Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи ноҳияи Хуросон хабарнигори МТЖТ бо сардори он Эмомализода Бадриддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Номбурда дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи молия асоси пешрафти кишвар маҳсуб ёфта, барои пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминагузор аст.
Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».
Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки Раёсати молияи ноҳияи Хуросон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хазинадорӣ”, “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, барои иҷрои хадафҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгардида, дар панҷ моҳи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо кормандони нозироти андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.
Иҷрои буҷет
Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки буҷети маҳаллии ноҳияи Хуросон барои соли 2023 дар асоси Қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 27 декабри соли 2022, таҳти №216 аз руи нақшаи даромад бо назардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 89655531 сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 39153900 сомонӣ, аз буҷети вилояти Хатлон 15412986 сомонӣ ва аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайри андозӣ 34322090 сомонӣ, касри буҷет ба маблағи 766555 сомонӣ ва қисми хароҷот ба маблағи 89655531 сомонӣ тасдиқ шудааст.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети ноҳияи Хуросон дар панҷ моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридотӣ бе назардошти касри буҷет ба ҷои 34971,3 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда, 35477,0 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ба 101 фоизи нақша баробар буда, нисбати нақша 505,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳалли ноҳияи Хуросон аз ҳисоби даромадҳои худӣ, воридоти андозҳо дар панҷ моҳи соли 2023 ба маблағи 13385,6 ҳазор сомонӣ нақшабанди гардида, иҷроиши он 14291,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба 107 фоизи нақша баробар мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳашт намуди банбаи андозӣ, нақшаи 6-намуди андоз аз 100 то 198 фоиз таъмин гардида, нисбати нақша 906,1 ҳозор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2611,7 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст. Дар панҷ моҳи соли 2023 иҷрои сифатноки намудҳои андоз таъмин нагардида, нақшаи ду намуди андоз таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб 301,6 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда 284,3 ҳазор сомонӣ ва дигар пардохтҳои маҳаллӣ 17,3 ҳазор сомонӣ ворид нагардид. Сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда дар он мебошад, ки ин намуди андоз асосан аз ҳисоби коркарди пахта андозбандӣ карда мешавад, корхонаҳои коркарди пахта фаъолияти худро аз семоҳаи сеюм оғоз менамоянд ва нақшаи андоз аз арзиши иловашуда низ ҳатман аз рӯи натиҷаҳои минбаъда таъмин карда мешавад. Оиди иҷрои нақшаи дигар пардохтҳои маҳаллӣ қайд кардан зарур аст, ки аз тарафи коммиссияи ноҳиявӣ оид ба хуссусигардонии моликиятӣ, коммуналӣ корбарӣ рафта истодааст ва аз ин ҳисоб бо пуррагӣ эҳтимолияти иҷрои нақшаи дигар пардохтҳои маҳаллӣ дар назар аст.
Маблағҳои мақсаднок дар панҷ моҳи соли 2023 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 100 фоиз, яъне 15136,3 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 94 фоиз, ба маблағи 6049,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 21185,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардида, 98 фоизи нақшаро ташкил намуда, ба ҳисоби умуми 60 фоизи даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад.
Нақшаи андози иҷтимои буҷети дар семоҳаи якуми соли 2023 ба андозаи 106 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбати нақша 355,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ситонидани қарз
Дар ҷараёни суҳбат номбурда изҳор дошт, ки бояд қайд кард, ки қарздории андози иҷтимои буҷетӣ аз ҳисоби солҳои гузашта ба 1.01. соли 2023 маблағи 478,7 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба ба 1.05. соли 2023, 114,2 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол 364,5 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои Нозироти андози ноҳияи Хуросон бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 январи соли 2023 маблағи 1986,4 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба 1.05. соли 2023, 1815,8 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбат ба аввали соли ҷорӣ 170,6 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. Бақияпулиҳои андоз ассосан аз ҳисоби андози иҷтимои буҷетӣ кам карда шудааст, ки ин маблағ ба 1.05.соли 2023 нисбат ба аввали сол- 364,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, бақияи андозҳо аз ҳисоби андози иҷтимои ғайри буҷетӣ ба 1.05. соли 2023 нисбат ба аввали сол ба маблағи 193,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Хароҷот тибқи нақша
Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати тазаккур дод, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Хуросон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 99 фоиз таъмин гардида, ба хоҷагии халқи ноҳия дар ин давра ба ҷои 34971,3 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда, 34477,8 ҳазор сомонӣ маблағгузори карда шудааст, ки нисбати нақша 493,5 сомонӣ кам мебошад. Сабабҳои таъмин нагардидани қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Хуросон дар он мебошад, ки аз ҳисоби соҳаи тандурустии ноҳия бо сабаби ба анҷом нарасидани озмунҳои тендери оид ба хариди мол, кор ва хизматрасониҳо маблағҳои пешбинишуда ба ин мақсадҳо аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ азхуд карда нашудааст.
Дар панҷ моҳи соли 2023 ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия 32140,7 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки 93 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 290,4 ҳазор сомонӣ- 100 фоиз, фарҳанг 545,5 ҳазор сомонӣ- 100 фоиз, соҳаи маориф 23207,5 ҳазор сомонӣ- 100 фоиз ва соҳаи тандурустӣ 8097,3 ҳазор сомонӣ- 94 фоиз маблағ хароҷот карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 31633,7 ҳазор сомонӣ маблағ барои пардохти фонди музди меҳнат хароҷот карда шудааст, ки 92,0 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил дода, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷети барои панҷ моҳи соли 2023 пурра пардохт гардида, қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат вуҷуд надорад.
Бояд қайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 32215,3 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 93,0 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил медиҳад.
Фаъолияти пурсамар
Мавсуф изҳор дошт, ки кормандони Раёсати молияи ноҳияи Хуросон дар самти банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, иҷрои сифатноки намудҳои андоз дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз чораҳои судманд андешида, ҳамаҷониба кушиш менамоянд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2023 таъмин намоянд. Инчунин, дар самти мақсаднок ва самаранок хароҷот гардидани маблағҳои буҷетӣ назорати доимиро таъмин намуда, нишондиҳандаҳои молиявиро хуб ҷамъбаст намоянд.
Дар фароварди суҳбат номбурда зикр дошт, ки фаъолияти худро тибқи фармону раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаем ва мекӯшем боз ҳам фаъолияти худро пурсамартар гардонем.
Ва аз фурсати муносиб истифода карда, тамоми мардуми кишвари азизамонро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод мегӯям. Дар воқеъ, бо ҷонфидоиҳои Пешвои миллат Ваҳдати миллӣ ба даст омад. Имрӯз кишвари мо ба як кишвари пешрафта бадал гаштааст, ки албатта, ба туфайли хидматҳои Пешвои миллат дар як муддати кутоҳ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри хидматҳои Пешвои миллат ва Ваҳдати миллӣ бирасем ва ҳар кадоми мо талош кунем, ки баҳри пешрафти кишвари азизамон саҳми назарраси хешро гузорем.
МТЖТ