Яке аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли биогазро аз поруи ҳайвоноту паррандагон ба роҳ мондааст, ки ба воситаи он тамоми амалҳоеро, ки бо гази моеъ анҷом додан мумкин аст, метавон ба сомон расонид. Ҳатто онро ба барқ табдил додан мумкин аст. Дар ин мавод дар бораи технологияи истеҳсол ва истифодаи он мегӯем.

Он таҷҳизотест иборат аз се қисмат, ки барои истеҳсоли биогаз ба технологияи биореактори гибридӣ асос ёфта, барои коркарди поруи чорвою паррандаҳо пешбинӣ шудааст. Реактор поруи бо об омехташударо коркард намуда, биогаз ва бионурӣ истеҳсол мекунад. Биогазро барои пухтани хӯрок ё гармкунии об истифода бурдан мумкин аст. Дар таҷҳизотҳои калон бошад, биогази истеҳсолшударо ба барқ табдил медиҳанд. Биогазро инчунин барои гармкунии молхонаҳо, гармхонаҳо ва барои дастгоҳҳои говдӯшӣ, мошинаи хошокмайдакунӣ истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки ин таҷҳизот барои хоҷагиҳои кишоварзӣ басо манфиатовар аст. Агар аз гази истеҳсолшуда дар рӯзгор истифода бурда шавад, аз бионурие, ки ҳамчун партоб ҳосил мешавад, барои кишоварзӣ ҳамчун нуриҳои органикӣ метавон истифода бурд. Бионурӣ ҳосилхезии хок ва зироатҳоро баланд менамояд. Бо кӯмаки ин технология хонаводаҳо ва хоҷагиҳои чорвопарварӣ бар ивази танҳо сӯхтани пору, акнун метавонанд ҳам дорои манбаи энергияи тоза барои хӯрокпазӣ ва гармкунии хонаҳо шаванд ва ҳам барои баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои худ бионурӣ истеҳсол кунанд.

Муовини ёвари маъмури USAID оид ба минтақаи Осиё Анҷали Каур зимни сафар ба Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи тарафдории Ҳукумати ИМА аз рушди фарогири иқтисодӣ, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар кишвар аз фермаи чорводории «Зира», ки воқеъ дар ноҳияи Рӯдакист, дидан кард. Ӯ гуфт, “ин дастгоҳҳо имкон медиҳад, ки бо роҳҳои тоза ва устувор ҳам поруи биологӣ истеҳсол шавад ва ҳам ба ин  восита эҳтиёҷоти мардумро қонеъ созем. Як биореакторе, ки ин ҷо насб шудааст, иқтидор дорад, ки 800 литр поруро дар як сол истеҳсол кунад ва ин миқдори пору барои киштукор ва парвариш кардани зироатҳои  гуногун дар майдони 30 гектар  замин кофӣ мебошад. Масалан, бо истифода аз ин нуриҳои минералӣ метавон 150 тонна гандум истеҳсол кард ё 1200 тонна картошка”, – илова кард ӯ.

Маҳинахон Сулаймонова, роҳбари Нексигол Мушовир (НМ) гуфт, аллакай ин гуна таҷҳизот дар 8 мавзеъ насб карда шуда, таҷрибавист ва дар минтақаҳои гуногуни кишвар санҷида мешавад. Хоҷагиҳое, ки зиёда аз ду гов доранд, метавонанд аз ин таҷҳизот истифода баранд.

Хоҳишмандон метавонанд ба ташкилоти Нексигол муроҷиат карда, дар бораи ин таҷҳизот ва мувофиқ  омадан ё наомадани он барои хоҷагиашон маълумот  гиранд. Арзиши ин таҷҳизот бештар аз 30 ҳазор сомонӣ буда, дастикам 10 сол кафолати истифода дода мешавад. Дар кишварҳои дигар, чун Ҳиндустон санҷида шудааст, ки як таҷҳизот аз даҳ сол ҳам бештар имконияти истифода дорад. Ба гуфтаи Сулаймонова, аз фурӯш ё истифодаи бионурии истеҳсолшуда метавон дар ним сол арзиши худи таҷҳизот ҷуброн кард.

Лоиҳаи “Таблиғоти биореакторҳо дар Тоҷикистон”-ро Нексигол Мушовир (НМ)  дар доираи лоиҳаи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD), ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ ва аз ҷониби ACDI/VOCA иҷро мешавад, дар ҳамкории зич бо Вазорати кишоварзӣ амалӣ менамояд. Дар чаҳорчӯбаи ин фаъолият, НМ технологияи биореактории истеҳсоли биогазро, ки аз ҷиҳати истифода содаю аз ҷиҳати арзиш дастрас мебошад, ба шароити маҳаллии кишварамон мувофиқ кунонида, насбкунии ин низомро ба хоҷагиҳои чорводор пешкаш менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь