Дар нишасти изтирории раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки 17-18-уми апрел баргузор гардид, мушкилоти иқтисод ва рақобатпазирии Иттиҳоди Аврупо пеш аз интихоботи парлумонии Аврупо баррасӣ гардид. Дар шароити рукуди иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва сарфи назар аз ваъдаҳои зиёд доир ба “мусоидат дар сиёсати ислоҳот” ба тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон, гумон меравад, ки иттиҳоди мазкур ба як бозигари муҳим дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

Тобистони соли 2022 Брюссел ваъда дода буд,  ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармоягузори асосӣ мегардад ва барои ин сохтмон 5 миллиард евро ихтисос медиҳад. Вале Иттиҳоди Аврупо дар ин нияти худ қадаме нагузошт, ки ин аз пули изофӣ надоштани Иттиҳод (ҳатто барои лоиҳаҳои манфиатнок) гувоҳӣ медиҳад.

Таназзули Аврупо ва лоиҳаҳои норавшан

Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфта буд, ки “Мо бояд бо ҳамкасбони ҷаҳонии худ дастаҷамъона фарқият дар рушди иқтисодӣ ва инноватсияро бартараф кунем ва пойгоҳи иқтисодӣ, саноатӣ ва технологии худро ҳифз намоем.” Иқтисодиёти кишварҳои Иттиҳоди Аврупо солҳои охир дар ҳолати таназзул қарор дорад ва дар ин пасманзар масъалаи маблағгузории лоиҳаҳои Осиёи Марказӣ барои иқтисодҳои фақиргаштаи кишварҳои Аврупо мушкил менамояд.

Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” дар ин бора бар ин назар аст: “Иттиҳоди Аврупо дар пасманзари коҳиши иқтисодӣ пеш аз ҳама, дар бораи субот дар минтақаи худ ва манфиатҳои иқтисодие, ки аз ҳузур дар ин ё он кишвар ба даст оварда метавонад, фикр менамояд.

Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо кишвари муҳим нест. Тавре мушоҳида мекунем, Аврупо дар лоиҳаҳои мухталифи иқтисодие, ки дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, на он қадар фаъолона иштирок менамояд. Аврупоиҳо гоҳ-гоҳ дар бораи ниятҳои худ изҳор менамояд, аммо ин ниятҳо то ҳол ба марҳилаи татбиқ нагузаштаанд. Мисоли равшан эъломияи Иттиҳоди Аврупо дар бораи дастгирии лоиҳаи барои Тоҷикистон муҳим – лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст. Аврупоиҳо ваъда доданд, ки барои ба анҷом расонидани сохтмони ин нерӯгоҳ маблағи заруриро ихтисос медиҳанд. Вале ба ҷуз аз эъломия ва ваъдаҳои хушку холӣ, мутаассифона, мақомдорони аврупоӣ дар ин самт коре накарданд (гарчанде онҳо аҳамияти ин лоиҳаро барои Тоҷикистон хуб дарк менамоянд). Онҳо танҳо гоҳ-гоҳе изҳороти алоҳида баён мекунанд, ки он амал нест.

Дар солҳои ҳузури Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ягон лоиҳаи муҳим амалӣ нашуд. Дар ин бора танҳо дастгирии муассисаҳои тиҷоратии дар кишвари мо фаъолияткунандаро ҳамчун мисол оварда метавонему халос. Аз ин рӯ, гуфтан мушкил аст, ки Иттиҳоди Аврупо лоиҳаҳои воқеан барои рушди ҷумҳурии мо муҳимро дастгирӣ мекунад  (сарфи назар аз он, ки барои Иттиҳоди Аврупо воситаҳо ва имкониятҳои зиёде мавҷуданд).

Сабаби он, ки Аврупо дар бораи сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо мегӯяду дар амал иҷро намекунад, хисороти бузурги молиявие мебошад, ки Иттиҳоди Аврупо аз таҳримҳои алайҳи Русия ҷорикардааш ва кумакҳои бемуздаш ба режими Киев дид.

Аз ин рӯ, мо бояд ба имкониятҳо ва дастгирии шарикони асосии стратегӣ, аз қабили Чин, Русия ва Эрон такя кунем. Албатта, бо кишварҳои Аврупо робитаҳоро ба роҳ мондан зарур аст, вале ин робитаҳо набояд аҳли ҷомеаи моро гумроҳ созанд. Агар дурнамо ва имкониятҳои воқеӣ барои ҳамкорӣ вуҷуд дошта бошанд, пас онҳо бояд аз марҳилаи эъломия ба марҳилаи амалигардонӣ гузаранд. Агар чунин дурнамо ва нақшаҳо мавҷуд набошанд, пас ҳеч зарурате ба изҳоротҳои хушку холӣ ва халал расонидан ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон низ вуҷуд надорад”.

Иқтисодиёти Русия ба фарқ аз иқтисоди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, рушди устуворро нишон медиҳад. Русия дар Тоҷикистон лоиҳаҳоеро дар самти ҳамкориҳои саноатӣ, технологияҳои баланд, нақлиёт ва энергетика амалӣ гардонида, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад. Ба шарофати ин соҳибихтиёрии иқтисодии ҷумҳурӣ ва болоравии сатҳи некӯаҳволии мардуми одӣ таъмин карда мешавад.

Дар соли 2023 ММД Русия 3,6% афзоиш ёфтааст. Иқтисодиёти минтақаи Аврупо дар ҳамин давра 0,4% афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо дар охири соли 2023 401,5 миллион долларро ташкил дод. Он нисбат ба соли 2022 (490 миллион доллар) 22% коҳиш ёфтааст. Дар соли 2023 Иттиҳоди Аврупо ҳамчун кумак барои “лоиҳаҳои ояндадор” 91 миллион евро ҷудо кард ва омодагии худро ҷиҳати ҷудо кардани 45 миллион еврои дигар барои рушди энергетика эълом намуд, ки ҳамаи ин бо кумаки Русия қобили муқоиса нест. Танҳо Бонки рушди Авруосиё барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар ҷумҳурии мо дар солҳои 2023-2026 650 миллион доллар ҷудо кардааст.

Таназзули иқтисодӣ аз 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо дар 10-тои он, ки дар сафи пеш Олмон қарор дорад (-0,3%), ба қайд гирифта шудааст. Нишондиҳандаи пасттарин дар Эстония – минус 2,6% муқаррар шудааст. Пас аз он Ирландия (-0,9%), Маҷористон (-0,7%), Люксембург (-0,6%), Австрия ва Шветсия (-0,5%), Литва ва Чехия (-0,4%), Латвия (- 0,2%) қарор доранд.

Соли 2022 Русия ва Тоҷикистон “Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан”-ро ба имзо расониданд. Истифодаи роҳи оҳани транзитӣ ва бандари Туркманбошии Туркманистон тавассути баҳри Хазар баромади Тоҷикистонро ба роҳҳои оҳани дигар кишварҳо осон намуда, имкон медиҳад, ки кишвар ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардад.

Нишасти “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ”

Дар нимаи дуюми моҳи апрел дар Узбекистон баргузории нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар нақша аст. Масъалаи асосии рӯзномаи нишаст – лоиҳаи масири байналмилалии нақлиётии Транс-Каспий мебошад. Аврупо ваъда дода буд, ки барои татбиқи ин лоиҳа 10 миллиард евро ҷудо мекунад, аммо сухан ҳоло танҳо дар бораи қарз меравад. Тоҷикистон расман ба шартҳои ба ҷумҳурии мо номувофиқ ишора карда, аз имзои ин созишномаҳои бидуни уҳдадорӣ бо бонкҳои аврупоӣ дар доираи ин қарзҳо худдорӣ намуд.

Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ”: “Ва аз ин нуқтаи назар маълум мешавад, ки  ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз лиҳози иқтисодӣ барои Тоҷикистон бо ин Иттиҳод аҳамияте надорад. Дуруст аст, ки ширкатҳои алоҳида талош доранд, то ба бозори Аврупо ворид шаванд, инчунин, ширкатҳои алоҳидаи аврупоӣ низ бо маҳсулот ва хидматрасонии худ дар Тоҷикистон ҳузур доранд, вале имрӯз дар бораи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаю  баробарҳуқуқ байни Тоҷикистону кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сухан карда наметавонем.

Коршинос дар бораи ин лоиҳа чунин назар дорад: “Дар ҳаҷми умумии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо саҳми Тоҷикистон ночиз аст – қариб 80%-и муомилоти моли байни минтақаҳои мо ба Қазоқистон рост меояд, ба Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан 1-1,5 % аз савдои байни Осиёи Миёна ва Иттиҳоди Аврупо рост меояду халос.

Масалан, лоиҳаи логистикии Транс-Каспий ба мо фоидаи кам меорад. Мо тӯли 15 соли охир иқтидори нақлиётӣ ва логистикии худро фаъолона густариш дода истодаем, ки ин на бо мақсади дар оянда бо ягон масири Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шудан, балки он бештар ба рушди тиҷорати наздисарҳадии мо бо кишварҳои минтақа нигаронида шудааст.

Агар дар дурнамои оянда имкони транзити молҳо аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо фароҳам оварда шавад, пас мо аз ин имкон истифода хоҳем кард. Вале Тоҷикистон дар ин ҳолат ба ягон манбаю захираҳо даъвое надорад. Гузашта аз ин, аврупоиҳо аслан Тоҷикистонро ба унвони як кишвари муҳим барои ҷалб кардан ба ин масири долон баррасӣ намекунанд.

“Умуман, Тоҷикистонро имрӯз метавон ҳамчун яке аз самтҳои муҳим барои ҳамлу нақли бор ва масири нақлиётӣ дар минтақа арзёбӣ кард. Аммо мо дурнамои худро вобаста ба Иттиҳоди Аврупо намесозем” – Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ”.

Тоҷикистон худро бо алоқаи нақлиётии солонаи байни тамоми ноҳияҳо, аз ҷумла бо Бадахшон баландкӯҳ таъмин кардааст. Боз такрор мекунам, ки ин ба хотири таъмини алоқаи нақлиётию логистикии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути Афғонистон, Эрон ва Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дурнамои ворид шудан ба бозори Русия анҷом дода мешавад. Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ё ҳамкорӣ бо кишварҳои алоҳидаи Аврупо дар масъалаи рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ он қадар муҳим нест.

Ҳамаи ин дурнамоҳо ва манфиатҳои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз норавшананд ва аз эҳтимол дуранд (махсусан бо назардошти он мушкилотҳои дар ширкатҳои нақлиётию логистикии Афғонистони ҳамсоя ҷойдошта, ки ба сӯи бозорҳои Қафқоз ҳаракат мекунанд). Аз ин рӯ, сиёсати ҳамкории мо бо бозори Аврупо дар масъалаҳои логистикӣ хусусияти декларативиро касб мекунад, зеро ҳарчанд аврупоиҳо изҳоротҳои муайян баён мекунанд, вале ин изҳоротҳо бо лоиҳаҳо ва амалҳои воқеӣ тасдиқ карда намешаванд.

Дар Тоҷикистон инро ҳама хуб дарк мекунанд ва аз ин лиҳоз, барои мо муҳим буд, ки истиқлолияти нақлиётиамонро таъмин кунем ва бо ин роҳ барои пайваст кардани Чин, Афғонистон ва Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ имконият фароҳам созем. Мо дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додем, хатсайрҳои заруриро эҷод кардем, роҳҳои  мошингардро бо сифати баланд сохтем”.

Иттиҳоди Аврупо ба рушди Тоҷикистон манфиатдор нест ва нияти ба ҷумҳурии мо сармоягузорӣ карданро надорад. Ӯ танҳо ба инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикии мо таваҷҷуҳ дорад, ки ба ин Иттиҳод имкони аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа бо нархи арзон дастрас кардани захираҳои табииро фароҳам меоварад. Дар баробари ин, Иттиҳоди Аврупо саъй дорад барои рушди чунин инфрасохтор ба Тоҷикистон қарзҳоро таҳмил намояд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь