Хуросон вазъияти давлати Хоразмшоҳиён ниҳоят мураккаб буд. Лек, бо вуҷуди ин Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки артиши бештар дошт, равияи ҷангталабонаро пеш гирифт. Фоҷиаи Утрор баҳонае барои ҳуҷуми урдуи муғулҳо ба хоки Мовароуннаҳу Хуросон гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳангоми лашкаркашии муғулҳо ба шаҳру навоҳии Хуросон дар ин минтақа артиши калоне мавҷуд набуд, ки пеши роҳи душманро гирад. Яъне, вақте ки муғулон  вориди Хуросон шуд, ин мамлакати бузург “бе шоҳу вазир” буд ва халқ парешону ҳайрон монда буданд [9.273]. Аз ин рӯ аҳолӣ ва қувваи ҳарбии мавҷудаи ҳар як шаҳр худро муҳофизат мекарданд. Асоситарин шаҳрҳои Хуросон Балх, Марв, Нишопур ва Ҳирот ба шумор мерафтанд. Дар баробари ин, шаҳрҳои дигаре ба мисли Толиқон, Бомиён, Ғазна, Фирузкӯҳ, Заранҷ, Нисо ва ғайра мавҷуд буданд, ки аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва нуфузи хеле калон доштанд. Балх – қадимтарин шаҳри тоҷикон, ки дар гузашта бо номи Бохтар (модари шаҳрҳо) маъруфу машҳур буда, ба қавли ҷуғрофиёдони асри XIII Закариёи Қазвинӣ он аз “бузургтарин мамлакатҳои Хуросон…”[4.331] ба шумор мерафт. Шаҳр ободу зебо буд ва яке аз марказҳои илму фарҳанг ба шумор мерафт, вале ҳамлаи Чингиз Балхро ба харобазор табдил намуд. Муғулҳо соли 1221ба инҷо лашкар кашиданд. Ҳанӯз муғулҳо ба шаҳр нарасида, пешвоёни шаҳр бо пешкашҳо назди Чингиз рафтанду фармонбарии худро эълон намуданд ва аз ӯ талаби амонии шаҳр ва мардумони Балхро карданд. Чингихон дархости ононро қабул намуд. Берунрафтагон ба қавли ин  мустабиди муғул бовар карда, дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи муғулҳо кушоданд. Аммо, вақте ки лашкари  муғул ба шаҳр даромад, Ҷувайнӣ иттилоъ медиҳад,ки аз тарафи Чингиз “фармон шуд то ҳар халқ, ки дар Балх буд, тамоматро ба саҳро бароварданд ва шумор карданд ва бифармуд…, то эшонро бар шамшер гузарониданд ва аз тару хушк асар нагузоштанд… Ва дар он вақт, ки Чингизхон аз ҳади Пешовар муроҷиат кард ва ба ҳудуди Балх расид, ҷамоате аз парокандагон, ки дар кунҷҳову сурохҳо мухтафӣ монда буданд ва берун омада, тамомати эшонро бифармуд, то бикуштанд… Ҳар куҷо деворе бар пой монда буд, бияндохт ва ба тозаги осори иморат аз он… маҳв кард” [9.274]. Ибни Асир бошад, дар асари худ баръакси инро нишон додааст. Ӯ менависад, ки “Мардуми шаҳри Балх амон хостанд ва ба эшон амон дода шуд. Аз ин рӯ… шаҳрро таслими лашкариёни муғул карданд.

Дигар аз шаҳрҳои маъруфи Хуросон шаҳри Ҳирот ба шумор рафта, яке аз марказҳои аслии тоҷикнишин буд. Закариёи Қазвинӣ низ навиштааст, ки “Ҳирот аз васеътарин манотиқи Хуросон қасаба ва бахшҳои мутааддид бо ҷамъияти бисёр буд, бештари онҳо санъатгар ё пешовар буданд ва ин вазъ то замони ҳамлаи муғул боқӣ буд” [5.482]. Тулуйхон баъд аз забту ба хок яксон намудани Нишопур ба лашкари бузурги худ ба суйи Ҳирот раҳсипор шуда, дар роҳ чандин деҳаҳои хурду калонро вайрону валангор намуд. Он замонҳо, Ҳирот яке аз марказҳои илмию фарҳангӣ ва ободу пешрафтаи тоҷикон буд. Дар воқеъ, шаҳр бо ин қадар ободию пешрафт дорои артиши бузург низ буд ва барои дифоъ аз муғулҳо хуб омода шуда буд. Ҳокими Ҳирот Шамсуддин дар сафи пеши лашкари худ қарор гирифта, бад ин васила руҳияи артишашро боло мебардошт ва қаҳрамонона мубориза мебурд. Лек, дар аснои ҷанг аз тири душман ба ҳалокат расида, ҷон ба Ҷонофарин супорид. Чингизиён аз ин ҳолат хуб истифода бурда, бо макру ҳилла шахсони обруманди шаҳрро ба сулҳ розӣ кунониданд. Руҳониён дарвозаҳои шаҳрро ба рӯйи мӯғулҳо кушоданд ва чингизиёни хунхор бозҳам ваъдахилофӣ намуда, қисме аз мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд ва қисме аз сипоҳиёнашро гузошта, аз шаҳр меравад. Баъдан, мардуми Ҳирот бар зидди муғулҳо қиём намуда, қисме аз муғулҳоро мекушанд. Чингизхон аз ин ҳолат огоҳ шуда, лашкари бузурге иборат аз 130 000 нафар мефиристад. Мардум бо сарварии ҳокими худ мардонавор ҷангиданд, вале оқибат муғулҳо тавонистанд шаҳрро ишғол намуда, ба таври ваҳшоният мардумро сар буриданд ва ин шаҳри қадимаву афсункори тоҷиконро ба хок яксон намуданд.

Дар баробари ин чаҳор шаҳри бузург, муғулҳо дар дигар шаҳрҳои Хуросон, аз қабили Ғазнаву Бомиён, Толиқон, Ғазна, Нисо, Сабзавор, Тӯс, Сарахс, Заранҷ, Фирӯзкӯҳ ва ғайраҳо бо як ваҳшоният муносибат намуда, аксари мардуми ин минтақаҳоро, ки аслан тоҷикон маҳсуб меёфтанд, аз дами теғ гузаронида, шаҳрҳоро ба хок яксон намуданд, ки тӯли садсолаҳои дигар, ин шаҳрҳо ҳолати пештараашонро ба даст оварда натавонистанд. Аз ҷумла, Ибни Батута, ки баъд аз сад соли муғулҳо аз ин минтақаҳо дидан намудааст, дар хусуси шаҳри Ғазна менависад, ки дар гузашта “Ғазна шаҳри бузург буда”, аммо имрӯз “…бештари он ба вайрони афтода ва танҳо бахши кучаке аз он обод аст” [8.474]. Рашидуддин Фазлуллоҳ низ, гарчанде ки дар замони муғулҳо зиста, дар дарбори онҳо фаъолият намуда бошад ҳам, вале дар бисёр маврид ҷасурона дар асари машҳури худ “Ҷомеъу-т-таворих” ваҳшонияти муғулҳоро хуб тасвир намудааст.

Гарчанде ки сабабҳои шикаст зиёд бошад ҳам, вале ҳақиқати дигар ин аст, ки тоҷикон бо вуҷуди мардонавор мубориза бурдан, пароканда амал намуданд ва ин парокандагии мо роҳи зафари муғулҳоро тезонид. Қисмати дигаре аз тоҷикон бошад, даст ба дасти душманони миллат фишурда, хоинона ҳамватанон ва сарзамини худро фурухтанд, ки ин боиси ба харобазор табдил ёфтани сарзамини аҷдодонамон ва аз ҳама бадтар геносиди тоҷиконро ба вуҷуд оварданд. Албатта, бо чанд андешаи кутоҳ наметавон тамоми ҳаводиси ин даврро баён дошт, бинобар ин дар ин ҷо зикри мухтасаре аз ваҳшонияти муғулҳо сурат гирифт ва паҳлуҳои зиёде аз он гуфта нашудааст.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ

унвонҷӯи кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ

Самандар МАҲМАДАМИНОВ

хатмкардаи факултети таърихи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь