Таърихи тамаддуни башар башорат аз он медиҳад, ки миллати куҳанбунёду мутамаддини тоҷик дар масири пур аз шебу фарози таърих ҳазорҳо донишмандону олимон ва нобиғигони замонро тарбия намудаву ба камол расонида, ба арсаи илм ворид намудааст, ки онон тавассути ақлу хирад, маърифатнокӣ ва дигар истеъдодҳои худододияшон аксари улуми замонро аз худ намуда, дар пешрафти илму дониш саҳми арзишманде аз худ барҷой гузоштаанд. Яке аз ин гуна чеҳраҳои фурӯзону ахтарон ва шахсияти нотакрори илму адаби тоҷик донишманди безавол, нобиғаи замон, файласуфи беназир Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ маҳсуб меёбад, ки бо кору пайкори нотакрораш ҷаҳонро ба ҳайрат оварда, номи неку поки тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намудааст.
Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ маъруф ба Абӯнасри Форобӣ тахминан соли 870 дар Фороб ё Форёб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, пасон барои такмили дониши хеш ба як қатор шаҳрҳо сафар намуда, дар назди бузургтарин донишмандони замон илм меомӯзад ва тамоми фунуни замони хешро аз бар намуда, дар натиҷаи омӯзиши ҷиддӣ, илмдӯстӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ ба яке аз бузургтарин донишмандони давру замон табдил меёбад ва бо номи “Муаллими сонӣ” пас аз Арасту шӯҳратёр мегардад. Бино ба қавли, ҷуғрофидони машҳури асри XIII Закариёи Қазвинӣ “Ӯ аввалин ҳакимест, ки дар ислом нашъунамо ёфта, каломи Аристотилисро фаҳмида, онро аз юнонӣ ба арабӣ тарҷума кардааст”.
Бояд қайд намуд, ки оиди дар куҷо ба дунё омадани Форобӣ ихтилофӣ назар аст ва аз ин ихтилофҳо баъзе аз қавмҳо истифода бурда мехоҳанд Форобиро яке аз донишмандони худ муаррифӣ кунанд. Аслан, қисме аз муаррихон бар он назаранд, ки Абӯнаср дар Фороб (имрӯза воқеъ дар Қазоқистон) ба дунё омада ва бархеи дигар аз Форёб (дар Афғонистони кунунӣ) будани ӯро тасдиқ мекунанд. Бинобар ин ки Фороб дар Қазоқистон ва ба қавли баъзеҳо он вақта кишвари Туркистон воқеъ аст, баъзе аз донишмандон ӯро турк хондаанд ва имрӯз қазоқҳо бошад, даъвои қазоқ будани ӯро доранд. Донишманди бузурги эронӣ Муҳаммадризо Ноҷӣ дар китоби худ “Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён” низ қайд кардааст, ки “Аз он ҷо, ки ӯ (Абӯнаср –С.М.) дар шаҳри Фороб-дар варои руди Сайҳун ва ҳудуди Туркистон ба дунё омада, бархе ӯро турк донистаанд”. Мутаасифона, Абдурауфи Фитрат дар мақолаи худ бо номи “Тилимиз” дар баробари турк эътироф кардани дигар бузургони илми форс-тоҷик Форобиро низ турк гуфтааст. Дар баробари ин, академик Бобоҷон Ғафуров дар яке аз мактуботи худ ӯро турк хонда ва дар китоби “Тоҷикон”-и хеш аз оилаи саркардаҳои ҳарбии турк будани ӯро баён доштааст. Донишмандони дигари тоҷик К. Олимов ва Х. Султонов дар мақолаи худ навиштаанд, ки “ба андешаи баъзе аз муҳаққиқон аҷдодони Форобӣ аз ҳарбиёни турканд ва худи ӯ низ гӯё ҳамеша либоси туркона дар бар доштааст. Олимони дигар муътақиданд, ки Фороби эронинажод аст ва падараш низ аз сардорони эронист” (Маориф ва маданият, 16.11.1972, №137(8684)). Айнан ҳамин гуфтаҳоро Кароматулло Олимов дар мақолаи дигари худ қайд мекунад, аммо дар ин ҷо падари Форобиро ба қавли баъзеҳо “зиндонбони турк” меорад (Садои Шарқ, 1973, №10, -С.130). Дигар донишманди тоҷик А. Содиқов низ айнан ҳамин гуфтаҳоро дар мақолаи худ “Абӯнаср ал-Форобӣ дар бораи ахлоқ” қайд намудааст(Мактаби Советӣ, 10.10.1975, №10, -С.27). Мӯсо Диноршоев ва Умарбек Султонов бошад, дар мақолаи худ қайд кардаанд, ки “Бино ба ахбори бештари манбаъҳои асрҳои IX-XII падари Форобӣ аз сардорони лашкари Сомониён буд ва аслаш форс аст. Аммо ба андешаи баъзе аз муаллифони асри XIII аждодони Форобӣ аз ҳарбиёни турканд”(Маориф ва маданият, 18.03.1976, №35 (8806)).
Қобили қайд аст, ки муаррихон дар илми таърих ҳангоми барасии ҳаводисе бештаран сарчашмаҳои ба замони ҳодиса наздикро қабул мекунанд. М. Диноршоев ва У. Султонов қайд кардаанд, ки бештари манбаҳои асрҳои IX-XII падари Форобиро аз сардорони лашкари Сомониён ва аслашро форс хондаанд. Бинобар ин, ин сарчашмаҳо, ки ба замони ҳаёти Форобӣ наздик аст, бешак сарчашмаҳои аслӣ ва эътимоднок буда, худ баёнгари он аст, ки Форобӣ турк не, балки форс-тоҷик аст. Сарчашмаҳое, ки дар асри XIII навишта шудаанду Форобиро турк хондаанд, аслан ин гуна манбаъҳо дасти дуюм мебошад, зеро ки аз замони ҳодиса хело дур аст ва ба ин гуна манбаъҳо кам эътибор дода мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳақиқати ҳол ҳам ҳамин аст, ки Абӯнаср хостгоҳи эронӣ дошта, дар асл форс-тоҷик мебошад ва замоне, ки ӯ ҳаёт ба сар мебурд, аксари туркҳо дар ҳолати бодиянишинӣ қарор доштанд. Ҷуғрофидон ва таърихшиноси машҳури асри IX-X форс-тоҷик Ибни Фақеҳ дар асараш “Ал-булдон” Мовароуннаҳрро ҷузъи Хуросон нишон дода, қайд кардааст, ки “ҳамсоягони хуросониён турконанд”. Аз рӯйи маълумотҳои ҷуғрофӣ бошад, маълум мегардад, ки Фороб яке аз навоҳии Мовароуннаҳр аст ва дар сурати ин гуна будан, баръало равшан мегардад, ки туркҳо дар замони ҳаёти Абунасри Форобӣ ҳанӯз берун аз ин минтақа сукунат доштанд. Донишманди дигари форс-тоҷик Ибни Ҳавқал дар асари худ “Сурат-ул-арз” қайд намуда, ки “барои мусулмонон ҷангҳое душвортар ва муҳимтар аз ҷангҳои турк нест ва мардуми Мовароуннаҳр дар баробари эшонанд ва билоди исломро аз хатари таҷовузи онон ҳифз мекунанд”. Ҳамин гуфта, далели раднопазири он аст, ки туркҳо то асри даҳ ҳанӯз исломро қабул накарда будаанд ва мардуми Фороб, ки ҷузъи Мовароуннаҳранд мусалмон ҳастанд ва Форобӣ низ аз ҷумлаи онҳост. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Абунасрӣ Форобӣ форс-тоҷик буда, марбут ба турку қазоқ будани ӯ ғайримантиқӣ ва қобили қабул намебошад.
Воқеан, пас аз интишори ислом тоҷикон дар тамоми соҳаҳо донишмандони варзидаро ба майдони илм оварданд ва донишманди бузурги араб Ибни Хулдун худ эътироф кардааст, ки “Машъалбардорони илму фарҳанг дар уммати ислом аксаран эронӣ буданд, хоҳ улуми ақлӣ ва хоҳ улуми нақлӣ. Агар ҳам насаби баъзе аз ҳомилони дониш арабӣ буд, забон ва маҳалли парвариш ва устодони онҳо аҷамӣ будааст” ва яке аз бузургтарини онҳо маҳз Абӯнасри Форобӣ буд. Ӯ аз тамоми илмҳои замони хеш бархӯрдор буда, ҳатто худ олими ҳамаи илмҳо буд ва дар аксари илмҳо бо донишмандон баҳс мекард. Вай фаъолияти илмии хешро дар Бухоро оғоз бахшида, пасон ба як қатор шаҳрҳо, аз қабили Бағдоду Димишқ рафта, идома медиҳад. Ба қавли донишманди шинохтаи тоҷик Нурмуҳамади Амиршоҳӣ ӯ “фарогирифтаи тамоми улуми маъруфи замон аз эрони қадим, зардуштию монавӣ то ба юнонию румӣ буд, ки бузургтарин маънавиёти онҳоро бо улуми исломӣ муқоиса кард ва таълимоти бузургеро аз худ ба вуҷуд овард” ва бино ба қавли Байҳақӣ “Дар ислом шахсе таваллуд наёфтааст, ки бо ӯ баробар шуда тавонад” ва ҳатто Сино “асарҳои Абӯнасрро бисёр истифода мебурд”.
Абӯнасри Форобӣ яке аз бузургтарин донандагони фалсафа буд. Ӯ фалсафаро аз файласуфи масеҳимазҳаб Мати ибни Юнус омӯхта, пасон бо такмил ёфтани донишҳаш худ мустақилона ба омӯзиши фалсафа машғул мешавад ва асарҳои файласуфони юнониро аз худ намуда, тафсир менамояд ва ба қавли шарқшиноси машҳури немис А. Мюллер “ин фарди барҷаста тавонист душвортарин масъалаҳои фалсафии Юнонро фаро гирад ва дарёбад. Бинобар ин, танҳо ӯро дар шарқ асосгузори ҳақиқии коркарди илми фалсафа ҳисобидан лозим аст, на шахси дигарро”. Муаллифи китоби “таърихи фалсафаи исломӣ Абдулифтихор Оқилӣ низ барҳақ қайд кардааст, ки “Ӯ на танҳо дар фаҳм ва дарки дурусти фалсафаи Юнон ва бар файласуфони мутааххири аз худ муассир буда, балки пешниҳодҳое, ки худ дар масоили фалсафӣ матраҳ кардааст дар онон асаргузор буд”. Дар воқеъ, “Абӯнасри Форобӣ мероси илмии афкори фалсафӣ ва иҷтимоии халқҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон ва дигар кишварҳои шарқиасримиёнагиро ҷамъбаст намуда, низоми томе офарид, ки масъалаҳои фалсафии асримиёнагиро инъикос менамуд”(Содиқов А., Ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Абӯ Наср ал-Форобӣ, -Д: 2009, -С.17).
Абӯнасри Форобӣ илми мусиқиро низ ба таври шоиста медонист. Закариёи Қазвинӣ навиштааст, ки Абӯнасри Форобӣ “… Дар илми мусиқӣ ҳозиқ буд ва дар яке аз маҷлисҳояш найи ҳафтбандро берун оварда, чунон навохт, ки ҳамагӣ хандон шуданд, бори дигар чунон навохт, ки ҳамагӣ гирён шуданд ва бори дигар чунон зад, ки ҳамаро хоб даррабуд. Ҳаким аз миёни маҷлис бархосту фирор намуд”. Айнан ҳамин гуфтаҳоро Ибни Холиқон дар асари машҳури худ “Вафаёт-ул-аъён фи анбои-уз-замон” баён доштааст.
Бояд қайд намуд, ки Абӯнасри Форобӣ аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Тибқи маълумотҳои муҳаққиқон ӯ зиёда аз 160 асар таълиф намудаааст, ки ба ҳамаи илмҳо тааллуқ дорад ва ӯ аз ҷумлаи бузургтарин энсклопедистон дар таърихи башар мебошад. Машҳуртарин асарҳои ӯ “Китоб-ул-мадинат-ул-фозила”, “Китоб-ул-мусиқӣ-ал-кабир”, “Эҳсоул-улум”, “Фусул-ул ҳикам” ва ғайраҳо мебошад, ки дар олами Шарқу Ғарб маъруф аст. Ӯ барои инкишоф ва рушди илмҳои мухталифи замон, аз қабили фалсафа хизмати шоён намудааст, ки то ба ҳол андешаҳои созгори ӯ дар ҷомеа мавриди истифода қарор дорад.
Абӯнасри Форобӣ тақрибан соли 950(951) дар Димишқ вафот мекунанд. Тибқи иттилои Закариёи Қазвинӣ “Абӯнаср дар миёни корвоне, ки ба Шом мерафт, қарор дошт. Дуздон ба корвониён дарафтоданд. Вай молу аспашро ба онҳо дод, вале ҷӯз ба қатли ӯ розӣ нашуданд. Абӯнаср дар тирандозӣ чирадаст буд, пас аз асп поён шуда, сипарро гирифт ва бо онҳо ҷангид, то соли 951 кушта шуд”. Дар баробари ин гуфтаҳо, қисми зиёде аз муаррихон марги ӯро табиӣ арзёбӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Абӯнасри Форобӣ аз ҷумлаи бузургтарин донишмандони форс-тоҷик буда, ба ақвоми дигар ҳеҷ марбуте надорад. Албатта, бо чанд андешаи кучак наметавон бузургии ӯро ба таври шойиста баён дошт, аммо ҳаминро метавон гуфт, ки илме набуд, ки Форобӣ дар он саҳмгузор набошад. Мақсади аслии мо миллатчигӣ набуда, фақат мехоҳем шахсиятҳои оламшумули гузаштаи худро шинохта, ба онҳо арҷ гузорем ва аз кору пайкори онҳо дарси ибрат омӯхта, дар амал татбиқ намоем. Муҳаққиқони тоҷикро мебояд, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ намоянд, зеро ки агар имрӯз мо бетараф шуда, Форобиро ба дигарон бахшем, фардо онон якто якто гузаштаи рангини моро аз худ намуда, миллати тоҷикро аз таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурҷилои худ бенасиб мекунанд. Ҳамакнун, насли ҷавони кишварро мебояд, ки рӯ ба гузаштаи пурифтихор намуда, аз он беҳтарин лаълу дурдонаҳои маърифатро ҷудо намуда, ба худ интихоб намоянд ва барои пешрафти давлати хеш саҳмгузор бошанд.
Муҳаммадлатиф Маҳмадаминов,
унвонҷӯи кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ
Самандар Маҳмадаминов,
донишҷӯи факултети таърихи ДМТ