Субҳи барвақт, аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ тасмими харидории бензинро доштам. Аз дохил ҷавоне берун омад ва ба суоли ман “бензинро бо чӣ қимат гирифтӣ?”, гуфт:
-Тағоӣ, нархашро напурс, ки фишорат баланд мешавад.
-Пулро ту додӣ, фишори ман чаро баланд шавад? – гӯён шӯхӣ кардам. Вале аз посухи ӯ дарёфтам, ки “фишорат баланд мешавад” гуфтанаш беҳикмат набудааст. Манзури ӯ ба маротиб боло рафтани нархи бензин мебошад.Шоҳиди ҳол ҳастем, ки арзиши бензин аз 3 сомонӣ ба 12 сомонӣ расидааст.
Ба худ андешидам, ки баъзеҳо, бо вуҷуди чандон хуб набудани вазъи иҷтимоӣ, мошинҳои гаронарзиш доранд, 4 баробар қиматшавии маводи сӯзишвориро амри табиӣ медонанд. Вале ба ҳисоби миёна 7 фоиз зиёд шудани тарифҳоро барои истифодаи роҳи Душанбе – Чаноқ дар муддати 13 сол муғризона шарҳ доданӣ шуданд.
РОНАНДАҲО ЗИД НЕСТАНД
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи Душанбе – Чанок филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз якуми январи соли ҷорӣ тарифҳои гузариш аз плазаҳои толлингии масири мазкур ба ҳисоби миёна 7 фоиз боло рафт. Банда баъд аз болоравии нархи роҳ аллакай ду маротиба тавассути роҳи Душанбе – Чанок ба Панҷакент сафар кардам ва бо ронандагони зиёде ҳамсуҳбат шудам. Сафари якум ба рӯзе рост омад, ки аз ноҳияи Варзоб то ба Ҷамоати деҳоти Такфони ноҳияи Айнӣ барфи шадид меборид. Шоҳиди ҳол будам, ки новобаста аз бориши шадид роҳ мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард шуда, ҳаракати бемонеаи нақлиёт таъмин буд. Дар роҳ бо ронандаҳои зиёде роҷеъ ба сифати нигоҳдориву хизматрасонӣ ва тарифҳои истифодаи роҳ ҳамсуҳбат шудам. Аз суҳбат бо ронандаҳо хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки онҳо ба 13 соли фаъолияти филиали ширкат, бо дарназардошти корҳои амалишуда ва ҳолати роҳ баҳои баланд медиҳанд, ба “IRS” эътимод доранд ва муқобили тағйирёбии тарифҳо нестанд.
Ронандае бо исми Ашраф, ки ба самти Хуҷанд – Душанбе ва баръакс таксӣ меронад, иброз дошт, ки «Мо муқобили каме боло рафтани арзиши роҳ нестем. Муҳим он аст, ки ҳаракати муназзами нақлиёт ва бехатарии он таъмин бошад. Хеле мехостам “IRS” дар манотиқи дигари роҳ, аз ҷумла дар роҳи минтақаи Варзоб ва қисмати боқимондаи ноҳияи Айнӣ низ девораҳои ҳимоявӣ (парапет) бунёд намояд. Аз он қаноатмандӣ карданд, ки солҳои пеш ҳаракат аз маркази ноҳияи Айнӣ то шаҳраки Сарвода басо хатарнок буд ва андак беэҳтиётии ронанда метавонист боиси ба дарё сарозер шудани мошин гардад. Бо бунёди девораҳои ҳимоявӣ (парапетҳо) филиали Ширкат тавонист, бехатариро дар ин самт таъмин кунад. Бунёди онҳо бояд дар минтақаҳои дигар низ идома дода шаванд».
Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парапетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 15000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.
Аз километри 55 то 73, яъне то расидан ба нақби Истиқлол дар чанд ҷо тармаҳои хурду нисбатан бузургтар фаромада буданд. Дидем, ки кормандони “IRS” бо вуҷуди мавҷудияти хатарҳои зиёд, ҷаҳду талош доштанд, то тармаҳо сари вақт бартараф гарданд. Ронандае ба ман муроҷиат карда гуфт:
– Ҳарчанд баъзеҳо нодида мегиранд, вале бояд эътироф кунем, ки кормандони “IRS” вазифаи худро бо ҳисси масъулият иҷро карда истодаанд. Пули мегирифтаашон ош шавад!
Ронандаи дигар бо номи Мирзо гуфт, ки дар баробари нигоҳдориву хизматрасонии роҳ, дар ҳолатҳои рух додани садама нахустин шуда кормандони “IRS ба кӯмаки ронандагону мусофирон мешитобанд. Аз нақли ӯ маълум гардид, ки боре аз самти муқобил мошини калони боркаш баромада, автомобили онҳо аз роҳ берун мешавад. Хушбахтона, кормандони “IRS” бо техникаи худ фавран ба макони ҳодиса расида, мусофиронро саломат аз он берун оварда, ба ҷои амн мебаранд ва мошинро мебароранд.
Қобили зикр аст, ки чунин ҳолат бо муаллифи сатрҳо низ рух дод ва барои дасти ёрӣ дароз намудан ба кормандони филиали Ширкат миннатдорӣ карда будем.
ДАЛЕЛҲОЕ, КИ БА НАВИШТАНИ МАҚОЛА ТАҲРИК БАХШИДАНД
Дар бозгашт аз шаҳри Панҷкент рӯзи 10 -уми январ мушоҳида кардам, роҳҳое, ки ҳангоми рафтани мо пур аз барф буд, аллакай пурра тоза карда шуда, тармаҳо комилан бартараф гардидаанд. Баъд аз бозгашт тасмим гирифтам аз бардоштҳои ин сафар бо истинод аз суҳбат бо ронандагон рӯйи саҳифа орам. Биноан, бо якчанд савол ба Маркази матбуоти филиали Ширкат муроҷиат намудам. Далелҳое, ки масъалин пешниҳод намуданд, андешаро дар мавриди нақши боризи “IRS” вобаста ба нигоҳдориву хизматрасонии роҳи мазкур тақвият бахшид.
Иттилоъ доданд, ки аз аввали фаъолият Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи Душанбе – Чанок – филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъзе «дӯстон» рисолати филиали онро танҳо «пулчинӣ» медонанд, таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда, дар муддати 13 сол зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда 230595 тонна асфалт сарф кардааст.
Дар раванди суҳбат масъулини Маркази матбуоти «IRS» шарҳу тавзеҳ доданд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавиаш роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳубини 24 соатро талаб менамояд. Ҳамчун мутахассис мегӯям, ки дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст.
Шахсан ман то ин вақт иттилоъ надоштам, ки дар солҳои 2013 – 2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нурообод – Нимич дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр) -ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намудааст. Ба ибораи дигар, филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.
Аксар иддао доранд, ки ҳамарӯза аз ин роҳ ҳазорҳо нақлиёт убур мекунад ва маблағи аз ҷониби истифодабарандагони роҳ пардохтшуда қобили мулоҳиза аст. Масъулин бо дарки масъулият гуфтанд, ки чунин “омор” аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Далел оварданд, ки барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум – мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки «IRS» гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Сониян, қисми зиёди автомбилҳое, ки дар ин роҳ ҳаракат мекунанд, тамоми 358 километр роҳро тай намекунанд. Яъне, аксари онҳо, ҳатто категорияҳои 3 – 4 аз 6 плазаи марбут ба филиали Ширкат ҳамагӣ 2 – 3 плазаро мегузаранд. Агар «IRS» воқеан ҳам маблағи зиёд ба даст меовард, ҳамон тавре, ки баъзеҳо тасаввур мекунанд, зарурат ба тағйир додан тарифҳо намемонд. Таъкид шуд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ пурра барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.
Шояд баъзеҳо надонанд, ки тӯли 13 сол нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ шудааст. Масалан, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадом аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудааст.
Иттилоъ гирифтам, ки дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошта, тӯли 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон – 3, Суғд 4 завод, дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд.
Масъулини Маркази матбуоти «IRS» барои тақвияти андешаҳои баёнгардида далел пеш оварданд, ки соли 2012 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда солҳои 2013 – 216444, 2015 – 190564, 2016 – 126204, 2017 – 779730, 2018 – 103606, 2019 – 274030, 2020 – 241374 ва соли равон 85042 метри мураббаъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмӯъ, ба 2816546 метри мураббаъ баробар аст.
Бо дарназардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе – Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, хароҷоти ин мавод низ сол то сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағжиши харҷшуда 96466 метри кубиро ташкил медиҳад.
Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 210 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайримимкон аст.
Соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд. Ҳоло бошад, 872 нафар фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 50000 нафар ба шарофати мавҷудияти филиали ширкат манбаи даромад доранд. Мутаассифона, дар 13 соли фаъолият 10 корманди «IRS» ҳангоми иҷрои вазифа, яъне таъмини ҳаракати бехатари истифодабарандагони роҳ ҳалок шуданд.
Дигар мақсаде, ки филиали ширкат дошт, бароҳат намудани гузариши плазаҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8 расид. Муҳим он аст, ки дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 13 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ хеле зиёд буда, роҳ мунтазам зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дорад. Масалан, фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳо зиёд буда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар муддати 13 сол хеле зиёд амалӣ шуда, дар маҷмӯъ, нишондиҳандаи марбут ба соҳилмустаҳкамкунӣ 50000 метри мураббаъ аст.
Зимни пешниҳоди тарифҳои нав ба пардохти ғайринақдӣ бартарӣ дода шудааст.Дар шарҳи ин иқдом гуфтанд, ки ин иқдом на ба хотири ба даст овардани даромади иловагӣ, балки бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ, кам намудани хароҷоти истифодабарандагони роҳ, роҳ надодан ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ гардид. Чунин тарзи кор, ки паҳлуҳои мусбати зиёд, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад, боис мешавад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман аз байн равад
Фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ дигар карда, мактаби бузурги омӯзишӣ ва андӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ гардид. Аксар давлатҳои собиқ ИҶШС маҳз ба таҷрибаи филиали ширкат, бо дарназардошти модели барои табодули таҷриба арзанда будан, пайравӣ намуданд.
Роҳи Душанбе – Чаноқ ба сифати пойгоҳи асосӣ барои таъмини фаъолнокии иқтисодии мамлакат аҳамияти беандоза дорад ва роҳи моҳияти стратегидошта ба ҳисоб рафта, маҳз бо шарофати ин роҳ Тоҷикистон тавонист, ки ҳатто дар солҳои нисбатан душвор аз бунбасти коммуникатсионӣ берун ояд. Бинобар ин, ин роҳ бояд ҳамеша дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Мо бояд дар ин ҷода ба «IRS мусоидат намоем, на мухолифат.
Холиқи Муҳаммадназар,
журналист, Душанбе – Панҷакент – Душанбе