Ҳоло гармтарин моҳи солиюл бошад ҳам, дар деҳоти мамлакат омодагӣ ба фасли зимистон оғоз шудааст. Аксар чорводорон бо ин мақсад коҳу хошок захира менамоянд. Маъракаи дигаре, ки деҳотиён аз он дил канда наметавонанд, аниқтараш даст кашидан намехоҳанд, таппаккунист.

Агар имрӯз ба деҳаҳо меҳмон шавед, ба ҷои нафас кашидан аз ҳавои тоза хоҳ-нохоҳ ба димоғатон бӯи нохуши таппак мерасад. Наход дар асри XXI, ки асри илму нанотехнология аст, аз сӯзишвории давраи ҷамъияти ибтидоӣ даст кашидан мушкил бошад? Илоҷи инро дар дигар кишварҳо кайҳо ёфта, аз порӯи ҳайвонот биогаз мегиранд. Дар ин ҳолат самараи гармидиҳии порӯ даҳчанд зиёд шуда, пасмондаи порӯ ба нурии олидараҷа табдил меёбад.

– Порӯи ҳайвоноту парандагон, партовҳои забҳхонаи чорво, пасмондаи сабзавот, буттаю баргҳо ва ҳар чизе, ки мепӯсад, ашёи хоми биогаз ба шумор меравад. Биогаз дар таркиби худ 50-87 фоиз метан, 15-20 фоиз гази карбонат ва каме газҳои Н2 ва Н2S дорад. Агар биогазро аз СО2 тоза кунанд, биометан ҳосил мешавад, ки монанди гази табиӣ аст,- мегӯяд доктори илмҳои химия Шамс Назаров.

Ҳоло зиёдтарин теъдоди таҷҳизоти биогаз дар Хитой мавҷуд буда, теъдодаш аз 50 миллион адад зиёдтар аст. Дар индустрияи биогази ин кишвар зиёда аз 70 ҳазор нафар кор мекунанд. Таҷҳизоти биогаз дар Ҳиндустону Ветнам, Непал, Шри Ланка ва дигар кишварҳо низ зиёданд.

Аз рӯи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳ. Аҳмадов ва Ҳ. Каримов дар ҷумҳурӣ танҳо бо истифода аз порӯи шумораи мавҷудаи чорво зиёда аз 10 миллион метри кубӣ биогаз гирифтан мумкин аст. Истеҳсоли биогаз дар мамлакат метавонад 5-20 дарсади талабот аз ҳаҷми умумии гази табииро, ки Тоҷикистон қаблан аз хориҷа ворид мекард, қонеъ намояд. Пасмондаи истеҳсоли биогаз бошад, нурии дараҷаи олӣ буда, боиси ҳосилхезии заминҳо мегардад.

Ба ақидаи олимони соҳаи хокшиносӣ порӯи ҳайвонотро аз таппак кардан дида, ҳамчун нурӣ ба замин бирезанд, фоидааш беҳтар аст.

– Дар таркиби порӯ нитроген, фосфор, калий, калтсий ва дигар элементҳои барои зироатҳо зарурӣ зиёданд. Аз ин рӯ, порӯро пӯсонда, ба замин андохтан манфиати бештар дорад. Илова бар ин, порӯ қобилияти зиёд нигоҳ доштани гармӣ ва намиро дошта, структураи хокро беҳтар мекунад,- мегӯяд номзади илмҳои кишоварзӣ Муродҷон Эргашев.

Чанд сол пеш дар хоҷагии шахсии сокини деҳаи «Заргар»-и шаҳри Ваҳдат М. Одинаев бо дастгирии молиявии ташкилоти хориҷии INTAS ва кумаки олимони Институти физика ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти истеҳсоли гази биологӣ сохта шуд. Таҷҳизоти мазкур солҳои зиёд аз порӯ газ истеҳсол мекард, ки он барои тайёр намудани хӯрок ва пухтани нон, инчунин истеҳсоли барқ тавассути генератори барқӣ истифода мешуд. Он бо риояи тамоми қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз гази табиӣ сохта шуда, ба манометр, сарпӯшаки ҳифзкунанда, ҷумакҳои газӣ ва ғайра муҷаҳҳаз гардидааст.

Ин таҷҳизотро дар ҳар як оилаи деҳот сохтан мумкин аст. Аммо сохтани он дар оғоз каме хароҷот дорад. Масалан, барои сохтани чоҳи бетонӣ ё харидани систернаи оҳанӣ, манометр, сарпӯшаки ҳифзкунанда, ҷумакҳои газӣ, 10-20 метр лӯла (қубур)-и оҳанӣ маблағ лозим аст. Бо гузашти 3-4 сол хароҷоти мазкур пӯшонида хоҳад шуд, вале маблағи аввалия барои деҳотиён гарон метобад.

Ҳангоми таппак кардан, қисми зиёди гази метан ба фазо хориҷ мешавад. Метан 21 маротиба нисбат ба гази карбонат ба иқлим бештар таъсир мерасонад. Он дар атмосфера то 12 сол боқӣ мемонад. Аз тарафи дигар, ҳангоми таппаккунӣ пашшаи зиёд ба  гирду атроф паҳн мешавад. Замин низ аз нурии серғизо маҳрум монда, дараҷаи ҳосилхезиаш паст меравад.

– Аз порӯи як сар гов мувофиқи технологияи биоэнергетикӣ соле тақрибан 500 метри кубӣ биогаз ҳосил кардан мумкин аст. Ин баробари 350 литр сӯзишвории шартӣ буда, имконият медиҳад, ки генератори тавоноияш 0,5 кВт бетаваққуф муддати як сол кор кунад,- мегӯяд доктори илмҳои химия Ҳаким Аҳмадов.

Бори нахуст биогаз соли 1814 аз тарафи Дейви ном навовар аз порӯ гирифта шуд. Дастгоҳҳои истеҳсоли биогаз соли 1900 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон сохта шуданд. Соли 1895 биогазро дар Британияи Кабир барои равшан намудани кӯчаҳо истифода бурданд. Баъдтар истеҳсоли биогаз дар Фаронса, Италия, ИМА, Белгия, Австрия, Швейтсария, Германия ва дигар кишварҳои пешрафта авҷ гирифт.

Хуб мешуд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта миёни сокинони деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, сохтани таҷҳизоти биогазро вусъат бахшем. Ҳадди ақал сарварони ҷамоатҳои деҳотро лозим аст, ки ба мардум фаҳмонанд, то порӯро на ҳамчун таппак, балки ҳамчун нурии олидараҷа истифода баранд. Зеро фоидае, ки аз рехтани порӯ ба замин ҳосил мешавад, нисбат ба ҳамчун таппак истифода бурдани он даҳҳо маротиба бештар аст.

Nuqta.tj

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь