Таърихномаи куштору сӯйиқасдҳо ба ҷони Президентҳои Амрико
Маъракаи пеш аз интихоби Президент дар Амрико дар авҷ аст.Интихоб тирамоҳи соли равон бояд доир гардад. Он миёни ду нафар номзади асосӣ Камила Харрис аз ҳизби демократҳо ва Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳон доир мешавад. Муҳимтарин ҳодисаи он сӯйиқасди дуюми бебарор ба ҷони номзад ба маснади президентӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп мебошад. Сӯйиқасди бебарори дуюм ба ҷони Доналд Трамп ин маротиба аз ҷониби ҳаводори Украина Райан Уэсли Рут сурат гирифт.
Дар таърихи Амрико ду президенти ин кишвар дар асри нуздаҳ (Авраам Линколн ва Ҷеймс Гарфилд) ва ду президенти дигар дар асри бист(Уилям Мак – Кинли ва Ҷон Кеннеди) кушта шудаанд.
Дар асри бисту якум бошад фақат ба ҷони Трамп бори чандум аст суйиқасд сурат мегирад. Яке аз машҳуртарин ҳолатҳои кӯшиши сӯиқасд ба Трамп моҳи июни соли 2016 рух дод. Шаҳрванди Бритониё Майкл Сэндфорд кӯшиш кард, ки дар як маъракаи интихоботии Трамп дар иёлоти Лас – Вегаси Амрико силоҳи афсари пулисро рабуда, ба сӯйи Трамп тир андозад. Сэндфорд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд ва ба муродаш нарасид. Баъдан боздоштшуда изҳор кард, ки нақшаи куштори Трампро дошт ва чанд муддат боз ин амалиётро омода мекард.
Сӯйиқасди дуюм бошад рӯзи 13 июл ҳангоми суханронии Трамп дар як гирдиҳамоӣ дар Пенсилвания сурат гирифт.
Томас Крукс, ки қасди сӯиқасд ба ҷони Доналд Трампро дошт, чанд соат пеш аз ҳамла аз як мағозаи силоҳ 50 тир харида, ҳудуди 20 адад силоҳ ба номи падари тирандоз сабт шудааст, ки ҳамааш қонунӣ харида шудаанд.
Дар ин ҳамла як марди тамошобин, сӯхторхомӯшкуне бо исми Кори Компатори панҷоҳсола кушта шуд ва ду нафари дигар аз ширкаткунандагони ин гирдиҳамоӣ маҷрӯҳ шуданд.
Сӯиқасд ба ҷони номзад ба мақоми президентӣ Доналд Трамп рӯзи 15 сентябр охирин амали хушунати сиёсӣ аст, ки аксар вақт таърихи ИМА-ро шакл додааст.
Дар таърихи ин сӯйиқасдҳою кушторҳо ду зан кӯшиши сӯиқасд ба ҷони як Президенти Амрико карданд, ки ягона ҳолат дар таърихи ин ҷиноятҳост. Баъзе ҷинояткорони ин ҷиноятҳо авф шуданд, баъзеи дигар не. Баъзе қурбониён хушбахтона зинда монданд, вале бадбахтона панҷ нафари дигар ҷон ба саломат набурданд.
Қатли Авраам Линколн, Ҷеймс Гарфилд ва Вилям Мак – Кинлӣ дар ниҳоят сабабгори таъсис додани Хадамоти махфӣ барои ҳифзи мансабдорони баландпояи ин кишвар шуд, аммо куштори президенти сию панҷумини ин мамлакат Ҷон Кеннеди Амрикоро таккон дод ва ба ҳимояти боз ҳам шадидтар аз раҳбарони он водор кард.
Бо вуҷуди ин, президенти сиюҳаштумин Ҷералд Форд дар тӯли 18 рӯз ҳадафи ду сӯиқасд ба ҷонаш гардид ва чиҳилумин президенти Амрико Рональд Рейган дар аввали давраи президентӣ, дар соли 1981 сахт захмӣ шуд.
30 марти соли 1981 Ҷон Ҳинкли хурдӣ дар Вашингтон ба сӯи Президенти вақти Амрико шаш тир холӣ кард. Тирҳо ба Роналд Рейган ва се нафари дигар расиданд. Президент сахт ярадор шуд. Ҷарроҳон амалиёти фаврӣ анҷом доданд. Се нафар захмиёни дигар низ зинда монданд. Ҳинкли то соли 2016, пас аз 12 соли марги Рейган ҳам дар беморхонаи бемориҳои равонӣ буд.
Линетт Фромм, пайрави мазҳаби Чарлз Мэнсон ва узви гурӯҳи ӯ ( яъне “Оила”) кӯшиш карданд, ки Президент Фордро дар иёлоти Сакраментои Калифорния парронанд. Ин воқеа панҷуми сентябри соли 1975 руй дод. Линетт муваффақ нагардид ва Президент зинда монд. Пас аз се ҳафта, ин маротиба кори анҷомнадодаи Линеттро Сара Ҷейн Мур анҷом доданӣ шуд. Ин маротиба Фордро дар иёлоти Сан-Франсиско сӯйиқасд карданд.
Линнетт Фромм, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, танҳо 14 августи соли 2009 озод шуд. Бояд гуфт, ки барои сӯйиқасди нобарори дуюм, корманди созмони хайриявии People In Need Сара Мур низ ҳукми абад гирифта буд ва танҳо 31 декабри соли 2007, пас аз 32 соли зиндон озод гардид.
Ёдовар мешавем, ки то ба имрӯз дар таърихи Амрико танҳо ин ду зан ба як Президент сӯйиқасд кардаанд, ки хушбахтона сарвари давлат зинда монду ҳарду дастгир гардиданд.
5 июни соли 1968, замоне ки аз қатли бародараш Ҷон Кеннеди қариб панҷ сол мегузашт, ба ҷони бародари вай, номзад ба Президенти Амрико Роберт Кеннеди сӯйиқасд сурат гирифт. Ин амалро Шерхон Башари 24 – солаи фаластинӣ анҷом дод. Роберт номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби демократӣ буд. Куштор дар иёлоти Лос-Анҷелос сурат гирифт. Қотили Роберт Кеннеди ба ҳабси абад маҳкум шуд. Айни замон фарзанди Роберт, -Фрэнсис Кеннедии хурдӣ ҳамчун номзади мустақил ба мақоми президентӣ дар соли 2024 ният дорад дар интихоби президентӣ ширкат кунад.
22 ноябри соли 1963 Ҷон Кеннеди дар иёлоти Даллас кушта шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, тирандоз Ли Ҳарви Освалд будааст, ки пас аз ду рӯз аз ҷониби Ҷек Руби бо корд кушта шуд. Сӯйиқасди мазкур баҳсу мунозираро дар мавриди он ки Освалд тани танҳо амал мекард ё ҳамраҳону фармоишгароне ҳам дошт то ҳол дар маҳфилҳои сиёсӣ садо медиҳанд.
Теодор Рузвелт тасмим гирифта буд, ки барои баргаштан ба Кохи Сафед мубориза барад. Вале 14 октябри соли 1912, ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Милуоки нафаре бо ному насаби Ҷон Шранк ӯро тирборон кард. Тири андохташуда ба шуши Теодор нарасид, балки ба синааш бархӯрд. Президентро қуттии айнакаш ва дастнависи 50 саҳифагии суханрониаш, ки барои маъракаи интихоботӣ навишта буд, наҷот дод. Тедди баъди сӯйиқасд зинда монд, аммо сабқати президентиро ба рақибаш Вудро Вилсон бохт.
Баъди гузаштани чор сол 30 майи соли 1916 дар иёлоти Канзас-Сити дар арафаи маъракаи навбатии интихоби президентӣ, ки боз ҳам Теодор Рузвелт мехост ширкат кунад, сӯйиқасди навбатӣ сурат гирифт.
Ҳангоме ки ӯ бо мошини болояш кушод ҳаракат мекард, шахси номаълум кордро бо теғи даҳсантиметрӣ ба сӯи ӯ партофт, аммо ба ҳадаф нарасид. Гумонбари ин амал зодаи шаҳри Бавария Ҷон Шранкро “девона” эълон карданд ва дар беморхонаи бемориҳои равонӣ бистарӣ карданд ва ӯ то маргаш сиюяк соли умрашро дар ин беморхона гузаронид. Дар мурофиаи судиаш Шранк изҳор дошт, ки рӯҳи Президенти кушташуда Уилям Мак-Кинлиро дар хоб дидааст ва рӯҳ ба вай гуфтааст, ки қотили вай Президенти дигари Амрико Теодор Рузвелт мебошад.
Уилям Мак-Кинлиро дар намоишгоҳ, дар маҳалли Буффалои Ню – Йорк рӯзи шашуми сентябри соли 1901 паррониданд. Номбурда дар натиҷаи тирандозӣ захмдор шуд ва баъдтар аз захмҳои бардоштааш фавтид. Анархист Леон Чолгош дар куштор гунахгор дониста шуда, ба қатл расонида шуд. Баъди марги Уилям Мак-Кинли ноиби президент Теодор Рузвелт президент шуда буд.
Пас аз шаш моҳи президентии худ, 2 июли соли 1881 Ҷеймс Гарфилд ба як истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Вашингтон омад. Он замон нависанда ва ҳуқуқшинос Чарлз Гито бо туфангча ӯро аз пушт парронд. Пас аз ду моҳ Президент Ҷеймс Гарфилд дар пайи захмҳои дар натиҷаи ин ҳодиса бардоштааш аз дунё даргузашт. Қотил нависанда Чарлз Гиторо ба қатл маҳкум карданд.
Куштор ва сӯйиқасд ба президентҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарчашма аз қатли Президент Авраам Линколн мегирад. Рӯзи ҷумъа, 14 апрели соли 1865, дар Театри Форд, ҳунарпешаи маъруф ва ҷонибдори Конфедератсия Ҷон Вилкс Бут вориди қуттии овоздиҳӣ ба интихоби президентӣ шуд ва ба сари Авраам Линколн тир зад.
Рӯзи дигар, Президенти шонздаҳуми Амрико Авраам Линколн ба ҳуш наомада, аз дунё гузашт. Он замон бинобар он ки аз талотӯб истифода карда қотил фирор карда буд, боздошт нашуд. Вале камтар аз ду ҳафтаи рух додани ин ҳодиса, пулиси иёлати Вирҷиния қотилро дастгир кард. Ҳангоми боздошт Бут аз ҷониби сержант Бостон Корбетт кушта шуд.
Зиёд шудани сӯйиқасду куштор ба сиёсатмадорону номзадҳои президентӣ ва худи Президентҳо дар саросари ҷаҳон ба як ҳодисаи маъмул бадал гардидааст.
Коршиносони масъалаҳои сиёсӣ зикр мекунанд, ки вақтҳои охир дар саросари ҷаҳон кӯшиши куштори сиёсӣ ва таҳдидҳои куштор афзоиш ёфтааст. Масалан соли гузашта номзад ба Президенти давлати Эквадор Фернандо Вильявисенсио кушта шуд.
Кӯшиши сӯйиқасд ба ҷони нойиби президенти Аргентина Кристина Фернандес де Киршнер сурат гирифт, аммо хушбахтона туфангчаи ҳамлагар бинобар корношоямӣ аз кор монд. Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ бо тири худсохти худ кушта шуд. Дар аввали соли равон, Раҳбари мухолифини Куриёи ҷанубӣ Ли Чжэ Мен бошад, дар натиҷаи сӯйиқасд аз гарданаш захм бардошт.
Баҳори соли равон бошад, сарвазири Словакия Роберт Фитсо аз сӯйиқасд баъди табобати дуру дароз наҷот ефт.
Дар Амрикои таърифӣ, дар кишвари “демократӣ” чунин ҳодисаҳои пурсарусадо ҳар рӯз рух намедиҳанд, аммо мансабдорони баландпояи Амрико бештар таҳдидро эҳсос мекунанд. Масалан, нашрияи New York Times хабар додааст, ки соли гузашта пулис беш аз ҳашт ҳазор таҳдидро ба аъзои Конгресс таҳқиқ кардааст. Аксар таҳдидҳо ба судяҳои федералӣ низ ворид мешаванд.
Хулоса, ду сӯйиқасд ба ҷони президенти ҳанӯз интихобнашудаи Амрико Доналд Трамп гувоҳи он аст, ки дар ин кишвар ҳам зиндагӣ амну президентшавҳо аз тири бахилу душману қотил эмин нестанд.
“ФАРАЖ”