Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷори намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

 Пардохти андоз рушди устувори иқтисодиёт аст

Барои шиносои пайдо кардан аз  натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андози ноҳияи Кӯшониён  дар 8 моҳи  соли ҷорӣ хабарнигори МТЖТ бо роҳбари Нозироти андози ноҳияи Кӯшониён   Мансурзода Изатулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.  Дар оғози сӯҳбат ӯ қайд кард, ки  роҳбарият ва кормнадони Нозироти андоз дар ноҳияи Кӯшониён дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон,  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати андози вилоятро роҳнамои кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён кӯшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон.

“Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин созанд ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Шумораи андозсупорандагон дар ноҳия зиёд шудааст

Номбурда афзуд, ки мутобиқи маълумотҳои Бахши бақайдгири шахсони ҳуқуқӣ соҳибкорони инфиродӣ муайян карда шуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ҳамагӣ 3641 адад андозсупоранда  бақайдгирифта шудааст, ки аз ин 574 адад шахсони ҳуқуқи ва 3067 адад соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад. Шумораи андозсупорандагон дар ноҳия сол то сол зиёд шуда истодааст.

Ҳадаф иҷрои нақшаи андоз аст

Заҳматҳои шабонарузии роҳбарият ва кормнадони Нозироти андози ноҳияи Кӯшониён аст, ки дар 8 моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи  98,50% таъмин гардида, ба ҷойи 54635,0 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 53838,5 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишонди ҳандаҳои нақшавӣ ба маблағи 796,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷети дар давраи ҳисоботи ба андозаи 101,4% таъмин гардида, ба ҷойи 43304,3 ҳазор сомонӣ  нақшаи пешбинишуда ба буҷет 43905,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшави ба маблағи 601,3 ҳазор сомони  ва ҳамин давраи соли гузашта 2986,7  ҳазор сомони зиёд мебошад.

Мо ҳама талошҳшои худро дар оянда баҳри пурра иҷро шудани нақшаи андоз дар ноҳия равона хозем кард,-илова кард мусоҳиби мо.

Бақияи қарзи андозҳо наздики  1,1 миллион сомонӣ  кам карда шуд

Кам кардани бақияи қарзи андозҳо яке аз масъалаҳои муҳим дар назди роҳбарияти Нозироти андози ноҳия ба ҳисоб рафта, ба ҳолати 1-сентябри соли 2023 бақияи қарзи андозҳо дар Нозироти андози ноҳияи Кӯшониён дар маҷмӯъ маблағи -15652,8 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба маблағи 1175,7 хазор сомонӣ кам гардида  шудааст.  Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 01.01.2023-ум сол -16828,6 ҳазор сомониро ташкил медод.

Корҳои фаҳмондадиҳи баҳри кам карадани бақияи қарзи андоз

Бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор дар  ҳашт моҳи  соли 2023 ба унвонии 134 андозсупоранда яъне нисбати 26% шумораи умуми андозсупорандагони қарздор огоҳиномаи қарздорӣ ба маблағи 6972,7 хазор сомонӣ яъне нисбати 26%-и маблағи қарз ирсол гардида, аз ин ҳисоб 3 млн 619,5 хазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 26%-и маблағи огоҳиномаҳои додашударо ташкил медиҳад. Бақияи маблағи қарз  аз ҳисоби огоҳиномаҳо 3 млн 353,2 ҳазор сомонӣро ташкил медиҳад.

Дар 8- моҳи  соли 2023 нисбати 226 андозсупорандаи қарздор, 205 адад қарор  дар бораи ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 4 млн34,0 хазор сомонӣ қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба бучет 2 млн 164 ,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 55, фоизи маблағи умуми қарорҳои қабулшударо ташкил медихад.

Аз шумораи 205 адад қарори қабул гардида, иҷроиши 122 адади он пурра таъмин гардидааст ва маблағи қарорҳои мазкур 1 млн 325 ,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шумораи қарорҳои беиҷро 83 ададро ташкил медиҳад. Бақияи маблағи қарорҳои иҷронагардида -1869,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии 491 андозсупорандаи қарздор нисбати 205 адади он ё 26,0% он чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо тадбиқ карда шудааст ва корҳо дар ин самти фаъолият идома дорад.

Ҷаримаҳои маъмурӣ

 Таъмини риояи қонунгузории соҳаи андоз, бахусус ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, чораҷӯӣ намудан ва пешгирии онҳо, инчунин татбиқи тартиби судии рӯёнидани маблағи андозҳо омили таъсирбахши ҷорӣ намудани тартиботи ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби мақомоти андоз ба ин самти фаъолият аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Тибқи қонунгузорӣ мақомоти андоз дар доираи ваколати худ салоҳияти татбиқи ҷаримаҳои маъмуриро дошта, ба ин васила дар самти ҳимояи манфиатҳои буҷети давлат, ҷори намудани интизоми ҳуқуқии андозсупорандагон ва ба низом даровардани фаъолияти мақомоти андоз нақши муассир мебозад.

Дар 8- моҳи соли 2023 аз тарафи кормандони Нозиротиандоз дар  ноҳияи Кӯшониён барои вайрон намуданиқонунгузории соҳаи андоз нисбати 113 ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи 117,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 77,0 ҳазор сомонӣ ва ё 65% ба даромади буҷет рӯёнида шудааст. Бақияи маблағи соли 2022 аз ҳисоби ҷаримаҳои маъмури ба ҳолати 01.09.2023-ум 65,1 ҳазор сомонӣро ташкил медиҳад.

Андозҳои ҳисобшуда дар 8 моҳи соли 2023 бо назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷети 24285,7 ҳазор сомонӣро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 3688,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва ё ин ки 117,9% афзоиш ёфтааст.

Дарёфти манбаъҳои иловаги андоз

Гуфта шуд, ки дар 8- моҳи соли ҷорӣ дар фаъолияти 14 андозсупоранда бо мақсади дарёфти мамбаҳои нави андозбанди муоинаи хронометражи гузаронида шуда, даромади андозбандишаванда аз 84,7 ҳазор сомонӣ ба 138,3 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд, ки мамбаи андозбандии иловагӣ 53,6 ҳазор сомонӣро ташкил дод ё ин, ки 63,2% зиёд карда шуд. Инчунин барои дуруст риоя накардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинаи хазинави дорои хотираи фискали ба маблағи 15,4 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмури тадбиқ карда шуд.

Хариди назоратӣ

Дар 8- моҳи соли 2023  нисбати 5 андозсупоранда хариди назорати гузаронида шуда, дар натиҷа 5 протокол бо моддаи 614-и Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмури Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Маблағи ҷаримаи маъмури 13600 сомониро ташкил намуда аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 13600 сомонӣ пардохт карда шуд.

Нақшаи насби МНХ дар  8- моҳи соли 2023-ум 9 ададро ташкил дода, таъмини он бошад 12 ададро дар бар гирифт, ки нисбати нақша 3 адад зиёд мебошад.

Санадҳои муқоисавӣ

Тибқи маълумотҳои ҷамбасти  дар давоми соли сипаришуда аз ҷониби Нозироти андоз аз 30796 адад андозсупоранда дар маҷмуъ бо 10722 адад субъектони хоҷагидор санади муқоисавии дуҷониба тартиб додашудааст, ки 35,6 фоизи шумораи андозсупорандагонро ташкил медиҳад.

Аз ин бо андозсупорандагони шахсони ҳуқуқи нисбати (647 адад шумораи умуми) 564 адад ё 87,2%-и шумораи умуми, бо соҳибкорони инфиродии тариқи шаҳодатнома фаъолияткунанда (199 шумораи умуми) 127 адад ё 64,0%-и шумораи умуми, бо хоҷагиҳои деҳқони инфироди бе таъсиси шахсони ҳуқуқи 1558 адад ё 74,7%-и (шумораи умуми 2086),  ва бо соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда нисбати 177 адад ё 88,5%-и (шумораи умуми 212 адад) нисбатисоҳибкорони бо шаходатномаи махсус фаъолияткунанда нисбати 335 адад ё 78,9%-и (шумораи умуми 429 адад) ва нисбати шахсони воқеи 8296 адад ё ин, ки 38,8% (шумораи умуми 26941)  санадҳои муқоисави тартиб дода шудааст.

Дар натиҷаи тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бақияи қарзи андозҳо 503,3 ҳазор сомонӣ кам гардида маблағи изофапулиҳо бошад дар 36 ҳолат49,9 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Пардохти андоз-рушди давлат ва таъмини зиндагии шоиста

Тибқи маълумотҳои барномаи компютерии СМИИА ба ҳолати 01.08.2023 дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 33501 адад супорандаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеи мавҷуд буда, аз ин дар ин давра нисбати 24842 адади он азнавбаҳисобгири гузаронида шудааст, ки 74,2%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани аз нав баҳисобгири 1890 адад нуқтаи беқайд ошкор шудааст, ки майдони молу мулки ғайриманқул аз ин ҳисоб 258,1 мм –ро ташкил медиҳад. Аз шумораи андозсупорандагоне, ки дар қайд мебошанд ва дар фаъолияти онҳо фаркиятҳои масоҳати андозбанди ошкор гардид 24842 ададро ташкил дода, масоҳати андозбандишаванда бошад 626 мм-ро ташкил дод. Дар натиҷа андозҳои илова ҳисобшуда 476 ҳазор сомонӣ ва аз ин ҳисоб пардохтшуда 418,0 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дастуру супоришҳоро саривақт иҷро мекунем

Гуфта шуд, ки соҳа ба соҳа бо гурӯҳи андозсупорандагон  оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №586 аз 22.06.2023 дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар якҷоягӣ бо бонкҳо ҷаласаҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Роҳбарияти Нозироти андози ноҳияи Кӯшониён  ва калективи он минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини сифатноки иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, тамоми имкониятҳоро истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь