Муассисаи давлатии Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе дар миқёси Ҷумҳурӣ ягона муассисаест, ки барои Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи Оҳани Тоҷикистон мутахасис тайёр мекунад. Дар тӯли фаъолияти дуру дарози худ муассисаи таълимии мазкурро зиёда аз 15 ҳазор мутахассисони соҳаи нақлиёти роҳи оҳан хатм намуданд, ки дар корхонаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла дар Федератсияи Русия кору фаъолият карда истоданд.
Литсейи мазкур 21 июни соли 1941 нахуст ҳамчун Омӯзишгоҳи роҳи оҳанчиёни № 1 ш.Сталинобод ташкил шуда, соли равон аз таъсиси он 77 сол пур мешавад. 13 январи соли 1990 омӯзишгоҳ ба номи Қаҳрамони иттиҳоди Шӯравӣ Гордеев А.С. гузошта шуд.
Аз соли 2012 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ба Литсёйи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе табдили ном кард.
Ихтисосҳо
Литсейи касбии технкии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе дар замони истиқлолият фаъолияти худро пурра ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи кишвар мутобиқ намуд ва дар айни замон дар муассиса аз рӯйи 8 ихтисос мутахассисони КВД роҳи оҳанро тайёр мекунад:
1.Роҳбалади вагонҳои мусофиркаш,
2.Навбатчии стансияи роҳи оҳан,
3.Ёрдамчии машинисти локомотив,
4.Хазиначӣ-чиптафурӯш,
5.Назоратчии таъмиргари вагонҳо,
6.Челонгари таъмиргари автомобил,
7.Монтажчии барқ ва тамарқузи бонгзании ташкили ҳаракати қатора,
8.Ҳисобдор бо тавонистани кор дар компютер.
Инчунин Литсей курсҳои кӯтоҳмуддатро аз руйи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:
1. «Ороиши муй, рӯй ва нохун»;
2.«Дузандагӣ»;
3.«Ронанадаи дараҷаи «В»;
4.«Ҳисобдор бо донистани компютер»;
5.«Омӯзиши компютерӣ»;
6.«Забони англисӣ»;
7.«Забони русӣ».
Дар литсей барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон доир ба фанҳои «Забони англисӣ», «Забони русӣ» дар асоси ҷадвали тасдиқгардида ба хонандагон дарсҳои иловагӣ гузаронида мешавад. Омӯзиши фанҳои мазкур ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз пешрафти техника ва илму фанҳои муосир аз наздик шинос шаванд ва аз онҳо баҳравар шаванд.
Дар муасссиаи мазкур 465 нафар хонанда дар 18 гуруҳ таҳсил мекунанд. Аз инҳо дар заминаи таҳсилоти синфи «11» 200 нафар ва дар заминаи таҳсилоти синфи «9» 265 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки 79 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии гуруҳҳои таълимӣ 12 гуруҳ буҷавӣ ва 6 гуруҳ шартномавӣ мебошанд.
Муассисаи давлатии Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе дар самти омода намудани кадри коргарӣ бо Колеҷи техникӣ, Колеҷи мухандисӣ-омӯзгорӣ, Колеҷи технология ва информатика ва дар хориҷи кишвар бо Донишгоҳи олии касбии Пенза ва Рязани Федератсияи Русия ҳамкорӣ дорад.
Бинобар сабаби аз навсозии роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон 30 нафар мутаххасисони ҷавон аз давлати исломии Афғонистон барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос аз руйи касбҳои дар боло зикршуда, ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва дар баробари бозомӯзӣ аз омӯхтани забони русӣ бахравар шуда, соҳиби сертификат шуданд. Дар оянда барои ташкил намудани ихтисоси «роҳсоз» дар роҳи оҳан нақша ва барномаи таълими сохта шуда истодааст. Инчунин дар оянда ба роҳи барқӣ таъмин намудани роҳи оҳан баҳри тоза намудани экология нақша ва барнома тарҳрезӣ шуда, аз тарафи ҷамъияти байналхалқии «GiZ» – и Олмон мавриди қабул қарор гирифт.
Дар муассиса 58 нафар ҳайати кормандони муҳандисию омӯзгорӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 20 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумораи кормандон 2 нафар аълочии маориф, 2 нафар унвонҷӯ, 12 нафар дорои тахассуси олӣ, 13 нафар тахассуси якум мебошанд. Муассисаи таълимӣ пурра бо кадрҳои фанҳои тахассусӣ ва гуманитарӣ таъмин мебошад.
Дар соли 2017 18 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ ва омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд ва соҳиби сертификат шуданд.
Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ
Фаъолияти кори таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ тибқи нақша ва барномаҳои таълимии тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст. Раванди аз бар намудани соатҳои таълими истеҳсолӣ дар гуруҳҳо аз рӯи касбҳои «Роҳбалади вагони мусофиркаш», «Навбатчии стансияи роҳи оҳан», «Ёрдамчии машинисти локомотив», «Монтажчии барқ ва бонгзании тамарқӯзи сигналҳои идораи ҳаракати қатораҳо», «Хазиначӣ (чиптафурӯш)», «Назоратчии таъмиргари қатораҳо» ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати иштироки бевоситаи корфармоён дар раванди таълиму тарбияи кадрҳои коргарӣ Низомнома дар бораи шарики ҳамкор (ташкилоти заминавӣ) оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ шудааст. Дар асоси Низомномаи мазкур роҳбаряти муассиса дар ин самт бевосита ба корфармо – Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон аз рӯи ихтисосҳои омӯхташаванда шартномаи ҳамкориро ба имзо расонид. Хонандагон ҳар сол таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар асоси шартномаи тарафайн дар зерсохторҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Душанбе, вилояти Суғд, Кӯлоб, Чиптура, Ҳисор, Турсунзода, Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузаронанд. Гузаронидани таҷрибаомӯзӣ замина барои бо кор таъмин гардидани хатмкунандагон дар Корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон мегардад.
Дар соли таҳсили 2017-2018 муассисаи талимиро 360 нафар хонанда хатм намуда, 60% -и онҳо ба муассисаҳои олӣ ва колеҷхо дохил шуданд. Муассисаи таълимӣ “Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе” ба ғайр аз корхонаҳои воҳиди “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон бо корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ “корхонаи хизматрасонии техникии ба номи Вайс, КВД “Обу коррез”, Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе шартномаҳои ҳамкорӣ дорад ва ҳар сол тахминан 30-40 нафар дар корхонаҳои дар боло зикр гардида ба ҷои кор таъмин карда мешаванд.
Дар литсей 30-нафар нимятим, 2-нафар ятими кул таҳсил мекунанд, ки аз тарафи маъмурият ба онҳо китобу лавозимотҳои дарсӣ ройгон ва кӯмакҳои молӣ расонида мешаванд.
Дастовардҳо
Соли 2017 литсей дар озмуни «Кабинети беҳтарин» дар байни муҳассисаҳои ибтидоии касбӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойи намоён гардид. Хонандагони литсей дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ, инчунин дар олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Муҳассилини коллеҷ дар мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ аз намуди «Гӯштини Дзюдо» ва «Футболи хурд» ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Соли 2018 муассисаи таълимӣ дар озмуни «Китобхонаи беҳтарин» миёни литсейҳои касбӣ иштирок намуда, бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Дар ду соли охир аз тарафи директори муассиса Маҳмудова Х.М, омӯзгорон Исмоилов Т, Садриддинов Ф, Холов П ва методист Азимов Хусрав стандарти давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисоси «Навбатчии стансияи роҳи оҳан», «Роҳбалади вагонҳои мусофирбар», «Назоратчии таъмиргари вагонҳо», «Ёрдамчии машинисти Локомотив», «Хазиначӣ», «Монтажчии барқ ва бонгзании тамарқӯзи сигналҳои идораи ҳаракати қатораҳо» барои муассисаи таъсилоти ибтидоии касбӣ таҳия гардиданд.
Моҳи октябри соли равон муассисаи таълимӣ барои иштирок дар озмуни «Кабинети беҳтарин» аз руйи ихтисоси «Роҳбалади вагонҳои мусофирбар» ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар муассисаи таълимӣ доир ба чорабиниҳо оид ба Конститутсия ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани ҳафтаи Рӯдакихонӣ ва Ҷ.Балхихонӣ, Иди муаллимон, Паёми Пешвои миллат, Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди модарон 8- Март, Иди Ғалаба, Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, чорабиниҳо бахшида ба даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028, Иди “Меҳргон”, Рӯзи Парчами давлатӣ, “Рузи Президенти” ба нақша гирифта, гузаронида шуданд. Роҳбарони гуруҳҳо гузаронидани соатҳои тарбиявиро доир ба мавзуъҳои «Касби ман-ифтихори ман», «Касби ояндаи ту», «Касби боифтихор», «Дар олами сухан», «Донишу ҳунар дар ҳаёт», «Дониш талабу бузургӣ омӯз», «Тоҷикистон – хонаи мо», «Рақобати коргар дар бозор» ва ғайраро ба ҳукми анъана даровардаанд. ба нақша гирифта шуда, гузаронида мешаванд.
Хонандагони муассиса дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дави миллӣ, расмкашӣ дар мавзӯи «Орзуҳои ҷавонӣ», бозиҳои варзишӣ дар байни литсейҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, чорабинии театрикунонидашуда, ки дар варзишгоҳи марказӣ баргузор мегардад , як қатор чорабиниҳои фаҳангӣ, ки дар боғҳои Парчами давлатии ҶТ, Ирам ва Рӯдакӣ, МД «Амфитеатр», Дӯстӣ ва майдони 800 солагии Москва гузаронида мешаванд ва озмуни дигар чорабиниҳо иштирок намуданд.
Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе ягона муассисаи таълимие дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Довталабонро баъди хатми синфи 9 дорои маълумоти умумӣ ва тахассусӣ мекунад. Баъди хатми Литсей хонандагон аз руйи ихтисоси интихобкардаашон ба донишгоҳо дохил мешаванд ва дар коллеҷҳо тариқи суҳбат ба бахши дуюм дохил мешаванд.
Кормандони муасссисаи таълимӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайваста миннатдории хешро баён мекунанд. Муҳассилини Литсей низ аз ин дастгирӣ руҳбаланд шуда, барои рушду нумӯи кишварамон саҳми худро мегузоранд ва бо боварии комил гуфта метавоем, ки дар оянда литсей ба тайёр кардани кадрҳои ҷавон ҳамаи кӯшишҳои худро бар харҷ дода, барои хизмати Ватани азизизамон ҳамеша тайёранд.
Маркази тадқиқоти журналистӣ