Сардори Рёсати молия Хуршедшо Набиев дар суҳбат бо хабарнигори МТЖТ гуфт, ки кормандони Раёсати молияи ноҳияи Лахш дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияро раҳнамои кори худ қарор дода, баҳри самаранок фаъолият кардан, пурраю барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ тамоми чораҳоро андешида истодаанд.
Нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» оид ба андозҳо ва даромадҳои давлатии ғайриандозиро ба буҷети давлатӣ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 113,3 фоиз таъмин намуда, ба ҷойи 9996,0 сомонӣ ба буҷет 11326,0 сомони маблағ ворид намуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1330,0 сомонӣ зиёд мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4055,0 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ҷамъоварӣ гардидааст.
Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1.07.2024 маблағи 800,4 сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол 55787 сомонӣ кам гардидааст.
Маблағҳои мақсадноки бо тариқи субвенсия аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи нақша 26 миллиону 988,0 ҳазор сомонӣ пешбинигардида бошад, иҷроишаш 26 миллиону 755,2 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст, ки 99,1 % ворид гардид. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта субвенсия маблағи 5 миллиону 514,1 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардидааст.
Қисми хароҷотии буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба ҷойи 36 миллиону 652,4 сомонии пешбинигардида, амалан 32 миллиону 902,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки 89,8 %-ро ташкил мекунад ва аз нақшаи пешбинишуда 3 милиону 750,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Сабаби пурра иҷро нагардидани қисмати хароҷотии буҷет ин худдорӣ намудан аз хароҷотҳои дуюмдараҷа мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 милиону 640,0 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ пардохт гардидааст.
Барои пардохти музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба ҷойи 24 миллиону 630,8 ҳазор сомонӣ 23 миллиону 334,5 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки 94,7 % нақшаро ташкил мекунад, ки 1 миллиону 296,3 ҳазор сомонӣ кам маблағгузорӣ гардидааст. Сабаби кам маблағгузорӣ шудани музди маош ин қисмати маблағҳои аз аввали давраи ҳисоботӣ воридгардида ва ба ҷойҳои холӣ вобастагӣ дорад. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағи 2 милиону 808,9 ҳазор сомонӣ зиёд пардохт гардидааст.
Барои маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ба ҷойи 35 милиону 477,3 ҳазор сомонӣ 32 милиону 515,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки баробари 91,6%-ро ташкил дода, 2 милиону 961,5 ҳазор сомонӣ кам маблағгузорӣ гардидааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 милиону 564,9 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ пардохт гардидааст.
Аз он ҷумла, барои ҳокимияти маҳаллӣ дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 ба ҷои 1889,6 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 1604,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 84,9% иҷро гардидааст, ки 285,1 ҳазор сомонӣ кам таъмин гардидааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50,7 ҳазор сомонӣ ё 3,3% зиёд маблағгузорӣ карда шудааст.
Барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (сӯхторхомӯшкунӣ) ба ҷойи 470,5 ҳазор сомонии дар нақша пешбинигардида 397,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 84,5% иҷро гардидааст, ки 73,1 ҳазор сомонӣ кам маблағ таъмин гардидааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағи 56,7 ҳазор сомонӣ зиёд маблағгузори карда шудааст.
Барои соҳаи маориф ба ҷойи 24 миллиону 209,5 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 22 миллиону 404,1 ҳазор сомонӣ ё ки 92,5% иҷро гардидааст, ки 1805,4 ҳазор сомонӣ кам таъмин гардидааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағи 3641,6 ҳазор сомонӣ ё 19,4 % зиёд маблағгузорӣ карда шудааст.
Барои соҳаи тандурустӣ ба ҷойи 7 миллиону 524,5 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 6 миллиону 565,7 сомонӣ ё ки 87,2 % иҷро гардидааст, ки 958,8 ҳазор сомонӣ кам маблағ таъмин гардидааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағи 1052,6 ҳазор сомонӣ ё 19,1 % зиёд маблағгузорӣ карда шудааст.
Барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба ҷойи 46,5 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда амалан 42,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки 4,0 ҳазор сомонӣ пардохт нагардидааст.
Барои хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ҷойи 518,2 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 441,5 ҳазор сомонӣ ё ки 85,2% иҷро гардидааст, ки 76,7 ҳазор сомонӣ кам маблағи таъмин гардидааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 56,0 ҳазор сомонӣ ё 7,7% кам маблағгузорӣ карда шудааст.
Барои соҳаи фарҳанг ба ҷойи 1284,3 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 1060,1 ҳазор сомонӣ ё ки 82,5% иҷро гардидааст, ки 224,2 ҳазор сомонӣ кам таъмин гардидааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 165,1 ҳазор сомонӣ ё 6,5 % кам маблағгузорӣ карда шудааст.
Барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия нақшаи тасдиқшуда 105,6 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ гардида, иҷроиши нақша таъмин нагардидааст.
Барои дигар хароҷотҳо ба ҷойи 351,3 ҳазор сомонии дар нақша пешбинигардида, 286,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 81,6% иҷро гардидааст, ки 64,4 ҳазор сомонӣ кам таъмин гардид.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, №600 “Барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар ин давра ба 538 нафар ва аз аввали давраҳо иҷозат дода шуд.
Дар баробари ин бояд кайд намуд, ки пешрафт ва натиҷаю самаранокии кор дар мадди аввал аз интизоми меҳнат вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, бовар мекунонем, ки кормандони Раёсати молия риояи интизоми меҳнат ва низоми молиявиро дар фаъолияти худ дар мадди аввал гузошта, иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташударо саривақт ва босифат таъмин менамоянд.
МТЖТ