Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии давлатӣ ва иҷроиши буҷети маҳалии ноҳия дар панҷ моҳи соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда оиди рушди самараноки идоракунии молияи давлатӣ барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ якҷоя бо нозироти андози ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати молияи давлатӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар ноҳия 71 корхонаҳои саноатӣ ва 4821 хоҷагиҳои деҳқонӣ вуҷуд дорад. Инчунин, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда 15 адад ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда 85 адад дар ноҳия фаъолият дорад.

Мувофиқи маълумотҳо бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии ноҳия иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар панҷ моҳи соли 2024 аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 101,7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо 19604759 сомониро ташкил дод. Воридот нисбати нақшаи тасдиқшуда 336221 сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати молияи ноҳия ҷиҳати саривақт пардохт намудани музди меҳнат ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла пардохти музди меҳнат 32698727 сомонӣ, маблағҷудокуниҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 8061629 сомониро ташкил дода, пардохт гардидааст.

– Бояд қайд намуд, ки музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз рӯи он вуҷуд надорад. Дар ин раванд бақияпулиҳои андоз низ нигаронкунанда буда, мувофиқи ҳисоботи нозироти андоз ба ҳолати 1 январи соли 2024, 6543059 сомониро ташкил дода, ба 1 июни соли 2024 бошад 5352593 сомониро дар бар мегирад, ки нисбати якуми январи соли 2024, 1190466 сомонӣ кам карда шудааст.

Дар ин давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи андозҳо ба ҳолати 1 июни соли 2024 сифатнок иҷро гардидааст. Даромади умуми нақшаи тасдиқшуда 19268538 нақшаи аниқшуда 19268538 иҷроиш бошад 19604759 ба ҳисоби 101 фоиз фарқият бошад 336221 ташкил мекунад.

Андоз аз даромад 6510256 сомонӣ ворид гардида, ки 101,6 фоизро ташкил дода, нисбати соли 2023, 1418294 сомонӣ зиёд мебошад. Андоз аз фоида 2193532 сомонӣ ворид гардида, 103,2 фоизро ташкил дода, нисбати соли 2023, 570438 сомонӣ зиёд мебошад. Андоз аз молу мулки ғайриманқул 2744284 сомонӣ ворид гардида, 102,2 фоизро ташкил дода, нисбати соли гузашта 464011 сомонӣ зиёд мебошад. Андоз аз арзиши иловашуда 1616770 сомонӣ ворид гардид, ки 101,3 фоизро ташкил дода нисбати соли гузашта 134031 сомонӣ зиёд мебошад. Андоз аз системаи содакардашуда 5439742 сомонӣ ворид гардида, 100,6 фоизро ташкил дода, нисбати панҷ моҳи соли 2023, 590202 сомонӣ зиёд ворид гардидааст. Андоз барои захираҳои табии 249496 сомонӣ ворид гардид, ки 110,4 фоизро ташкил дода, нисбати соли гузашта 47772 сомонӣ зиёд мебошад. Боҷи давлатӣ 554445 сомонӣ ворид гардид, ки 103,9 фоизро ташкил дода, нисбати соли 2023, 88733 сомонӣ зиёд мебошад. Дигар даромадҳои ғайриандозӣ 296234 сомонӣ ворид гардидааст. Инчунин воридоти маблағҳо аз буҷети ҷумҳурӣ (ёрии молиявӣ) 28607000 сомонӣ  ё 100 фоиз ва ҳиссаҷудокуниҳо аз буҷети вилоят 500000 сомониро ташкил дод, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда, 100 фоиз ҷудо гардидааст. – мегӯяд Расулзода Қадамшо сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

Маблағгузории ташкилоту муассисаҳои буҷетиро дар доираи иҷроиши буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои тасдиқшудаи соҳаҳо дар панҷ моҳи соли 2024 ба роҳ монда, мақсаднок истифодабарии онҳо таҳти назорат қарор дорад. Дар баробари ин хароҷоти маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ноҳия 48584184 сомониро ташкил дода, нисбати панҷ моҳи соли 2023, 10167063 сомонӣ зиёд мебошад, аз ҷумла соҳаи ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1573738 сомонӣ ё ин, ки 90,1 фоиз ташкил медиҳад; мудофиа 244136 сомонӣ ё ин ки 96,7 фоиз; ҳифзи ҳуқуқ 395856 сомонӣ ё ин ки 104,5 фоиз; соҳаи маориф 32429973 сомонӣ ё ин ки 98,8 фоиз; соҳаи тандурустӣ 12039131 сомонӣ ё ин ки 96,8 фоиз; суғуртаи иҷтимоӣ 102432 сомонӣ ё ин ки 48,8 фоизро ташкил медиҳад; хоҷагии манзилию коммуналӣ 504579 сомонӣ, 125,7 фоиз пардохт шудааст. Фарҳанг ва варзиш 1107128 сомонӣ ё ин ки 105,3 фоиз, хоҷагии қишлоқ 148657 сомонӣ, 89,2 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 148657 сомонӣ ё ин ки 89,2 фоиз ва хароҷотҳои ғайра 25000 сомонӣ равон карда шуд.

Бо қарорҳои раиси ноҳия аз ҳисоби бақияи озоди буҷети маҳаллӣ 21117 сомонӣ аз ҷумла, ҳокимияти идоракунии давлатӣ 21117 сомонӣ, аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия 54710 сомонӣ аз ҷумла, ҳокимияти идоракунии давлатӣ 40930 сомонӣ, хароҷоти ғайра 13780 сомонӣ маблағ равона шудаст.

Расулзода Қ иброз медорад, ки ба ҳолати 1 июни соли 2024, аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷети барои пардохти хизматрасонии коммуналӣ (қувва барқ) 320000 сомониро ташкил медиҳад. Оиди иҷроиши буҷети маҳаллӣ дар асоси нақшаи кории тасдиқшудаи Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳисоботҳо саривақт ба ҳукумати маҳаллӣ ва Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пешниҳод карда мешавад.

Иттифоқҳои касабаи раёсат ва маъмурияти он дар ҳар як идҳои давлатӣ ва идҳои мусалмонӣ ва ҷашнҳои бошукӯҳ аз аҳволи собиқ кормандони раёсат хабар гирифта, ба эшон ба таври модди кӯмак мерасонад. Ҳамчунин кормандони фаъоли раёсат низ дар рӯзҳои идҳои бузург бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар асоси дастурамалҳои амалкунандаи Вазорати молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оиди назорати доимӣ барои истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳисоботҳоро аз ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ саривақт талаб намуда, ҳар моҳ ба мақомотҳои болоӣ ҳисоботҳо пешниҳод шудааст.

Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо нозироти андози ноҳия нақша чорабиниҳо тартиб дода, дар семоҳаи дуюм қисми даромади буҷети маҳаллиро сифатнок иҷро намуда, бо ин мақсад пардохти саривақтии музди меҳнат, ҳиссаҷудокуниҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва қарздориҳоро дар назди буҷет ба иҷро мерасонад.

Билоли Шамс, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь