Бархе аз гуруҳҳо дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тайи бештар аз 30 соли охир мокувор дар Осиёи Марказӣ гардиш намуда, андешаҳои кӯдаконаи сиёсӣ ва дар айни ҳол мехоҳанд мақсадҳои ғаразнокро ҳал кунад. Сухан инҷо сари масъалаи номи Осиёи Марказӣ рафта истодааст, ки Вазорати маориф ва як қисм ба номи олимони кишвари Туркия нархи сабзию пиёзро напурсида, ба расонаи кардани андешаҳои пӯчи худ машғуланд.

Тибқи изҳороти ин вазоратхона минбаъд дар тамоми китобҳои дарсӣ номи Осиёи Марказӣ бо номи Туркистон ва ҳамчун ватани таърихии мардуми туркнажод дониста шуда, истиллоҳҳои Туркия ва Туркистон ҳамнаво будааст. Мақсад аз ин кор гӯё ба ҳам наздик кардани мардуми туркинажод дар аввал ва баъдан боз мақсадҳои зиёди жарфтаре будааст. Яъне кор карда баромадани хати ягона, забони ягона, пули ягона ва дигар амалҳо. Нахуст бояд гуфт, ки Осиёи Марказӣ- як сарзамини паҳновар дар қитъаи Осиё аст, ки сарҳади озоди баҳрӣ надорад. Гарчанде, ки сарҳади дақиқ барои ин замин муайян карда нашудааст, онро дар навиштаву маъхазҳо одатан сарзамини кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон меноманд. Аксари қаламравҳои кишварҳои дигар мисли Афғонистон, шимолу шарқи Эрон, Муғулистон, Кашмир, шимол ва ғарби Покистон ва баъзан Шинҷон дар ғарби Чин ва Сибири ҷанубӣ дар Русия, ба ҷумлаи Осиёи Марказӣ дохил мебошанд. Ҷуғрофияи табии минтақа илман ин марзҳоро чун Осиёи Марказӣ муайян намудааст. Бахши Осиёи Марказӣ, ки дар байни дарёҳои Ому ва Сир ҷойгир аст, дар сарчашмаҳои қадимии арабӣ ва форсӣ ҳамчун “Мовароуннаҳр”, ки аз истиллоҳи қадимаи форсӣ Фарорӯд нусхабардорӣ гаштааст, номида мешуд.

Номгузории ин минтақаҳоро ба як минтақаи ягонаи ҷуғрофӣ бо номи Осиёи Марказӣ аз ҷониби яке аз бузургтарин ҷуғрофидонҳои олам бо Александр Вон Ҳумболдт, ҷуғрофидони русиягӣ пешниҳод карда буд. Вай мегӯяд, Осиёи Миёна ба он қисмати қитъаи Осиё мансуб аст, ки дар баландии 2 дараҷаи шимол ва 2 дараҷа ҷануб ва 1,5 дараҷа арзӣ ҷойгир аст. Ҳудуди ҷуғрофии минтақа таърифи мушаххас надорад. Дар таърихи кӯчманчӣ Осиёи Марказӣ ва Роҳи Абрешим мисли роҳи пайванди ҳаракати мол ва ғояҳо миёни Аврупо, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ аст. Дар илми бостоншиносӣ Осиёи Марказӣ таърихи панҷ сарзамин Марв, Бохтари Қадим, Суғд, Хоразм ва Сакистон мавҷуд буданд, ки мардумон эронӣ ва забонҳои эронии миёна сухангӯӣ мекарданд ва ин кишварҳои бостонӣ бо гузашти асрҳо тадриҷан ба як қисми империяи Форс табдил ёфтанд. Таърихи шукӯҳманди ориёӣ – порсӣ доранд ва бо ҳеҷ ваҷҳе Туркия ва Туркистон набуданд. Забони расмӣ дар Осиёи Марказӣ забонҳои тоҷикӣ(форсии зиёда аз ҳазору дусад соли охир Осиёи Марказӣ) туркманӣ, ӯзбекӣ, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, қароқалпоқӣ дар замони 400 соли охир ва забонҳои бадахшонӣ аз қадим мебошанд. Ин мардум дар ҳеҷ замоне бо туркии набуда сухан намекарданд ва он забони «туркӣ» низ ҳеҷ гоҳ муродифи мардуми ин минтақа низ набудааст. Гузаштагони ин мардум аслан дар асрҳои ХУ – ХУ1 дар натиҷаи синтези ин мардум бо халқҳои муғул ва тоторҳо ба вуҷуд омадаанд ва бесабаб нест, ки тариқи сомонаҳои интернетӣ онҳо аз номи Чингизхони малъун ва Темурланги хунхори одамкуши муғулнажод ифтихоре доранд сахт қавӣ.

Чунин ба назар мерасад, ки роҳбарони ҷараёнҳои пантуркистии бархе аз кишварҳо баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ чун диданд, ки пишаки онҳоро касе пиш намегӯяд, ошкоро ба паҳн намудани андешаҳои хому нодаркору носолиму хаёлпарастонаи пантуркизм, ки аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ қабул нагаштаву барои аъмоли нигилизму андешаҳои кӯр-кӯронаи ғайрибашарӣ ва миллатчигӣ билкул эътироф намешавад кор гирифтаву дар сар мақсаду ғаразҳои нолозимаро андешида истодаанд.

Айнан монанд ба андешаи роҳбарони фашистии Олмон ва билхоса Адолф Гитлеру ҳамтоёнаш. Империяҳои нодаркори худро, ки дар натиҷаи ҷангу ҷанҷолҳо ва заифии кишварҳои осиёӣ ва хосатан кишварҳои арабӣ ба вуҷуд оварда, заифӣ ва нодаркории худро баъди шикасти фоҳиши худ дар Ҷанги якуми ҷаҳон ба исбот расониданд орзӯ мекунанд.

Оё ҳамин натиҷаи аъмоли носолими онҳо нест, ки чанде пештар бузургтарин шаҳри тамадуни форсии Осиёи Марказӣ, Самарқанд, ки садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи тоҷикро, ки барои башарият хизмати арзандае намудаанд, дар оғӯши худ парвариш намудаанд берӯёна маркази тамаддуни туркӣ номанд?! Аз кай он олимону меъморони бузургу адибон бузургу тамадуни чандҳазорсолаи форсии ин шаҳри бузурги мардуми форсизабон туркӣ мешудааст? Аз кай?!

Оё ин кору амали онҳо як беҳурматии том нисбати миллати ягонаи бумии фарҳангии Варорӯд, миллати тоҷик нест магар?!

Ман дар инҷо оид ба иштиҳои қозигарии ин мардуми кӯчӣ ва хунрез, ки дар равоқи таърих ғайр аз кашмакашиҳо ва одамкушиҳо чизе ба ёдгор нагузоштанд, чизе намегӯям.

Дар хусуси оне, ки даст ба асари миллию динии мо «Авесто», пайғамбари мардуми иронитабор Зардушт, нухбагони бузурги миллат Форобӣ ( аз истиллоҳи оби фаровон), Берунӣ (истиллоҳи соф форсӣ), Ал-Хоразмӣ (истиллоҳи тоҷикии Ховарзамин), Абуали Синои тоҷики соф, ки аз дасти туркони кӯчӣ ва барда то ба охир овора гашт, Низоми Ганҷавӣ (истилоҳи соф форсӣ) қаҳрамонони ориёи Малика Томирис (истиллоҳи соф иронӣ) Маҳмуди Торобӣ (истиллоҳи соф тоҷикии деҳаи Тори об), Тӯрон (истиллоҳи соф иронии ҷои фарзандони Тӯри иронӣ на туркони кӯчӣ), Афросиёб (соф истиллоҳи форсӣ), Баҳроми Чӯбина (итиллоҳи беҳтарини тоҷикӣ, ки имрӯз низ одамони қоқу дарозу харобро тоҷик чунин меномад), чизе намегӯям. Берӯӣ ва бешармӣ аз ин зиёдтар намешавад бародарони азиз!

Даст ба фарҳангу забону офаридаҳои халқи дигар задан ин худ як камоли бехирадист на чизи дигар.Боиси тааҷҷуб ҳаст, ки ин ҳаракати пантуркистии аблаҳонаи баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 ба вуҷуд омада, ҳатто дар хуни сарматҳо, сакоиҳо, скифҳо, масагатеҳо, бохтариҳо, тахориҳо, суғдиҳо,… ки ҳамагӣ иронитабор ва аҷдодони бевоситаи мардуми тоҷиктабор гузаштаи қадиманабудаи худро меҷӯянд!

Ин аъмолро байни халқҳои худ паҳн мекунанд ва ҷомеъаи бесаводи онҳо ба баҳс дар интернет кашида шудаву яке аз туркбашара тариқи интернет аррос мезанад,ки калимаи «Фирдавсӣ» аз калимаи «Пирдавсӣ»-и туркист, бехабар аз он, ки Фирдавсии тоҷикӣ, ба он хотир дар қазоқӣ ва тоторӣ «Пирдавсӣ» шудааст, ки ин бародарон ҳарфи «ф»-ро талаффуз карда наметавонанд.

Беҳтарин кору аъмол ин сабр кардан ва ҳақиқати худро дар таърихи миллати худ ҷустан аст. Аз оне, ки Абӯалӣ Синои безор аз туркро аз они худ метарошанд ва ба номаш ҳамвора пайкара мегузоранд ӯ ҳеҷ гоҳ турк нахоҳад шуд. Аз оне, ки номи аҷдоди худро дар эпоси миллии мардуми иронитабор «Шоҳнома»-и бузурги Ҳаким Фирдавсӣ меҷӯяд, Афросиёб дар 1000 сол ҳеҷ гоҳ Оғузхони мифологӣ нахоҳад шуд. Аз оне, ки дар шараёни рагҳои хунгради Баҳроми Чӯбина ва Малика Томирис хуни ҷадди худро меҷӯяд онҳо ҳеҷ гоҳ турк нахоҳанд шуд.

Оё хубтар нест, ки аз офаридаҳои ин бузургони башарият, фарзадони фарзонаи мардуми оритабори тоҷикро ин бародарон «ревизорҳои таърихи имрӯзаи Осиёи Марказӣ» омӯзанд ва ин илму ҳикмати офаридаи башарии фарзандони миллати ориёиро, ки ҳама вақт чун муаллими аввалин барои бобоёни мардуми туркитабору муғул хизмати арзандаеро чун Мавлоно Ҷалолидини Балхии Вахшӣ анҷом додаанд истифода намуда ва ба миллати ориёии тоҷик арзи сипос намуд?!

Як зарбурмасали тоҷикӣ ҳаст: «Сағера ба ҷое мерасаду сағерапарвар не!».

Меандешам, ки ин кору амали инҷо дар матали тоҷикӣ оварда дар 30 соли охир ба пантуркистони имрӯза корбаст мешавад на чизи дигар.

Мебахшед бародарон, хомӯш истодани мардуми порситабор ин маънои онро надорад,ки ба гуфти шоир шумо «худоро» низ турк гӯед!

Чуноне, ки имрӯз дар суханҳои ногуфтаи ҳазрати пайғамбарамон, ҳазрати Муҳаммад бархе аз туркпарастон истиллоҳоти набудаи туркиро ҷустуҷӯ мекунанд. Ин кор билкул хандаовар аст. Боварӣ дорам, ки агар тавонанд ҳамон ҳадиси набавии ҳазрати пайғамбар «Агар илм дар Сурайё низ бошад марди форс ба он расидагӣ карда метавонад» ба номи худ корбаст мекунед на чизи дигар. Арабҳо солҳои дароз гулӯ даронда мехоҳанд, ки Халиҷи Форсро ба Халиҷи Араб табдил диҳанд, лекин зӯрашон намерасад, зеро ин халиҷ таърихи 5 ҳазорсолаи ба истиллоҳ «порсӣ» дорад! Аз ин рӯ хубаш ҳамаи ин гирумонро монда, аз маърифати бузурги «дурри форсӣ», ки ҷаҳонро садсолаву ҳазорсолаҳо чун Эъломияи ҳуқуқи императори тоҷиктабор Куруши Кабир мунаввар намудааст баҳра баред.

Фарҳангу илму адаби ориёӣ-порсӣ-тоҷикӣ бо амри худованд барои саодату ободии башарият, ҷаҳон офарида шудааст на чизи дигар. Офариниши он ва ба номи миллати ориёӣ мӯҳр забани он аз қонунҳои худованд, офаридгори лакбахш сарчашма мегирад. Бо қонунҳои худовандӣ бошад бо мадракҳои хоми таърихсозӣ намешавад дар муқобил истод.Онро башарият, оламиён қабул нахоҳанд кард. Онро наметавон сиёҳу сафед мисли зоғу каркас ранг карду ба таври худ оро дод. Аз он бо дили соф истифода баред ва худованди лакбахш ба шумо бо баракати тамадуну илму ҳикамати худовандии ориёиҳо ҳама чизро хоҳад дод!

Шакаршиканд шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

З-он қанди порсӣ, ки Банғола меравад!

Варқаи Зайниддин

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь