Тоҷикон ва чиниҳо аз саргаҳи таърих аз халқҳои фарҳангофар ба ҳисоб рафта, аз давраи таъсиси Роҳи Бузурги Абрешим, ки тӯли беш аз ҳазосола ҳамчун як расона раҳёфтҳои фарҳангиро аз сӯйи тамаддуни машриқзамин ба ҳам мерасонид ва соҳибони андеша донишро аз Чин то Эрону Байнаннаҳрайн ба гуфтугӯ ва табодул фаро мехонданд, робитаҳои тарафайни судмандро байни ҳам барқарор карда, дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз гузоштанд. Ин андешаро бо такя бар далелҳои боэътимоди таърихӣ ва илмӣ президентҳои ҳарду давлати ба ҳам дӯст ва шарикии стратегидошта- Тоҷикистону Чин пазироӣ менамоянд. Аз ҷумла, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мақолаи худ зери номи “Бигзор дӯстии байни Чину Тоҷикистон мисли уқоб бо болҳои кушода парвоз кунад” қайд мекунад, ки “Дӯстии байни Чин ва Тоҷикистон ба беш аз ду ҳазор сол пеш бармегардад. Дар давраи сулолаи Хани Ғарбӣ фиристодаи Чин Чжан Тзян ду маротиба аз қаламравҳои ғарбӣ дидан карда, Роҳи Бузурги Абрешимро кашф кард ва асоси робитаҳои дӯстонаи байни халқҳои чинӣ ва тоҷикро гузошт. Он давраҳоро дар ёд дорам, замоне, ки дар Роҳи Бузурги Абрешим садои зангулаҳои шутур ва сумҳои асп беист садо медод, ҳайатҳои дӯстӣ ва корвонҳои тиҷоратӣ ҳамеша дар равуо буданд. Робитаҳо ва табодуле, ки дар он солҳо ба амал омадаанд, ба табодули фарҳангҳои Шарқу Ғарб мусоидат намуда, саҳифаи дурахшони солномаи тамаддуни башариро такмил карданд. Уқобе, ки дар баландтарин қуллаҳои Помир парвоз мекунад, шоҳиди равобити чандинасраи дӯстонаи Чин ва Тоҷикистон аст”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, дар китоби арзишманди худ “Тоҷикон дар ойинаи таърих” чунин маълумот медиҳанд, ки “Роҳи Абрешим сарзамини аҷдодии моро бо Чин, Ҳиндустон ва Мисри қадим мепайвандад. Бохтар ва Суғд дар чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим ҷойгиранд ва аз ин роҳ корвонҳои сершумор ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон сафар мекунанд… Роҳи Бузурги Абрешим мисли рагҳои хунгузаранд, ки ба набзи худ ба ҳаёти фарҳангӣ ва иқтисодии он дар ин роҳ мусоидат мекунад”.
Имрӯз низ дар доираи модели маънавиятгустарӣ ва сиёсати фарҳангии Пешвои миллат робитаҳои дуҷониба ва гунгунҷанбаи ду давлати ба ҳам шарик, ду халқи аз қадим бо ҳамдигар дӯст густариш ёфта, ба худ маҷрои нав касб намудааст. Хусусан, вобаста ба майлони ҷаҳонишавӣ, вусъати беш касб кардани раванди бархурди фарҳангҳо василаҳои муҳимми барқарорсозӣ ва густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии ду халқиятро ташрифи расмии сарони ду кишвар ба давлати якдигар, бастани созишномаҳо оид ба рушд додани соҳаҳои стратегӣ ва ниҳоят аввалиндараҷаи ҷомеа, баргузор кардани рӯзҳои фарҳангӣ, ташкили намоиши дастовардҳои фарҳангӣ, илмӣ, техникӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои илмӣ-таълимӣ ва фарҳангӣ, бунгоҳҳо ва марказҳои ҳифзи саломатӣ, ҷалби довталабон ҷиҳати таҳсил дар зинаҳои таҳсилотии муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат, ташкили курсҳои омӯзишӣ, табодули андеша байни олимони муассисаҳои илмии кишварҳо ва ғайра ба ҳисоб мераванд.
Ба роҳ мондан ва амалӣ кардани ин иқдому талошҳо самараи хуб дода, аз як тараф, робитаҳои тарафайни ду давлатро дар самти сиёсат, иқтисод, фарҳанг, тиҷорат, кишоварзӣ ва ғайра вусъат бахшида, аз тарафи дигар, барои тавсеа ёфтани муносибатҳои башардӯстона ва густариши муколамаи фарҳангҳо нақши муассир гузоштанд ва низ мегузоранд. Тасдиқи ин фикрро бо чанд нукта асоснок менамоем:
- Ҷумҳурии Мардумии Чин аз зумраи аввалин давлатҳои ба мо дӯсту шарик мебошад, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф карда, онро ҳамчун давлати соҳибистиқлол пазируфт. Мантиқан ин эътирофи давлатдории миллии тоҷикон аз ҷониби Чин дар худ ду маъниро ошкор мегардонад: аввалан, онҳо медонистанд, ки аз қадим тоҷикон соҳибдавлат, дорои фарҳанги ғанӣ буда, дар баробари тамаддуни Чин барои ташаккули тамаддуни ҷаҳони ғизои маънавӣ доданд, барои давлатсозии бисёр халқиятҳо ҳамчун устод сабақ омӯзониданд, роҳҳои бо адл ороста доштани кишвар ва принсипҳои идоракунии давлатро нишон доданд ва дуюм, тоҷикон мардуми озодандеш, донишманд, соҳибмактаб, соҳибкитоб буданд ва насли имрӯзи он ки идомадиҳандагони мактаби хештаншиносии гузаштагонаш мебошанд метавонанд новобаста аз тағйирёбиҳо ва дигаргуниҳои замони ҷаҳонишавӣ ва равнақ пайдо кардани раванди бархурди фарҳангҳо пояҳои давлатдории миллии худро устувор гардонанд ва Тоҷикистонро тавассути ба роҳ мондан ва рушд додани муносибатҳои дипломатӣ, байнидавлатӣ, минтақавӣ ва ғайра ба як давлати пешрафта табдил диҳанд.
- Бастани «Шартнома дар бораи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Чин ва Тоҷикистон», ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи муштараки «Як камарбанд, як роҳ» на фақат барои густариши робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар самти рушди муносибатҳои давлатӣ, шарикии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илму маориф ва ғайра нақши меҳварӣ бозиданд. Эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва идома додани анъанаҳои гузаштаи ҳамсоядорӣ муносибатҳои ҳамҷаворӣ, ҳамшарикии байни ду ҷонибро боз ҳам мустаҳкамтар гардонид. Аз ҷумла, аз теъдоди 250 санади меъёрии ҳуқуқии байнидавлатӣ ва байниидоравии то имрӯз ба имзо расонидаи байни Тоҷикистону Чин санадҳои марбут ба соҳаи фарҳангӣ-гуманитарии ба имзо расида, аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ба шумор мераванд.
- Дар ҷомеаи имрӯза Роҳи Бузурги Абрешим на танҳо барои рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, иқтисоду тиҷорати байни Тоҷикистону Чин нақши калидӣ гузошт, балки барои тавсеаи муколамаи фарҳангҳо ва интиқоли арзишҳои маънавии ду халқ роҳи наверо боз намуд. Шароит фароҳам овард, ки ҷавонони тоҷик озодона забони чиниро азбар кунанд, тибқи бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Чин таҳсил намоянд, ҳамзамон донишҷуёни чинӣ барои таҷрибаомӯзӣ, такмили забондонӣ, хусусан забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷалб карда шуда, аз устодони соҳибзабон сабақ гиранд. Амалӣ кардани ин иқдом аз чанд ҷиҳат ба манфиати ҷавонони ду миллат мебошад: аввалан, сатҳи забондонии онҳоро тақвият медиҳад; дуюм, онҳоро ба арзишҳои фарҳангӣ, расму анъанаҳои миллии ҳар ду халқият шинос мегардонад; сеюм, арзишҳои фарҳангӣ, хусусан ҳунарҳои мардумии худро ҳам дар сатҳи минтақаҳо ва ҳам байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд; чаҳорум, ҷиҳати рафъи мушкилоти кадрӣ мусоидат менамояд ва ғайра.
4.Ташкил ва баргузории ҳамоишҳо, конференсияҳои илмӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, консертҳо аз ҷониби ниҳодҳо ва вазоратхонаҳои ду кишвар воситаи дигари вусъат бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, моҳи майи соли 2012 ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Чин аз тарафи Академияи мақоми Тоҷикистон дар театри калони давлатии Чин нахустин маротиба ба тамошобинони чинӣ мусиқии классикии тоҷикии «Шашмақом», ки ЮНЕСКО онро соли 2003 ҳамчун шоҳасари мероси фарҳангии шифоҳӣ ва ғайримоддии башарият эътироф кард, муаррифӣ карда шуд, ки онро як рӯйдоди муҳим дар раванди табодули фарҳангии ду кишвар метавон ҳисобид. Баъди анҷоми чорабинии фарҳангӣ ва муаррифии санъати мусиқии тоҷик ноиби президенти Театри мазкур, фарҳангшинос, профессор Янг Тзинмао нигоҳи худро чунин баён мекунад, ки воқеан чорабинии мазкур намунаи беназири муколамаи тамаддунҳо ва ҳусни ҳамдигарфаҳмиибайни ду халқи қадима аст.
- Таҳия, тарҷума ва чопи асарҳои донишмандони тоҷику чинӣ бо ду забон низ муаррификунандаи ҳамкориҳои фарҳангии ду халқи ҳамсоя дар ҷомеаи муосир мебошад. Дар тақвияти ин гуфта метавон як мисолро овард, ки соли 2011 чопи китоби «Санъати ороишӣ ва амалии тоҷикон: аз умқи асрҳо» ба забони чинӣ дар Чин як таҳаввулоти ҷиддиро дар раванди муколамаи фарҳангҳои ду кишвар ба вуҷуд овард. Зеро тавассути чопи ин китоб ба чиниён имкон пайдо гашт, ки аз хазинаи фарҳанги миллӣ, санъати тоҷик иттилоъ пайдо кунанд. Ташкили намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Чин дар осорхонаи миллии Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан аз дастовардҳои фарҳангии ин кишвар асари некро боқӣ гузошт.
- Ташкил кардани гӯшаҳои фарҳангии ду кишвар дар китобхонаҳои бонуфузи Тоҷикистону Чин, таъсиси марказҳои фарҳангӣ, забономӯзӣ ва ғайра дигар иқдоми наҷибе аст дар густариш ва рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду миллат. Ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро амалӣ карда, дар китобхонаи миллӣ гӯшаи фарҳангии Чинро таъсис додааст, ки муштариён зимни ташриф метавонанд маълумоти заруриро дар бораи Чин ба даст оваранд. Маркази Конфутсӣ низ дар назди ДМТ низ ҷиҳати муаррифии фарҳанги Чин, забономӯзии ҷавонони тоҷик ҷойгоҳи намоёни худро дар ин самт ишғол мекунад.
- Таъсиси «Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон», «Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Чин дар Урумчӣ» ва «Ҷамъияти дӯстии мардумии Чин дар хориҷа» ва дигар созмону ташкилотҳо на фақат дипломатияи мардумии ду кишварро тақвият медиҳанд, балки пайвандгари робитаҳои дӯстона, тавсеабахшандаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муаррификунандаи ҳунарҳои мардумии ду халқи фарҳангофар мебошанд ва ғайра.
Бобоҷон Самиев, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