Чаро як идда бартариҳои онро «бо доман пӯшониданианд»?

Бидуни тамаллуқ ва муболиға метавон гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ ва дигар сохторҳои зидахл тавонистанд маҷмуи қонунгузории кишварро дар соҳаи соҳибкорӣ такмил дода, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва тақвияти ҳамкориҳои давлатро бо бахши хусусӣ таъмин намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» аз ҷумлаи ҳамин қонунҳо буда, муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд. Тибқи талаботи қонуни фавқ, фаъолияти консессионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар асоси принсипҳои қонуният, фоидаи тарафҳо, дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагидории консессиядор, ки дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи табиат, қаъри замин, об, ҳавзаи дарёҳо ва кӯлҳо, бехатарии экологӣ ва санитарию гигиенӣ, суғурта, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат сурат мегирад.

Тавре аз муҳтавои қонун бармеояд, консессиядор ҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз талаботи шартномаи консессионӣ дар қаламрави мавриди истифодааш биною иншоот, роҳҳои фаръӣ, роҳҳои васеи мошингард ва хатҳои алоқаи телеграфу телефон ва ғайраҳо созад, дар мувофиқа бо конседент ва ҳангоми мусбат будани хулосаи экспертизаи экологӣ ба таркиби молу мулк тағйирот дарорад, дар объектҳои консессионӣ корҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии техникиро, ки арзиши онҳоро зиёд мегардонад, анҷом диҳад ва барои эҳтиёҷоти объекти консессионӣ ва кормандон молу мулк ва маводи зарурӣ ворид намояд. Ҳамзамон бо ин, консессиядор уҳдадор аст, ки шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ амалӣ намояд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин баъди анҷоми муҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ намояд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя намояд ва дигар уҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.

Дар доираи талаботи қонуни мазкур то ин замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои муътабари хориҷӣ 2 шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд. Мутаассифона, баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» моҳият ва бартариҳои татбиқи ин шартномаҳоро нодида гирифта, аксар маврид «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд. Биноан, дар матлаби мазкур натиҷаҳои ин шартномаҳоро таври мухтасар бозгӯйӣ менамоем.

Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати энергетики «Помир энержи» Шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки он ба пешрафти минбаъдаи ин корхона таъсири бузург бахшид. Яке аз мақсадҳои ин Шартнома дар тӯли 25 сол аз нав таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди вилоят аз ҷониби Ширкати «Помир энерҷӣ» аз зердастгоҳ то барқароркунии хатҳои пастшиддату баландшиддат иборат буд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ширкат дар амалӣ гардидани шартномаи мавриди назар ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст. Тибқи иттилои дастрасшуда, то ба имрӯз 31 фоизи воситаҳои асосии ба ширкат тааллуқдошта пурра азнавсозӣ гашт. Масъулин муътақиданд, ки агар садамаи соли 2007 рух намедод, то ба имрӯз шояд 80 дар сади бандҳо ба иҷро мерасид.

Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст. Дар асоси ин Шартнома аз 19-уми январи соли 2008 таҳти рақами №33-1 механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ҷорӣ гардид. Дарозии умумии лоиҳавии роҳи Душанбе-Чаноқ 354 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб (Майхӯра – 897 метр, Истиқлол – 4998 метр, Шаҳристон – 5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Ин роҳи мошингард маркази мамлакатро бо шимоли он мепайвандад.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат иқдомоти зиёд амалӣ шуданд. Яке аз чунин иқдомот, ки дар самти раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ саҳми бориз дорад, таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ мебошад. Ба шарофати пурра бозсозӣ шудани ин роҳ, ки дар ҷисми кишвар шоҳраг аст, хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бархӯрдоранд. Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.

Муҳим он аст, ки IRS барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 181 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад. Бояд гуфт, ки нигоҳдории роҳ аз лиҳози моҳият аз бунёди он камтар набуда, масъулиятшиносӣ, техникаву таҷҳизоти замонавӣ, мутахассисони болаёқат, азми қавӣ ва нияти некро тақозо менамояд. Бо итминони комил ва дарки масъулият метавон гуфт, ки IRS омилҳои зеринро доро аст: Корҳои ба таъмиру таҷдид рабтдошта дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали IRS ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори куҳистон ҷойгир будан, шоҳроҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Табиист, ки ин омил масъулияти кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чораандешиҳои фавриро ҷиҳати рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ тақозо менамояд. Ибтикороти амалишуда то ҳадде самар оварданд, ки давоми ду соли охир аз ҷониби баъзе соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун IRS роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад. Аз ин нуқтаи назар, бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои кормандони IRS ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин аст.

Далелҳои мазкур баёнгари онанд, ки ибтикори Ҳукумати кишвар дар робита ба бастани шартномаҳои консессионӣ муҳиму саривақтӣ буда, натиҷаҳояш ба ҳама бараълост. Баъзан аз ҷониби баъзе коршиносон андешае баён мегардад, ки гӯё филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод бошад. Бо дарки масъулият мегӯем, ки ин андеша билкул хато аст. Давоми фаъолият аз ҷониби филиали ширкат ба буҷети давлатӣ пардохт намудани зиёда аз 31 миллион сомонӣ ба сифати андоз сафсатае беш набудани чунин андешаҳоро собит менамояд.

Таъмиру таҷдид меҳвари фаъолияти кормандони филиали Ширкат маҳсуб шуда, дар ин ҷода корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ширкати мазкур тӯли фаъолият ҳамасола зиёда аз 40 километри роҳро таъмири пурра ва зиёда аз 100 километрро таъмири ҷорӣ менамояд. Шоистаи зикр аст, ки аз оғози фаъолият то айни замон даҳҳо кӯпрукҳои масири роҳ низ таъмири ҷорӣ ва ду кӯпрук аз нав сохта, ба истифода дода шудааст. Ба ғайр аз ин, дар масофаи 8000 метр деворҳои ҳимоявӣ ва дар даҳҳо километр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шудаанд.

То имрӯз дар филиали ширкати мазкур зиёда аз 800 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин омил барои паст намудани шиддати бекорӣ дар мамлакат то андозае саҳмгузор аст. Дар баробари дигар омилҳое, ки моҳияти инсондӯстиро дар худ таҷассум намудаанд, аз ҷониби филиали Ширкат ба зиёда аз 3000 нафар аҳолии деҳаҳои ҳамшафати роҳ имтиёзҳо муқаррар шудааст. Ҳамрадиф бо ин, кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидори он дар бартараф ва пешгирӣ кардани офатҳои табиии ноҳияҳои ҳамшафати роҳ саҳми сазовор гузошта, ин омил аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо мавриди арҷгузорӣ қарор гирифтааст.

Боиси ифтихор аст, ки филиали Ширкат аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷи эътироф гардида, ҳамкориро бо Ассосиатсияи байналмилалии пулҳо, тунелҳо ва роҳҳои пулакии автомобилгард, Агентии ҷопонии кооператсияи байналмилалӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ, Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ ва ғайраҳо таври густурда ба роҳ мондааст. Бо мақсади густариш бахшидани таъмиру таҷдид дар масири шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ 3 корхонаи истеҳсоли мумқир (асфалт) бунёд гардид. Азми қавӣ ва нияти неки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат замина фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳ ин корхонаҳо мавриди истифода қарор гиранд.

Чанде пеш аз ҷониби IRS лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нуробод – Нимич дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба сомон расид. Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ мешавад. Биноан, бо дарназардошти талаботи замон ва таъмини рушди бемайлони Ширкат бунёди плазаҳои нави толлингӣ ба ҷойи плазаҳои айни замон мавриди истифода қарордошта, ки махсусисят ва бартариҳои зиёд доранд, аз дастовардҳои тозаи раванди фаъолият маҳсуб мешавад. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори куҳистон ҷойгир будан, шоҳроҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Масалан, сербориш будани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 масъулияти кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чорандешиҳои фавриро ҷиҳати рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ тақозо намуд. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, таври фаврӣ техника ва механизмҳои зарурии филиали Ширкат ба макони офати табиӣ сафарбар шуда, баҳри бартарафсозии пайомадҳои ногувори офати табиӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурданд ва ҳаракати муназзами нақлиёт таъмин шуд. Аз ин нуқтаи назар, бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои кормандони IRS ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин аст.

Аз моҳи январ то моҳи марти соли равон танҳо дар километрҳои 48-73 барои фаъолияти техникаҳои филиали Ширкат дар се баст ҳамарӯза 12000 литр сӯзишворӣ масраф гардид. Овардани ин нишондиҳандаҳо ба он хотир аст, ки хонандагони гиромӣ ба пурмаҳсул ва муназзам будани фаъолияти кормандони филиали Ширкат муътақид гарданд.

Нуктаи дигаре, ки дар доираи ин мавод мехоҳем ба он рӯшанӣ андозем, ин танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и Ширкати «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» набудани истифодаи роҳҳо тариқи пардохти муайян аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Россия ва ғайра низ мавриди истифода аст. Муҳим он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Афкори аҳли ҷомеа ва матолиби дар воситаҳои ахбори омма нашршуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамватанони азизи мо ба воқеияти ин гуфта дар мисоли натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ ҳосил намудаанд.

Далер МЕРГАНОВ, журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь