Рушди пайвастаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳама давру замон ҳадафи асосии раҳбарони давлатҳо ва қавму миллатҳои гуногун буд. Воситаҳои расидан ба ин ҳадаф дар ҳар давру замон дигаргуна будаанд, ки босамартарини онҳо то замони мо омада расидаанд. Албатта, бо сабабҳои гуногун воситаҳои камсамару зиёновар низ дар баъзе ҷомеаҳо боқӣ мондаанд, ки то имрӯз таъсири манфии худро ба раванди рушди кишварҳо мерасонанд. Вазифаи мудирони хирадманд ташхису муайян кардани мушкилот ва дар айни замон аз миён бардоштан ё дар ҳолати имконпазир ислоҳи онҳо мебошад.

Зиёд кардани дороии қавм ва ё дороии миллӣ дар даврони қадим ва асрҳои миёна дар бештар ҳолат бо таҷовуз кардани заминҳои қавмҳо ё миллатҳои дигар ва васеъ намудани қаламрави худ сурат мегирифт. Дуруст аст, ки эҷоди технологияҳои навтар ва болотар бурдани самаранокии меҳнат низ дар он раванд нақши худро дошт, вале хеле камранг буд. Дар бештар маврид рушди босуръат ва ё ба даст овардани дороии зиёд дар ин давраҳо тариқи кишваркушоӣ ва ғоратгарӣ сурат мегирифт.

Бо ба миён омадани Инқилоби саноатӣ дар Британияи Кабир (1760-1840), ки тадриҷанд ба аксари кишварҳои Аврупову Амрикои Шимолӣ паҳн гардид, раванди рушди миллӣ талаботи навро пеш гузошт. Ин як раванди гузариш аз иқтисоди кишоварзиву ҳунарҳои дастӣ ба саноат ва истеҳсолот тариқи мошинолот буд. Дар ин давраи нав, ки то ҳол идома дорад, зиёд кардани корхонаҳои саноатӣ ва боло бурдани самаранокии меҳнат нақши асосиро дар боло бурдани иқтисоди миллӣ ва зиёд кардани дороии давлату шаҳрвандон мебозанд.

Албатта, дар ин давра низ кишваркушоӣ ва аз худ кардани дороии мардумони дигар вуҷуд дошт ва он то ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ идома дошт. Вале дигар нақши асосиро намебозид. Ҳадафи асосии кишварҳои қудратманд дигар рушди саноат ва эҷоди технологияҳои нав, ҷиҳати боло бурдани самаранокии меҳнат буд, ки баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавқеи асосиро касб кард ва то имрӯз идома дорад. Маълум аст, ки дар чунин шароит тақсимоти дурусти меҳнат яке аз муҳимтарин воситаҳои расидан ба ҳадаф мегардад ва раҳбарону мудирон ҳамеша ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ менамоянд.

Тақсимоти меҳнат ин вогузории вазифаҳои мушаххас ба шахсон ва ё гурӯҳҳои алоҳида мебошад, ки онҳо тавонанд дар як самт амиқтар ворид шуда, дар он тахассус пайдо намояд. Ин раванди кор дар як самти мушаххас ва бештар ворид шудан ба он самаранокии меҳнатро боло мебарад, ки омили асосии рақобатпазирии иқтисоди як давлат ва ё маҳсулоту хизматрасониҳои як корхона буда метавонад.

Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, ки ҳамеша рақобатҳо дар бозор шадид ҳастанд, ҳеҷ як давлат ва ҳеҷ як корхонае наметавонад бе назардошти ин воқеият рушди иқтисодии худро таъмин намояд. Чунки тақсимоти меҳнат самаранокии меҳнатро ба воситаи сафарбар кардани кормандон ба корҳое, ки дар он бартарии зеҳниву ҷисмонӣ доранд, боло мебарад ва маҳсулоту хизматрасониҳоро босифаттар ва бозоргиртар месозад. Ҳамчунин, тақсимоти меҳнат шумораи маҳсулоти истеҳсолшавандаро бамаротиб боло бурда метавонад, ки ин даромади корҳона, давлат ва кормандонро зиёд менамояд. Дар натиҷа, сатҳу сифати зиндагӣ боло рафта, ҳадафи асосии як давлат, яъне зиёд кардани даромади буҷа ва аҳолӣ, ба даст меояд. Дар асри нав дигар барои расидан ба ин ҳадафҳо кишваркушоӣ лозим нест. Танҳо ба роҳ мондани низоми дурусти иқтисодиву сиёсӣ метавонад ҳукуматҳоро ба ин ҳадаф наздик созад, ки тақсимоти дурусти меҳнат яке аз воситаҳои асосии он мебошад.

Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, ки аксари корхонаҳо ғайридавлатӣ ҳастанд, давлат наметавонад худ бо таври амр кардан тақсимоти меҳнатро ба роҳ монад. Ангеза додан барои амалӣ шудани чунин ҳадаф лозим аст, ки яке аз муҳимтарини онҳо таъмини рақобати солим дар бозори дохилӣ мебошад. Яъне рақобати солим раҳбарони корхонаҳоро водор месозад, то тақсимоти дуруст ва самараноктари меҳнатро дар корхонаҳои худ ба роҳ монанд ва сифати маҳсулоти худро пайваста тақвият диҳанд. Чунин раванд корхонаҳоро дар бозори дохилӣ ва дар умум, иқтисоди миллиро дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир месозад. Агар иқтисоди миллӣ рақобатпазир набошад, пайвастан ба ҳар созмони иқтисодиву тиҷоратии минтақавӣ ё ҷаҳонӣ ба зарару зиёни давлату ҷомеа хоҳад буд.

Дар ниҳодҳои давлатӣ ва муассисаҳои хусусии илмиву таълимӣ низ тақсимоти меҳнат аз ҷумлаи воситаҳои муҳимтарини расидан ба ҳадаф мебошад. Ин ҷо низ тақсимоти вазифаҳо ва ба афроди тахассусманд супоридани онҳо шарти асосии боло бурдани самаранокии меҳнат мебошад. Албатта, омилҳои дигар низ вуҷуд доранд, аз ҷумла таъмини дастрасии кормандон ба технологияҳои навтарин дар соҳа, вале то вақте ки ҳар як мутахассис кори худро, ки дар он тахассус пайдо кардааст, иҷро намекунад ва ба корҳои дигар сафарбар карда мешавад, самаранокии меҳнат дар чунин ниҳод поён рафта, расидан ба ҳадаф ағлаб номумкин мегардад. Дар чунин ниҳоду муассисаҳо рақобати солим нақши камтар надорад. Танҳо рақобати солим метавонад дар сатҳи поёнӣ кормандро водор ба пайваста тақвият додани маҳорати худ карда, дар сатҳи мудирият раҳбаронро водор месозад, ки сатҳи тахассусии кормандонро холисона арзёбӣ карда, кадрҳоро ҷобаҷогузории дуруст намояд. Чунин ҷобаҷогузории ҳадафмандона, дар баробари тақсимоти дурусти меҳнат боиси бо суръат боло рафтани самаранокии  меҳнат дар ниҳодҳои давлатӣ ва муассисаҳои хусусии илмиву таълимӣ хоҳад гашт.

Барои таъмини рушди пайвастаи иқтисоди миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагонии мардум ба тақсимоти меҳнат дар ҳама соҳаҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ кардан лозим аст. Ҳам ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам корхонаву муассисаҳои хусусӣ дар ин раванд бояд саҳми арзандаи худро дошта бошанд. Раванди кор ва тақсимоти вазифаҳо бояд пайваста бозбинӣ шуда, то ҳадде, ки имконият аст, ислоҳ карда шаванд. Вақте як корхона ё ниҳоди давлатӣ сармутахассиси худро пайваста маҷбур месозад, ки кори корманди дигар, масалан, фаррош ё боғбонро иҷро намояд, ин ҳолати маҷбуркунӣ ба одати саросарӣ табдил меёбад ва саранҷом ба уқдаи корӣ-идорӣ мубаддал мешавад, ки сари он мебояд ҷиддӣ тамаркуз намуда, роҳҳали дурусту мантиқӣ бозҷуст. Масалан, Иттиҳоди Шуравӣ бо ҳамон бузургии худ ҳеҷ гоҳ натавонист, ки самаранокии меҳнат дар корхонаву массисаҳои худро ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи сармоядорӣ расонад ва яке аз омилҳои пош хӯрдани он низ ҳамин поён рафтани самаранокии меҳнат буд. Дар он давра мардумро новобаста аз тахассусашон ба корҳои дигар ҷалб менамуданд, ки ин саранҷом ба самаранокии меҳнат таъсири манфӣ мерасонд. Ҳол он ки чунин таҷриба то андозае ба сохтори он давлат мувофиқ буд.

Ҳатто дар Чини имрӯза, ки низоми коммунистӣ дорад ва дар фарқият аз Иттиҳоди Шӯравӣ тавонистааст низомро нигаҳ дошта, ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони нав мубаддал гардонад,  анъанаи ҷалби маҷбурӣ ба ин ё он кор вуҷуд надорад.  Вақте як мутахассис ҳар ҳафта бо баҳонаи корҳои ободонӣ вазифаи корманди техникиро  иҷро кунад, ин аз қоидаҳои тақсимоти меҳнат берун аст ва ба самарнокии  меҳнати ҳам мутахассис ва ҳам корманди техникӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, набояд як корманд ва ё омӯзгор бо ҳамин баҳонаҳо рӯзи истироҳат вазифаи корманди техникиро иҷро намояд. Махсусан, дар ҳоле ки омӯзгору эҷодкор ҳеҷ вақт рӯзи истироҳат надорад. Вай маҷбур аст, ҳар вақти холии худро барои омӯхтану андеша кардан ва ё мушоҳидаи равандҳои иҷтимоӣ истифода кунад, то фаъолияти меҳнатии босамар дошта бошад. Вақти он расидааст, ки чунин анъанаҳо бозбинӣ шаванд ва ҳар амал ва ё анъанае, ки дар шароити имрӯзаи рақобатҳои ҷаҳонӣ хилофи тақсимоти дурусти меҳнат буда, самаранокии онро поён мебарад, аз миён бардошта шавад. Чунин бозбиниҳо ва ислоҳот имкон медиҳад, ки иқтисоди миллии мо рақобатпазир бошад ва ҳангоми пайвастан ба ин ё он созмонҳои иқтисодиву тиҷоратӣ васеътар шудан гирад. Дар акси ҳол, пайвастан ба чунин созмонҳо корхонаҳои моро варшикаста месозад ва напайвастан ба онҳо рушди иқтисоди миллии моро маҳдуд мегардонад.

Дар поён метавон гуфт, ки дар асри ҷаҳонишавӣ рақобат дар бозори ҷаҳонӣ шадидтар шудааст ва танҳо иқтисодҳое метавонанд дар он ҷойгоҳи муносиб пайдо намоянд, ки бо истифода аз технологияҳои навтарин самаранокии меҳнатро боло бубаранд. Тақсимоти дурусти меҳнат низ як технологияи мудирият аст. Бо назардошти шароит дар бозори ҷаҳонӣ ва бозорҳои минтақавӣ ҳамеша онро тақвият додан лозим аст ва ба воситаи он маҳсулоту хизматрасониҳои сифатан навро бо шумораи зиёд истеҳсол карда ба бозор баровардан, расидан ба ҳадафҳои бузургро имконпазир месозад. Чунки тақсимоти дурусти меҳнат яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҷодаи  расидан ба ҳадафҳои бузурги як давлат ва як ҷомеа мебошад. Ин омил тақвияти пайвастаро тақозо дорад ва бозбинии равандҳо ва анъанаҳое, ки ба он таъсири манфӣ мерасонанд, яке аз шартҳои асосии муваффақ шудан дар асри нав мебошад. Беҳтар кардани шароити корию маишӣ, ҳавасмандсозии мудавоми кормандону мутахассисони арзанда ва эҷод ё харидории технологияҳои навтарин самаранокии меҳнатро пайваста боло бурда, таъсири мусбати худро ба раванди рушди миллӣ мерасонад.

Меҳр Собириён,

иқтисодшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь