Аз 22-ум то 24-уми апрел дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии саноатии Иннопром. Осиёи Марказӣ 2024” баргузор гардид. Дар он вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров, роҳбарони вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои соҳавӣ, мақомотҳои вилоятӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Чин, Туркия ва дигар мамлакатҳо иштирок доштанд.

Намоишгоҳ беш аз 10 ҳазор иштирокчиён ва ҳайатҳои тиҷоратиро аз 27 кишвари ҷаҳон гирд овард ва 230 ширкати хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

“Иннопром” аз соли 2010 инҷониб дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мегардид ва  соли 2021 бори аввал, дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Аз соли 2022 ин чорабинӣ дар формати нав  гузаронида мешавад – «Иннопром. Осиёи Марказӣ». Бори 4-ум  аст, ки Тошканд меҳмонони хориҷиро, ки ба ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳ доранд, қабул мекунад. Ба формати нав гузаштани ин чорабинӣ ба тамоюли минтақавишавӣ мувофиқат мекунад, зеро ҷаҳонишавӣ аллакай аҳамияти худро гум карда истодааст.

Рисолати “Иннопром” дар чист?

Ин чорабинӣ як майдонест барои муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорон, ки ба рушди иқтисодиёт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, ба афзоиши рақобатпазирии ширкатҳои минтақа мусоидат мекунад.

Намоишгоҳ иштирокчиён ва меҳмононро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад, ки ин дар навбати худ ба роҳандозии робитаҳои корӣ, табодули таҷриба ва технологияҳо, инчунин, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ замина мегардад. Ҳамзамон “Иннопром” ба мутахассисони соҳаҳои гуногуни саноат барои табодули таҷриба ва дониши назариявию амалӣ имконият фароҳам меорад.

Дар “Иннопром” ҷаласаҳои пленарӣ, мизҳои мудаввар, мулоқотҳо ва гуфтушунидҳои корӣ, мубоҳисаҳо, мастер-классҳо гузаронида мешавад, ки дар онҳо тоҷирон, коршиносон, олимон ва ходимони сиёсӣ аз тамоми ҷаҳон ширкат меварзанд. Ин навбат мубоҳисаҳо доираи васеи мавзуъҳоро фаро гирифт, вале мавзӯи асосии он ҳамкориҳои саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия буд.

Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” мегӯяд: “Намоишгоҳи “Иннопром. Осиёи Марказӣ” як майдони хеле муҳим барои корхонаҳои саноатии Осиёи Марказӣ аст. Дар тӯли ин чанд сол “Иннопром” худро ҳамчун як майдони (платформаи) боэътимод барои барқарор кардани робитаҳои мустаҳками корӣ байни корхонаҳои саноатии кишварҳои минтақа нишон дод. Ҳарчанд шумори ширкатҳои иштирокчии ин намоишгоҳ хеле маҳдуданд, вале дар ин ҷо маҳз он намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ҷамъ меоянд, ки воқеан ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ, рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар минтақаи мо манфиатдоранд”.

Имкониятҳо ба Тоҷикистон

“Воридоти мол аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия дар охири соли 2023 қариб 12% афзоиш ёфтааст. Ҷорӣ кардани таҳримҳо аз ҷониби таъминкунандагони ғарбӣ, инчунин, коҳиш ёфтани тиҷорат бо кишварҳои ғайридӯст барои шарикони наздиктарини мо имкониятҳои нав боз мекунад”, – раҳбари Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров.

Тоҷикистон иштирокчии доимии намоишгоҳи «Иннопром» мебошад. Соли гузашта ҷумҳурии моро 28 корхонаҳои саноатӣ бо роҳбарии вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир намояндагӣ карданд.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Намоишгоҳе, ки дар Тошканд баргузор мегардад, ҳамчун як чорабинии байналмилалӣ барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад ва азбаски макони баргузории он  ба  кишвари мо наздик аст, пас бисёр соҳибкорони тоҷик метавонанд, дар он ширкат варзанд. Дар рафти намоишгоҳҳое, ки қаблан дар Тошканд бургузор гардида буданд, чанд ширкати тоҷикӣ бо шарикони хориҷӣ, аз ҷумла бо ширкатҳои русӣ созишномаҳо ба имзо расониданд ва имрӯз мо самараи аввалини иштирок дар ин чорабиниро эҳсос карда истодаем. Дар Тоҷикистон як қатор намоишгоҳҳо ва форумҳои сармоягузорӣ баргузор карда мешаванд, ки ба ҷалби сармоягузорон ва шарикон ба кишвари мо нигаронида шудаанд, вале тавре қайд кардам, намоишгоҳи “Иннопром” аз нигоҳи  наздикии макони баргузорӣ – Тошканд ва амалигардонии ин вазифа барои мо ҷолиб аст. Аз ин рӯ, теъдоди зиёди корхонаҳои Тоҷикистон дар ин чорабинӣ иштирок мекунанд.

Гзашта аз ин, иштирок дар намоишгоҳи молҳои саноатӣ дар шаҳри Тошканд имкон дод, ки ҳамкориҳои басо муҳимми саноатӣ байни корхонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба роҳ монда шавад. Тавре мушоҳида мекунем, сол то сол теъдоди зиёди ширкатҳои ӯзбекӣ намояндагиҳои худро дар кишвари мо мекушоянд, корхонаҳои нави муштараки тоҷикию ӯзбекӣ таъсис дода мешаванд. Ин умдатан натиҷаи иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳо ва форумҳои дар Ӯзбекистон баргузоршаванда ва ҳамчунин, иштироки ширкатҳои ӯзбекӣ дар чунин чорабиниҳои Тоҷикистон аст.

Дар баробари ин, солҳои охир теъдоди ширкатҳои русии дар “Иннопром” иштироккунанда ба таври назаррас афзудааст, ки ба туфайли ин ҷолибияти намоишгоҳ боз ҳам бештар мешавад, зеро аксар вақт маҳз ин кишвар ба ҳайси манфиатдори асосӣ дар рушди ҳамкориҳои саноатӣ бо кишварҳои минтақаи мо, бахусус бо Тоҷикистон баромад мекунад ва ширкатҳои русӣ пайваста дар ҷустуҷӯи шарикон ҳастанд”.

Тамоюли (самтгирии) муносибатҳои Тоҷикистону Русия

Ҳадафҳои “Иннопром”: тавсеаи ҳамкориҳои саноатии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, муайян кардани нуқтаҳои нави рушди саноат, барқарор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, ташкили истеҳсолоти муштарак.

Русия ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт робитаҳои тӯлонӣ ва самаранок доранд, вале давраи кунунии равобити тиҷоративу иқтисодии кишварҳои моро метавон ҳамчун табдил ба лоиҳаҳои ҳамкориҳои саноатӣ тавсиф кард. Ба ҳамин тариқ, эҳёи тамоюли саноатикунонии фаъоли Тоҷикистон, ки дар солҳои Шӯравӣ оғоз ёфта буд, дар назар аст. Корхонаҳои аз замони шӯравӣ боқимонда ба паркҳои технологӣ табдил дода мешаванд ва муҳтавои харитаи роҳ, ки чанде пеш аз ҷониби вазоратҳои саноати Русия ва Тоҷикистон ба имзо расида буд, аз ин шаҳодат медиҳад.

Моҳи январи соли ҷорӣ як ҳайати Русия барои боздид аз 10 макони эҳтимолии ҷойгиркунии истеҳсолот дар Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо мақомдорони тоҷик ҷиҳати тавсеаи бештари ҳамкориҳои саноатии байни кишварҳои мо як қатор мулоқотҳо анҷом дод. Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои муштарак – бунёди маҷмӯи корхонаҳои бофандагӣ ва ресандагӣ дар МОИ «Кӯлоб» бо иштироки бузургтарин ширкати истеҳсолкунанда дар саноати сабуки Русия «БТК ГРУПП» мебошад, ки амалигардонии он аллакай оғоз шудааст.

Маҳсулоти Русияро дар намоишгоҳ ширкатҳои пешсафи саноатии кишвар ва муҳимтарин лоиҳаҳои соҳаҳои мошинсозӣ, металлургӣ, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ муаррифӣ мекунанд. Дар чорабинӣ ҳадди ақал 15 субъектҳои Русия иштирок намуданд.

Ба гуфти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ба роҳ мондани ҳамкориҳои саноатӣ ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон мувофиқ аст, зеро саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар дар дурнамои миёнамуҳлат муайян гардидааст.

“Муносибатҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон имрӯз бо динамикаи ҷиддӣ тавсиф дода мешаванд: инро афзоиши мунтазами гардиши мол байни кишварҳои мо ва шиддати ворид шудани ширкатҳои тиҷоратии Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишон медиҳад.

Инчунин, бояд аз ташаббуси таъсиси парки саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ёдовар шуд – ман умедворам, ки фаъолияти ин парк бисёр самаранок хоҳад буд ва шумори зиёди ширкатҳои русиро ҷалб хоҳад кард. Аз рӯи ташаббусҳои эълонкардаи вазоратҳои саноати Русия ва Тоҷикистон, таъсиси як майдони бисёр ҷолиб барои маҳаллисозии истеҳсолот, айни ҳол дар Душанбе ва дар оянда дар дигар минтақаҳо, дар назар аст.  Зимнан, ба ин масъала моҳи майи соли ҷорӣ дар Форуми байналмилалии иқтисодии “Русия – Ҷаҳони ислом: KazanForum 2024” дар шаҳри Қазон, ки дар он ҷаласаи Шӯрои тиҷоратӣ баргузор мегардад, таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Ва мо ҳамкасбони тоҷики худ ва соҳибкоронро барои  иштироки фаъолона дар ин форум ва мустаҳкам кардани робитаҳои барқароршуда дар намоишгоҳи “Иннопром” дар шаҳри Тошканд даъват менамоем”,  – қайд мекунад роҳбари шӯрои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон Ислом Назаралиев.

Солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон гардидааст.

Тоҷикистон кишварест,  дорои сарватҳои зиёди табиӣ ва маҳз аз ҳамин лиҳоз барои эҷоди лоиҳаҳои саноатӣ ҷолиб аст. Вале Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳангоми интихоби шарикон бояд тамоми манфиатҳо ва хатарҳои имконпазирро ба назар гирад. Ба фарқ аз кишварҳои Ғарб, ки шарикони худро ҳамчун мустамликаи захиравӣ истифода мебаранд, Русия ба кишвари мо чизҳое зиёде пешниҳод карда метавонад: Тоҷикистон аз кумакҳои технологӣ ва салоҳиятҳои Русия, бахусус дар бахши саноат, баҳра гирифта метавонад. Ҳамкории чандинсола нишон медиҳад, ки лоиҳаҳои Русия ба беҳбудии сифати зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои кории доимӣ ва ҳалли бисёр мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 330 корхона бо ҷалби сармояи Русия фаъолият мебаранд. Шумори умумии ин корхонаҳо дар минтақа қариб 24 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Солҳои охир теъдоди ширкатҳои русӣ, ки ба кишвари мо сармоягузорӣ мекунанд, ба таври назаррас афзоиш ёфта, доираи фаъолияти онҳо аз  соҳаи хидматрасонӣ ва тиҷорат сар карда то телекоммуникатсия, саноат, истеҳсолот, коркардро фаро мегирад. Ҳамчунин, саҳми IT-ширкатҳои Русия дар амалигардонии лоиҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон сол то сол меафзояд. Дар байни онҳо метавон махсусан Маркази илмии татбиқотии инноватсиониро қайд кард, зеро ин марказ лоиҳаи такмил ва татбиқи системаҳои автоматикунонидашуда барои Кумитаи андози Тоҷикистонро амалӣ мегардонад.

Ва чунин ҷалби ширкатҳои Русия ба равандҳои иқтисодии Тоҷикистон бешубҳа як падидаи мусбат аст, зеро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шарики асосӣ дар робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ин кишвар боқӣ мемонад, ки вақтҳои охир ба рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь