Мусоҳиба бо директори филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров

 – Мавҷудият ва фаъолияти филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом омилҳо маншаъ гирифтааст?

– Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба Ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад зарур буд. Ҳанӯз дар ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд, ки: «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст».

Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар ин замина моҳи июли соли 2016 азнавсозии яке аз шоҳроҳҳои муҳими мамлакат, ки қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд намуд, оғоз гардид. Моҳиятан бо азнавсозии шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ – Истаравшан – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ он бо роҳи байналмилалии Қароқурум – Кулма – Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд.

Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе – Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст.

Дар маҷмуъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтддошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ мусбат кард.

– Мавҷудияти пойгоҳи пурқуввати техникӣ ва инфрасохтори зарурӣ омили асосии тақвият ва тавсеаи фаъолият аст…

– Бале. Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд, ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид.

Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад.

Далели возеҳи ин гуфта ба фаъолият шуруъ намудани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои то он вақт амалкунанда маҳсуб мешавад. Дар баробари ин омилҳо муҳим он аст, ки филиали ширкат ба мактаби омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи роҳнигоҳдорӣ табдил ёфта, роҳбарияти он тасмим доранд дар оянда ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки бо вуҷуди пеш омадани зарурат роҳбарияти филиали Ширкат нархи тарофаҳои гузаришро боло набурд…

– Шумо ба яке аз масъалаҳои муҳим дахл кардед. Воқеан ҳам сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии зиёда аз 100 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард.

Илова бар ин, дар муддати кӯтоҳ тавонистем масъалаҳои зиёди ташкилӣ, молиявӣ ва иҷтимоиро ҳаллу фасл намояд. Қабл аз ҳама, роҳбарияти ширкат дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳарчи зудтар барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намояд. Пас аз ҷамъоварии маълумот, системаи гуногуни имтиёзҳо барои аҳолии шафати роҳ таҳия гардид, ки ҳоло маблағи ниҳоӣ ба 50 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад.

– Ҳоло тавсеаи пардохти ғайринақдӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият аст. Чаро?

– Ҳадафи иқдоми мазкур боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фароҳам намудани шароити бароҳати гузариш аз плазаҳои толлингӣ мебошад.

Бо мақсади сарфа кардани вақт хатҳои иловагии гузариш сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар муддати кӯтоҳ бо таҷҳизоти зарурии электронӣ ва таъминоти барномавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Бо ин мақсад механизми пардохти маблағи гузариш бо ёрии кортҳои толлингии электронӣ ба роҳ монда шуд. Суръати хизматрасонии мизоҷе, ки аз кортҳои толлингии электронӣ истифода мебарад, назар ба ашхоси ба таври нақдӣ пардохткунанда фавритар аст.

– Таъмиру таҷдиди роҳ дар фаъолияти филиали Ширкат чӣ мақом дорад?

– Мақоми меҳварӣ. Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.

Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали IRS, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ шуд. Дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз мақсадҳои асосии роҳбарияти филиали ширкат маҳсуб мешавад.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

– Матолиби дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва пахшшуда далели онанд, ки шаҳрвандон аз фаъолияти филиали Ширкат қаноатманданд…

– Мо аз ин тамоюл хушнудем ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то роҳи мавриди назар дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Воқеан ҳам вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст. Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба суръати баланди таъмиру таҷдиди роҳ, бетаъхир бартараф гардидани тармаҳо, мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағжиш, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо ва ғайра рабт дорад.

Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Хизматрасонии босифат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкати мо ба шумор меравад. Азбаски механизми толлингии идоракунии роҳҳо барои минтақа иқдоми нисбатан нав аст, мо баъзан бо фаҳмиши нодуруст, арзу шикоят ва изҳороти дурушт дар мавриди фаъолияти ширкат рӯ ба рӯ мешудем. Бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ сандуқҳо барои арзу пешниҳодҳо гузошта шудаанд. Ҳамин тариқ, ҳар як истифодабарандаи роҳ метавонад пешниҳоду эродҳои худро ба таври хаттӣ баён намуда, дар сандуқи яке аз плазаҳои толлингии Ширкат гузорад. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат – 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро пешниҳод намояд.

– Роҳи Душанбе – Чаноқ, ки қисмати зиёдаш аз чунин минтақаи куҳистон  мегузарад, аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст…

– Дуруст гуфтед. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолиятро тавсеа бахшидаанд. Вале табиат қонунҳои нонавишта дорад, ки пешгирии ҳамаи он берун аз имкон аст. Новобаста аз ин, дар лаҳзаҳои аввали рух додани тармафароӣ, омадани сел, фурӯ рафтани роҳ, лағжиши сангпора ва ғайра роҳбарияти намояндагиҳои филиали ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар менамоянд.

Роҳи зикршуда махсусиятҳо дорад, ки дар канори он ҷорӣ будани дарё ва дарёчаҳои тезоб яке аз онҳост. Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, роҳбарияти филиали ширкат мунтазам тоза намудани онҳоро аз вазифаи аввалиндараҷа медонанд.

Зимни баргузории як чорабинӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарияти Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб барои кумакҳои расонидаи филиали Ширкат арзи сипос карданд…

– Иқдоми мазкур аввалин ва охирин нест. Аслан роҳбарияти филиали Ширкат барои дар ин маврид ҳарф задан ҳавасманд набуда, муътақидем, ки хайру саховат набояд василаи худнамоӣ бошад. Тавре мегӯянд, хайрро тавре бояд кард, ки агар бо як даст анҷом додӣ, дасти дигарат хабар наёбад.

Танҳо ба хотири огоҳии ҷомеа ва ботил намудани сафсатаҳои як «идда» бобати танҳо ба пулчинӣ машғул будани филиали Ширкат овардани чанд далелро, ки «муште аз хирвор аст», бамаврид медонем.

Аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала – пешбурди фаъолияти хайриявӣ мадди назар буда, ҳамон замон ба Хонаи кӯдакони №1-и шаҳри Душанбе таври мунтазам кумак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт.

Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни онро, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд. IRS ба муассисаи мазкур маводи хӯрока, мошинаҳои дарздӯзӣ, қолин, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст.

Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд.

Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид. Бар замми ин, дар арафаи санаҳои муҳим ва рӯйдоди фараҳбахш, аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав тӯйи суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат низ баргузор карда шуд.

Дар маҷмуъ, густариш ёфтани фаъолияти филиали Ширкат вобаста ба дастгирии эҳтиёҷмандону ятимон ва бепарасторон далели возеҳи он аст, ки роҳбарияту кормандони он баробари нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд, ҳамзамон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар доранд.

ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь