Кишоварзӣ асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил дода, беш аз 22 дарсади ММД-и кишвар ва беш аз 60 дарсади аҳолиро бо ҷойи кор таъмин мекунад. Пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 бахши кишоварзӣ бо як қатор мушкилотҳо, аз ҷумла аз даст додани иқтидори истеҳсолӣ, зарурати азнавсозии системаҳои обёрӣ ва вобастагӣ аз воридоти маводи ғизоӣ рӯбарӯ шуд.
Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон иқтидори кишоварзии худро тавассути ҳамкории зич бо Русия, ки шарики асосии иқтисодии ин кишвар ба ҳисоб меравад, инкишоф медиҳад.
Воридкунандаи холис ин кишварест, ки аз содирот дида, воридоти як навъи муайяни молро бештар анҷом медиҳад. Дар шароити хоҷагии қишлоқ ин маънои онро дорад, ки давлат маҳсулоти кишоварзиро дар хориҷи кишвар аз фурӯш дида, бештар харидорӣ мекунад.
Рушди кишоварзӣ
Русия ҳамчун шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар бахши кишоварзӣ, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боло бурдани сатҳи амнияти ғизоӣ ва беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад. Ба туфайли ҳамкориҳои наздик бо Русия, бахусус дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, Тоҷикистон имкон дорад, ки иқтисодиёти худро таҳким бахшад.
Раҳбари Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо ишора ба нишондиҳандаҳои муҳим дар ин самт чунин андеша дорад: “Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия дар нимсолаи аввали соли 2024 30,3% афзоиш ёфт. Беш аз нисфи сохтори содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро зардолуи хушк ташкил медиҳад, вале дар баробари он, зардолуи тару тоза, омехтаҳои хушкмева, олуи тару тоза ва ғайраҳо низ ба миқдори кофӣ таҳвил карда мешаванд”.
Ба гуфти Намояндаи тиҷоратии Русия, ин афзоиш ба шарофати соддагардонии расмиёти савдои байни кишварҳои мо имконпазир гардид: “Дар охири соли 2023 Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон ва Русия эътироф ёфтани ниҳодҳои ваколатдори оператори иқтисодиро ба имзо расониданд.
Ин созишнома раванди интиқоли мол байни кишварҳоро сода гардонида, ба он суръат мебахшад. Ҳангоми интиқоли мустақим байни операторони ваколатдори иқтисодии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиётҳои гумрукӣ ва муоинаи гумрукӣ дар навбати аввал анҷом дода мешаванд. Назорати ҳуҷҷатӣ ва воқеии гумрукӣ низ сода карда мешавад.
Ҳамчунин, дар робита ба молҳое, ки дар кишварҳои ИДМ тавлид мешаванд, Созишномаи тиҷорати озод амал мекунад, ки тибқи он Тоҷикистон барои воридоти молҳои дар қаламрави ИДМ тавлидшуда боҷи гумрукиро ҷорӣ намекунад ва ин барои Русия ҳамчун содиркунанда як бартарият аст”.
На танҳо савдои ҳозира, балки барномаҳои дарозмуҳлати ҳамкорӣ низ бисёр муҳим мебошанд. Дар охири соли 2023 вазоратҳои кишоварзии Русия ва Тоҷикистон як харитаи роҳ барои солҳои 2024-2026-ро имзо карданд, ки соҳаҳои байторӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва ҳамчунин, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсиониро дар бар мегирад. Дар ин нақша барномаҳои такмили ихтисос барои кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ пешбинӣ карда шудааст, ки ин ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат менамояд.
Зиёда аз 28%-и қаламрави Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ бо тамаркуз ба чорводорӣ, пахтакорӣ, истеҳсоли ғалладона ва меваҷот истифода бурда мешавад.
Бахши кишоварзӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамеша нақши калидӣ дошта, ҳудуди 22%-и ММД-и кишварро ташкил медиҳад ва беш аз 60%-и аҳолиро бо кор таъмин мекунад. Аммо пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 ва ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба бахши кишоварзӣ, хисороти ҷиддӣ расонида шуд. Дар солҳои навадум истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин, дар ибтидои солҳои дуҳазорум раванди барқарорсозии иқтисодиёт оғоз гардида, соҳаи кишоварзӣ низ босуръат рушд кард.
Соли 1992 дар ҷумҳурӣ ислоҳоти замин оғоз ёфт, ки барои азнавсозии соҳаи кишоварзӣ қадами муҳим гардид. Дар натиҷаи ин ислоҳот шакли нави хоҷагидорӣ – хоҷагиҳои деҳқонӣ пайдо шуданд, ки иштирокчии асосии истеҳсолоти деҳот гардиданд. Имрӯз тақрибан 60 дарсади заминҳои корами Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тааллуқ доранд, ки қисми асосии истеҳсоли ғалла ва пахтаро таъмин мекунанд.
То соли 2020 дар Тоҷикистон системаҳои обёрӣ таҷдид карда шуда, дар натиҷа дастрасӣ ба об барои корҳои кишоварзӣ, бахусус дар минтақаҳои беоб, беҳтар гардид. Айни ҳол кариб 70 фоизи заминҳои корами ҷумҳурӣ обёрӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки ҳосилнокии хоҷагии қишлоқ зиёд карда шавад.
