Ҳамасола 17 апрел Рӯзи миллӣ ва байналмиллалии пуштибонӣ аз зиндониёни фаластинӣ, ки дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Исроил қарор доранд, ҷашн гирифта мешавад.
Қарори таҷлили ин сана, ки аз ҷониби Шӯрои миллии Фаластин соли 1974 ба унвони мақоми олии Созмони озодибахши Фаластин ҷиҳати посдории хотираи фавтидагон шаҳидони ин ҳаракат тасдиқ шудааст.
Ин рӯзро чун рӯзи маҳбусон ва қурбониёни зиндонҳои исроилӣ, ки таҷассумгари кӯшиш ва ирода ҳастанд ва дар самти амалисозии ҳимоя аз ҳуқуқҳои қонунии худ мубориза мебаранд, арзёбӣ мекунанд.
Айни замон, зимни таҳияи ин маълумотнома 4500 нафар маҳбусон дар зиндонҳои исроилӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз ин шумора 31 нафарро занон ва духтарони ноболиғ ташкил дода, шумораи ноболиғон маҷмӯан ба 160 нафар мерасад, 550 нафар барои қонунвайронкунии маъмурӣ ҳабс шуда, боқӣ 10 нафар рӯзноманигор ва 21 маҳбусони араб (ғайрифаластинӣ) мебошанд.
Шумораи маҳбусони бемор низ кам нестанд, аз ҷумла байни боздоштшудагон 18 нафар гирифтори саратон ва варами шушҳо буда, 11 нафар аз бемориҳои гурда ранҷ кашида, 10 нафар маъюби дараҷаи якуманд.
548 зиндонӣ ба ҳукми абад маҳкум шуда, 25 маҳбус то имзои созишномаи Осло дар зиндон нигаҳдорӣ мешуданд. Дарозумртарин маҳбусон Карим Юнис ва Маҳер Юнис мебошанд. Ин ду аз январи соли 1983 дар ҳабсхона қарор дошта, маҳбус Наел Баргутӣ, як тани дигар аст, ки аз соли 1942 дар зиндон аст.
Маҳбусон дар зиндонҳои мухталиф дар тӯли солҳои зиндон шоҳиди фавти теъдоде аз ҳамватанони худ буданд. Теъдоди асирони кушташуда ба 227 нафар расида, Самӣ Ал-Амура яке аз маҳбусонест, ки дар як соли охир дар зиндон кушта шудааст. Ҳамчунин шумораи маҳбусоне, ки баъди аз зиндон озод шудан, бемориҳои гуногунро аз он ҷо мерос гирифтаву тамоми умри боқимонда ранҷ мекашанд, кам нестанд.
Манбаъ: Сафорати Фаластин дар Душанбе