Вуруд ба мавзуъ. Дар муддати як моҳи охир Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба аз кишвари Қатар бо сафари давлатӣ (21-22-юми январ, ки нахустин сафари хориҷӣ дар соли 2024 аст) ва корӣ (17-уми феврал) боздид карданд. Дар ҳарду сафар дидору гуфтушунид бо Амири ин кишвар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ баргузор гардид. Дар фосилаи кӯтоҳ ду маротиба сурат гирифтани сафари Пешвои миллат ба як кишвари хориҷа камсобиқа будааст. Шароити мазкур самти нави сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад, ки паёмадҳои муайянро барои кишвар ва минтақа дошта метавонад. Аз рӯйи иттилои сомонаи ВКХ – аввалин сафари роҳбари як кишвари арабӣ ба Тоҷикистон – сафари расмии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар моҳи августи соли 2007 будааст. Аз ин рӯ, баррасии роҳбурди Қатар дар самти Осиёи Марказӣ баъзе равандҳои минбаъда ва фаргашти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро намоён мекунад.

Омили Қатар дар Осиёи Марказӣ

Дар 15 соли охир ҳамкориҳои Қатар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфта, дар солҳои 2022-2024 густурда ва бесобиқа мегардад. Дар ду соли охир ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қатар сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар моҳи июни соли 2023 Амири Қатар низ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид кард. Арзёбии сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа нишон медиҳад, ки дар ин муддат чунин муносибатҳо танҳо бо Қатару Озарбойҷон (баррасии сиёсати минтақавии ин кишвар арзандаи таҳлили алоҳида аст) шакл гирифтанд. Давҳа назар ба Боку тавонист фаъолтар бошад ва гуфтушуниди пайдарпайи сатҳи олиро ба роҳ монад. Вижагии ҳарду кишвар дар он аст, ки бо давлатҳои Осиёи Марказӣ гардиши тиҷории густарда надоранд, вале робитаҳои сиёсии наздикро роҳандозӣ кардаанд. Дар умум, панҷ омил ба густариши робитаҳои Қатар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кардааст:

Якум, моҳи сентябри соли 2022 қолаби нави “Осиёи Марказӣ – Кишварҳои арабии Халиҷи Форс” ба миён омад. Баъди 10 моҳ – 19 июли соли 2023 нишасти сарони кишварҳои ин қолаб дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки робитаҳои Қатар ва Арабистони Саудӣ ҳамвор нестанд ва чанд сол пеш бӯҳронӣ шуда буданд. Аз ин рӯ, эҳтимоли бо якдигар рақобат кардани Давҳа ва Ҷидда дар минтақа зиёд буда, дар ояндаи наздик Арабистони Саудӣ роҳбурди нави худро дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ хоҳад кард.

Дуюм, яке аз омилҳои калидӣ – ҷалби сармояи Қатар ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳадафи асосии робитаҳои имрӯзаро ташкил медиҳад. Таҳлили иттилои расмӣ аз натиҷаҳои боздиди роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қатар маълум мекунад, ки ҳама манфиатдори ҳамкориҳои наздики тиҷорию сармоягузорӣ мебошанд. Дар марҳилаи наздик ба эҳтимоли зиёд ҳузури иқтисодӣ ва сармоягузории Қатар дар минтақа афзоиш меёбад, чун созишҳои заминавӣ дар ин самт аллакай ба имзо расидаанд.

Сеюм, Қатар аз кишварҳои ҳомии Толибон ба шумор меравад. Ҳокимони имрӯзаи Афғонистон то бозгашти худ ба қудрат дар Давҳа дафтари расмӣ доштанд. Толибон он замон ва имрӯз низ аз имконоти фароҳамовардаи Қатар барои роҳандозии гуфтушунид бо кишварҳои дигар фаровон истифода мекунанд. Имрӯз Қатар нақши миёнравро миёни Толибон ва дигар кишварҳо бозӣ мекунад ва ин миёнҷигарии Давҳа муваффақ ҳам будааст. Беҳбуд ёфтани муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Толибонро натиҷаи миёнҷигарии Қатар метавон арзёбӣ кард. Чун даъвати раисҷумҳури Қазоқистон перомуни аз листи созмонҳои террористӣ берун кардани Толибон, ки дар Давҳа садо дод, соярӯшанҳои сиёсати нави Остона нисбат ба ин ҳаракатро маълум мекунад. Ба эҳтимоли зиёд маҳз мусоидати Қатар сабаб шуд, ки Қазоқистон бар ивази бозорёбӣ ба молу маҳсулоти худ моҳи декабри соли 2023 Толибонро аз листи созмонҳои мамнуъ берун кунад.

Чорум, кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати хориҷии бисёрсамтиро роҳандозӣ мекунанд ва бо панҷ қудрати бонуфуз (Русия, Чин, Ҳинд, Покистон ва Эрон) ҳамсояи бевосита ва девордармиён мебошанд. Ҳамаи ин қудратҳо дар сатҳҳои гуногун таъсиру нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар Осиёи Марказӣ доранд. Аз ин дидгоҳ, густариши робитаҳо бо ҳамаи бозигарони хостори густариши робитаҳо – ба нафъи сиёсати хориҷии бисёрсамтии кишварҳои минтақа мебошад. Чун фурсатро барои дар тавозун нигаҳ доштани таъсиру нуфузи қудратҳои беруна фароҳам меорад. Формулаи мувофиқи расидан ба чунин натиҷа – афзоиши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ бо кишварҳое аст, ки дорои манфиатҳои мустақими роҳбурдӣ дар минтақа нестанд. Айни замон ба унвони чунин шарики беруна Қатар нақш бозида метавонад.

Панҷум, дар доираҳои коршиносӣ рӯйкарди Қатар дар Осиёи Марказиро идомаи сиёсатҳои ИМА мешуморанд. Чун Вашингтон бо истифода аз имконоти молиявию сармоягузории Давҳа ва афзоиши он ба иқтисоди кишварҳои минтақа кӯшиш дорад, нуфузи иқтисодии Чин ва Русияро коҳиш диҳад. Дар пасманзари фаргашти эҳтимолии сиёсати ҷаҳонӣ ва рақобатҳои ИМА бо Чин дар сатҳи аввал ва бо Русия дар сатҳи дуюм – афзоиши ҳузури Қатар ва дигар шарикони Вашингтон аз НАТО дар Осиёи Марказӣ меъмории геосиёсии минтақаро дигар карда метавонад. Мавзуи мазкур баррасии васеъро талаб мекунад, чун чандин сенарияҳои рушди эҳтимолии вазъ падидор мешаванд.

Дар умум, густариши ҳузури Қатар дар Осиёи Марказӣ ва васеъ гардидани робитаҳои Давҳа бо Остонаю Бишкеку Душанбеву Ашқободу Тошканд боиси такмилу тағйири рӯйкарди қудратҳои дигари бузург ва минтақавӣ шуда метавонад. Бинобар ин, ба эҳтимоли зиёд дар соли 2024 мо шоҳиди падидор шудани фурсатҳои нав барои сиёсати хориҷии бисёрсамтии кишварҳои минтақа мегардем, ки ҳамчунин чолишҳои муайянро низ дар пай дошта метавонад.

Шералӣ РИЗОЁН,

сиёсатшинос

https://t.me/shrizoyon

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь