Чанде пеш мардуми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 94-умин солгарди таъсиси кишварашонро таҷлил карданд. Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Аррушайдон дар чорабинии тантанавие, ки дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” баргузор гардид, иброз намуд, ки 23 сентябри соли 1932 мелодӣ баробар бо 21 ҷимодиюлаввали соли 1351 ҳиҷрӣ, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷониби Асосгузори зиндаёд шоҳ Абдулазиз ибни Абдурраҳмон Оли Сауд муттаҳид карда шуд.
– Ӯ тавонист як ниҳоди бузургеро бо ҳам муттаҳид ва кишварро дар радифи дигар мамолики ҷаҳон соҳибнуфузу пешрав гардонад. Аз ин рӯ, мо бояд таърихи кишварро ба некӣ ёду онро гиромӣ дошта, масири ниёгони худ ва ирси фарҳангиву таърихии кишварро бо камоли ифтихор ба наслҳои оянда ҳикоят кунем.Фарзандони гиромии шоҳ Абдулазиз ибтидо аз шоҳ Сауд, шоҳ Файсал, шоҳ Холид ва сипас шоҳ Фаҳду шоҳ Абдуллоҳ сар карда , то ба аҳди Ходими Ҳарамайни Шарифайн шоҳ Салмон ибни Абдулазиз ҳамагӣ масири ӯро паймуданд. Тамоми пешравию шукуфоие, ки имрӯзҳо кишвари мо аз он баҳравар аст, махсусан дар аҳди Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Валиаҳд, Сарвазир, ки муаллифи ташаббуси бузурги “Дидгоҳи саудӣ – 2030” ва соҳиби ҳадафу таҳаввулоту ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, гувоҳи гуфтаҳои боло аст, -иброз намуд Валид ибни Абдурраҳмон Аррушайдон.
Сафир зикр намуд, ки Худованд барои мо Ҳарамайни Шарифайнро инъом намуда, Роҳбарият ва мардуми ширифи Арабистони Саудӣ дар хизмати Ҳарамайни Шарифайн, заминҳои муқаддас ва меҳмонони он камари ҳиммат бастаанд. Мавқеи географии барҷастаи Шоҳигарӣ се қитъаи ҷаҳон – Осиё, Африқо ва Аврупоро бо ҳам пайваста, таърихи мондагори кишвар ҷойгоҳи Арабистони Саудиро дар олами ислом ва арсаи ҷаҳон арзанда гардонидааст. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ илтифоту ғамхорӣ ба башариятро шиори худ қарор дода, дар радифи бузургтарин кишварҳои донор маблағи беш аз 1 миллиарду 200 миллион доллари ИМА-ро ҳамчун кӯмакҳои башардӯстона ба кишварҳои гуногун нисор намудааст. Инчунин, Шоҳигарӣ истиқлолият ва соҳибихтиёрии кишварҳоро арҷ гузошта, меъёрҳои устувори сиёсӣ, аз ҷумла дахолат накардан ба умури дохилии кишварҳо, даъват ба эътидол, мубориза бо ифротгароиву терроризм ва ҳалли осоиштаи кулли ихтилофҳоро таҳким бахшидааст.
Валид ибни Абдурраҳмон Аррушайдон ёдовар шуд, ки Шоҳигарӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва башардӯстона ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.Аз ҷумла, таъсиси Созмони байналмилалии об бо қароргоҳ дар шаҳри ар-Риёз.Дар идома ба нақши башардӯстонаи худ дар баробари халқи ҷаҳон, Шоҳигарӣ дар сархати кишварҳои донор қарор гирифта, тайи даҳсолаҳои ахир дар ҳаҷми беш аз 123 миллиард доллари ИМА кӯмакҳои башардӯстона тақдим намудааст;Шоҳигарӣ беш аз 50 % нишондиҳандаҳои рушди устувори СММ-ро ноил гардид; Арабистони Саудӣ дар соли 2023 ба унвони як кишвари рушдёбандаи босуръати иқтисодӣ тасниф гардида, дар миёни кишварҳои бузурги иқтисодии G20 мавқеъи пешрафтаро ноил гардид.Шаҳри ар-Риёз мизбонии Намоишгоҳи байналмилаии “Expo – 2030” таҳти шиори “Даврони тағйирот: Мо якҷоя ба оянда менигарем”-ро ноил гардид.Тибқи маълумоти Маркази аврупоии рақобатпазирии рақамӣ Шоҳигарӣ дар рақобатпазирии рақамӣ дар байни кишварҳои G20 ҷои дуюмро ишғол карда, шумораи умумии ҷоизаҳои гирифтаашро ба 35 шаҳодатнома расонид.Шоҳигарӣ дар миқёси ҷаҳонии хидматрасонии рақамӣ дар ҷои чорум ва дар минтақа дар ҷои аввал қарор гирифт.Дар бахши варзиш Шоҳигарӣ ба як каронаи варзиши ҷаҳонӣ табдил ёфта, барои мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2034 ва Ҷоми Осиё дар соли 2027 тасмим гирифтааст. Инчунин, ба наздикӣ дар шаҳри ар-Риёз Ҷоми Шоҳигарӣ оид ба асптозӣ ва Ҷоми ҷаҳонии варзишии электронӣ ба анҷом расид, ки соатҳои тамошои он беш аз 177 миллион соат ва ҳаҷми ҷоизаҳо беш аз 60 миллион долларро ташкил дод.Дар чаҳорчуби ҳадафҳои “Дидгоҳи Шоҳигарӣ – 2030”, сатҳи иштироки занони саудӣ дар бозори меҳнат аз 30% боло рафт.Тибқи оморҳои Вазорати сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шумори сайёҳон аз 100 миллион сайёҳ гузашта, ҳаҷми даромади ин соҳа беш аз 26 миллиард долларро ташкил дод. Дар нимсолаи аввали соли 2024 шумораи сайёҳон дар Шоҳигарӣ аз 60 миллион нафар гузашта, ҳаҷми даромад беш аз 40 миллиард долларро ташкил дод ва Арабистони Саудӣ аз рӯи ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар ҷаҳон мақоми 11-умро касб кард.
Сафир дар бораи муносибатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, таъкид намуд, ки ин робитаҳо барҷаста ва таърихӣ мебошанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар радифи нахустин кишварҳо моҳи январи соли 1992 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, моҳи феврали соли 1992 муносибатҳои дипломатии худро барпо намуд.
– Аз ин рӯ, бино ба арзишҳои муштараки ҷойдошта, муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо бар пояи дӯстию эҳтироми мутақобилаи роҳбарият ва халқҳои ду кишвар асос ёфта, кишвари ман шарики рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, Фонди Саудии Рушд, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2002 оғоз намудааст, то имрӯз як қатор лоиҳаҳоро бо маблағи 295 миллион доллар дар ин кишвар роҳандозӣ кардааст. Инчунин, ташаббусҳои Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмонро, ки аз соли 2015 ба инҷониб дар ин кишвар амалӣ мешаванд, ёдовар шудан ба маврид аст, –иброз намуд сафир.
Сафари расмии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Файсал бин Фарҳон Оли Сауд дар таърихи 3 октябри соли 2022 ва мулоқоти ӯ бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ муҳтарам Сироҷиддини Муҳриддин дар масири равобити ҳасанаи дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида сатҳи муносибатҳоро дар ҳама сатҳу арсаҳо ба уфуқҳои пешрафта расонид.
Дар пайи баргузории даври сеюми Комиссияи байниҳукуматии муштараки Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 22 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, Анҷумани соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон таъсис дода шуд ва мо умедворем, ки нақши ин Анҷуман дар афзоиши сатҳи савдои дуҷонибаи байни ду кишвари бо ҳам бародар арзанда хоҳад буд.
Дар сатҳи маориф, барномаи “Дар Арабистони Саудӣ бихон!” барои ҳамаи донишҷӯён аз тамоми гӯшаву канори дунё имконият фароҳам меорад, то дар донишгоҳҳои гуногуни бонуфузи Арабистони Саудӣ, ки дар он донишҷӯёни зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 84 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, бо омӯзиш фаро гирифта шаванд.
Ҳамчунин, 19 июли соли 2023 дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои арабии Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Валиаҳд, Раиси Шӯрои вазирони Арабистони Саудӣ бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки дар он ҷонибҳо хоҳиши муштараки густариши ҳамкориҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо, ки ба манфиати ду кишвар ва рӯзафзунии мардуми он равона мегарданд, таъкид карданд.
Дар ин робита, Валид ибни Абдурраҳмон Аррушайдон чанд намунае аз руйдодҳои ахири муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишварро ёдовар шуд:
- Дар идомаи сафарҳои мутақобилаи байни ду кишвар бо мақсади баррасии имкониятҳои иқтисодӣ ва роҳандозии шарикии сармоягузорӣ, ҳайати ҳукуматӣ ва теъдоде аз соҳибкорони саудӣ моҳи июли соли гузашта ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд;
- Шаҳри Душанбе бори аввал дар моҳи июни соли ҷорӣ ҷаласаҳои Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистонро мизбонӣ намуд;
- Ҳайати расмӣ ва 40 соҳибкори Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории кишварҳои арабии Халиҷ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки охири моҳи майи соли 2024 дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри ар-Риёз баргузор гардид, иштирок намуданд;
- Омодагӣ ба баргузории даври чаҳоруми Кумитаи муштараки ҳукуматии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар семоҳаи чаҳоруми соли ҷорӣ дар шаҳри ар-Риёз ва дар ҳошияи он Анҷумани сармоягузории Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон;
- Имзои Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи умури исломӣ ва дигар ёддоштҳои ҳамкорӣ;
- Иштироки ҳайати баландпояи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо роҳбарии муҳтарам Вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ дар Конфронси сеюми байналмилалии об, ки моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид;
- Моҳи майи соли гузашта аввалин давраҳои омӯзиши забони арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Академияи олии забони арабии ба номи шоҳ Салмон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абу Ҳанифа Нуъмон баргузор гардид;
- Фонди Саудии Рушд марҳилаи чоруми бинои 34 мактабро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион доллари ИМА анҷом дод;
- Фонди Саудии Рушд оғози татбиқи марҳилаи панҷуми бинои 19 мактаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 20 миллион доллари ИМА-ро эълон намуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар соҳаи маориф ба 95 миллион доллари ИМА расонда шуд;
- Фонди Саудии Рушд созишномаи маблағгузориро ба маблағи 100 миллион доллари ИМА барои бунёди НБО “Роғун” ба имзо расонид.
Сафир дар хотима таъкид кард, ки тариқи талошҳои пайгирона сатҳи муносибатҳоро рушду таҳким мебахшанд, то ормону нақшаҳои роҳбарияти олии ҳар ду кишвар амалӣ гардад.
Сайфиддин Суннатӣ