Мушкилотҳои Тоҷикистон
Тоҷикистон дар масъалаи худтаъминкунӣ бо маҳсулотҳои зарурӣ, аз қабили шакар, равғани растанӣ ва ғалла ба душвориҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст. Сарфи назар аз доштани чунин иқтидори бузурги кишоварзӣ, ҷумҳурии мо ҳанӯзам аз воридоти маводи ғизоӣ вобаста буда, воридкунандаи холиси як қатор маҳсулотҳои кишоварзӣ мебошад.
Барои мубориза бо паёмадҳои хушкӣ Маскав, Санкт-Петербург ва Олтой ният доранд, дар Тоҷикистон марказҳои логистикӣ бунёд кунанд. Дар ин марказҳои логистикӣ таъсис додани корхонаҳои яхдонӣ, анборӣ ва коркарди маҳсулот ба нақша гирифта шудааст, ки барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, кам кардани талафот ва беҳтар намудани логистикаи нигоҳдорию таҳвили маҳсулот хизмат мекунанд.
Дар соли 2024 Русия ва Тоҷикистон дар мавриди таҳвили тухми офтобпараст, сафлор ва рапс ба мувофиқа расиданд, ки ин ба таҳкими истеҳсоли маҳаллии равғани растанӣ мусоидат хоҳад кард. Дар маҷмуъ таҳвили 300 ҳазор тонна зироатҳои равғандор ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 50 ҳазор тоннааш аллакай дар аввали сол ворид гардидааст. Илова бар ин, таҳвили бехмева, аз қабили лаблабуи қанд пешбинӣ шудааст, ки қисман норасоии шакарро дар кишвар бартараф мекунад.
Русия дар рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад. Раиси вилояти Омск Александр Бурков дар ҷараёни сафари кории худ ба Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар самти парвариши намудҳои нави ноҳиягии ғалладона ва зироатҳои лӯбиёгӣ, ки махсус ба шароити иқлимии Тоҷикистон мутобиқ шудаанд, эълом дошт. Ин барои беҳтар кардани ҳосилнокӣ дар минтақаҳои шароити иқлимиашон вазнин мусоидат мекунад.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков: “Афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия дар солҳои наздик хеле умедбахш аст, зеро дар Русия талабот ба маҳсулоти тозаи органикӣ ва экологии истеҳсоли Тоҷикистон афзоиш меёбад”.
Ғайр аз ин, аз вилояти Омск ба вилояти Хатлон таҳвил додани техникаи кишоварзӣ ва ғалла ба нақша гирифта шудааст ва ширкатҳои ин минтақаи Русия омодаанд, бо шарикони тоҷик дар самти истеҳсоли шарбату мураббо ҳамкориро оғоз кунанд. Дар навбати худ Тоҷикистон ба вилояти Омск сабзавоту мевагиро бо нархи арзонтар таҳвил медиҳад, ки ин барои ҳарду ҷониб судманд аст.
Евгений Коренков дар ин бора чунин мегӯяд: “Айни ҳол ҳамкориҳо дар самти афзоиши гардиши мутақобилаи мол аз ҳисоби тавсеаи намудҳои он ва зиёд кардани ҳаҷми таҳвили мутақобилаи онҳо густариш меёбад. Вале ҷиддитарин мушкилот дар содироти миллӣ – ин нокифоягии инфрасохтори логистикии комплекси агросаноатӣ аст.
Норасогии инфрасохтори анбори сарди нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла таҷҳизот барои пеш аз содирот хунуккунии маҳсулот дар макони истеҳсол ва ҷамъоварӣ, технология ва таҷҳизот барои пеш аз фурӯш омодасозии маҳсулот (хел – хелкунӣ, калибркунӣ ва бастабандӣ), ки ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад, барои содирот монеа эҷод мекунад.
Федератсияи Русия ба ҷонибдории таъсис додани марказҳои яклухт ва логистикӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунад, ки ба таҳвили бефосилаи маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши содирот ва тиҷорати мутақобила байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард”.
Норасоии захираҳои обӣ низ дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ боқӣ мемонад. Амнияти обии кишвар, бахусус бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимии минтақа зери таҳдид қарор дорад. Системаҳои мавҷудаи обёрӣ ба таҷдид ниёз доранд. Хушксолӣ ва тақсимоти нобаробари об ба нобуд шудани қисми зиёди ҳосил оварда мерасонад, ки ин дар навбати худ ба таъмини амнияти озӯқаворӣ дар ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Русия дорои манбаъҳои васеи илмӣ ва технологияҳои муосир мебошад, ки метавонанд ба Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилот кумак расонанд. Барномаҳои ҳамкории ду кишвар, лоиҳаҳо оид ба беҳтаркунии системаҳои обӣ, инчунин, ҷорӣ кардани технологияҳои обёрии қатрагӣ ва борониро дар бар мегиранд, ки барои боз ҳам самараноктар истифода бурдани захираҳои обӣ ва коҳиш додани талафоти об имконият фароҳам меоваранд. Ин тадбирҳо барои нигоҳ доштани рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити иқлими хушк зарур аст.
Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши кишоварзӣ дорои аҳамияти стратегӣ буда, самтҳои гуногунро, шуруъ аз таҳвили тухмиҳо ва техникаи кишоварзӣ то лоиҳаҳои муштарак оид ба беҳтаркунии амнияти обиро дар бар мегирад.
Матлубаи Қ.