Дар Истаравшани бостонӣ кам нафареро вохӯрдан мумкин аст, ки дар наврасӣ ё ҷавонӣ дар мактаби гӯштини тарзи озод ё юнону румӣ тамрин накарда бошад. Наздик ба 90 фисади кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин шаҳр пироҳани ин намудҳои гӯштинро ба тан кардаанд, ҳатто агар варзишгари ҳирфаӣ низ нашуда бошанд ҳам, болои майдони диловарӣ зиёд баршудаанд.  Дар ин шаҳр намудҳои варзиши тарзи озод ва юнону римӣ аз шуҳрати махсус бархурдор асту ҷавонони зиёд майл ба ин риштаи варзиш доранд. Қаҳрамони мо ҳам яке аз тарбиятёфтаи ин макон асту ҳоло дар Амрико сӯйи қуллаи мақсуд по мениҳад ва дар муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ ва панкратион 30 рақобат анҷом дода, 28 ғалаба ба даст овардааст.

Оғоз, шавқ, амал

4-уми июни соли 2003 дар шаҳри Истаравшан тифле чашм ба олами ҳастӣ боз намуд, ки падару модар бо як умеду орзуи зиёд исмашро Анис  гузоштанд. Аз замони кӯдакӣ ин писарбача чолоку беқарор буд. Даву тозу футболбозиҳо дар саҳни ҳавлӣ  басандагӣ намекарду Анис дар хона  зиёд беқарорӣ менамуд. Волидайн хостанд ӯро ба толори варзиш баранд, то энергияи зиёди худро дар тамринҳо сарф кунаду дар хона каме оромтабиат гардад. Анис Абдуллоев низ чун ҳазорон зодаи шаҳри Истаравшан ба дунёи варзишу варзишкорӣ маҳз тавассути намуди гӯштини тарзи озод шомил шудааст. Ҳамин тариқ Анис 7 сол дошт, ки ба толори гӯштингирӣ рафт. Давоми се сол пайи тамрину омӯзиш буд. То он замоне, ки аҳли оилааш ба Федератсияи Россия кӯч бастанд.

Тарки макон, аз гӯштини озод ба бокс

Барои Аниси 10 – сола дар ибтидо зиндагӣ дар кишвари бегона мушкил буд, аммо ӯ боз ҳам майли варзишгар шуданро дар сар парвариш медод ва ҳамин буд, ки дар Россия ба риштаи бокс машғул шуд. Гӯштини тарзи озодро ба бокс иваз карданаш, сабаб дошт, зеро толори бокс наздики минзили зисти онҳо буд ва боксро низ дар зиндагии 10 солаи худ таҷриба кард. Баъд аз се соли машғулиятҳо хонаводаи Анис боз макони зисти худро иваз карданд. Онҳо ин навбат ба шаҳри Калининград кӯчиданд.

Аз бокс ба намуди муҳорибаҳои омехта

Ин наврасро зарур буд, ки боз дар шаҳр ва шароити нав худро мутобиқ намояду ҳама чизро аз нав шуруъ намояд. Дар Калининград ӯ боз ба тамрини гӯштини тарзи озод машғул шуд. Давоми ду соли дигар дар ин риштаи варзиш тамрин намуда, дар мусобиқаҳо ширкат меварзид. Аммо дар ин миён намуди муҳорибаҳои омехта (ММА) шуҳрати ҷаҳонӣ касб мекарду ҷавонону наврасонро аз даҳҳо риштаҳои варзиши дигар мисли оҳанрабо ба худ мекашид. Дар миёни анбӯҳи зиёди ҷавононе, ки ба ин риштаи варзиш гаравидаанд, Анис Абдуллоев низ буд, ки боз тағйири намуди варзиш намуд. Ин навбат гӯштини тарзи озодро ба муҳорибаҳои омехта иваз кард. Ин ҷавон, ки аз мактаби хуби гӯштину бокс гузашта буд, зуд дар муҳорибаҳои омехта натиҷа нишон дод. Ӯ дар аввалин иштирокаш дар чемпионати вилояти Калининград ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Дар вазни сабук Анис 7 маротиба унвони қаҳрамониашро дар вилояти мазкур ҳимоя карду дар ин миён дар мусобиқаҳо аз рӯи намуди панкратион низ ширкат варзид.

Дастовард ва руҳиябахшони ватан

Дастовардҳои ин ҷавони тоҷик дар намудҳои варзиши гӯштини тарзи озод, бокс, муҳорибаҳои омехта, бокси тайландӣ, панкратион ва грепплинг назаррас мебошад. Ӯ дар ҳар намуде, ки тамрин кардааст бар ҳарифон зафар ёфтаасту дастболо.

Ҳавову ҳаваси қаҳрамоншуданро дар қалби кӯчаки ӯ ҳанӯз дар хурдсолӣ мураббиёни истаравшанӣ ҷой додаанд. Анис Абдуллоев дар гӯштини тарзи озод чемпиони Тоҷикистон, байни наврасон ва ҷавонон, ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятию байналмилалӣ гардидааст. Анис замоне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард, ду маротиба дар чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод медали бирнҷӣ ба даст овардааст.   Ҳамзамон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар як мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар гардида, ҷоизадори ин мусобиқа шудааст. Дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия панҷ маротиба унвони қаҳрамониро дар намуди бокси тайландӣ соҳиб шудааст. Дар шаҳри Калининград борҳо ҷоизадори мусобиқаҳои кушод оид ба грепплинг ва гӯштини тарзи озод шудааст.

Аз Россия то ба Амрико

Дар авҷи фаъолияти варзишӣ оилаи Анис боз тағйири макони зист кард. Ин навбат ва бори ҷаҳорум ҷавони варзишдӯсти зодаи шаҳри Истаравшани Тоҷикистон бо хонаводаи худ роҳ пеш гирифтанд ҷониби канори дигари уқёнус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.  Онҷо низ Анис Абдулоев худро қурбони варзиш кард, аз рӯзҳои аввали зиндагӣ дар кишвари дигар дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки муаррифгари Тоҷикистон мешавад. Ӯ дар Амрико фаъолияти худро ба намудҳои варзиши размӣ равона сохта, дар муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ ва панкратион 30 рақобат анҷом дода, 28 ғалаба ба даст овардааст. Анис Абдуллоев ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ Grapling Industries дар штати Филаделфия дар вазни худ гардид. Баъд аз тамринҳои зиёду вохӯриҳои пайдарҳам  ӯ дарк намуд, ки вақти он расидааст, ки дар ин риштаи варзиш муҳорибаҳои касбӣ анҷом диҳад. Бо ситоди мураббиёни худ сари мақсад омаданд ва дар муҳорибаҳои омехтаи касбӣ ду набард анҷом дода, ки дар ҳардуи он ба ғалаба даст ёфтааст. Дар намудҳои варзиши панкратион, бокс ва гӯштини тарзи озод, унвони устоди варзиш дараҷаи як мебошад.

Ҳадафи созанда баҳри оянда

Ин ифтихор аст, ки  ҷавони ботамкину қавииродаи тоҷик дар ҳар куҷое, ки умр ба сар мебарад, Тоҷикистони азизро муаррифӣ мекунад ва барои расидан ба ҳадафҳои асосии худ, ки бастани қарордод бо ташкилотҳои бузург мебошад, арақи ҷабин мерезонад.

“Ман барои худ ҳадафи бузург гузоштаам ва барои муввафақ шудан ҳар субҳ чашм боз мекунам. Мехоҳам қарордодамро бо ташкилотҳои бузург бандаму дар майдони набард ғалаба намоям ва ватани азизамро Тоҷикистонро муарифи созам.”,

Умедворем, ки шумораи чунин ҷавонони ватандӯст дар ҳар гӯшаи дунё бештар шавад ва Тоҷикистони офтобиро мардуми сайёра боз ҳам хубтару беҳтар шиносанд.  Мо бошем ба ин парҷамбардори миллат дар канори дигари уқёнус барору муваффақиятҳо таманно мекунем.

Шаҳзод ЗАФАРҶОН

Мирхон ҲУСЕЙНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь