Русия ва Тоҷикистон барномаи байниҳукуматии ҳамкориро барои солҳои 2024 – 2027 ба имзо расониданд, ки ҳадафи он таҳкими равобити дуҷониба ва рушди шарикии стратегӣ мебошад. Дар доираи ин барнома таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои муштарак оид ба азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок зоҳир карда мешавад, ки ин барои самаранок истифода бурдани захираҳои табиии ҳарду кишвар имконият фароҳам меоварад.
Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон: “Дар доираи ин созишнома мо ҳамасола ҳаҷми истеъмоли дохилии маҳсулоти нафтиро мувофиқа мекунем ва тавозуни индикативиро, ки рушди иқтисодии Тоҷикистонро ба назар мегирад, имзо мекунем. Барои маҳсулоти нафтие, ки аз Русия тибқи тавозуни индикативӣ таҳвил карда мешаванд, боҷи гумрукии содиротӣ ситонида намешавад, ки ин ба нархи ниҳоии маҳсулот барои фурӯш таъсири мусбӣ мерасонад».
Илова бар ин, созишнома амиқгардонии ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла таҷдиди инфрасохтори мавҷуда ва пешбурди лоиҳаҳои нави энержиро пешбинӣ мекунад. Ин шарикӣ ба ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, афзоиши сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, мусоидат ба субот ва шукуфоии кишварҳо минтақа нигаронида шудааст.
Маъданҳо
Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок бой буда, то имрӯз дар кишвар беш аз 400 кони канданиҳои фоиданок кашф карда шудааст. Дар қаъри кӯҳҳо, ки қариб 93 фоизи қаламрави кишварро ташкил медиҳанд, маъданҳои гуногуну металлҳо, аз ҷумла тилло, нуқра, оҳан, магний, молибден ва волфрам ниҳонанд. Махсусан захираҳои уран диққатҷалбкунанда мебошанд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, то 16% захираҳои ҷаҳонии уранро ташкил медиҳанд.
Аммо ин сарватҳо дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ниҳон гардидаанд ва ин барои азхудкунии самараноки онҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Набудани инфрасохтори пешрафта, аз қабили роҳҳо, шабакаҳои барқӣ ва иншооти технологии муосир раванди истихроҷ ва коркарди маъданҳоро хеле мушкил мекунад. Барои бартараф намудани ин мушкилиҳо рушди инфрасохтор ва ҷорӣ намудани технологияи пешрафта зарур аст.
Дар солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати рушди саноати истихроҷи маъдан фаъолона корбарӣ мекунад. Ҳамкории илмӣ бо чунин кишварҳо, ба монанди Русия ва Чин на танҳо ба табодули технологӣ, балки барои таъсиси корхонаҳои муштараки азхудкунии конҳо мусоидат мекунад. Рушди инфрасохтор дар маҳалҳои кӯҳистонӣ ҳамзамон барои мардуми маҳаллӣ имкониятҳои нав, аз ҷумла барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳбудии шароити иҷтимоӣ, фароҳам меорад. Бунёди роҳҳо ва коммуникатсия на танҳо дастрасӣ ба конҳоро осон мекунад, балки ба рушди сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Душанбе ва Маскав имкони истихроҷи муштараки конҳои карбогидридҳоро дар қаламрави Тоҷикистон фаъолона меомӯзанд. Айни ҳол дар кишвар 28 кони нафт бо захираҳои умумии беш аз 2 миллион тонна кашф карда шудаанд. Сарфи назар аз мавҷудияти 12 корхонаи коркарди нафт, истеҳсоли нафти худ дар ҳаҷми тақрибан 18 ҳазор тонна дар як сол барои пурра пурбор кардани ин корхонаҳо нокифоя аст. Дар натиҷа Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки сӯзишворӣ ва газро умдатан аз Русия ворид кунад, зимнан интиқол бидуни боҷи гумрукӣ анҷом дода мешавад.
Русия ва Тоҷикистон дар мавриди дар ҷумҳурӣ кушодани факултети муштараки иктишофи геологӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ба мувофиқа расиданд. Факултети нав дар заминаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иктишофию геологии Русия ба номи С.Орҷоникидзе таъсис дода мешавад.
Роҳбари Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков қайд мекунад: “Таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба амнияти энергетикӣ ва суботи иқтисодии кишвар таъсир мерасонад (мусоидат мекунад). Маҳсулоти нафтӣ одатан, сеяки тамоми маҳсулоти ба Тоҷикистон таҳвилшавандаи моро ташкил медиҳад. Дар доираи созишномаи байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон, ки соли 2013 ба тасвиб расида буд, харидории бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ, мазут, битум ва газҳои моеъи карбогидридӣ анҷом дода мешавад.
Бо назардошти он, ки Тоҷикистон аз воридоти захираҳои энергетикӣ вобастагӣ дорад, таҳвилоти мо аҳамияти калон дорад. Тибқи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2024, Русия дар сохтори воридоти маҳсулоти нафтии Тоҷикистон бо ҳиссаи 88,7% дар ҷои аввал қарор дошта, афзоиши ҳаҷми таҳвилоти Русия дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 142,3%-ро ташкил дод”.
Евгений Коренков дар мавриди ҳамкорӣ дар самти иктишоф ва истихроҷи гази табиӣ қайд намуд, ки қаблан дар Тоҷикистон ширкатҳои бузурги хориҷӣ, аз ҷумла ширкати русии «Газпром Интернешнл» фаъолият мебурданд, ва аз омодагии Русия барои баррасии имкони ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт дар партави нақшаҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таҷдиди саноати нафту газ ва тавсеъаи корҳои иктишофию геологӣ изҳор дошт.
Дар охири соли 2023 байни ВМКБ ва вилояти Свердловск созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Тибқи ин созишнома, ба Тоҷикистон аз Урал таҷҳизот барои анҷом додани корҳои иктишофию геологӣ, энержӣ ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ таҳвил дода мешавад.
Воқеан, ба туфайли азхудкунии муштараки захираҳои нафту газ бо Русия ҳаҷми истихроҷи карбогидридҳоро дар Тоҷикистон метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад. Чунин ҳамкорӣ барои ҷалби сармоя, технология ва таҷрибаи Русия дар самти иктишоф ва истихроҷи нафту газ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ҳамзамон татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои таҷдиди инфрасохтори мавҷуда имконият фароҳам оварда, самаранокии корхонаҳои коркарди нафтро боло мебарад ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад. Қадамҳои аввал дар ин самт аллакай гузошта шудаанд, дар ояндаи наздик геологҳои Тоҷикистону Русия барои мубодилаи таҷриба ва озмоиши усулҳои нави омӯзиш обҳои зеризаминии кишварро якҷоя таҳқиқ менамоянд. Дар оянда татбиқи ин усулҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Русия низ дар назар аст.
Илова бар ин, рушди саноати нафту газ дар Тоҷикистон барои тавсеаи содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ имконият фароҳам меорад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки ҷумҳурӣ дар бозори минтақавии энергетикӣ мавқеи назаррасро ишғол карда, нуфузи худро дар арсаи геополитикӣ мустаҳкам намояд.
Афзоиши нишондиҳандаҳо
Русия ба таври анъанавӣ шарики пешсаф дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Евгений Коренков таъкид мекунад: «Дар ҳашт моҳи соли 2024 ҳаҷми савдои хориҷии мо аз 1,2 миллиард доллари ИМА гузашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз зиёд аст. Беш аз 70 вилоятҳои Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд, инчунин дар ҷумҳурии мо қариб 330 корхона бо сармоягузории Русия фаъолият мебаранд. Зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии кишвар ба Русия ҳамчун самти ояндадор барои барои солҳои наздик муайян шудааст, зеро дар мамлакати мо талабот ба маҳсулоти органикӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки Тоҷикистон пешниҳод карда метавонад, торафт меафзояд”.
Кишварҳои ғарбӣ саъй доранд, то манбаъҳои табиии Тоҷикистонро бо арзиши камтарин барои бароварда сохтани ниёзҳои иқтисодии худ истихроҷ кунанд (ба манбаҳои табиии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо кунанд). Ба фарқ аз Русия, онҳо дар фикри рушди иқтисодии Тоҷикистон ва беҳбудии некӯаҳволии мардуми тоҷик нестанд.
Русия ба Тоҷикистон маҷмӯи васеи молҳоро таҳвил медиҳад, аз ҷумла:
— махсулоти нефтӣ: бензин, сӯзишвории дизелӣ ва дигар навъҳои сӯзишворӣ, ки барои соҳаҳои нақлиёт ва энергетикаи кишвар аҳамияти калон доранд.
– Озуқаворӣ: зироатҳои ғалладона, маҳсулоти гӯштину ширӣ, равғани растанӣ ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ таҳвил дода, барои таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон мусоидат мекунад.
— маҳсулоти кимиёвӣ: поруҳо, моддаҳои кимиёвӣ, ки барои тараққиёти саноат ва хоҷагии қишлоқ заруранд.
— Чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин: масолеҳи сохтмонӣ, мебель ва дигар маҳсулоти дар бозори дохилӣ серталаб.
– металлҳои сиёҳ: пӯлод ва прокат, ки дар сохтмон ва истеҳсолот истифода мешаванд.
– Маҳсулоти мошинию техникӣ: таҷҳизотҳои гуногун барои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёт.
Афзоиши истихроҷи нафту гази худ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки вобастагӣ аз воридоти манбаҳои энержиро коҳиш диҳад, ки ин, дар навбати худ, ба таъмини амнияти энергетикии кишвар таъсири мусбӣ расонида, ҳамзамон метавонад ба кам кардани хароҷотҳои сӯзишворӣ барои аҳолӣ ва соҳаи саноат, инчунин ба рушди иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кунад.
Дар мавриди содирот аз Тоҷикистон Евгений Коренков қайд намуд, ки дурнамои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия дар солҳои наздик хеле умедбахш аст. Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2024 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия 30,3% афзоиш ёфта, ҳаҷми асосии содиротро зардолуи хушк ва тару тоза, омехтаи хушкмева ва олуи тару тоза ташкил доданд.
Намояндаи тиҷоратии Русия иттилоъ дод, ки барои содда кардани расмиёти тиҷоратии байни кишварҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар охири соли 2023 Хадамоти федеролии гумруки Русия ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи операторони ваколатдори иқтисодӣ ба имзо расониданд. Ба ақидаи ӯ, ин созишнома ба соддакунӣ ва тезонидани раванди интиқоли мол барои иштирокчиёни қонунии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имконият фароҳам оварда, расмиёти гумрукиро то ҳадди ақал коҳиш медиҳад (кам мекунад). Намояндаи савдо инчунин дар бораи нақшаҳои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозори Русия хабар дода, қайд намуд, ки нокифоя будани инфрасохтори логистикӣ як монеъаи асосии барои содирот мебошад. Аз ин лиҳоз, Федератсияи Русия бо ташаббуси дар Тоҷикистон таъсис додани марказҳои яклухт ва логистикӣ баромад намуд. Ба андешаи Коренков, ин ба таҳвили бефосилаи маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши содирот ва ҳаҷми савдои байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, шарикии кишварҳои мо бар пояи принсипҳои баробарӣ ва фоидаи мутақобила асос ёфта, ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад. Чунин ҳамкорӣ на танҳо ба раванди тараққиёти саноати кишвар суръат мебахшад (метезонад), балки боиси беҳбудии зиндагии мардум аз ҳисоби таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад. Илова бар ин, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи истихроҷи маъдан барои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва маориф имкониятҳои нав фароҳам оварда, муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳоямонро мустаҳкам мегардонад.
Матлубаи Қ.