Дар 20 соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон рушди хуб нишон медиҳад: то соли 2019, пеш аз сар задани Ковид ва бӯҳрон, нишондиҳандаҳои рушд ба ҳисоби миёна дар як сол 7,6%-ро ташкил медод.

Дар чунин комёбиҳо рушди соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, нақши калон бозидааст: соҳаи кишоварзӣ қариб чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро таъмин мекунад, айнан чунин нишондиҳандаҳо дар ҳиссаи содирот ва 30% дар воридоти андоз ба буҷети Тоҷикистон мушоҳида карда мешавад. Нишондиҳандаи боз ҳам назаррастар – ҳиссаи аҳолие, ки дар хоҷагии қишлоқ машғул аст, яъне он тақрибан 70 фоизро ташкил медиҳад ва қариб сеяки тамоми заминҳои Тоҷикистонро хоҷагиҳо ишғол мекунанд.

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 181444 хоҷагӣ ва ташкилотҳои калон, миёна, хурд, аз ҷумла 158 совхозҳои давлатӣ, 59 ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 3641 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 414 ҷамъияти саҳомӣ ва ҶДММ, 598 хоҷагиҳои ёрирасон дар назди  корхонаю ташкилотҳо, инчунин 176524 хоҷагиҳои деҳқониро дар бар мегирад.

Нақшаҳои бузург

Тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, то соли 2030 сатҳи худкифоии озуқаворӣ дар кишвар бояд 70 фоизро ташкил диҳад ва хоҷагиҳои кишвар ба ҳисоби миёна бояд барои озуқаворӣ на бештар аз 40 дарсади даромади худро сарф кунанд. Асоси таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, бешубҳа, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ мебошад. Дар баробари ин, имрӯз, сарфи назар аз нишондиҳандаҳои афзоянда, ба рушди устувори соҳа баъзе муаммоҳо монеа эҷод мекунанд.

Дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 181444 хоҷагиҳо ва ташкилотҳои калон, миёна ва хурд, аз ҷумла 158 совхозҳои давлатӣ, 59 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, 3641 хоҷагиҳои деҳқонии , 414 ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ҶДММ, 598 хоҷагиҳои ёрирасон дар назди корхонаю ташкилотҳо ва 176524 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият мебаранд.

“Стратегияи роҳбарияти Тоҷикистон, албатта, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии моро водор мекунад, ки барои рушди фаъолонаи соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокӣ ва пур кардани бозори худ бештар сармоягузорӣ кунанд», – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов. — Дар ин масъала бо шарикони берунӣ, ки дар тараққиёти хоҷагии қишлоқ ба ҳайси сармоягузор, шариксоҳиби корхона ё дастгирии техникӣ иштирок кардан мехоҳанд, муомила кардан муҳим аст.

Як қатор вилоятҳои Русия дар конференсияҳои минтақавӣ хоҳиши ба роҳ мондани ҳамкории боз ҳам зичтар маҳз дар соҳаи хоҷагии қишлоқро баён карданд: ин аз ҷумла дар шакли таҳвили хӯроки чорво, инчунин дар шакли таъмини тухмиҳо барои корхонаҳои кишоварзии Тоҷикистон сурат мегирад. Бисёре аз минтақаҳои Русия дар интихоб ва парвариши навъҳои махсуси зироатҳои гуногуни кишоварзӣ салоҳиятҳои хеле ҷиддӣ доранд ва маҳз кӯмаки онҳо барои ҷорӣ намудани зироатҳои нави кишоварзӣ дар Тоҷикистон хеле муҳим аст. Дар рафти вохӯриҳои муштарак дар ин бора созишҳо ҳосил карда шуданд. Дар Тоҷикистон мактаби хеле хуби интихоб ва парвариши навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд аст, вале ҳамкорӣ бо ҳамкасбони русӣ барои беҳтаркунии нишондиҳандаҳои ҳам миқдорӣ ва ҳам сифатии ҳосил мусоидат хоҳад кард».

Олимони Омск ният доранд навъҳои махсуси зироатҳои ғалладонаро маҳз барои шароити иқлимии Тоҷикистон парвариш намоянд. Илова бар ин, аз Русия ба Тоҷикистон лаблабуи қанд ва хӯрока, инчунин зироатҳои равғанӣ таҳвил карда мешаванд.

Олимони Омск бо парвариши навъҳои махсуси зироатҳои ғалладона маҳз барои шароити иқлимии Тоҷикистон машғуланд. Илова бар ин, аз Русия ба Тоҷикистон лаблабуи қанду хӯроки чорво ва зироатҳои равғанӣ таҳвил карда мешаванд.

Гуфтаҳои боло яке аз мушкилотҳои бахши кишоварзии Тоҷикистонро ифода мекунанд – қисми зиёди маблағҳои ҷудошуда ба инфрасохтори обёрикунӣ (ирригатсионӣ) ва дастгирии истеҳсолоти кишоварзӣ сарф мешавад, вале тадқиқотҳо ва коркардҳо дар ин соҳа ба таври кофӣ маблағгузорӣ карда намешаванд, аз ин рӯ соҳаи кишоварзӣ бо ноустувории ҳосилнокӣ ва осебпазирӣ  ба омилҳои манфии табиӣ дучор аст.

29 ноябр дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 пешниҳод карда шуд. Дар Барнома роҳҳои механиконидани корҳои агротехникӣ оид ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва тараққӣ додани чорводорӣ  тариқи навовариҳо, истифодаи техника ва мошинҳои муосир, иҷро кардани як қатор амалиётҳои технологӣ ва ҳалли масъалаҳои дар соҳа мавҷуда зикр гардидаанд.

Азнавсозӣ ва механизатсия

Ҳамкорӣ бо Русия дар соҳаи кишоварзӣ, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ ташаккул ёфта буд, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дигар мушкилотҳои соҳаро ҳал кунад. Ин пеш аз ҳама ба шарофати лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ ва барномаҳои таҷдидӣ сурат мегирад. Лоиҳаҳои муштарак ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки ҳосилнокии кишоварзиро баланд бардошта, мушкилотҳои соҳаи озуқавориро рафъ намояд. Ин бештар ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, аз ҷумла татбиқи технологияҳои обёрии қатрагӣ ва боронӣ тааллуқ дорад. Ҳамин тариқ, Русия ба ҷумҳурии мо дар таҷдиди системаҳои обёрӣ кӯмак намуд ва ин имкон дод, ки аҳолии минтақаҳои беборон (хушк) ба захираҳои обӣ дастрасӣ пайдо кунанд, имрӯз тақрибан 70% заминҳои корами Тоҷикистон обёрӣ карда мешаванд.

29-уми ноябр дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 пешниҳод карда шуд. Дар барнома роҳҳои механиконидани чорабиниҳои (корҳои) агротехникӣ  оид ба парвариши зироат ва рушди чорводорӣ, аз ҷумла тариқи навовариҳо, истифодаи техника ва мошинҳои муосир, инчунин иҷро кардани як қатор амалиётҳои технологӣ ва ҳалли масъалаҳои дар ин соҳа мавҷуда нишон дода шудаанд.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Барои Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ таҷдид ва тараққӣ додани инфрасохтори обёрӣ мебошад. Ва бо назардошти он, ки дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои заминҳои даштии азхуднашуда ҳанӯз баланд аст, пас, албатта, кӯмак дар ин самт хеле муфид хоҳад буд. Дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ноҳияҳое ҳастанд, ки ҳанӯз бо системаҳои обёрикунӣ пурра фаро гирифта нашудаанд ва мувофиқан ин заминҳо ҳанӯз ба хоҷагии қишлоқ ҷалб карда нашудаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон нақшаву барномаҳои азхудкунии ин заминҳоро таҳия кардааст ва қадам ба қадам ин нақшаҳо амалӣ карда мешаванд. Албатта, хуб мебуд, агар ин кор тезтар сурат мегирифт, вале айни ҳол мо имконияти танҳо азнавсозии системаҳои мавҷудаи обёриро дорем, на ин ки тавсеа додан ва ба кор андохтани заминҳои нав.

Ҳамкории ҳамаҷониба

Дар ин ҳангом солҳои охир ширкатҳои русӣ ба роҳандозии истеҳсолот ва кушодани майдонҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Ин самти асосиест, ки ҷалби фаъолонаи сармоягузориҳои хориҷиро талаб мекунад – сухан дар бораи бунёди камераҳои хунуккунӣ (яхдонҳо) ва анборҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ меравад, зеро ин маҳсулоти зудвайроншаванда мебошад ва барои нигоҳ доштани он бояд шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад”.

Соли 2022 – Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ

  • Байни Донишгоҳи кишоварзии Русия ба номи К.А. Тимирязев ва Донишгоҳи аграрии Точикистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2023 – Оғози лоиҳаҳои озмоишӣ оид ба технологияҳои кишоварзӣ

  • Бо дастгирии ширкати «Росагролизинг» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои озмоишӣ оид ба татбиқи системаҳои обёрии қатрагӣ ва мониторинги хок оғоз гардиданд.

Соли 2024 – Нақшаҳо барои корҳои тадқиқотии муштарак

  • Бунёди як маркази коркарди навъҳои тобовари зироатҳои кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзии Русия маблағгузорӣ карда мешавад.

Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон низ бар ин назар аст, ки таъсиси марказҳои тақсимотии яклухт барои нигаҳдорӣ, коркард, бастабандӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнок муайян карда шудааст. «Аз ҷониби Намояндагии тиҷоратӣ мунтазам чорабиниҳо барои намоиш додани бартариятҳои иштироки ширкатҳои русӣ дар бунёди чунин марказҳо баргузор карда шуданд. Айни ҳол интизори натиҷаҳои фаъолияти худ ҳастем, ва умедворам, ки ба зудӣ иштироки соҳибкорони рус дар сохтмони марказҳои агрологистикӣ дар Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад”, – қайд мекунад роҳбари Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков.

Соли 2022 – Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ

  • Байни Донишгоҳи кишоварзии Русия ба номи К.А. Тимирязев ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2023 – Роҳандозии лоиҳаҳои озмоишӣ оид ба технологияҳои кишоварзӣ

  • Бо дастгирии ширкати «Росагролизинг» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои озмоишӣ оид ба татбиқи системаҳои обёрии қатрагӣ ва мониторинги хок ба кор андохта шуданд.

Соли 2024 – Нақшаҳои корҳои тадқиқотии муштарак

  • Бунёди маркази парвариши навъҳои тобовари зироатҳои кишоварзӣ бо маблағгузории Вазорати кишоварзии Русия ба нақша гирифта шудааст.

Тавре коршинос Фаридун Усмонов қайд мекунад, соҳаи кишоварзии Тоҷикистон – ин на танҳо зироаткорӣ (деҳқонӣ) мебошад: иқтидори ҳамкорӣ бо Русия дар соҳаи чорводорӣ низ вуҷуд дорад: «Гӯсфандпарварӣ яке аз самтҳоест, ки Тоҷикистон дар он таҷрибаи хуби селексия (интихоб) дорад: зоти гӯсфанди Ҳисорӣ берун аз Тоҷикистон низ ба ҳамагон маълум аст, аз ҷумла дар Русия минтақаҳое ҳастанд, ки бо парвариши ин зот машғуланд. Ҳамзамон, ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар ин самт тамоюли рушд дорад: дар масъалаи гӯсфандпарварӣ минтақаҳои Тоҷикистон метавонанд бо минтақаҳои Русия, аз ҷумла Доғистон ё Қалмиқистон, ки дар он ҷо низ гӯсфандпарварӣ фаъолона рушд мекунад, ҳамкорӣ кунад. Ҳамаи ин самтҳо ва соҳаҳои ҳамкорӣ ҳамасола дар мулоқотҳои байниминтақавии кишварҳои мо баррасӣ карда мешаванд».

«Таърихан робитаҳои Тоҷикистону Русия қавӣ буда, аз як тараф, Русия бозори анъанавӣ барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон гардидааст, аз ҷониби дигар, Русия кишварест, ки ба мо таҷҳизот ва нуриҳои заруриро барои рушди соҳаи кишоварзӣ дастрас мекунад». Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

«Тоҷикистон шарики муҳими Русия дар соҳаи кишоварзӣ мебошад ва тайи даҳсолаи охир афзоиши устувори гардиши мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад» – мегӯяд, Евгений Коренков, роҳбари Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, набояд фаромӯш кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ тӯли солҳои зиёд як самти асосии робитаҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи кишоварзиро ташкил медиҳад. Роҳбари Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков маълумотҳои омории зеринро пешниҳод мекунад:

«Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, ҳаҷми муомилоти молии мутақобила бо Русия дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 1436,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18,2% зиёд). Таҳвили мол аз Тоҷикистон ба Русия 75,6 миллион долларро (коҳиш 26,5 фоиз) ва содирот аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиону 360,9 миллион долларро (афзоиш 22,3 фоиз) ташкил медиҳад.

«Тоҷикистон шарики муҳими Русия дар соҳаи кишоварзӣ мебошад ва тайи даҳ соли охир афзоиши устувори гардиши  мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад». Евгений Коренков, роҳбари Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон.

«Робитаҳои Тоҷикистон бо Русия таърихан қавӣ буда, аз як тараф, Русия бозори анъанавии фурӯши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон гардидааст, аз ҷониби дигар, Русия кишварест, ки ба мо таҷҳизот ва нуриҳои заруриро барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастрас мекунад» – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ (гурӯҳҳои молии 01-24-и Номенклатураи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ) аз Русия ба Тоҷикистон 291,0 млн.долларро ташкил медиҳад (21,4% аз ҳаҷми умумии таҳвилот  ва 29,8%  афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023). Таҳвилоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия 17,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод (23,1% аз ҳаҷми умумии таҳвилот ва 43,1% афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023).

Тибқи ҳисобҳои вазоратҳои дахлдор, гардиши маҳсулоти кишоварзии байни Русия ва Тоҷикистон танҳо афзоиш хоҳад ёфт (тамоюли афзоиш дорад). Дар соли 2023 вазоратҳои кишоварзии Русия ва Тоҷикистон як харитаи роҳро оид ба фаъолгардонии ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расониданд, ки ин аз манфиатдор будани ҷониби Русия ба афзоиш ва гуногунсозии таҳвили мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ шаҳодат дода, нияти ҷониби Тоҷикистонро барои густариш додани ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ тасдиқ мекунад”.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь