Дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ ба беш аз 180 миллиону 535 ҳазор сомонӣ расидааст. Қисми бештари бақияи қарзи андозро қарзи солҳои пеш ташкил медиҳад.  Роҳбари давлат ҳам зимни мулоқоти худ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 24 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, аз ин вазъ бо изҳори нигаронӣ гуфта буданд, “Бақияи қарзи андозҳо дар вилоят то ҳол зиёд буда, чунин вазъ бояд ҳарчӣ зудтар бартараф карда шавад”.

Бақияи қарз дар 10 шаҳру ноҳия зиёд аст

Аз Раёсати андози вилояти Хатлон хабар доданд, ки бақияи қарзи андоз дар  аввали соли ҷорӣ 182 милиону 789 ҳазор сомониро ташкил медод, ки дар се моҳи аввали соли 2022 2 миллиону 254 ҳазор сомониааш кам карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, бақияи қарзи андоз дар 10 шаҳру ноҳияҳо зиёд аст. Ноҳияи Восеъ – 18,7 миллион сомонӣ, Кӯшониён – 17 миллиону 921 ҳазор сомонӣ, Вахш – 17,3 миллион сомонӣ, Кӯлоб – наздики 16,3 миллион сомонӣ,  Ҷомӣ – 10,4 миллион сомонӣ, Фархор – 9,9 миллион сомонӣ, Балхӣ – 8,2 миллион сомонӣ, Бохтар – беш аз 7 миллиону 370 ҳазор сомонӣ, Шаҳритус – 7,2 миллион сомонӣ  ва ноҳияи  Данғара – 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

– Бақияи қарз дар ноҳияи Дӯстӣ 5 миллиону 485 ҳазор сомонӣ, Қубодиён – наздики 5 миллион сомонӣ, Ҷайҳун – 5 миллиону 165 ҳазор сомонӣ, Панҷ бештар аз 5 миллион сомонӣ, Ёвон –  4,8 миллион сомонӣ, Носири Хусрав – 1,6 миллион сомонӣ, Левакант – 2,4 миллион сомонӣ, Муъминобод – 2,3 миллион сомонӣ, Ҳамадонӣ – 5,9 миллион сомонӣ, Темурмалик – 6,7 миллион сомонӣ, Ховалинг – 3.2 миллион сомонӣ, Шамсиддин Шоҳин – 2,6 миллион сомонӣ, Балҷувон – 1,7 миллион сомонӣ ва шаҳри Норак – 2 миллиону 548 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

24 корхона бақияи  қарзи зиёд дорад

Бобомуродзода Нодиршоҳ – сардори Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қайд кард, ки воқеан ҳам дар ноҳия бақияи қарзи андоз ба ҳолати якуми яквари соли 2022 10 миллиону 699 ҳазор сомониро ташкил медод, ки мо дар се моҳи соли ҷорӣ 278 ҳазор сомониашро кам кардем.

-Барои баргардонидани бақияи қарзи андоз аз ҷониби мо тибқи талаботи Кодекси андоз нисбати андозсупоранагони қарздор 79 адад қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, 2 миллиону 322 ҳазору 300 сомонӣ ворид карда шуд, – илова кард номбурда.

Ӯ нигаронӣ аз он  кард, ки дар назди нозироти андози ноҳия қарзи аз ҳама бештар аз Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ноҳия – 2 миллиону 745 ҳазору 345 сомонӣ, Корхонаи давлатии фаръии Хоҷагии манзилию коммуналӣ – 292 ҳазор сомонӣ, хоҷагии хусусигарондидашудаи “Сабзавот” – 180 ҳазор сомонӣ ва КВМ “Дандонпизишкӣ” 37 ҳазор сомонӣ ва ба ин монанд 24 корхонаву идораҳое мебошанд, ки дар назди Нозироти андоз қарзи калон доранд,-илова кард Бобомуродзода Нодиршоҳ.

Бохтар киҳо андозро намесупоранд?

Ба ҳолати якуми апрели соли 2022 бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар -маркази маъмурии вилояти Хатлон  бештар аз 7,1 миллион сомониро  ташкил медиҳад, ки ин вазъ дар иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет таъсир мерасонад, -гуфт мудири бахши ситонидани қарзи андозҳо дар Нозироти андози шаҳри Бохтар Иброҳим Пиров ва иттилоъ дод, ки аз ҳама қарзҳои зиёд дар назди Нозироти андози шаҳр аз “Корхонаи фаръии давлатии байниноҳиявии обу канализатсияи шаҳри Бохтар” – 846 ҳазору 174 сомонӣ, КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и шаҳри Бохтар – 1 миллиону 20 ҳазор сомонӣ,   ҶДММ “Арк” – 225 ҳазору 418 сомонӣ, ҶДММ “Соҳиб 3” – 113 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Меҳровар Қурғонтеппа” – 290 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Комбинати шири шаҳри Бохтар” – 195 ҳазор сомонӣ ва ба ҳамин монанд даҳо корхонаву идораҳое ҳастанд, ки аз андоз қарздор мебошанд.

– Барои маҷбуран баргардонидани қарзҳо ҳама чораҳо, аз ҷумла тибқи қонунҳои амалкунндаи кишвар, дида шуда, ҳатто суратҳисоби баъзе аз корхонаҳо муваққатан баста шудаанд, – илова кард ин шахси масъул.

Норак ва Панҷ нақшаи андозро иҷро накарданд

Бино ба маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати андози вилояти Хатлон  бар замми ҳамаи ин мушкилиҳо, дар умум қисми даромади буҷети вилоят  давоми се моҳи соли 2022 – ум 101,8 дарсад,  яъне  472 миллиону 767 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 481 ҳазору 425,7 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, ба буҷет 8 миллиону 658,7 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст.

Аммо мутаассифона, дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷетро шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пурра иҷро карда натавонистанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 8,4 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидаст. Дар шаҳри Норак нақшаи қисми даромади буҷет дар ин давра 72 дарсад иҷро гардидасту халос. Аз сабаби пурра иҷро нашудан ба буҷет 8 миллиону 107,7 ҳазор сомонӣ ворид карда нашуд. Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Панҷ нақшаи қисми даромади буҷет 93,5 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 705,6 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон низ хабар доданд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 7,9 миллион сомонӣ таъмин нагардид.

– Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби сифатнок таъмин нагардидани андозҳо ба буҷети маҳаллӣ 25,8 миллион сомонӣ ворид карда нашудааст, – гуфтанд аз Сарраёсати  молияи вилоят.

Масъулон, аз пайи иҷрои супоришҳо шавед!

Роҳбари давлат ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои қатъӣ андешанд. Аз ин ҳисоб мсъулон аз ҳарвақта дида бояд бештар талош кунанду аз пайи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат гарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь