Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон хабарнигори МТЖТ бо сардори ниҳоди мазкур Абдумалик Набизода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
Номбурда нахуст гуфт, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молияи вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстонро роҳнамои корӣ худ намуда, кӯшиш ба харҷ намуданд, ки нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»–ро барзиёд иҷро намояд.
Набизода қайд кард, ки дар 9 моҳи соли 2024-ум, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Бӯстон ба 572,5 млн. сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86,8 фоизро ташкил намуд.
Дар соҳаи саноат 59 адад корхонаҳои саноати фаъолият доранд, ки аз он 6 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноати мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо 1 млрд. 238,0 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум, 91 млн. сомонӣ зиёд буда, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 279 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 баробар зиёд шудааст.
Дар 9 моҳи соли 2024-ум дар натиҷаи таъмин гардидани афзоиши нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди қариб ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва тадбирҳои андешидашуда нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳр (контингент бо назардошти андози иҷтимоии ғайри бубуҷетӣ) мувофиқи маълумоти пешакӣ ба андозаи 111,6 фоиз ва ба маблағи 145 млн. 218,6 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 15 млн. 149,6 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 22 млн. 305,3 ҳазор сомонӣ (18,1 фоиз) зиёд мебошад.
Иҷроиши қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра ба андозаи 109,2 дарсад таъмин гардида, ба ҷои 48 млн. 449,0 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда, ба буҷети маҳаллӣ 52 млн. 887,5 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша ба маблағи 4 млн. 438,5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли соли 2023-ум 5 млн. 878,0 ҳазор сомонӣ (12,5 фоиз) зиёд мебошад.
Хароҷоти буҷети шаҳр дар 9 моҳи соли 2024 дар доираи даромадҳои воқеии буҷет амалӣ гардида, мувофиқи маълумотҳо ба андозаи 99,9 дарсад иҷро шуда, ба соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр 47 млн. 908,3 ҳазор сомонӣ равона гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маблағгузории буҷети маҳаллӣ афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, яъне маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида шуда, дар маҷмӯъ ба соҳаҳои мазкур дар давраи ҳисоботӣ 34 млн. 424,7 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки баробари 71,9 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷети шаҳр мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳолати 1 октябри соли 2024 бо мақсади таъмини маблағгузории хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вобаста ба пардохти музди меҳнат 21 млн. 920,7 ҳазор сомонӣ ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоӣ 5 млн. 485,1 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона шуда, музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр ба пуррагӣ пардохт гардида, аз ин ҳисоб қарздориҳо мавҷуд намебошанд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ҳамин давра истифодаи маблағҳои махсус катъиян дар дохили низоми хазинадорӣ ба роҳ монда шуда, дар 9 моҳи соли 2024-ум ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсусӣ ташкилотӣ муассисаҳои буҷети маҳаллӣ дар маҷмӯъ 4 млн. 0,5 ҳазор сомонӣ (84,3 дарсади нақшаи даромад) ворид гардида, аз он бо назардошти бақияи дар аввали сол вуҷуд дошта 3 млн. 468,1 ҳазор сомонӣ хароҷот гардида аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр аз рӯи меъёрҳое, ки қисми 1-уми моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” муқарар кардааст, ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҷамъ 161,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд.
Дар марҳилаи ҳисоботи муносибатҳои байни буҷетӣ тибқи тартиби дар қисми 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” пешбинишуда роҳандозӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди шаҳр қарордошта ворид гардидааст, ба маблағи 51 млн. 674,1 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қабли 8 млн. 411,4 ҳазор сомонӣ ё 19,4 фоиз зиёд мебошад.
МТЖТ