Як ҳафта пеш, баъди кори театр барои гирифтани пул ба назди банкомати пулдиҳӣ рафтам. Одамон бисёр буданд. Ман саросема аз пеши он банкомат ба назди банкомати Эсхата омадам, аммо корти ман Амонатбонк буд. Ба назди банкомат расидан замон як мӯйсафедеро дидам, ки ӯ низ мисли ман аз корти Амонатбонк бо истифодаи банкомати Эсхата пул гирифтан мехост. Телефони дасташ Nokia буд ва мӯйсафед пайваста ба телефонаш нигоҳ мекард.

– Бахшиш бобоҷон, ман саросема, пул гирам мумкин?

– Гир, бачам, гир, и коди ма холи наомадай, – гуфта ба ман роҳ дод ва боз ба телефонаш чашм андохт. Чашмони нуронии ин мӯйсафеди лоғарандом диққатамро ҷалб карданд. Баъди гирифтани маблағ гуфтам:

– Ман ба шумо ёрдам кунам?

– Барака ёбӣ, биё ҳами бачам коди ҳами картара рои кна суми марам бги – гуфту боз телефонашро нигоҳ кард!

Мо қариб 10 дақиқа интизори код мондем. Ман, ки саросема будам, гуфтам:

– Якбори дигар бачетонба занг мезанед, бобоҷон?

– Алоооо, алооо Фаррух – гуфту мӯйсафед аз ман дуртар рафт, аммо овози баланди телефон маро маҷбур мекард ба суханҳои дурушти муштарии он тарафи телефон аҳамият диҳам!

– Гуфтм намегум намефаҳмӣ, дада, вай ҳаққи набератай, сума мегирӣ, мерай чойхона, маишат мекни. Нагир, у суми пенсияи очамай, т чӣ мегирӣ…

– Фаррух, ма я тасбеҳ, я ҷойнамоз мехарм тамом, дасти холӣ рафта наметонм бачам…

– Хомӯшӣ… Гуфтугӯ қатъ шуд.

Ба фикрам муйсафед ба кадом зодруз ё ягон хурсандии дигар рафтанӣ буду пулро низ барои тӯҳфа гирифтан мехост, аммо… Ман дар пушташ будам, китфонаш ҳарф мезаданд…

– Бобо….

– Бачам раҳмат, ман намегирам, – ҳатто рӯяшро нагардонд…

Хирагӣ карда худам наздик шуда, ба чашмони нуронияш нигаристам, об дар чашмонаш халқа зада, дастонаш меларзиданд, руймолчаашро аз киссааш бароварда бинияшро тоза кард…

– Ман ҳама гапатонро фаҳмидам, ҳеч гап не, шумо зиқ нашавед, инро гиреду ба ман дуо диҳед, – гуфта аз киссаам 100-сомонаро баровардам, гарчанде эхтиёҷ доштам. Ӯ рад кард, аммо зӯран ба дасташ додам ва ҳатто дуояшро нагирифта, зуд дур шудам, зеро намехостам ашкҳоямро бинад ва худ низ саросема будам!

Ба қафо нигоҳ накарда, таксӣ манъ кардаму баробари омадани мошин дари қафоро кушода нишастам, аммо ҳушу ёдам дар назди банкомат монд. То расидан ба ҷои даркорӣ ба фикр фурӯ рафтам! Чӣ тавр инсонҳо метавонанд падарашонро ин гуна хор кунанд? Ҳайфи номи фарзанди инсон!

“Расидем, апа” гуфтани ронанда маро ба худ овард. “35 сомонӣ шуд” гуфт ронанда ва ман як 100-сомонаи дигарро бароварда додаму интизори бақия шудам, чун аз банкомат 200 сомонӣ гирифта будам. Бақияро гирифтаму аз мошин фаромада дарро пӯшиданӣ шудам, ки ронанда гуфт:

– Апа сумтон афтид!

– Не, ин пули ман не, акаҷон!

– Ма ай паси ҳар пассажир нигоҳ мекнм, апа, и ай т, то шиштанта и набуд, – гуфта як 200-сомонаро ба ман дароз кард!

Ман дудила шуда гирифтам ва ӯ мошинро ҳай карду рафт.

Ман 200 сомон доштам, якеро ба бобо, дигареро ба такси додам ва ҳисоби охир 65 сомонӣ монд! Лекин дар дастам 265 сомонӣ монд. Дуруд бар Худо, ин паёми ӯст! Инро ба он хотир навистам, ки Худованд ҳеч кореро беҷавоб намемонад. Аз чашмонам ашк рехт, садои раъду барқ баланд шуд ва ниҳоят борон зад. Ман дар зери борон ҳам мегиристам, ҳам механдидам, рақс ҳам кардам ва лаззат бурдам. Фикри атрофиён аслан бароям муҳим набуд…

Дилноза РАҲИМӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь