Дар таърихи ҳар як халқ ҳам саҳифаҳои қаҳрамонӣ ва ҳам саҳифаҳои даҳшатангез вуҷуд доранд. Дар баъзе ҳолатҳо ин лаҳзаҳо бо ҳам мувофиқат мекунанд. Чунин рост омад, ки Январи Сиёҳи соли 1990 – рӯзи 20 январ дар таърихи Озарбойҷон саҳифаҳои даҳшатангезу қаҳрамонӣ якҷоя ба қайд гирифта шудааст. Ин шаби мудҳиш барои мардуми озарбойҷонӣ, ки мусибатҳои вазнинро овард, як санҷише буд, мутаасифона дар ҳамин давра қаҳрамонҳо аз тарафи халқ ба воя расидаанд, ҳамчунин моҳияти аслии шахсоне, ки дар сари қудрат буданд аниқ шуд.

“Амалиёти Боку” таҳти роҳбарияти бевоситаи Вазири мудофиа Дмитрий Язов, Вазири корҳои дохилӣ Вадим Бакатин ва муовини раиси Кумитаи Давлатии Амнияти ИҶСС (СССР) Филипп Бабков сурат гирифт.

Нерӯҳои гарнизони ш.Боку, қисмҳои ҳарбие, ки аз киштиҳои низомӣ гурӯҳҳои десантӣ фуруд омада буданд, бо ҳамла ба шаҳр ворид шуданд. Таҷҳизоти ҳарбии вазнин ба осонӣ баррикадаҳоро нобуд мекард. Кӯчаҳои шаҳр дар хуни кушташудагон ва заҳмбардоштагон ғарқ шуда буд – мӯйсафедон, занон, кӯдакон. Низомиён раҳгузаронро тирпарронӣ, хонаҳои истиқоматиро, мошинаҳои ёрии таъҷилиро тарранзодӣ мекарданд, заҳмбардоштагонро мекуштанд, месӯзонданд, ҷасадҳоро таҳқир мекарданд. Одамон дар зери чархҳои таҷҳизоти вазнини низомӣ мефавтиданд. Сарбозон ва афсарон бо як нафрату ҳасад ба мардуми озарбойҷонӣ менигаристанд, онҳо майзада буданд, занҳоро, мӯйсафедонро, кӯдаконро, ронандогон ва духтурони ёрии таъҷилиро тирпарронӣ мекарданд. Танкҳо ва БТРҳо мошинҳои сабукравро бо одамҳояш паҳш мекард. Дар касалхонаҳо барқ катъ карда буд, то ки ба заҳмгардидагон имконияти расонидани ёрии тиббӣ нашавад. Дар шаҳр кушторҳо ба назар мерасид.

Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи вориди ғайриқонунии сарбозон, дар Боку ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ 147 нафар кушта, 744 нафар заҳмдор, 841 нафар ғайриқонунӣ дастгир шуда, аз онҳо 112 нафар дар маҳбасхонаҳои гуногуни шаҳрҳои ИҶСС (СССР) содир карда, нигоҳ дошта буданд. Аз тарафи низомиён 200 хонаҳо, 80 автомошинаҳо, аз он ҷумла мошинаҳои ёрии таъҷилӣ бо зӯроварӣ несту нобуд карда шудаанд.

Ба амволи давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ ба маблағи 5.637.286 рубл зарар оварда шуд.

Мақсади асосии амале, ки пешакӣ ҳаматарафа амиқ шуда ва актсияи агрессивӣ дошт, ин фишори муборизаи халқи озарбойҷонӣ барои демократия ва мустақилияти миллӣ, ҳамчунин расонидани таҳқири маънавӣ буд.

Ҳамаи ин, на танҳо мардуми озарбойҷониро натарсонид, балки бо маротиби зиёд нафрат нисбати империяи Шӯравӣ қувват бахшид. Одамон аз найзаи милтиқҳою танкҳое, ки ба онҳо равона карда буд натарсиданд ва мурдаҳоро аз кӯчаҳо ва хиёбонҳо мебурданд. Ба пушкаҳою БТРҳои дар кӯчаҳо истода, ба сарбозони мусаллаҳ ва ҳолати фавқулодда нигоҳ накарда, 22 январ мардум аз майдони “Азадлик” фавтидагонро ба манзили охирин – ба “Кӯчабоғи шаҳидон” гуселонданд. Дар ягон ҷои ҷаҳон чунин дафни серодам набуд. Мардуми Озарбойҷон 40 рӯз мотам нигоҳ дошт. Одамон мушкилиҳоро тоқат карданд, аммо 40 рӯз эътироз баён намуданд.

Январи хунин боз ҳам ҳаракати озодонаи миллиро тақвият дод, ки дар натиҷа мустақилияти Озарбойҷон барқарор ёфт. 

Баъд аз кушторҳои 20-ми январ мардумро воҳима зер кард ва онҳо дучори таҳқир шуда буданд. Ҳайдар Алиев ба Намояндагии доимии Озарбойҷон дар Москва омад ва дар пеши ҳозирини бисёр ҷамъшуда баромад кард. Ӯ ҳамбастагии худро ба мардум дар ҳамин рӯзҳои вазбин изҳор дошт. Рафторе, ки бар хилофи меъёрҳои қонун, демократия, гуманизм, ки аз тарафи Москва ва роҳбарияти ҷумҳурӣ нисбати мардуми бесилоҳ ба амал омада буд, хатои дағалонаи сиёсӣ буд.

Танҳо ба шарофати Пешвои умумимиллӣ – Ҳайдар Алиев фоҷиаи Январ дар сатҳи давлатӣ бо баҳои сиёсию ҳуқуқӣ арзёбӣ шуд. Бо истодагарии ӯ феврали соли 1994 сессияи махсуси Маҷлиси Миллӣ гузаронида шуд, ки дар он ба вориди Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ рӯзи 20-ми январи соли 1990 ба Боку ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамчун агрессияи ҳарбӣ ва ҷиноят нисбати мардуми озарбойҷонӣ аз тарафи режими тоталитарии коммунистӣ баҳо дода шуд. Ин рӯзҳои январи соли 1990 дар таърихи Озарбойҷон ҳамчун фоҷиаи миллӣ ва ҳамчун дараҷаи баланди ҳаракати озодии миллӣ боқӣ мемонанд.

Ин саҳифаи таърихи мо зери ғиззаси тирҳои империяи Шӯравӣ кушода шуд ва бо хуни шаҳидони мо навишта шудааст. Абадӣ!

Ин аст, ки мардуми Тоҷикистон, ки барои истиқлолияти худ мубориза бурдааст, ҳамеша бо халқи Озарбойҷон дар ин рӯзҳои таърих изҳори ҳамбастагӣ мекунад.

Манучеҳр Ниёзов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь