Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори Раёсати мазкур Расулзода Қадамшоҳ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Номбурда афзуд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Сарвари давлат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” зикргардида корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои Истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.
Сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷет мароми мост.
Расулзода Қадамшоҳ афзуд, ки давоми 9 моҳи соли равон кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баҳри иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода кардани маблағҳо пайваста талош карда, кӯшиш мекунанд, ки музди маоши кормандони ташкилоту идораҳоро саривақт пардохт кунанд, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд. Гуфта шуд, ки заҳматҳои шабонарӯзии кормандон аст, ки бо назардошти рушди воқеии иқтисодии ноҳия иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар ин давра 101,4 дарсад таъмин гардидааст.
Бояд кайд кард, ки мувофиқи ҳисоботи омор дар ноҳия 71 корхонаҳои саноатӣ ва 4821 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд аст. Инчунин, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда 15 адад ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда 85 адад дар ноҳия фаъолият доранд. Қайд гардид, ки мувофиқи маълумотҳо бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии ноҳия иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нӯҳ моҳи соли 2023 аз рӯйи континенти умумӣ ба андозаи 101,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо 30386055 сомониро ташкил дод. Воридот нисбати нақшаи тасдиқшуда 422127 сомонӣ зиёд мебошад.
Музди меҳнати кормандон саривақт пардохт мегардад
Гуфта шуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати молияи ноҳия ҷиҳати саривақт пардохт намудани музди меҳнат ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла пардохти музди меҳнат 48400902 сомонӣ, маблағҷудокуниҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ, ки 11986857 сомониро ташкил медод, пардохт гардидаст.
Мусоҳиби мо ҳамчунин илова кард, ки музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо ба фондӣ ҳифзи иҷтимоӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз рӯйи он вуҷуд надорад.
Бақияи қарзи андоз кам карда шуд
Расулзода Қадамшоҳ илова кард, ки заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳияи Ҳамадонӣ буд, ки бақияпулиҳои андоз низ дар 9 моҳи соли ҷорӣ кам гардид. Мувофиқи ҳисоботи нозиротии андози ноҳия ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 дар ноҳия бақияи қарзи андоз 5763313 сомониро ташкил дода, ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2023 бошад 4747676 сомониро дар бар мегарад, ки нисбати аввали сол 1015637 сомонӣ кам карда шудааст.
Кормандони Нозироти андози ноҳия ва Раёсати молияи ноҳия талош доранд, ки дар оянда боз ҳам бақияи қарзи андозро кам карда, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетро барзиёд таъмин созанд.
Дастгирии Вазорати молия ва Сарраёсати молия
Ӯ илова кард, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ инчунин воридоти маблағҳо аз буҷети ҷумҳурӣ (ёрии молиявӣ) 35273236 сомонӣ ва ҳиссаҷудокуниҳо аз буҷети вилоят 5901000 сомониро ташкил дод, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 100 дарсад иҷро гардидааст. Гуфта шуд, ки ҳамеша аз ҷониби Вазорати молияи кишвар, Раёсати молияи ноҳияи Ҳамадонӣ дастгирӣ карда мешавад. Ба иттилои ӯ, маблағгузории ташкилоту муссисаҳои буҷетиро дар доираи иҷроиши буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои тасдиқшудаи соҳаҳо дар нӯҳ моҳи соли 2023 ба роҳ монда, мақсаднок истифодабарии онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар баробари ин, хароҷоти маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ноҳия 76031674 сомониро ташкил дода, нисбати нӯҳ моҳи соли 2022 14799570 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаи ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 3759635 сомонӣ ё ин ки 97,1 фоиз ташкил медиҳад. Зикр шуд, ки дар арафаи ҳар иду айём ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон, камбизоатон ва дигар қишри ниёзманд аз ҷониби кормандони молияи ноҳия кӯмак карда мешавад. Инчунин, дар 9 моҳи соли равон 254100 сомонӣ маблағи иштирокчиён ва маъюбони садамаи Чернобил пурра пардохт гардида, онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор доранд.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурустӣ
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба соҳаи маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд равона шуда, барои таъмиру бозсозии муассисаҳо ва омодагии онҳо ба зимистони имсола маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия ба нақша гирифта шуда буд, пурра пардохт шуда, ин соҳаҳо ба зимистон пурра омодаанд, – илова кард Расулзода Қадамшоҳ ва гуфт, ки барои таъмири бинои муассисаҳои соҳаи маориф дар семоҳаи сеюм ва чоруми соли 2023 ба миқдори 2738154 сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра равона гардидааст. Раёсати молияи ноҳия барои зимистонгузарии ташкилоту муссисаҳои буҷетӣ дар асоси қарори раиси ноҳия аз 23-юми майи соли 2023 №512 нақша-чорабинии дохилиидоравӣ тартиб дода, барои ҷудо намудани маблағ дар муассисаҳои соҳаи маориф 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ ва дар соҳаи тандурустӣ 35636 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба холати 1 октябри соли 2023 маблағҳои пешбинишуда пурра пардохт карда шуда, дар соҳаи маорифу тандурустӣ ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ба қадри кофӣ ва аз нақша зиёд захира карда шудааст.
Ҳамчунин, баҳри иҷрои қарори 639 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 629 дар бораи маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дар ин давра аз ҳисоби буҷети ноҳия 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин барои беҳ кардани ҳолати роҳҳо ва рафтуомади воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунанд.
Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд
Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.
Мусоҳиби мо дар фароварди суҳбат қайд кард: “Мекӯшанд фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намуда, баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Президенти кишвар аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.”
Мавъулиятшиносӣ ва нақшагирӣ
Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“ФАРАЖ”