Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ» Зафар Шарифзода иттилоъ дод, ки лоиҳаҳои ҳаётан муҳими «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихум, қитъаҳои А ва Ф», «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз км 48 то км 80», омодасозии «Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии роҳи автомобилгарди Гулистон–Фархор–Панҷ-Дӯстӣ», омодасозии «Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар – Қалъаихум, «Сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма, қитъаи Қалъаихум – Ванҷ (сарҳади ноҳияи Рӯшон)» бомаром амалӣ шуда истодаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихум, қитъаҳои А ва Ф» ба анҷом расонидани сохтмони роҳи автомобилгарди «Кӯлоб – Қалъаихум» мебошад, ки пойтахти ҷумҳуриро бо сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваст менамояд. Қитъаи А ба масофаи 32 км шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қитъаи Ф ба масофаи 26 км деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаихум пайваст менамояд. Татбиқи лоиҳа ба кам намудани вақт ва хароҷоти истифодабарандагони роҳ, зиёд гардидани савдои дохилӣ, таъмини ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат менамояд. Баъди ба анҷом расидани лоиҳа вақти интиқоли бору мусофирон ба андозаи 20-40 фоиз кам гардида, бехатарии ҳаракат дар роҳи таҷдидшуда таъмин мегардад. Лоиҳа 22-юми феврали соли 2018 оғоз гардида, 9-уми июли соли 2022 ба анҷом мерасад.
– Айни замон Марказ бо дигар иштирокчиёни татбиқи лоиҳа масъалаи ба анҷом расонидани сохтмон ва ба истифода супоридани иншооти мазкурро ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз нав дида баромада истодааст. Ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ дар иншоот, дар асоси қарордод моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст,- афзуд манбаъ.
Дар доираи лоиҳаи “Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз км 48 то км 80” бошад, дар долони №3 сохтмони роҳҳои муваққатӣ ба анҷом расонида шуда, сохтмони қисмати поёнӣ ба миқдори 133,5 метри тӯлонӣ иҷро карда шудааст. Сохтмони қисмати болоии долон ба миқдори 92 метр иҷро гардида, корҳои васл намудани қубурҳои дренажӣ, пӯшонидани қисмати болои долон бо масолеҳи обногузар ба миқдори 60 метр иҷро карда шудааст. Дар долони №2 бошад, сохтмони роҳи муваққатӣ ба анҷом расида, таҳкурсии долон (тарафи рост) дар ҳаҷми 140 метр иҷро карда шудааст. Айни замон дар ин минтақаи роҳ аз ҷониби пудратчӣ дигар корҳои иловагӣ идома доранд.
Зимни омодасозии “Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ” зикр кардан бамаврид аст, ки дар асоси натиҷаи озмуни интихоби ширкати машваратӣ, санаи 24-уми сентябри соли 2019 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати машваратии “НАРКО”-и Қувайт Қарордод ба маблағи 595 500,00 доллари ИМА ба имзо расида, корҳои хизматрасонии машваратӣ санаи 24-уми октябри соли 2019 оғоз ёфта, санаи 25-уми октябри соли 2020 ба анҷом мерасанд. Айни замон корҳои топографӣ ва геологӣ идома доранд.
Дар мавриди омодасозии “Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар – Қалъаихум”,
Фонди Қувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб бо ирсоли нома аз 24-уми марти соли 2019 иброз намуд, ки Шӯрои директорони Фонди номбурда 10-уми марти соли 2019 ҷудо намудани кӯмаки техникӣ дар доираи кӯмаки техникии №312 барои омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар – Қалъаихумро тасдиқ намуд, ки кӯмаки техникии мазкур на танҳо омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, балки таҳияи тарҳрезии муфассали лоиҳаро ҳам бояд дар бар гирад. Дар ҳамин замина, мувофиқи пешниҳоди Фонди мазкур, Марказ ба 51 ширкати машваратии Қувайтӣ, ки дар ин Фонд ба қайд гирифта шудаанд, даъватнома барои изҳори ҳавасмандӣ ирсол намудааст. То муҳлати муқарраргардида аз тарафи 16 ширкат изҳори ҳавасмандӣ ба Марказ пешниҳод гардидааст. Пас аз омӯзиши фаъолият, собиқаи дахлдори ширкатҳо ва арзёбии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, дар мувофиқа бо созмони маблағгузор 7 ширкат ба рӯйхат ворид карда шуда, ба Кумитаи давлатии сарамоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 4 довталаб бастаи ҳуҷҷатҳои озмунӣ манзур карда шудааст. Ҳисоботи арзёбӣ, ки дар он ғолиби озмун муайян гардидааст, аз тарафи Комиссия баррасӣ гардида, 6-уми декабри соли 2019 ба созмони маблағгузор барои мувофиқа пешниҳод карда шудааст.
Тавре зикр гардид, лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма, қитъаи Қалъаихум – Ванҷ (сарҳади ноҳияи Рӯшон)” низ барои рушди иқтисодиёти кишвар аҳамияти зиёд дорад. Роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайвандад. Барқарорсозии роҳи автомобилгарди мазкур барои таҳкими робитаҳои мавҷудаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муассир мебозад.
Бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд қитъаҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, ба монанди Мурғоб – ағбаи Кулма – сарҳади Чин, Шкев – Зиғар, Шоҳон – Зиғар, Ш. Шоҳин – Шоҳон ва Душанбе – Данғара барқарор гардида, нақбҳои Хатлон ва Озодӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
– Айни замон аз ҷониби Конселярияи Мушовир оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мулоқот оид ба шарҳи асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони қисмати калидии марҳилаи дуюми роҳҳои Тоҷикистон пайваст бо Чин аз ҳисоби кӯмаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин барои баррасӣ ва мувофиқа ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст,- афзуд манбаъ.
“ФАРАЖ”